Хӯҷаҳои исноашарӣ

Аз wikishia

Хӯҷаҳои исноашарӣ (фарсӣ: خوجه‌های اثناعشری) гурӯҳе аз хӯҷаҳо ки ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ эътиқод доранд. Хӯҷаҳо тоифае ҳинду дар минтақаи Синди Ҳиндӯстон буданд, ки пас аз гароиш ба Ислом хӯҷа хонда шуданд. Хӯҷаҳои исноашарӣ ба ҷиҳати сахтгирии Оқохони Маҳаллотӣ, имоми аввали хӯҷаҳо ва иртибот бо олимони шиаи дувоздаҳимомӣ аз хӯҷаҳои исмоъилӣ ҷудо ва шиаи имомӣ шуданд.

Онҳо ба таври умда дар Покистон, Ҳинд ва Танзания зиндагӣ мекунанд; аммо дар кишварҳои мухталифе чун Амрико, Канада ва Англия низ пароканда шудаанд. Фарҳанги шиаёни хӯҷа омезае аз фарҳанги исломӣ ва фарҳанг ҳиндӣ аст. Онҳо дар ҳар минтақае ба манзури инсиҷоми иҷтимоӣ ва анҷоми маносики мазҳабӣ, ташаккуле роҳ меандозанд, ки ба он «ҷамоат» мегӯянд. Онҳо созмонҳои байналмилалӣ ҳам таъсис кардаанд ки Федерасиюни ҷаҳонии ҷимоъоти шиаи хўҷаи исноашарӣ, випоз (Созмони таблиғоти ҷаҳонии исломӣ ва инсондӯстона) ва Созмони Билол муслим мишен аз он ҷумлаанд.

Мулло Қодири Ҳусайн ва Дивҷӣ Ҷамолро аз раҳбарони нахустин шиаёни хӯҷа ба шумор меоваранд. Бархе аз шахсиятҳои ба ном сиёсӣ ва мазҳабӣ, хӯҷа исноашарӣ будаанд. Аз миёни онон метавон Сайид Саидахтар Разавӣ, бунёнгузори Созмони Билол муслим мешин дар Танзания ва Муҳаммадалии Ҷиноҳ бунёнгузори кишвари Покистонро ном бурд.

Хӯҷаҳо

Мақолаи аслӣ: Хӯҷа

Хӯҷаҳо гурӯҳе аз мусулмонон ҳастанд ки дар қарни понздаҳуми мелодӣ дар шаҳри Синд дар Ҳинд зиндагӣ мекарданд.[1] Онҳо ҳинду буданд ва ба василаи шахсе ба номи Пир Садруддин ба дини Ислом гароиш пайдо карданд.[2] Оини хӯҷаҳо дар ибтидо талфиқе аз боварҳои ҳинду ва Ислом буд;[3] дар нимаи дувуми қарни XIX (даҳаи 1230ҳ.ш. ва баъд), бо фирори Ҳасаналии Маҳаллотӣ, Оқохони Аввал ва имоми фирқаи исмоилияи назорӣ, аз Эрон шурӯи фаъолият дар Ҳинд, бахше аз хӯҷаҳо, пайрави ӯ шуданд ва бо аҳкоми исломӣ чун намоз, рӯза ва зиёрат ҳам ошно шуда ва ба онҳо амал мекарданд.[4] Пас аз муддате ба ҷиҳати ихтилофоте ки миёни хӯҷаҳо ба вуҷуд омад, гурӯҳе аз онҳо аз мазҳаби шиаи исмоилӣ ҷудо шуда, ба мазҳаби аҳли суннат ва гурӯҳе дигар ба шиаи дувоздаҳимомӣ пайвастанд.[5]

