Jump to content

Хутбаи бенуқтаи Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хутбаи бе нуқта)
Хутбаи бенуқтаи Имом Алӣ (а)
Номҳои дигарХутбаи бидуни нуқтаи Имом Алӣ (а)
Содиршуда азИмом Алӣ (а)
Сарчашмаи шиаТамоми НаҳҷулбалоғаНаҳҷ-ус-саодат

Хутбаи бидуни нуқтаи Имом Алӣ (а) (форсӣ: خطبه بدون نقطه امام علی (ع)) суханроние аз Имом Алӣ (а) аст, ки дар он аз ҳуруфи нуқтадор истифода нашудааст. Ин хутба дар ҷамъи гурӯҳе аз асҳоби Пайғамбар (с), ки дар бораи нақши ҳуруф дар калом суҳбат мекарданд, эрод шудааст.

Матни хутба дар китоби Наҳҷуссаодат ва "Тамоми Наҳҷулбалоға" нақл шудааст. Ситоиши Илоҳӣ, шумориши баъзе аз неъматҳои ӯ, ҷойгоҳи Аҳли Байт (а) ва пайравӣ аз суннати Пайғамбар (с) аз мавзуъҳое ҳастанд, ки дар ин хутба мавриди баҳс қарор гирифтаанд. Китоби "Ду шоҳкори Алавӣ" дар шарҳи ин хутба ва хутбаи бидуни алифи Имом Алӣ (а) навишта шудааст.

Баъзе аз манбаъҳо, хутбаи дигаре ҳам бо унвони хутбаи бидуни нуқта ба Имом Алӣ (а) нисбат додаанд, ки нисбат ба хутбаи аввал, аз эътибори камтар бархурдор аст.

Заминаи эрод

Хутбаи бидуни нуқта, суханроние аз Имом Алӣ (а) аст, ки дар он, аз ҳуруфи нуқтадор истифода нашудааст. Ба ривояте, ки дар китоби "Маноқиб" аз Имом Ризо (а) нақл шудааст, маҷрои баёни ин хутба чунин аст, ки ҷамъе аз асҳоби Пайғамбар (с) дар бораи нақши ҳуруф дар калом суҳбат мекарданд. Онҳо "алиф"-ро пуркорбурдтарин ҳарф медонистанд. Дар ин ҳангом, Имом Алӣ (а) хутбае бидуни алиф ва хутбае бидуни нуқта[Ёддошт 1] ба забони арабӣ эрод кард.[1] Филбадоҳа эрод шудани хутбаҳо, мустанад будан ба Қуръон, фасоҳат ва балоғати онҳоро сутудаанд.[2]

Муҳтаво

Хутба бо ҳамду ситоиши Худо ва шумориши баъзе аз неъматҳои ӯ оғоз мешавад. Сипас бо ишора ба ҷойгоҳи Пайғамбар (с) ва Аҳли Байти ӯ, ба пайравӣ аз суннати Пайғамбар (с) ва иҷрои дастурҳояш тавсия мекунад. Ҳамчунин дар зимни он, баёни чанд мавъиза, барои саломатӣ, дурӣ аз гуноҳон, итоати дастурҳои Ислом, истиҷобати дуо ва саодатмандии ҳозирон дуо шудааст.[3]

Манбаъ

Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ матни хутбаи бидуни нуқтаро дар китоби "Наҳҷуссаодат фи мустадраки Наҳҷулбалоға" овардааст.[4] Чунон ки худаш гуфтааст, ин хутбаро аз китоби "Маҷмуатун адабия", навиштаи Муҳаммад ибни Абдулқоҳир Шаҳрзӯрӣ Мусилӣ (даргузаштаи қарни ҳаштуми қамарӣ) нақл кардааст;[5] аммо Сайид Разӣ дар "Наҳҷулбалоға" онро нақл накардааст. Бо ин ҳол, ин хутба дар китоби "Тамоми Наҳҷулбалоға" нақл шудааст.[6]

Ҳамчунин ба гуфтаи Эҳсонифар, нависандаи китоби "Ду шоҳкори алавӣ", дар китобҳои "Маноқиб", "ас-Сирот-ул-мустақим", "Минҳоҷ-ул-баръат", "Биҳор-ул-анвор" ва "Наҳҷ-ул-имон" низ унвон ё қисме аз хутбаи бидуни нуқта зикр шудааст.[7]

