Хӯҷа
Ин навиштор дар бораи Хӯҷаҳост. Барои мутолиа дар бораи Хӯҷаҳои шиъа, мақолаи Хӯҷаҳои исноашариро бубинед.
Хӯҷа (форсӣ: خوجه) гурӯҳе аз мусулмонони ҳиндиюласл ҳастанд, ки дар қарни понздаҳуми мелодӣ ба дини Ислом гароиш пайдо карданд. Хӯҷаҳо ҳинду буданд, тавассути шахсе ба номи Пирсадруддин ба Ислом моил шуданд ва ба ин ном хонда шуданд. Хӯҷа баргирифта аз «Хоҷа» ба маънои бузург аст.
Ойини хӯҷаҳо омезае аз боварҳои ойини ҳинду ва дини Ислом буд; аммо дар қарни нуздаҳуми мелодӣ ба василаи Оқохони Маҳаллотӣ (Оқохони Аввал), бо аҳкоми Ислом бештар ошно шуда ва ба мазҳаби шиаи исмоъилӣ даромаданд. Оқохони Маҳаллотӣ нахустин имоми хӯҷаҳост.
Дар охирҳои қарни нуздаҳуми мелодӣ бар асари сахтгириҳои Оқохон гурӯҳе аз онҳо ба аҳли суннат пайвастанд ва ҷамъе дигар пайрави мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ шуданд. Ба гурӯҳи ахир хӯҷаҳои исноашарӣ мегӯянд.
Хӯҷаҳо имрӯза дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пароканда шудаанд. Ҳинд, Покистон, Танзания, Кениё, Амрико, Канада, Англия ва Фаронса аз ҷумла кишварҳои маҳалли сукунат онҳост.
Пешина
Дар соли 1400[1] (қарни нуҳуми қамарӣ), шахсе ба номи Пирсадриддин ба шаҳри Синд дар Ҳинд рафт ва бо нуфуз дар миёни заминдорони сарватманди он ҷо, онҳоро ба оине, ки онро масири ҳақиқат меномид, даъват кард.[2]
Садриддин касонеро ки оинашро мепазируфтанд, «Хӯҷа» меномид.[3] Хӯҷа аз вожаи форсии «Хоҷа» ба маънои бузургу сарвар[4] гирифта шудааст.[5]
Дар хусуси мазҳаби Садриддини гузоришҳои гуногуне вуҷуд дорад. Бархе аз муаррихон ӯро аз дарвешҳои бузурги эронӣ донистаанд; шиаёни хӯҷаи исноашарӣ мегӯянд: ӯ роҳибе ҳинду буда ки ба ҷиҳати дуздӣ аз маъбаде, барои он ки шинохта нашавад, зоҳирашро тағйир дода ва худро аз доиёни исмоъилӣ муаррифӣ кардааст.[6] Ӯ барои ҷазби ҳиндуҳо аз ақоиди худашон истифода мекард. Барои мисоли Имом Алӣ (а)-ро даҳумин таҷассуми Худо ё Вишну муаррифӣ кард ки онҳо дар интизораш ҳастанд.[7]
Боварҳои хӯҷаҳо
Боварҳои хӯҷаҳо дар оғоз омезае аз эътиқодоти суфиён ва ҳиндуҳо будааст.[8] Онҳо муътақид буданд, ки Худо дар ҷаҳон ҳулул кардааст ва аз ин рӯ ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон аз зоти Илоҳӣ бархӯрдоранд.[9] Ба бовари онҳо Худо нуҳ бор ба сурати инсон даромадааст.[10] Ин бовари онҳо аз эътиқодоти ҳинду гирифта шуда буд.[11] Онҳо бар асоси таълимоти Пирсадруддин, Имом Алӣ (а)-ро даҳумин таҷассум Худо медонистанд.[12]
Дар соли 1839 Оқохони Маҳаллотӣ ба Ҳинд рафт ва хӯҷаҳоро, ки дар манотиқи мухталифи Ҳинд пароканда буданд, ба намоз хондан, рӯза гирифтан ва зиёрати имомон ташвиқ кард ва ба мазҳаби шиаи исмоилӣ даровард.[13] Ӯро нахустин имоми хӯҷаҳо донистаанд.[14]
Шохаҳо
Бар асоси асноди таърихӣ, хӯҷаҳо дар ибтидо аз ихтилофи миёни ду мазҳаби шиа ва суннӣ огоҳ набуданд.[15] Ба ин ҷиҳат замоне, ки Оқохони Маҳаллотӣ аз онҳо хост мазҳаби шиаи исмоъилиро бипазиранд, бидуни муқовимат пазируфтанд.[16] Албатта муддате баъд бархе аз хӯҷаҳо ба ҷиҳати сахтгирҳои Оқохон ба мазҳаби аҳли суннат гароиш пайдо карданд.[17] Дар ибтидои даҳаи 1870 ҳам гурӯҳе аз хӯҷаҳо дар Наҷаф бо Оятуллоҳ Мозандаронӣ мулоқот карданду саранҷом ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ даромаданд.[18]
Парокандагии ҷуғрофиёӣ
Хӯҷаҳо нахуст дар шаҳри Синди Ҳинд, сукунат доштанд, аммо дар замони ҳузури Оқохон дар Ҳинд, яъне нимаи қарни нуздаҳуми мелодӣ дар дигар иёлоти Ҳинд чун Кӯч, Гуҷарот, Масқат ва Бомбай пароканда шуданд.[19] Пас аз ин ки хӯҷаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуданд ва ба ҷиҳати сахтгириҳои пайравони Оқохон бар хӯҷаҳои дувоздаҳимомӣ ва омилҳои дигаре чун хушксолӣ, дар ибтидои қарни бистуми мелодӣ, бисёре аз хӯҷаҳои дувоздаҳимомӣ ба шарқи Африқо муҳоҷират карданд.[20] Таҷзияи Ҳинд дар соли 1947 низ сабаб шуд гурӯҳи дигаре аз хӯҷаҳо ба Покистон муҳоҷират кунанд.[21]