Шаклгирии хӯҷаҳои дувоздаҳимомӣ

Дивҷӣ Ҷамол аз раҳбарони хӯҷаҳои исноашарӣ

Дар авоили даҳаи 1870, ҷамъе аз хӯҷаҳо дар роҳи зиёрати Имом Ҳусайн (а) ба Наҷаф рафтанд ва бо Зайнулъобидини Мозандаронӣ аз муҷтаҳидони бузурги он замон дидор карданд. Дар ин мулоқот онҳо худро шиа муаррифӣ карданд; аммо гуфтанд, ки ба аҳкоми исломӣ амал намекунанд ва зиёрати имомонро бар зиёрати каъба муқаддам мешуморанд. Аз он ҷо ки ин масаъла сабаби нороҳатии Оятуллоҳ Мозандаронӣ шуд, онҳо аз ӯ хостанд то касеро барои омӯзиши маорифи динӣ ба Ҳинд бифиристад. Ба суфориши Мозандаронӣ, яке аз шогирдони ҳиндиаш ба номи Мулло Қодири Ҳусайн, ба Бомбай рафт. Ӯ дар манзили яке аз хӯҷаҳо сокин ва ба омӯзиши мазҳаби шиа машғӯл шуд. Ин гуна дар миёни гурӯҳи хӯҷаҳо ки шиаи исмоъилӣ буданд, ақаллияте ба номи хӯҷаҳои исноашарӣ шакл гирифт.[6]

Дар аввалҳои даҳаи 1880, Оятуллоҳ Абулқосими Наҷафӣ, ба манзури тарвиҷи шиаи дувоздаҳимомӣ, ба Ҳинд рафт.[7] Ӯ нахустин намози ҷумъаи шиаёнро дар Бомбай баргузор кард.[8] Хӯҷаҳои исноашарӣ аз бими хӯҷаҳои исмоилӣ, то муддатҳо фаъолиятҳои мазҳабияшонро ба сурати махфиёна анҷом медоданд; аммо дар соли 1899 ҷамоати худро ба таври расмӣ таъсис карданд.[9] Аз ин замон ба баъд ба наҳви қобили таваҷҷӯҳе шуморашон афзоиш ёфт.[10]

Эътиқодот ва маносики динӣ

Хӯҷаҳои исноашарӣ, ба усул ва фуруи мазҳаби шиаи имомӣ эътиқод доранд.[11] Онҳо ба аҳкоми динӣ чун намоз, рӯза, хумс, закот ва садақот пойбанданд.[12] Рӯҳониёнашон намози ҷамоатро омиле барои тақвияти равобити иҷтимоӣ медонанд ва дар барпоии намози ҷумъа таъкид доранд.[13]

Хӯҷаҳои исноашарӣ вилодатҳо ва вафотҳои маъсумон ба вижаи муҳаррамро гиромӣ медоранд ва барои онҳо маросими ҷашн ё азодорӣ барпо мекунанд.[14] Онҳо ба шеваи шиаёни Ҳинду Покистон, навҳахонӣ ва синазанӣ мекунанд.[15]

Хӯҷаҳои исноашарӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа тақлид мекунанд. Онҳо пас аз Сайид Абулқосими Хуӣ, муқаллиди Сайид Муҳаммадризои Гулпойгонӣ ва пас аз ваии муқаллиди Оятуллоҳ Сайид Алӣ Систонӣ шуданд.[16] Имрӯза бештари онҳо аз Оятуллоҳ Систонӣ тақлид мекунанд.[17]

Шиаёни хӯҷа, вуҷуҳоти шаръии худро ба мароҷеъи тақлиди шиа пардохт мекунанд. Мароҷеъи тақлид низ ба онҳо иҷозаи истифода аз саҳми Имомро барои умури мазҳабӣ медиҳанд.[18] Таърихи ин иҷозаҳо ба замони мароҷеъи тақлиде чун Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ ва Сайид Ҳусайни Буруҷердӣ бармегардад.[19] Федерасиюни ҷаҳонии Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ ҳам нахустин бор дар соли 1960, аз Сайид Муҳсини Ҳаким - марҷаъи тақлиди вақти шиа, иҷозаи истифода аз саҳми Имомро дарёфт кард.[20]

Одобу русум

Хӯҷаҳои исноашарӣ барои ҳифзи ҳувияти қавмии худ аҳамияти бисёр қоиланд.[21] Аз ин рӯ одобу русумашон аз фарҳанги ҳиндӣ ва оини ҳинду таъсир пазируфтааст.[22] Онҳо дар оинҳо либосҳои суннатии ҳиндӣ ва покистонӣ мепӯшанд.[23] Ҳамчунин ба таомҳои суннатии ҳиндӣ бисёр алоқа доранд.[24]

Хӯҷаҳо камтар бо афродеи ғайр аз тоифаи худ ҳатто агар аз дигар ҷамоатҳои хӯҷа бошад, пайванди издивоҷ барқарор кунанд.[25] Оинҳои иҷтимоӣ ва мазҳабии онҳо ҳамчун издивоҷҳо, ҷашнҳо ва сӯгвориҳои мазҳабӣ, омезае аз унсурҳои исломӣ ва ҳиндӣ аст.[26] Барои намуна номҳое ки барои худ интихоб мекунанд, ҳам ҳиндӣ ва ҳам исломӣ аст. Ғолибан ном баргирифта аз фарҳанги исломӣ ва насаб баргирифта аз фарҳанг ҳиндӣ аст; монанди: Муҳаммади Дивҷӣ, Алии Доё, Ҷаъфари Нонҷӣ ва Ҳасанин Олорхиё.[27]