Матн ва тарҷумаи тоҷикии хутба

Матн
Матн ва Тарҷума
Тарҷума

اَلْحَمْدُ للَّـهِ أَهْلِ الْحَمْدِ وَ مَأْوَاهُ، وَ لَهُ أَوْكَدُ الْحَمْدِ وَ أَحْلَاهُ، وَ أسعَدُ الْحَمْدِ وَ أَسْرَاهُ، وَ أَطْهَرُ الْحَمْدِ وَ أَسْمَاهُ، وَ أَکْرَمُ الْحَمْدِ وَ أَوْلَاهُ

الْوَاحِدِ الأَحَدِ الصَّمَدِ، لاوَالِدَ لَهُ وَ لاوَلَدَ

سَلَّطَ الْمُلُوكَ وَ أَعْدَاهَا، وَ أَهْلَكَ الْعُدَاةَ وَ أَدْحَاهَا. وَ أَوْصَلَ الْمَكَارِمَ وَ أَسْرَاهَا

وَ سَمَكَ السَّمَاءَ وَ عَلَّاهَا، وَ سَطَحَ الْمِهَادَ وَ طَحَاهَا، وَ وَطَّدَهَا وَ دَحَاهَا

وَ مَدَّهَا وَ سَوَّاهَا، وَ مَهَّدَهَا وَ وَطَّاهَا، وَ أَعْطَاكُمْ مَاءَهَا وَ مَرْعَاهَا

