Ангуштар

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хотам)
Ангуштари нуқра бо нигини ақиқи сурх

Ангуштар (форсӣ: انگشتر) ё хотам як ҳалқаи филизӣ ва нигиндор аст, ки дар даст кардани он тибқи ривоятҳо аз суннатҳои Пайғамбар (с) аст. Дар фиқҳ барои ангуштар аҳком ва қоидаҳое омадааст. Дар ривояте, ки аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) нақл шудааст, гузоштани ангуштарин дар дасти рост яке аз панҷ аломати муъмин аст. Дар ривоятҳои шиа дар бораи ҷинси ангуштар, нақши рӯи он ва истифода аз сангҳои қиматбаҳо тавсияҳое шудааст.

Гуфта шудааст, ки нақши ангуштарҳои имомони шиа, навиштаҷоте чун "Ал-Мулку лиллоҳ/ المُلْکُ لله" ва "Ҳасбияллоҳ/ حَسبی ‌الله" будааст. Шиаҳо низ дар ангуштарҳои худ навиштаҷоти "Ло илоҳа иллаллоҳ/ لااله الا الله", "Муҳаммад Набиюллоҳ/ محمد نبی الله" ва "Алӣ Валиюллоҳ/ علی وَلیُ الله"-ро нақш мекунанд.

Ангуштар барои мӯҳр кардани номаҳо ҳам истифода мешудааст. Пайғамбар (с) ва уламои шиа низ аз ин усул истифода кардаанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Имом Ҳасани Аскарӣ (а):

«Нишонаҳои муъмин панҷ чиз аст:

  • Хондани намозҳои панҷгона ва нофилаҳои рӯзона дар ҳар шабонарӯз;
  • Зиёрати арбаъин;
  • Ангуштар ба дасти рост кардан;
  • Пешониро дар саҷда бар хок ниҳодан;
  • «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим»-ро баланд гуфтан.»

Дар китоби Фарҳанги фиқҳи исломӣ ангуштар ҳалқаи таърифшуда аст, ки маъмулан филизӣ аст ва шомили анвоъи нигиндору бенигин мешавад ва махсуси ангушт аст.[2] Дар бархе аз ривоёт, ангуштар ба даст кардан аз суннатҳои Пайғамбар (с),[3] аз нишонаҳои шиаён[4] ва аз нишонаҳои муъмин,[5] муаррифӣ шудааст.

Мегӯянд ангуштар ба дасти рост кардан, аз нишонаҳое аст, ки шиаён бо он шинохта мешаванд.[6] Дар абвоби мухталифи фиқҳ монанди салот,[7] ҳаҷ[8] ва ҷиҳод,[9] аз ангуштар сухан ба миён омадааст.

Намунаҳое аз ангуштар ба даст кардани имомон

Бар асоси ривоёте, ки дар манобеи шиа[10] ва суннӣ[11] нақл шудааст, Имом Алӣ (а) дар рукуъи намоз, ангуштари худро ба камбизоате бахшид.[12] Ин воқеа ба хотамбахшӣ шинохта мешавад. Ҳамчунин бинобар он чи дар китоби Луҳуфи Ибни Товус (ваф. 664ҳ.қ.) нақл шудааст, Имом Ҳусайн (а) ҳангоми шаҳодат, ангуштар ба даст дошта ва Баҷдал ибни Сулайми Калбӣ аз лашкариёни Умар ибни Саъд барои рубудани он, ангушти Имомро қатъ кард.[13]

Дар ривояте аз Имом Козим (а) дар бора иллати ангуштар ба дасти рост кардани Имом Алӣ (а) савол шуд, Имом дар посух гуфт: ба ин далел, ки Имом Алӣ (а) баъд аз Пайғамбар (с) пешвои асҳоби ямин буд.[14]

Мӯҳр кардани номаҳо

мӯҳри ангуштарии Оятуллоҳ Хоманаӣ

мӯҳр кардни номаҳо бо ангуштар аз суннатҳои исломӣ дониста шудааст.[15] Мегӯянд, Пайғамбар (с) дар авохири соли 6-уми ҳиҷрии қамарӣ дастур дод ангуштаре бисозанд, то бо он номаҳое, ки барои подшоҳони бузург менавиштро мӯҳр кунад.[16] Амал ба суннати мӯҳр кардани номаҳо бо ангуштар, аз уламои шиа низ нақл шудааст.[17] Аз ин рӯ, ба ангуштар, хотам низ мегӯянд.[18]