Гурӯҳҳо ва созмонҳо

Хӯҷаҳо ташкилот ва созмонҳое доранд, аз ҷумла:

Ҷамооти хӯҷа

Хӯҷаҳои исноашарӣ ба ҳифзи ваҳдату якпорчагии худ аҳамият медиҳанд.[28] Онҳо дар ҳар шаҳр ё кишваре ба манзури ҳамоҳангӣ дар анҷоми фаъолиятҳои мазҳабӣ ва иҷтимоӣ, гурӯҳе ташкил медиҳанд ки ба он ҷамоат мегӯянд.[29] Ҷамоатҳо ғолибан таҳти назорати федератсияҳои хӯҷа фаъолият мекунанд.[30]

Нахустин ҷимооти хўҷаи исноашарӣ дар соли 1882 дар Зангбор ташкил шудаанд.[31] Дар соли 1899 ҳам ҷамоати Бамбай ба сурати расмӣ ташкил шуд.[32]

Федератсияи ҷаҳонӣ
Сайид Саидахтари Разавӣ бунёнгузори Билол муслим мишен

Мақолаи аслӣ: Федератсияи ҷаҳонии ҷамооти шиаи хӯҷаи исноашарӣ

Федератсияи ҷаҳонии ҷамоатҳои шиаи хӯҷаи исноашарӣ, олитарин созмони хӯҷаҳост, ки бар фаъолияти ҷамоатҳои хӯҷаи исноашарӣ дар ҷаҳон назорат дорад.[33] Ин созмон бо аҳдофе чун таблиғи мазҳаби шиаи исноашарӣ, рушди вазъияти молии хӯҷаҳо ва афзоиши саводи илмӣ ва мазҳабии онҳо таъсис шудааст.[34] Имрӯза 30 ҷамоат ва чор федератсияи минтақаӣ зери назари он фаъолият мекунанд ва ҳудуди 125,000 узв дорад.[35]

Билол муслим мишен

Мақолаи аслӣ: Билол муслим мишен

Созмони Билол муслим мишен, аз муҳимтарин ташкилоти шиаёни хӯҷа исноашарӣ аст.[36] Ин созмонро Сайид Ахтари Разавӣ ва ҷамъи дигаре аз раҳбарони шиа дар Танзания дар соли 1968 бо ҳадафи тарвиҷи мазҳаби шиаи исноашарӣ[37] роҳандозӣ кардаанд.[38] Билол муслим мишен дар бештари шаҳрҳои Танзания марказҳои фаъол дорад.[39] Дар дигар кишварҳо чун Кениё, Мадагаскар, Бурундӣ ва Амрико ҳам шуъба дорад.[40]

Випоз

Мақолаи аслӣ: Випоз

Випоз (Созмони таблиғоти ҷаҳонии исломӣ ва инсондӯстона), аз муҳимтарин созмонҳои таблиғии хӯҷаҳои исноашарӣ дар Танзания аст ки дар соли 1980 ба сурати расмӣ ташкил шудааст.[41] Ин созмон ба сурати мустақил аз федератсияи Африқо ва созмони Билол муслим мишен амал мекунад.[42] «Таблиғи паёми сулҳу дӯстӣ байни сайёҳони мусулмон бо кумаки омӯзаҳои исломӣ», «Решакан сохтани фақр бо иқдомоти омӯзишӣ» ва «Кумак ба беморону мустамандон», аз ҷумла аҳдофи созмони Випоз аст.[43]

Шахсиятҳо

Муҳаммадалии Ҷиноҳ аз раҳбарони хӯҷаи исноашарӣ

Бархе аз шахсиятҳои динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии Хӯҷаҳои исноашарӣ ба шарҳ зер аст:

Нашриёт

Хӯҷаҳои исноашарӣ аз дер боз нашриёти бисёре дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мунташир кардаанд. Маҷаллаҳои Роҳи наҷот (1890) ва Нури имон (1892) дар Бамбай, Боғи наҷот (1906) дар Аҳмадабоди Ҳинд, Мунодӣ ва Салсабил (1924) дар Зангбор аз он ҷумлаанд.[50]