وَ أَحْكَمَ عَدَّ الأُمَمِ وَ أَحْصَاهَا، وَ عَدَّلَ الأَعْلَامَ وَ أَرْسَاهَا

أَلْإِلَهُ الأَوَّلُ لامُعَادِلَ لَهُ، وَ لارَادَّ لِحُكْمِهِ

لَا إِلٰهَ إِلَّا هُوَ الْمَلِكُ السَّلاَمُ، الْمُصَوِّرُ الْعَلَّامُ

الْحَاكِمُ الْوَدُودُ، الْمُطَهِّرُ الطَّاهِرُ، الْمَحْمُودُ أَمْرُهُ

الْمَعْمُورُ حَرَمُهُ، الْمَأْمُولُ كَرَمُهُ

عَلَّمَكُمْ كَلَامَهُ، وَ أَرَاكُمْ أَعْلَامَهُ

وَ حَصَّلَ لَكُمْ أَحْكَامَهُ، وَ حَلَّلَ حَلَالَهُ

وَ حَرَّمَ حَرَامَهُ

وَ حَمَّلَ مُحَمَّداً الرِّسَالَةَ

رَسُولَهُ الْمُكَرَّمَ، الْمُسَوَّدَ الْمُسَدَّدَ، الطُّهْرَ الْمُطَهَّرَ

أَسْعَدَ اللَّـهُ الأُمَّةَ لِعُلُوِّ مَحَلِّهِ، وَ سُمُوِّ سُؤْدَدِهِ

وَ سَدَادِ أَمْرِهِ، وَ كَمَالِ مُرَادِهِ

أَطْهَرُ وُلْدِ آدَمَ مَوْلُودًا، وَ أَسْطَعُهُمْ سُعُودًا

وَ أَطْوَلُهُمْ عَمُودًا، وَ أَرْوَاهُمْ عُودًا

وَ أَصَحُّهُمْ عُهُودًا، وَ أَكْرَمُهُمْ مُرْدًا وَ كُهُولًا

صَلاةُ اللَّـهِ لَهُ وَ لِآلِهِ الأَطْهَارِ

مُسَلَّمَةً وَ مُكَرَّرَةً مَعْدُودَةً

وَ لِآلِ وَدِّهِمُ الْكِرَامِ مُحَصَّلَةً مْرَدَّدَةً

مَا دَامَ لِلسَّمَاءِ أَمْرٌ مَرْسُومٌ، وَ حَدُّ مَعْلُومٌ

أَرْسَلَهُ رَحْمَةً لَكُمْ، وَ طَهَارَةً لأَعْمَالِكُمْ

وَ هُدُوءَ دَارِكُمْ، وَ دُحُورَ عَارِكُمْ

وَ صَلَاحَ أَحْوَالِكُمْ، وَ طَاعَةً للَّـهِ وَ رُسُلِهِ

وَ عِصْمَةً لَكُمْ وَ رَحْمَةً

إِسْمَعُوا لَهُ، وَ رَاعُوا أَمْرَهُ

وَ حَلِّلُوا مَا حَلَّلَ، وَ حَرِّمُوا مَا حَرَّمَ

وَ اعْمَدُوا - رَحِمَكُمُ اللَّـهُ - لِدَوَامِ الْعَمَلِ

وَ ادْحَرُوا الْحِرْصَ وَ اعْدِمُوا الْكَسَلَ

وَ ادْرُوا السَّلَامَةَ، وَ حِرَاسَةَ الْمُلْكِ وَ رَوْعَهَا

وَ هَلَعَ الصّدُورِ وَ حُلُولَ كَلِّهَا وَ هَمِّهَا

هَلَكَ - وَ اللَّـهِ - أَهْلُ الإِصْرَارِ

وَ مَا وَلَدَ وَالِدٌ لِلإِسْرَارِ

كَمْ مُؤَمِّلٍ أَمَّلَ مَا أَهْلَكَهُ!

وَ كَمْ مَالٍ وَ سِلَاحٍ أُعِدَّ صَارَ لِلأَعْدَاءِ

اَللَّـهُمَّ لَكَ الْحَمْدُ وَ دَوَامُهُ

وَ الْمُلْكُ وَ كَمَالُهُ

لَا إِلهَ إِلَّا هُوَ، وَسِعَ كُلَّ حِلْمٍ حِلْمُهُ

وَ سَدَّدَ كُلَّ حُكْمٍ حُكْمُهُ

وَ حَدَرَ كُلَّ عِلْمٍ عِلْمُهُ

عَصَمَكُمْ وَ لَوَّاكُمْ، وَ دَوَامَ السَّلَامَةِ أَوْلَاكُمْ

وَ لِلطَّاعَةِ سَدَّدَكُمْ، وَ لِلإِسْلَامِ هَدَاكُمْ

وَ رَحِمَكُمْ وَ سَمِعَ دُعَاءَكُمْ، وَ طَهَّرَ أَعْمَالَكُمْ

وَ أَصْلَحَ أَحْوَالَكُمْ

وَ أَسْأَلُهُ لَكُمْ دَوَامَ السَّلَامَةِ، وَ كَمَالَ السَّعَادَةِ

وَ الآلَاءَ الدَّارَّةِ، وَ الأَحْوَالَ السَّارَّةِ؛ وَ الْحَمْدُ للَّـهِ وَحْدَهُ

Ситоиш хосси Худоест, ки сазовори ситоиш ва ҷойгоҳи лоиқи он аст. Барои Ӯст, беҳтарин ситоиш ва ширинтарин он, ва саодатмандонатарин ситоиш ва саховатмандтарин (ва шарифтарини) он, ва поктарин ситоиш ва баландтарини он, ва мумтозтарин ситоиш ва сазовортарин он.

Ягона ва яктои бениёз (ки ҳамаи ҳоҷатмандон ва гирифторон оҳанги Ӯ намоянд). На падаре дорад ва на фарзанде.

Шоҳонро (ба ҳикмат ва озмоиши худ, бар мардум) мусаллат сохт ва ба тохтан водор намуд. Ва золимон (ва мутаҷовизон)-ро ҳалок кард ва канорашон андохт. Ва сифатҳои баландро (ба халойиқ) расонид ва шарофат бахшид.

Осмонро баланд бардошт ва боло гардонид, бистари заминро кушод ва густариш дод, ва муҳкам намуд ва густарда сохт.

Онро имтидод бахшид ва ҳамвор кард ва (барои зиндагӣ) омода ва муҳайё сохт, ва обу чарогоҳашро ба шумо арзонӣ дошт.

Ва адади ақвомро (барои зиндагӣ дар он) ба дурустӣ (ва ҳикмат) муқаррар намуд ва бар шумори (якояки) онҳо иҳота ёфт, ва нишонаҳои баланд(-и ҳидоят)-ро муқаррар намуд ва онҳоро барафрошту устувор сохт.

