Айёми Фотимия
Айёми Фотимия (форсӣ: ایام فاطمیه) рӯзҳое, ки шиаён ба муносибати шаҳодати ҳазрати Фотима (с), азодорӣ мекунанд. Бо тавваҷуҳ ба ин ки ду қавли 13 ҷамодиюлаввал ва 3 ҷамодиюссонӣ дар бораи шаҳодати ҳазрати Фотима (с) шуҳрати бештаре дорад, рӯзҳои ёздаҳум то сездаҳуми ҷамодилаввал, Фотимияи аввал ва рӯзҳои сеюм то панҷуми ҷамодиюссонӣ, Фотимияи дувум номида шудааст.
Дар айёми Фотимия дар бархе кишварҳо ҳамчун Эрон, Ироқ, Покистон ва Озарбойҷон азодорӣ барпо мешавад. Ҳамчунин рӯзи сеюми ҷамодиссонӣ дар Эрон, таътили расмӣ аст ва баъзе аз мароҷеи тақлид дар маросими азодории ин рӯз ҳузур меёбанд. Азодории айёми Фотимияи дувум дар Эрон аз соли 1379 шамсӣ, ки рӯзи сеюми ҷамодиссонӣ ба унвони рӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима (а) таътили расмӣ эълом шуд, равнақи бештаре гирифтааст.
Айёми Фотимия чӣ рӯзҳое аст?
Айёми Фотимия, рӯзҳоест, ки шиаён ба муносибати шаҳодати ҳазрати Фотима (а) азодорӣ мекунанд.[1] Ба хотири шуҳрати сездаҳи ҷамодиюлаввал ва сеюми ҷамодиюссонӣ ба унвони санаи шаҳодати ҳазрати Фотима, айёми Фотимия ба Фотимияи аввал ва Фотимияи дувум номгузорӣ шудааст. Рӯзҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми ҷамодиюлаввал, Фотимияи аввал ва рӯзҳои сеюм, чаҳорум ва панҷуми ҷамодиюссонӣ, Фотимияи дувум номида шудааст.[2] Албатта бархе, аз даҳум то бистуми ҷамодилаввалро Фотимияи аввал ва аз якум то даҳуми ҷамодиссониро Фотимияи дувум медонанд.[3]
Рӯзи дақиқи шаҳодати ҳазрати Фотима (а) мушаххас нест ва дар ин бора ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар китоби ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро (с) асари Исмоил Ансории Занҷонӣ (ваф. 1388 шамсӣ) 21 қавл дар бораи замони шаҳодати ҳазрати Фотима (а) нақл шудааст.[4] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҷаводи Шубайрӣ (таваллуди 1345 шамсӣ) аз нависандагони Донишномаи Фотимӣ, нақле, ки мегӯяд шаҳодати Фотима (а) дар сеюми ҷамодиюссонӣ аст, назди шиа машҳуртар аст.[5] Ӯ ин қавлро ба ривояте аз Имом Содиқ (а) мустанад карда, ки дар китоби Далоил-ул-имомат[6] нақл шудааст.[7]
Баргузории маросим
Дар айёми Фотимия дар шаҳрҳои мухталифи Эрон маросими азодорӣ баргузор мешавад. Ин маросим аз замони таътил шудани сеюми ҷамодиюссонӣ ба унвони рӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима дар Эрон равнақи бештаре гирифтааст.[8] Дар соли 1379 шамсӣ ба пешниҳоди Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ ва бар асоси тасвиби давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи 3-уми ҷамодиюссонӣ ба муносибати шаҳодати ҳазрати Фотима (а) таътили расмӣ эълом шуд.[9] Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ (тав. 1300ҳ.ш.) ва Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ (ваф. 1400ҳ.ш.) аз мароҷеи тақлиди шиа дар ин рӯз дар дастаҳои азодорие, ки ба самти ҳарами ҳазрати Маъсума (а) пиёдаравӣ мекарданд, ҳузур меёфтанд.[10]
Ҳамчунин ҳамзамон бо айёми Фотимия дар бархе шаҳрҳои Эрон ба вижа Қум намоишгоҳҳое бо унвони кӯчаҳои Банӣ Ҳошим барои боздиди умумӣ баргузор мешавад ва дар он намое аз Бақиъ, Ғадири Хум ва Фадак ба намоиш гузошта мешавад.[11]
Гуфта шудааст, шиаёни Ироқ ба ҷуз Фотимияи аввалу дувум, дар рӯзи 8 рабиуссонӣ низ азодорӣ мекунанд. Ин азодорӣ бар асоси нақлест, ки шаҳодати эшонро 40 рӯз баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) медонад.[12] Ҳамчунин дар кишварҳое ҳамчун Покистон,[13] Озарбойҷон[14], Тоҷикистон[15] ва Австралия[16] ва низ дар Маркази исломии Гамбург[17] ва Маркази исломии Имом Алии Стокҳолм маросими азодорӣ дар Фотимияи дувум баргузор мешавад.[18]
Собиқаи азодорӣ барои ҳазрати Фотима (с)
Гузоришҳое аз азодории Аҳли Байт (а) барои ҳазрати Фотима (с) вуҷуд дорад.[19] Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки барои ҳазрати Заҳро (а) азодорӣ мекард ва дар маҷлиси худ аз моҷарои сиқти ҳазрати Муҳсин (а) ва зарба хӯрдани ҳазрати Заҳро(а), ёд менамуд.[20] Ҳамчунин ба гузориши Қозӣ Абдулҷаббори муътазилӣ (ваф. 415ҳ.қ.) иддае аз шиаён дар манотиқе аз ҷумла Миср, Димишқ, Бағдод, Ромуллоҳ, Акко, Сувар, Асқалон ва Ҷабалулбасмоқ барои ҳазрати Заҳро (а) ва фарзандаш ҳазрати Муҳсин (а) азодорӣ мекарданд.[21]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, верости якум, саҳ.365.