Ҳамакнун низ нашриёти Сомочор (маҷаллаи расмии федератсияи хӯҷаҳои исноашарии Афрақо), «Insight» (нашрияи расмии Федератсияи ҷаҳонии хӯҷаҳои исноашарӣ), «Sauti ya Bilal» (Садои Билол, нашрияи расмии Созмони Билол муслим мишен), «The light» (Нур, нашрияи расмии созмони Билол муслим мишен) ва «Shia International» ба забонҳои мухталиф чоп мешаванд.[51]

Ҳавзаҳои илмия

Хӯҷаҳои исноашарӣ дар бархе аз кишварҳо аз ҷумла Амрико, Англия, Сурия, Танзания ва Кениё ҳавзаҳои илмияи роҳандозӣ кардаанд. Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Ҳавзаи илмияи Сайид ал-Хуӣ дар Бирмингем
  • Ҳавзаи илмияи ҷомеъи Валиаср дар Ню-Йорк
  • Институти исломии мутолиоти олӣ дар Димишқ
  • Мадрасаи динии Аҳлу Байт ли-л-ъулум-ил-исломия дар Танзания
  • Мадрисаи динии Амиралмуъминини Мумбосо дар Кениё
  • Ҳавзаи ал-Маҳдии Бирмингем[52]

Минтақаҳои хӯҷанишин

Хӯҷаҳои исноашарӣ дар асл аз аҳолии иёлати Гуҷарот ва минтақаи Гачи Ҳиндӯстон будаанд;[53] аммо имрӯза дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд.[54]

Тибқи гузориши вебгоҳи расмии Федератсияи ҷаҳонии хӯҷаҳои исноашарӣ, шумори онҳо, наздик ба 125,000 тан аст.[55] Ҳудуди 25,000 нафар аз онҳо дар Ҳинд ва дар минтақаҳое чун Гач, Гуҷарот ва Бамбай зиндагӣ мекунанд.[56] Наздик ба 42,000 тан ҳам дар Покистон сукунат доранд ки бештарашон дар Карочӣ ҳастанд.[57]

Африқо ҳудуди 15,000 хӯҷаи исноашарӣ дорад[58] ки кишварҳои Танзания ва Кениё аз марокизи муҳимми онҳост.[59] Тақрибан 15,000 аз онҳо низ дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Канада ва Аврупо сокинанд.[60] Кишвари Канада байни 4000 то 5000 ҳазор хӯҷаи исноашарӣ дорад.[61] Ҷамоати ҳуҷҷати Лондон дар Англия, ҳудуди 5,000 узв дорад ва аз бузургтарин ҷамоатҳои хӯҷаи исноашарӣ ба шумор меравад.[62]

Аморот, Бангладеш, Яман, Уммон,[63] Зангбор, Уганда, Сумолӣ, Мадагаскар,[64] Ҳолланд ва Фаронса аз дигари кишварҳои маҳали сукунати онҳост.[65]

Иртиботи шиаёни хӯҷа ва Эрон

Ба ҷиҳати шиаи дувоздаҳимомӣ будани аксари мардуми Эрон, шиаёни хӯҷа бо мардуми Эрон эҳсоси қаробат мекунанд.[66] Онҳо барои зиёрати ҳарами Имом Ризо (а) ва ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ба Эрон меоянд. Бархе аз туллоби хӯҷа барои таҳсили улуми ҳавзавӣ, дар ҳавзаҳои илмияи Эрон дарс мехонанд.[67]

Шиаёни хӯҷа фаъолияти зиёде дар масоил сиёсӣ надоранд; аммо ба рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ, вокуниш нишон медиҳанд. Барои мисол Федератсияи ҷамооти шиаи хӯҷаи асноъшрии Африқо дар хусуси табъиди Имом Хумайнӣ ба Ироқ, ба шоҳи Эрон эътироз кард.[68] Ҳамчунин Ҳабиби Волҷӣ аз раҳбарони хӯҷаи сокини Англия, дар замони ҳузури Имом Хумайнӣ дар Париж бо вай дидор ва аз муборизоти ӯ ҳимоят кард.[69]