Маъбуди аввалин, ки на Ӯро ҳамтое аст ва на ҳукмашро монеъе.

Худое нест ҷуз Ӯ, ки подшоҳ асту салом (мояи саломатӣ), ва суратгари доно.

Фармонравои меҳрубон ва поку беолоиш аст. Фармонаш ситоишшуда аст.

Ва ҳаримаш обод (ба таваҷҷуҳи парстишгарон ва ҳоҷатмандон) аст ва саховаташ мавриди умед.

Каломаш(Қуръон)-ро ба шумо омӯхт ва нишонаҳояшро ба шумо нишон дод.

Ва аҳкомашро бароятон дастёфтанӣ намуд. Он чи раво буд, ҳалол кард.
وَ حَرَّمَ حَرَامَهُ
Ва он чи нораво буд, ҳаром намуд.
وَ حَمَّلَ مُحَمَّداً الرِّسَالَةَ
Бори рисолатро бар дӯши ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) андохт.
رَسُولَهُ الْمُكَرَّمَ، الْمُسَوَّدَ الْمُسَدَّدَ، الطُّهْرَ الْمُطَهَّرَ
Ҳамон Расули гиромӣ, ки ба ӯ сарварию дурустӣ (дар гуфтору кирдору рафтор) арзонӣ шуда, поку пироста аст.
أَسْعَدَ اللَّـهُ الأُمَّةَ لِعُلُوِّ مَحَلِّهِ، وَ سُمُوِّ سُؤْدَدِهِ
Худо ин умматро ба хотири бартарии мақому баландии шарофату устувории дини ӯ ва комил будани ороманаш саодат бахшид.
وَ سَدَادِ أَمْرِهِ، وَ كَمَالِ مُرَادِهِ
Ва устувории фармони ӯ ва комил будани хостааш.
أَطْهَرُ وُلْدِ آدَمَ مَوْلُودًا، وَ أَسْطَعُهُمْ سُعُودًا
Ӯ беолоиштарин шахс аз одамиён дар ҳангоми вилодат ва фурӯзонтарин ситораи хушбахтию саодат аст.
وَ أَطْوَلُهُمْ عَمُودًا، وَ أَرْوَاهُمْ عُودًا
Ӯ баландпоятаринашон (дар ниёкон) аст, ва зеботаринашон дар (насл ва) шохсор.
وَ أَصَحُّهُمْ عُهُودًا، وَ أَكْرَمُهُمْ مُرْدًا وَ كُهُولًا
Ӯ дурустпаймон ва каримашон дар навҷавонӣ ва бузургсолӣ аст.
صَلاةُ اللَّـهِ لَهُ وَ لِآلِهِ الأَطْهَارِ
Дуруди Худованд аз они ӯ ва хонадони покаш бод.
مُسَلَّمَةً وَ مُكَرَّرَةً مَعْدُودَةً
Дуруде холису пай дар пайу мукаррар.
وَ لِآلِ وَدِّهِمُ الْكِرَامِ مُحَصَّلَةً مْرَدَّدَةً
Ва барои хонадони бузургвору дӯстдоштаи онҳо, дуруде мондагору пайваста.
مَا دَامَ لِلسَّمَاءِ أَمْرٌ مَرْسُومٌ، وَ حَدُّ مَعْلُومٌ
То вақте, ки барои осмон ҳукме марқум асту нақшу мизоне муқаррар.
أَرْسَلَهُ رَحْمَةً لَكُمْ، وَ طَهَارَةً لأَعْمَالِكُمْ
Ӯро фиристод, то бароятон раҳмате бошад ва мояи покизагии аъмолатон.
وَ هُدُوءَ دَارِكُمْ، وَ دُحُورَ عَارِكُمْ
Ва мояи оромиши сарои (зиндагии) шумо ва бартараф шудани нуқоти нанг(-у шармовар)-и корҳоятон.
وَ صَلَاحَ أَحْوَالِكُمْ، وَ طَاعَةً للَّـهِ وَ رُسُلِهِ
Ва то мояи салоҳи ҳолатон ва итоати шумо аз Худову расулонаш
وَ عِصْمَةً لَكُمْ وَ رَحْمَةً
Ва мӯҷиби ҳифзи шумо ва раҳмате (бисёр бузург ва фарогир) бошад.
إِسْمَعُوا لَهُ، وَ رَاعُوا أَمْرَهُ
Аз ӯ фармон баред ва бар дастураш муроқибат варзед.
وَ حَلِّلُوا مَا حَلَّلَ، وَ حَرِّمُوا مَا حَرَّمَ
Он чи ҳалол донист, ҳалол бидонед; ва он чи ҳаром дошт, ҳаром бишуморед.
وَ اعْمَدُوا - رَحِمَكُمُ اللَّـهُ - لِدَوَامِ الْعَمَلِ
