Билол муслим мишен

Аз wikishia
Билол муслим миссион

Билол Муслим Миссия (ба забони инглисӣ: Bilal Muslim Mission), як муассисаи таблиғӣ, таълимӣ ва хайрия, яке аз ниҳодҳои марбут ба шиаҳои Хуҷаи исноашарӣ аст.

Ин созмон соли 1968 аз сӯи Сайид Саидахтар Разавӣ - яке аз раҳбарони шиа дар Танзания таъсис шуда, дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Кения, Мадагаскар, Бурундӣ ва Амрикову Канада фаъолият дорад.

Муҳимтарин амалҳои муассисаи Билол муслим миссия иборатанд аз: фиристодани мубаллиғ ба шаҳру деҳаҳо, хидматрасонии оммулманфиъа аз ҷумла кумак ба мусалмонон ва насрониҳои камбизоат, нашри китобу маҷаллаҳо ба забонҳои савоҳилӣ ва инглисӣ, ва низ таълими улуми исломӣ ва шиъӣ ба мактаббачагони шиа.

Сайидмуҳсини Ҳаким, Сайид Абулқосими Хуӣ ва Сайидалии Систонӣ - мароҷеъи тақлиди шиа, мувофиқат кардаанд, ки нисфи саҳми Имомро ба ин ниҳод пардохт кунанд.

Таъсис ва густараи фаъолият

Сайид Ахтар Разавӣ - муассиси Билол муслим мишен

Созмони Билол муслим мишен, ба унвон як ниҳоди хайрия, дар соли 1968 дар Танзания сабт шуд.[1] Сайид Саидахтар Разавӣ, дар соли 1964, тарҳи таблиғиеро ба шӯрои олии федерасиони хуҷаи исноъашарии Африқо пешниҳод кард ва гарчи ин тарҳ дар ниҳоди мазкур пазируфта нашуд, аммо ҷамоати хуҷаи исноъашарӣ дар Доруссалом онро дар раъси сиёсатҳои таблиғии худ қарор дод ва муассисаи Билол муслим мишенро таъсис намуд.[2]

Маркази муассисаи Билол муслим мишен дар Доруссалом дар Танзания аст[3] ва ин ниҳод дар бештари шаҳрҳои ин кишвар фаъолият мекунад. Илова бар ин, дар кишварҳои Кениё, Мадагаскар, Бурундӣ, Тринидод, Гуён ва низ Амрико, фаъолият дорад.[4] Гуфта шудааст, ки муҳимтарин шуъбаи ин муассиса, пас аз маркази Танзания, дар Кениё қарор дорад.[5]

Аз соли 1992 шуъбае аз ин созмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолияти худро оғоз карда, ва фаъолияти таблиғӣ дар Амрикою Канадаро пай гирифтааст.[6] Кишварҳои Гуён, Тринидод ва Тубогу то пеш аз шаклгирии Билол муслим мишени Амрико дар маҳдудаи фаъолиятҳои созмони Танзания қарор доштанд. Пас аз таъсиси Билол муслими Амрико кишварҳои мазбур таҳти пӯшиши ин созмон қарор гирифтанд.[7]

Фаъолиятҳо

Созмони Билол муслим мишен, фаъолиятҳое аз ҷумла: интишори китобҳо ва нашриёти исломӣ ва шиъӣ, таълими улуми исломӣ ва шиъӣ, эъзоми мубаллиғ ба манотиқи мухталифи шаҳрӣ ва рустоӣ, ва низ анҷоми корҳои оммулманфиъаро дар дастури кор доштааст:

  • Фиристодани мубаллиғ ба шаҳрҳо ва рӯстоҳо дар кишварҳое монанди Танзания, Кения, Мадагаскар, Бурундӣ ва Конго. Гуфта шудааст, ки ин мубаллиғон яке аз авомили муҳими густариши ташайюъ дар манотиқи шаҳрӣ ва рустоии кишварҳои мазкур будаанд. Ин мубаллиғон бо зиндониёни мусулмон ва масеҳии кишварҳои гуногун низ дар иртибот буда ва китобҳою ҷузваҳои муассисаро дар ихтиёри онон қарор медодаанд.[8]
  • Хидматрасонии оммулманфиъа: ин созмон хадамоти худро барои фуқарои мусулмон ва масеҳӣ анҷом додааст. Ин хидматрасониҳо иборатанд аз: барпоии урдугоҳҳои муваққати тиббӣ ва чашмпизишкӣ дар шаҳрҳо ва рустоҳо, сохти чанд дармонгоҳ дар шарқ ва ҷануби шарқи Африқо, мубориза бо бемориҳои малария ва спид, сохти мактабҳою масҷидҳо, ва низ тақсими хӯроку пӯшок.[9]
  • Интишори маҷаллаҳои Савтул-Билол ба забони савоҳилӣ, ва нур (Light) ба англисӣ: аввалин шумораи маҷаллаи Нур дар 1963 бо тиражи 75 нусха чоп шуд. Маҷаллаи Савтул-Билол, ки нахустин бор тавассути Алӣ Дино - шиаи хуҷа интишор ёфта буд, дар соли 1967 ба маркази Билол муслим мишени Танзания супорида шуд.[10]
  • Интишори китобҳои исломӣ ба забони англисӣ ва савоҳилӣ:[11] ин китобҳо ба ҳамроҳи маҷалаҳои муассиса, ройгон дар мадарасаҳои исломӣ ва масоҷиди кишварҳои Амрико, Канада, Гуён, Ҳинд, Покистон, Шерилонко, Тойланд, Индонезия ва ғ. тақсим мешавад.[12]
  • Таълими улуми исломӣ ва шиъӣ ба мактаббачагони шиа: ин кор бо фиристодани гуруҳе аз толибъилмон барои таҳсили улуми динӣ оғоз шуд. Ин гуруҳ ибтидо дар ҳавзаи илмияи Наҷаф ба таҳсил пардохтанд, сипас ба далели маҳдудиятҳо дар давраи ҳокимияти ҳизби Баъси Ироқ ба Лубнон эъзом шуданд, ва сипас ба ҳавзаи илмияи Қум пайвастанд. Ин гуруҳ пас аз бозгашт, аввалин мударрисони бумии мадрасаҳои Билол муслим мишен дар Танзания ва Кениё шуданд ва ба тадриси улуми исломӣ пардохтанд.[13] Ин муассиса илова бар таъсиси мактабҳои шабонарӯзӣ дар Танзанияву Кениё, давраи таълими мукотибаии улуми исломиро низ барои мусулмонони алоқаманд роҳандозӣ кардаанд, ки шомили таълими таърихи Ислом, зиндагии маъсумон, ахлоқи исломӣ ва таълимоти мазҳаби шиа аст.[14] Ин давраҳо бо фарогир шудани интернет ба шакли онлайн пайгирӣ мешавад.[15]

Таъмини хароҷот

Ба гуфтаи Расул Ҷаъфариён дар китоби Атласи шиа, Билол муслим мишен хароҷоти худро аз ҷумла аз тариқи сармоягузорӣ дар амлоку мустағиллот (амволи ғайриманқул)[16] таъмин мекунад.

Ҳамчунин гуруҳе аз мароҷеъи тақлиди шиа бо пардохти бахше аз саҳми Имом ба ин муассиса мувофиқат кардаанд; аз ҷумла: Сайид Муҳсини Ҳаким, Сайид Абулқосим Хуӣ ва Сайидалии Систонӣ.[17]

Эзоҳ

  1. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.174; Ранҷбари Шерозӣ, Шиаёни Танзания, 1393ҳ.ш., саҳ.76; Равғанӣ, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.15 - 16.
  2. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.173 - 174.
  3. Аминӣ, Танзания, 1375ҳ.ш., саҳ.20 - 23.
  4. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.175.
  5. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.181.
  6. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.184.
  7. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.184 - 185.
  8. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.179.
  9. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.180.
  10. Равғанӣ, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.19.
  11. Равғанӣ, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.19.
  12. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.176.
  13. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.176; Ранҷбари Шерозӣ, Шиаёни Танзания, 1393ҳ.ш., саҳ.78.
  14. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.177.
  15. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.178.
  16. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.557.
  17. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.174.

Сарчашма

  • Аминӣ, Раҳим, Танзания, Теҳрон, Дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, 1375ҳ.ш.
  • Араб Аҳмадӣ, Амирбаҳром, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, Қум, муассисаи Шиашиносӣ, 1389ҳ.ш.
  • Равғанӣ, Заҳро, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, Теҳрон, Пажуҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ранҷбари Шерозӣ, Руҳуллоҳ, Шиаёни Танзания, Қум, муассисаи Шиашиносӣ, 1393ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Атласи шиа, Теҳрон, Интишороти созмони ҷуғрофиёӣ, 1391ҳ.ш.