Раҳбарони хӯҷаҳо дар муносибатҳои мухталиф бо масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон дидор кардаанд. Намунаи он дидори Мулло Асғар раиси собиқи Федератсияи ҷаҳонии ҷамооти шиаи хӯҷаи исноашарӣ бо Имом Хумайнӣ аст.[70] Ҳамчунин дар соли 1996, Ҳошимии Рафсанҷонӣ раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, дар сафар ба Танзания ва Кениё мавриди истиқболи Муҳаммади Дайронӣ раиси федератсияи Африқо қарор гирифт.[71]

Федератсияи ҷаҳонии ҷамооти шиаи хӯҷаи исноашарӣ, дар ҷараёни зилзилаҳои Рӯдбор ва Бам ба мардуми зилзилазада кумаки молӣ кард.[72] Дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳам бурсияҳоеро барои таҳсили ҷавонони Африқоӣ дар донишгоҳҳои Эрон дар ихтиёри Федератсияи ҷаҳонӣ гузоштааст.[73]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
  2. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
  3. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
  4. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.17
  5. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.18 ва 19
  6. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.19
  7. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.20
  8. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.20
  9. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.20
  10. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.21
  11. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.99
  12. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.54
  13. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.54
  14. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.54
  15. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.56
  16. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.55
  17. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.55
  18. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.54
  19. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.54
  20. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.54
  21. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.32
  22. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.31 ва 32
  23. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.36
  24. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.36ў37
  25. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.32
  26. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.32
  27. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.38
  28. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.29
  29. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.8
  30. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.25
  31. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.294
  32. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.64
  33. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, саҳ.24
  34. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, саҳ.24
  35. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, саҳ.25
  36. Ранҷбари Шерозӣ, Шиаёни Танзания, 1393ҳ.ш., саҳ.77
  37. Аминӣ, Танзания, 1375ҳ.ш., саҳ.23
  38. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.15 ва 16
  39. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.174
  40. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.175
  41. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.187
  42. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.187
  43. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.187
  44. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.340
  45. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.1
  46. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.157
  47. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, саҳ.141 ва 142
  48. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.152
  49. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.412
  50. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.208
  51. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.209 - 212
  52. Арабаҳмадӣ, шиаёни Танзания, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.116 - 121
  53. Ҷонаҳмадӣ ва Ранҷбари Шерозӣ, «Шиаёни Танзания ва вазъияти онон», саҳ.39
  54. Ҷонаҳмадӣ ва Ранҷбари Шерозӣ, «Шиаёни Танзания ва вазъияти онон», саҳ.39
  55. «About The World Federation of KSIMC», Вебгоҳ The World Federation of KSIMCf Of Khoja Shia Ithna-Asheri Muslim Communities
  56. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.271
  57. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.277
  58. Арабаҳмадӣ, Шиаёни Танзания, 1379ҳ.ш., саҳ.40
  59. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.286
  60. Арабаҳмадӣ, Шиаёни Танзания, 1379ҳ.ш., саҳ.40
  61. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.334
  62. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.311
  63. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.279 - 284
  64. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.294 - 305
  65. Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.310
  66. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.62
  67. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.62
  68. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.62
  69. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.62
  70. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.64
  71. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.64
  72. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.64
  73. Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.64

Сарчашма

  • Аминӣ, Раҳим, Танзания, Теҳрон, Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, 1375ҳ.ш.
  • Ҷонаҳмадӣ, Фотима ва Рӯҳуллоҳ Ранҷбари Шерозӣ, Шиаёни Танзания ва вазъияти онон (бо таъкид бар шиаёни хӯҷаи исноашарӣ), фаслномаи илмӣ ва пажӯҳишии Шиашиносӣ, №40, 1391ҳ.ш.
  • Ранҷбари Шерозӣ, Рӯҳуллоҳ, Шиаёни Танзания; баррасии вазъияти фарҳангии иҷтимоӣ, Қум, интишороти Шиашиносӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Равғанӣ, Заҳро, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиоти фарҳангӣ, Теҳрон, 1387ҳ.ш.
  • Арабаҳмадӣ, Амирбаҳром, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, муассисаи шиаи шиносӣ, Қум, 1389ҳ.ш.
  • Муайян, Муҳаммад, Фарҳанги форсии Муин.
  • Арабаҳмадӣ, Амирбаҳром, Шиаёни Танзания; дирузу имрӯз, Теҳрон, интишороти байналмлии ал-Ҳодӣ, 1379ҳ.ш.,
  • «About The World Federation of KSIMC»، وب‌گاه The World Federation of KSIMCf Of Khoja Shia Ithna-Asheri Muslim Communities, дидашуда дар 20 обони 1397ҳ.ш.