Хасфи Байдо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хасф дар Байдо)
Ин мақола дар бораи воқеаи Хасфи Байдост. Барои ошноӣ бо маконе ба ҳамин ном мадхали Байдоро бубинед.

Хасфи Байдо, ё Хасф дар Байдо, аз нишонаҳои зуҳур аст, ки ба нобудии лашкари Суфёнӣ дар Байдо (маконе байни Макка ва Мадина) ишора дорад. Бинобар ривоёт, ин лашкар барои ҷанг бо Имом Маҳдӣ (аҷ) озими Макка мешавад. Дар бархе ривоёт, ин рӯйдод дар канори қиёми Ямонӣ, қатли Нафси Закия, сайҳаи осмонӣ ва хуруҷи Суфёнӣ аз алоими ҳатмии зуҳур дониста шудааст.

Хасфи Байдо, аз нишонаҳои зуҳур

Имоми Содиқ (а)

«Пеш аз қиёми Қоим, панҷ нишонаи ҳатмӣ хоҳад буд: Ямонӣ, Суфёнӣ, сайҳа, қатли Нафси Закия ва хасф дар Байдо.»

Хасфи Байдо ба фурӯ рафтани лашкари Суфёнӣ дар маконе ба номи Байдо (маконеи миёни Макка ва Мадина) ишора дорад ки барои ҷанг бо Имоми Замон (аҷ) озими Макка мешавад.[2] Ин ҳодиса дар ривоёти шиа аз нишонаҳои зуҳур муаррифӣ шудааст.[3] Бар асоси ривояте ки аз Имоми Содиқ (а) нақл шуда, хасфи Байдо дар канори қатли Нафси Закия, сайҳаи осмонӣ, қиёми Ямонӣ ва хуруҷи Суфёнӣ аз нишонаҳои ҳатмии зуҳур аст.[4]

Ихтилофи ривоёти аҳли суннат дар заминаи хасфи Байдо

Ривоёти аҳли суннат дар бораи хасфи Байдо мутафовит аст: дар бархе аз онҳо, нишонаи зуҳур[5] ва дар баъзе дигар, нишонаи қиёмат (ашротуссоъа)[6] дониста шудааст. Дар ривоёте ҳам танҳо аз фурӯ рафтани лашкаре дар Байдо хабар омадааст, ки дар паи гурӯҳе ҳастанд, ки ба Каъба паноҳанда шудаанд. Дар ин ривоёт, ба ин ки хасфи Байдо нишонаи зуҳур ё нишона қиёмат аст, ишора нашудааст.[7]

Татбиқи бархе оёти Қуръон бар хасфи Байдо

Бар асоси ривоёте ки аз имомони шиа нақл шудааст, оёти 51 то 53 сураи Сабаъ ба фурӯ рафтани лашкари Суфёнӣ дар Байдо ишора дорад: «وَ لَوْ تَری إِذْ فَزِعُوا فَلا فَوْتَ وَ أُخِذُوا مِنْ مَکانٍ قَرِیبٍ وَقَالُوا آمَنَّا بِهِ وَأَنَّىٰ لَهُمُ التَّنَاوُشُ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ; агар бубинӣ ҳангоме ки фарёдашон баланд мешавад, аммо наметавонанд (аз азоби Илоҳӣ) бигурезанд, ва онҳоро аз ҷои наздике (ки ҳатто интизорашро надоранд) мегиранд ва (дар он ҳол) мегӯянд: «Ба ҳақ имон оварадем, вале чӣ гуна метавонанд аз фосилаи дур ба он дастрасӣ пайдо кунанд?!»[8]

Чигунагии рухдод

Бар пояи ривояте аз Имом Муҳаммади Боқир (а), Сафёнӣ гурӯҳеро ба Мадина равона мекунад ва Маҳдӣ аз он ҷо ба Макка меравад. Хабар ба фармондеҳи сипоҳи Суфёнӣ мерасад ва лашкареро ба таъқиби вай мефиристад. Ҳангоме ки сипоҳи Сафёнӣ вориди сарзамини Байдо мешаванд, нидое аз осмон баланд мешавад: «Эй дашт, он қавмро нобуд соз.» Дар ин ҳангом, замин лашкари Сафёниро дар худ фурӯ мебарад ва ҳамагӣ ба ҷуз се нафар, аз байн мераванд.»[9]

Бинобар баъзе ривоёт, ду нафар аз лашкари Сафёнӣ пас аз ин ҳодиса зинда мемонанд. Яке ба сӯи Имоми Замон (а) рафта ва дар Макка хабари нобудии лашкариёни Сафёниро ба ӯ медиҳад ва дайгарӣ ба сӯи Суфёнӣ меравад, то хабари зуҳури Имом Маҳдӣ (а) ва аз байн рафтани лашкарро ба ӯ бирасонад.[10]

Теъдоди лашкарёни Суфёнӣ дар ин воқеаро ба ихтилоф, 12 ҳазор[11] ва 170 ҳазор[12] тан зикр кардаанд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650
  2. Салимиён, Фарҳангномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.211
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.310; Шайхи Садуқ, Китоб-ул-хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.303, ҳадиси 82; Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.257, ҳадиси 15
  4. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.678, ҳадиси 7
  5. Санъонӣ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.371, ҳадиси 20769
  6. Ибни Ҳанбал, Маснад, 1421ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.99, ҳадиси 27129
  7. Муслим, Саҳеҳи Муслим, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.2210, ҳадиси 2883; Нисоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.102
  8. Ниг.: Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1379ҳ.қ., саҳ.305, ҳадиси 14; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57
  9. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1379ҳ.қ., саҳ.280, ҳадиси 67
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.10
  11. Сулаймон, Явм-ул-халос, саҳ.244
  12. Ибни Товус, ал-Малоҳиму ва-л-фитан, Маншурот-ур-Разӣ, саҳ.150

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмийя, 1380ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Малоҳиму ва-л-фитан, Қум, Маншурот-ур-Разӣ, бе то.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснади Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуайб Арнаут ва дигарон, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1421ҳ.қ./ 2001 м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулфоқӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Нисоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, ас-Сунан-ул-кубро, таҳқиқи Ҳасан Абдулмунъими Шиблӣ, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1421ҳ.қ./ 2001 м.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Китоб-ул-ғайбат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Салимиён, Худомурод, Фарҳангномаи маҳдавият, Қум, бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии мавъуд, чопи дуввум, 1388ҳ.ш.
  • Санъонӣ, Абдурраззоқ, ал-Мусаннаф, таҳқиқи Ҳабибурраҳмони Аозимӣ, Бейрут, ал-Маҷлис-ул-ъилмӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Сулаймон, Комил, Явм-ул-халоси фии зилл-ил-Қоими ал-Маҳдӣ алайҳиассалом, бе ҷо, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баёни ан таъвил-ил-Қуръон, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсини Туркӣ, Дор-ул-ҳиҷри ли-т-табоати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1422ҳ.қ./ 200 м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, Бейрут, Аъламӣ, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Китоб-ул-хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.