Худоятон раҳмат кунад! Оҳанги кӯшиши пайваста намоед
وَ ادْحَرُوا الْحِرْصَ وَ اعْدِمُوا الْكَسَلَ
Ва ҳасадро аз худ биронед ва танбалиро вониҳед.
وَ ادْرُوا السَّلَامَةَ، وَ حِرَاسَةَ الْمُلْكِ وَ رَوْعَهَا
Расми саломат ва ҳифзи ҳокимияту баландагии онро бишиносед.
وَ هَلَعَ الصّدُورِ وَ حُلُولَ كَلِّهَا وَ هَمِّهَا
Ва он чиро, ки мӯҷиби дилтангӣ (ва ташвиши дилҳо) ва рӯи овардани дармондагию парешонӣ ба онҳост.
هَلَكَ - وَ اللَّـهِ - أَهْلُ الإِصْرَارِ
Ба Худо қасам, ҳалок шуданд инсонҳое, ки аҳли ҳирсу исрор (бар хостаҳои дунявию ғаризии худ) ҳастанд.
وَ مَا وَلَدَ وَالِدٌ لِلإِسْرَارِ
Ва ҳеҷ падаре фарзанде наовард, ки тавонад онро пинҳон созад (яъне: ҳамон тавр, ҳеҷ кас наметавонад натиҷаву оқибати корҳои худро пинҳон созад).
كَمْ مُؤَمِّلٍ أَمَّلَ مَا أَهْلَكَهُ!
Чи бисёр орзуманде, ки дар орзуи чизе ба сар мебарад, ки мояи ҳалоку нобудии ӯст!
وَ كَمْ مَالٍ وَ سِلَاحٍ أُعِدَّ صَارَ لِلأَعْدَاءِ
Ва чи бисёр молу силоҳе, ки (ба хаёли шахс, барои худаш) омода гардида, вале шумориш(-и он моли меросӣ) ва қуввати (зарбаи) умудҳо(-и он силоҳ бозмонда) ба душмани инсон (пас аз марги ӯ) мерасад!
اَللَّـهُمَّ لَكَ الْحَمْدُ وَ دَوَامُهُ
Бор Худоё, сипоси ҳамешагӣ Турову подшоҳии комил аз он Туст.
وَ الْمُلْكُ وَ كَمَالُهُ
Подшоҳию камоли он, танҳо аз они Туст.
لَا إِلهَ إِلَّا هُوَ، وَسِعَ كُلَّ حِلْمٍ حِلْمُهُ
Ту он Худое, ки ҷуз Ӯ худое нест, бурдбориаш васеътар аз ҳар бурдбории дигаре аст (ва гӯё ҳамаро дарбар гирифта).
وَ سَدَّدَ كُلَّ حُكْمٍ حُكْمُهُ
Ва ҳукму фармони Ӯст, ки ҳар ҳукму фармони дигареро устуворию ростӣ бахшида.
وَ حَدَرَ كُلَّ عِلْمٍ عِلْمُهُ
Ва дониши Ӯст, ки ҳар дониши дигареро поин (ва зермаҷмуаи) худ қарор додааст.
عَصَمَكُمْ وَ لَوَّاكُمْ، وَ دَوَامَ السَّلَامَةِ أَوْلَاكُمْ
Худо шуморо аз хатокорӣ ҳифз кунад ва аз гуноҳон рӯйгардон созад ва саломатии ҳамешагиро ба шумо арзонӣ дорад.
وَ لِلطَّاعَةِ سَدَّدَكُمْ، وَ لِلإِسْلَامِ هَدَاكُمْ
Ва шуморо дар роҳи итоаташ устувору ростин гардонад ва ба сӯи итоат аз дастурҳои Ислом ҳидоят намояд.
وَ رَحِمَكُمْ وَ سَمِعَ دُعَاءَكُمْ، وَ طَهَّرَ أَعْمَالَكُمْ
Ва мавриди раҳмати худ қарор диҳад ва дуоҳоятонро бишунавад (ва иҷобат намояд), ва аъмолатонро покиза созад.
وَ أَصْلَحَ أَحْوَالَكُمْ
Ва аҳволатонро некӯ гардонад.
وَ أَسْأَلُهُ لَكُمْ دَوَامَ السَّلَامَةِ، وَ كَمَالَ السَّعَادَةِ
Ва (боз) аз Ӯ мехоҳам, ки саломатии (дину дунёи) шуморо ҷовид дорад, ва саодатмандии шуморо ба камол расонад.
وَ الآلَاءَ الدَّارَّةِ، وَ الأَحْوَالَ السَّارَّةِ؛ وَ الْحَمْدُ للَّـهِ وَحْدَهُ
Ва неъматҳои худро ба шумо пай дар пай нисор кунад ва аҳволатонро (дар зиндагӣ) мояи шодмонӣ қарор диҳад. Ва ситоиш, танҳо сазовори Худованди ҷаҳон аст.