Имрӯза хӯҷаҳо дар кишварҳои мухталиф пароканда шудаанд. Аз ҷумла манотиқи маҳалли сукунати хӯҷаҳо инҷост:
- Дар Осиё: Ҳинд, Покистон, Эрон, Кувайт, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Имороти муттаҳидаи арабӣ ва Яман;
- Дар Африқо: Кениё, Танзания, Заир, Рувондо, Бурундӣ, Мозамбик, Мадагаскар, Ҷазираи Мурис ва Реюниун;
- Дар Аврупо: Англия, Фаронса, Белгия, Шветсия, Норвегия, Португалия ва Швейтсария;
- Дар Амрико: Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Канада.[22]
Хӯҷаҳои исноашарӣ
- Мақолаи аслӣ: Хӯҷаҳои исноашарӣ
Хӯҷаҳои исноашарӣ, ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ эътиқод доранд[23] ва аз мароҷеъи тақлиди шиаи имомӣ тақлид мекунанд.[24] Тибқи омори Федератсиюни ҷаҳонии ҷимоъоти шиаи хӯҷаи исноашарӣ, шумори онҳо дар ҷаҳони 125, 000 нафар аст.[25] Бештари онҳо дар Ҳинд, Покистон ва Танзания сукунат доранд;[26] аммо дар кишварҳои мухталифе аз ҷумла Амрико ва Канада ҳам зиндагӣ мекунанд.[27]
Мулло Қодир Ҳусайн ва Девҷӣ Ҷамол[28] нахустин раҳбарони шиаёни хӯҷа будаанд.[29] Сайид Саидахтар Разавӣ, бунёнгузори Созмони Билол муслим мешин дар Танзания ва Муҳаммадалии Ҷиноҳ бунёнгузори кишвари Покистон аз шахсиятҳои шинохташудаи хӯҷаҳои исноашарӣ ҳастанд.[30] Албатта Сайид Ахтар аз хӯҷаҳои исноашарӣ набуд; аммо ба далели иртиботи густардааш бо онон, ӯро аз аъзои ин ҷамоат медонанд.[31]
Федератсиюни ҷаҳонии ҷимоъоти шиаи хӯҷаи исноашарӣ[32] ва созмони Билол муслим мешин[33] аз созмонҳои байналмилалии шиаёни хӯҷа аст.
Эзоҳ
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Фарҳанги форсии Муин, зайли вожаи «хоҷа»
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.15
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.17
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.17
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи ёздаҳ
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаҳои ёздаҳ ва дувоздаҳ
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.18
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.19
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаҳои ёздаҳ ва дузодаҳ
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаҳои дувоздаҳ ва сездаҳ
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи чордаҳ
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., сафҳаи чордаҳ
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.99
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.55
- ↑ «About The World Federation of KSIMC», вебгоҳи The World Federation of KSIMCf Of Khoja Shia Ithna - Asheri Muslim Communities
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.171, 277 ва 286
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни Танзания, 1379ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.1
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.340
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.141, 142 ва 157
- ↑ Арабаҳмадӣ, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.413, понавис
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, саҳ.24
- ↑ Ранҷбари Шерозӣ, Шиаёни Танзания, 1393ҳ.ш., саҳ.77 ва 78
Сарчашма
- Ранҷбари Шерозӣ, Рӯҳуллоҳ, шиаёни Танзания; баррасии вазъияти фарҳангии иҷтимоӣ, Қум, интишороти шиаи шиносӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
- Равғанӣ, Заҳро, Шиаёни хӯҷа дар оинаи таърих, Теҳрон, пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, 1387ҳ.ш.
- Арабаҳмадӣ, амирбҳром, Шиаёни хӯҷаи исноашарӣ дар густараи ҷаҳон, Қум, муассисаи шиаи шиносӣ, 1389ҳ.ш.
- Муин, Муҳаммад, фарҳанги форсии Муин.
- «About The World Federation of KSIMC», Вебгоҳи The World Federation of KSIMCf Of Khoja Shia Ithna-Asheri Muslim Communities, дидашуда дар 20 обонмоҳи 1397