Ҷинс ва нақш

Дар ривоёти шиа дар бораи ҷинси ангуштар, навъи нигин ва нақши он сухан гуфта шудааст.[19]

  • Ҷинс: дар баъзе аз ривоёт, ҷинси ангуштари Пайғамбар (с) аз нуқра муаррифӣ шудааст.[20] Дар ривоёт ба истифода аз баъзе сангҳои қиматбаҳо монанди ақиқ,[21] фирӯза,[22] ёқут[23] ва зумуррад[24] дар ангуштар тавсия шудааст. Ҳамчунин дар Васоил-уш-шиа ривоёте нақл шудааст, ки дар онҳо ба гирд ва сиёҳ будани нигини ангуштари Пайғамбар ишора шудааст.[25]
  • Нақш: дар бораи нақше, ки бар рӯи ангуштар ҳак мешавад, ривоёте аз имомон нақл шудааст.[26] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки нақши ангуштари Пайғамбар (с) иборати «Муҳаммадун расулуллоҳ», нақши ангуштари Имом Алӣ (а) иборати «ал-Мулку лиллоҳ» ва нақши ангуштари Имом Боқир (а) иборати «ал-Иззату лиллоҳ» будааст.[27] Нақши ангуштарии Имом Козим (а) ҳам «Ҳасбияллоҳу ҳофизӣ» (Худованд барои нигаҳдорӣ аз ман кифоятам мекунад.)[28] ва «ал-Мулку лиллоҳи ваҳдаҳ» (мулку фармонравоӣ танҳо аз они Худои ягона аст)[29] гузориш шудааст. Иборатҳои «Муҳаммадун набиюллоҳ» ва «Алиюн валиюллоҳ» аз иборатҳое аст, ки барои ҳак шудан бар рӯи ангуштар тавсия шудааст.[30] Ангуштарҳое бо ин ҳаккокиҳо байни шиаён вуҷуд дорад.

Аҳком

Дар бобҳои мухталифи фиқҳӣ аҳкоме барои ангуштар баён шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Таҳорат: бархе аз фуқаҳо мегӯянд, макрӯҳ аст ҳангоми истинҷо (тамиз кардани маҳали идрору мадфуъ)[31] ангуштаре ба даст дошта бошем, ки дар он, номи Худо ё чизе аз Қуръон навишта шуда бошад.[32] Муҳаммадҳасани Наҷафӣ - нависандаи китоби Ҷавоҳир-ул-калом, навиштааст, номҳои имомон (а) ва ҳазрати Фотима (с) низ чунин ҳукме доранд.[33]
  • Вузӯъ: ҳангоми вузӯъ, бояд об ба пусти дасти зери ангуштар бирасад. Аз ин рӯ, мустаҳаб аст, ки ангуштар такон дода шавад, то об ба зери он бирасад ва агар об ба зери он намерасад, бояд онро баровард.[34]
  • Намоз: ба фатвои фақеҳон, дар даст доштани ангуштари ақиқ ҳангоми намоз мустаҳаб аст. Албатта намоз хондани мард бо ангуштари тилло ҳаром ва ботил аст.[35] Ҳамчунин истифода аз ангуштари оҳанӣ барои занону мардо[36]н дар намоз ва ғайри он макрӯҳ аст.[37] Бинобар назари баъзе аз фуқаҳо, намоз бо дар даст доштани ангуштари ғасбӣ ботил аст.[38]
  • Ҳаҷ: баъзе аз фуқаҳо дар баҳси муқаддамоти ҳаҷ, ба даст кардани ангуштари ақиқи зардро аз мустаҳаботи сафар зикр кардаанд.[39] Ба назари Сайид Абулқосими Хуӣ аз мароҷеъи тақлид, ба даст кардани ангуштар барои муҳаррам, агар барои зинат бошад, ҳаром аст; вагарна ҷоиз аст.[40] Ҳамчунин имом Хумайнӣ бино бар эҳтиёти воҷиб, ҳаҷ бо ангуштари наҷасро ботил медонад.[41]
  • Ҷиҳод: ангуштар ҷузви салб маҳсуб мешавад.[42] Салб ба он даста аз амволи мақтул дар ҷиҳод гуфта мешавад, ки қотил истеҳқоқи тамаллуки онро дорад ва монанди ғаноим тақсим намешавад.[43]
  • Издивоҷ: ба гуфтаи Муҳаддис Баҳронӣ, омезиш бо дар даст доштани ангуштарие, ки дар он номи Худо ё иборате аз Қуръон навишта шуда, макруҳ аст.[44]
  • Ирс: ангуштар ҷузви ҳабва шуморида шудааст, ки қабл аз тақсими ирс, ба писари калонтар мерасад.[45]
  • Ангуштари тилло: фақеҳони шиа, ба даст кардани ангуштаре, ки аз ҷинси тилло бошадро барои мардон ҳаром медонанд.[46]