Ситоиш хосси Худоест, ки сазовори ситоиш ва ҷойгоҳи лоиқи он аст. Барои Ӯст, беҳтарин ситоиш ва ширинтарин он, ва саодатмандонатарин ситоиш ва саховатмандтарин (ва шарифтарини) он, ва поктарин ситоиш ва баландтарини он, ва мумтозтарин ситоиш ва сазовортарин он.

Ягона ва яктои бениёз (ки ҳамаи ҳоҷатмандон ва гирифторон оҳанги Ӯ намоянд). На падаре дорад ва на фарзанде.

Шоҳонро (ба ҳикмат ва озмоиши худ, бар мардум) мусаллат сохт ва ба тохтан водор намуд. Ва золимон (ва мутаҷовизон)-ро ҳалок кард ва канорашон андохт. Ва сифатҳои баландро (ба халойиқ) расонид ва шарофат бахшид.

Осмонро баланд бардошт ва боло гардонид, бистари заминро кушод ва густариш дод, ва муҳкам намуд ва густарда сохт.

Онро имтидод бахшид ва ҳамвор кард ва (барои зиндагӣ) омода ва муҳайё сохт, ва обу чарогоҳашро ба шумо арзонӣ дошт.

Ва адади ақвомро (барои зиндагӣ дар он) ба дурустӣ (ва ҳикмат) муқаррар намуд ва бар шумори (якояки) онҳо иҳота ёфт, ва нишонаҳои баланд(-и ҳидоят)-ро муқаррар намуд ва онҳоро барафрошту устувор сохт.

Маъбуди аввалин, ки на Ӯро ҳамтое аст ва на ҳукмашро монеъе.

Худое нест ҷуз Ӯ, ки подшоҳ асту салом (мояи саломатӣ), ва суратгари доно.

Фармонравои меҳрубон ва поку беолоиш аст. Фармонаш ситоишшуда аст.

Ва ҳаримаш обод (ба таваҷҷуҳи парстишгарон ва ҳоҷатмандон) аст ва саховаташ мавриди умед.

Каломаш(Қуръон)-ро ба шумо омӯхт ва нишонаҳояшро ба шумо нишон дод.

Ва аҳкомашро бароятон дастёфтанӣ намуд. Он чи раво буд, ҳалол кард.

Ва он чи нораво буд, ҳаром намуд.

Бори рисолатро бар дӯши ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) андохт.

Ҳамон Расули гиромӣ, ки ба ӯ сарварию дурустӣ (дар гуфтору кирдору рафтор) арзонӣ шуда, поку пироста аст.

Худо ин умматро ба хотири бартарии мақому баландии шарофату устувории дини ӯ ва комил будани ороманаш саодат бахшид.

Ва устувории фармони ӯ ва комил будани хостааш.

Ӯ беолоиштарин шахс аз одамиён дар ҳангоми вилодат ва фурӯзонтарин ситораи хушбахтию саодат аст.

Ӯ баландпоятаринашон (дар ниёкон) аст, ва зеботаринашон дар (насл ва) шохсор.

Ӯ дурустпаймон ва каримашон дар навҷавонӣ ва бузургсолӣ аст.

Дуруди Худованд аз они ӯ ва хонадони покаш бод.

Дуруде холису пай дар пайу мукаррар.

Ва барои хонадони бузургвору дӯстдоштаи онҳо, дуруде мондагору пайваста.

То вақте, ки барои осмон ҳукме марқум асту нақшу мизоне муқаррар.

Ӯро фиристод, то бароятон раҳмате бошад ва мояи покизагии аъмолатон.

Ва мояи оромиши сарои (зиндагии) шумо ва бартараф шудани нуқоти нанг(-у шармовар)-и корҳоятон.

Ва то мояи салоҳи ҳолатон ва итоати шумо аз Худову расулонаш

Ва мӯҷиби ҳифзи шумо ва раҳмате (бисёр бузург ва фарогир) бошад.

Аз ӯ фармон баред ва бар дастураш муроқибат варзед.

Он чи ҳалол донист, ҳалол бидонед; ва он чи ҳаром дошт, ҳаром бишуморед.

Худоятон раҳмат кунад! Оҳанги кӯшиши пайваста намоед

Ва ҳасадро аз худ биронед ва танбалиро вониҳед.

Расми саломат ва ҳифзи ҳокимияту баландагии онро бишиносед.

Ва он чиро, ки мӯҷиби дилтангӣ (ва ташвиши дилҳо) ва рӯи овардани дармондагию парешонӣ ба онҳост.

Ба Худо қасам, ҳалок шуданд инсонҳое, ки аҳли ҳирсу исрор (бар хостаҳои дунявию ғаризии худ) ҳастанд.

Ва ҳеҷ падаре фарзанде наовард, ки тавонад онро пинҳон созад (яъне: ҳамон тавр, ҳеҷ кас наметавонад натиҷаву оқибати корҳои худро пинҳон созад).

Чи бисёр орзуманде, ки дар орзуи чизе ба сар мебарад, ки мояи ҳалоку нобудии ӯст!

Ва чи бисёр молу силоҳе, ки (ба хаёли шахс, барои худаш) омода гардида, вале шумориш(-и он моли меросӣ) ва қуввати (зарбаи) умудҳо(-и он силоҳ бозмонда) ба душмани инсон (пас аз марги ӯ) мерасад!

Бор Худоё, сипоси ҳамешагӣ Турову подшоҳии комил аз он Туст.

Подшоҳию камоли он, танҳо аз они Туст.

Ту он Худое, ки ҷуз Ӯ худое нест, бурдбориаш васеътар аз ҳар бурдбории дигаре аст (ва гӯё ҳамаро дарбар гирифта).

Ва ҳукму фармони Ӯст, ки ҳар ҳукму фармони дигареро устуворию ростӣ бахшида.

Ва дониши Ӯст, ки ҳар дониши дигареро поин (ва зермаҷмуаи) худ қарор додааст.

Худо шуморо аз хатокорӣ ҳифз кунад ва аз гуноҳон рӯйгардон созад ва саломатии ҳамешагиро ба шумо арзонӣ дорад.

Ва шуморо дар роҳи итоаташ устувору ростин гардонад ва ба сӯи итоат аз дастурҳои Ислом ҳидоят намояд.

Ва мавриди раҳмати худ қарор диҳад ва дуоҳоятонро бишунавад (ва иҷобат намояд), ва аъмолатонро покиза созад.

Ва аҳволатонро некӯ гардонад.

Ва (боз) аз Ӯ мехоҳам, ки саломатии (дину дунёи) шуморо ҷовид дорад, ва саодатмандии шуморо ба камол расонад.

Ва неъматҳои худро ба шумо пай дар пай нисор кунад ва аҳволатонро (дар зиндагӣ) мояи шодмонӣ қарор диҳад. Ва ситоиш, танҳо сазовори Худованди ҷаҳон аст.