Ангуштари Сулаймон

Мақолаи аслӣ: Ангуштари Сулаймон

Дар ривоёт, аз ангуштаре барои ҳазрати Сулаймон ёд шудааст, ки намоди қудрати ӯ будааст.[47] Ин ангуштар дар дасти имомон будааст[48] ва ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ҳангоми зуҳур онро дар даст хоҳад дошт.[49]

Эзоҳ

  1. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.52.
  2. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.746.
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.468.
  4. Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137.
  5. Шайхи Муфид, Китоб-ул-мазор, 1413ҳ.қ., саҳ.53.
  6. Зореъӣ, “Ангуштарӣ дар Ислом”, саҳ.15.
  7. Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.444.
  8. Хуӣ, Мавсуат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.452.
  9. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  10. Шайхи Муфид, Масор-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., саҳ.41.
  11. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239.
  12. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.212.
  13. Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.130.
  14. Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137.
  15. Зореъӣ, “Ангуштарӣ дар Ислом”, саҳ.15.
  16. Зореъӣ, “Ангуштарӣ дар Ислом”, саҳ.15.
  17. Зореъӣ, “Ангуштарӣ дар Ислом”, саҳ.15.
  18. Ниг.: Деҳхудо, Луғатнома, зери вожаи «ангуштар».
  19. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79 ва 94 ва 93 ва ҷ.1, саҳ.331.
  20. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.85.
  21. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.88.
  22. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.94.
  23. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.92.
  24. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.93.
  25. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79.
  26. Нигоҳ кунед ба Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.103 – 97 ва ҷ.1, саҳ.331 ва ҷ.5, саҳ.78 ва ҷ.5, саҳ.79 ва ҷ.5, саҳ.91 ва ҷ.5, саҳ.94.
  27. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.99.
  28. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.91.
  29. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.48, саҳ.11.
  30. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.92.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12.
  32. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.76.
  33. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72.
  34. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287.
  35. Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.444.
  36. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  37. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.264.
  38. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196.
  39. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.331.
  40. Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.452.
  41. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, нашри Дор-ул-илм, ҷ.1, саҳ.429 - 430.
  42. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  43. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  44. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.138.
  45. Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.582.
  46. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.54.
  47. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.99.
  48. Барои намуна ниг.: Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.208 ва 198.
  49. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.222.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, муассисатул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқи Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Муҳаммадтақии Иравонӣ - Сайид Абдурразоқ Муқаррам, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Зореъӣ, Муҳаммад, “Ангуштарӣ дар Ислом”, дар маҷаллаи фарҳанги Кавсар, №32, соли 1378ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф, интишороти Ҷаҳон, Теҳрон, 1348ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, чопи дуввум, 1385ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷавод ибни Муҳаммад, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳи қавоид-ил-аломат, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Холисӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста бо Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, таҳқиқи гурӯҳи пажӯҳиши дафтари Интишороти исломӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум. Чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот-ил-кубро, таълиқа ва муқаддимаи Мирзомуҳсини Кӯчабоғӣ, Маншурот-ул-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1362ҳ.ш./1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, аш-Шариф ал-Муртазо, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фи мо таъумму биҳи-л-балво (Муҳашшо), таҳқиқи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, таҳқиқи пажӯҳишгарони муассисаи эҳёи осори Оятуллоҳилъузмо Хуӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, чопи аввал, бе то.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, чопи дувум, Қум, маҷмаъи эҳё-ус-сақофат-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тафсили Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариат, таҳқиқи гурӯҳи пажӯҳиши муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-уммат ило аҳком-ил-аимма – мунтахаб-ул-масоил, таҳқиқи бахши ҳадис дар Ҷомеъаи пажӯҳишҳои исломӣ, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Китоб-ул-мазор, таҳқиқи Сайид Муҳаммадбоқир Абтаҳӣ, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Масор-уш-шиа, Бейрут, Дор-ул-Муфид, 1414ҳ.қ./1993м.