🌞
🔄

Хутбаи дигар  

Китоби "Ду шоҳкори алавӣ"

Ба гуфтаи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, нависандаи китоби "Наҳҷуссаодат фи мустадраки Наҳҷулбалоға", дар баъзе аз манбаъҳои мутааххир хутбаи бидуни нуқтаи дигаре ба Имом Алӣ (а) нисбат дода шудааст, ки Мулло Фатҳуллоҳ Кошонӣ онро дар охири тарҷумаи "Наҳҷулбалоға" овардааст.[8] Маҳмудӣ матни ин хутбаро дар китоби "Наҳҷуссаодат" нақл накарда ва далели онро надоштани манбаъи қобили эътимоде барои эътибори ин нақл ё исботи судури он зикр кардааст.[9] Ин хутба бо ибораи «اَلْحَمْدُللَّهِ الْمَلِکِ الَْمحْمُودِ الْمالِکِ الْوَدُودِ...» оғоз мешавад.[10] Ба гуфтаи Эҳсонифар, Мулло Фатҳуллоҳ Кошонӣ ин хутбаро дар тарҷумаи "Наҳҷулбалоға" наовардааст. Хутбаи мазкур дар маросими хостагории яке аз Банӣ Ҳошим эрод шудааст ва дигарон онро ба китоби ӯ илова кардаанд.[11]

Такнигорӣ  

Китоби "Ду шоҳкори алавӣ" аз Муҳаммад Эҳсонифар Лангрӯдӣ дар шарҳи хутбаи бидуни нуқта ва хутбаи бидуни алиф ба забони форсӣ навишта шудааст. Хулосаи ин китоб дар қолаби мақолае бо унвони «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори алавӣ) пажуҳише дар бораи хутбаҳои "беалиф" ва "бенуқта"-и Амирулмуъминин» чоп шудааст.[12]

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Шаҳошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48
  2. Эҳсонифар, Ду шоҳкори Алӣ, бе то, саҳ.19
  3. Эҳсонифар, «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алӣ) Пажуҳишӣ дар бораи хутбаҳои «беалиф» ва «бенуқта» Амиралмуъминин», саҳ.120
  4. Маҳмудӣ, Наҳҷуссаодат, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.109–111
  5. Маҳмудӣ, Наҳҷуссаодат, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.111-112
  6. Мӯсавӣ, Тамоми Наҳҷулбалоға, 1376ҳ.ш., саҳ.335-336
  7. Эҳсонифар, «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алӣ) Пажуҳишӣ дар бораи хутбаҳои «беалиф» ва «бенуқта» Амиралмуъминин», саҳ.126
  8. Маҳмудӣ, Наҳҷуссаодат, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.113 (пановиси 2)
  9. Маҳмудӣ, Наҳҷуссаодат, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.113 (пановиси 2)
  10. Ҳакимӣ, Салунӣ қабла ан тафқидунӣ, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, ҷ.2, саҳ.400
  11. Эҳсонифар, «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алӣ) Пажуҳишӣ дар бораи хутбаҳои «беалиф» ва «бенуқта» Амиралмуъминин», саҳ.128
  12. Эҳсонифар, «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алӣ) Пажуҳишӣ дар бораи хутбаҳои «беалиф» ва «бенуқта» Амиралмуъминин», саҳ.106

Ёддошт

  1. Забони арабӣ 28 ҳарф дорад, ки 15 ҳарфи он нуқта доранд ва 13-тои дигар бенуқтаанд.

Сарчашма

  • Ибни Шаҳошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.  
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадбоқир, Наҳҷуссаодат фи мустадраки Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Азиз Оли Толиб, Теҳрон, Интишороти Возирати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чапи аввал, 1376ҳ.ш.  
  • Мӯсавӣ, Сайид Содиқ, Тамоми Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Ассоф Муҳаммад ва Фарид Сайид, Машҳад, Муассисат-ул-Имом Соҳибуззамон (аҷ), 1376ҳ.ш.
  • Эҳсонифар Лангарӯдӣ, Муҳаммад, «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алӣ) Пажуҳишӣ дар бораи хутбаҳои беалиф ва бенуқта Амиралмуъминин», Улуми ҳадис, № 29, тирамоҳи 1382ҳ.ш.  
  • Эҳсонифар Лангарӯдӣ, Муҳаммад, Ду шоҳкори Алӣ, б.ҷ., бе то  
  • Ҳакимӣ, Муҳаммадризо, Салунӣ қабла ан тафқидунӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, бе то