- ↑ Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, верости якум, саҳ.366.
- ↑ Ниг.: Лутфӣ, “Айёми Фотимия ва маносики шаклёфта перомуни он”, саҳ.25.
- ↑ Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-уз-Заҳро (с), Далели мо, ҷ.15, саҳ.23.
- ↑ Шубайрӣ, “Шаҳодати Фотима (с)”, саҳ.347.
- ↑ Табарии Имомӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
- ↑ Шубайрӣ, “Шаҳодати Фотима (с)”, саҳ.347.
- ↑ Ниг.: Лутфӣ, “Айёми Фотимия ва маносики шаклёфта перомуни он”, саҳ.25.
- ↑ «Моҷарои таътил шудани рӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро (с)», хабаргузории Форс.
- ↑ «Пиёдаравӣ ва азодории ду тан аз мароҷеи тақлид дар Қум», сайти тобноки Қум.
- ↑ «Сеюмин намоишгоҳи кӯчаҳои Банӣ Ҳошим дар Қум барпо шуд/ Сохти мокети Бақиъ қабл аз тахриб», хабаргузории Меҳр.
- ↑ «Ал-айём-ул-Фотимия ав мавсим-ул-аҳзон-ил-Фотимия: алмаъно ва-ддалолат...», шабакат-ул-Кафил алъоламия.
- ↑ «Айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар Покистон», хабаргузории ИРНА.
- ↑ «Həzrəti Fatimənin (s) şəhadəti münasibətilə tədbir keçirildi»، Esprit Portal.
- ↑ «Маросими сӯгвории шаҳодати Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар Тоҷикистон баргузор шуд», Хабаргузории ИРНА
- ↑ «Маросими Фотимияи дувум дар Австралия», хабаргузории АБНО.
- ↑ «Сӯгвории айёми Фотимия дар маркази исломии маркази исломии Ҳомбург», хабаргузории Меҳр.
- ↑ «Барномаи маросими азодории Фотимияи дувум (2018) дар шаҳрҳои муҳими Аврупо дар ин айём, маросими сӯгворӣ баргузор мекунанд», хабаргузори АБНО.
- ↑ Ниг.: Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.408.
- ↑ Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.408.
- ↑ Қозӣ Абдулҷаббор, Тасбиту далоил-ин-нубувват, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.595.
Сарчашма
- «الأيّام الفاطمية أو موسم الأحزان الفاطمية: المعنى والدلالة...», шабакат-ул-Кафил алъоламия, дарҷи матлаб: 18 конунуссонии 2016м., мушоҳида 30 озари 1400ҳ.ш.
- Ансории Занҷонӣ, Исмоил, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-уз-Заҳро (с), Далелуно, бе то.
- Хасибӣ, Ҳусайн ибни Ҳамдон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, муассисатулбалоғ, 1419ҳ.қ.
- Шубайрӣ, Сайиди Муҳаммадҷавод, “Шаҳодати Фотима (с)”, донишномаи Фотимӣ ( с ), Теҳрон, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
- Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, Тасбиту далоил-ин-нубувват, Миср, Дорулмустафо, 1427ҳ.қ.
- Табарии Имомӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, муассисаи Беъсат, 1413ҳ.қ.
- Лутфӣ, Фотима, «ایام فاطمیه و مناسک شکلیافته پیرامون آن», маҷаллаи Шаҳри қонун, №5, баҳори 1392ҳ.ш.
- Мазоҳирӣ, Муҳсини Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, верости якум, Теҳрон, нашри Хайма, 1395ҳ.ш.
- «ماجرای تعطیل شدن روز شهادت حضرت زهرا(س)», Хабаргузории Форс, дарҷи матлаб: 5 урдибиҳишти 1391ҳ.ш., мушоҳида: 24 дайи 1397ҳ.ш.
- «پیادهروی و عزاداری دو تن از مراجع تقلید در قم», сайти Тобноки Қум, дарҷи матлаб: 10 исфанди 1395ҳ.ш., мушоҳида: 24 дайи 1397ҳ.ш.
- «سومین نمایشگاه کوچههای بنیهاشم در قم برپا شد», Хабаргузории Меҳр, дарҷи матлаб: 25 исфанди 1392ҳ.ш., мушоҳида: 17 озари 1400ҳ.ш.
- «ایام شهادت حضرت فاطمه الزهرا سلام الله علیها در پاکستان», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, дарҷи матлаб: 18 фарвардини 1393ҳ.ш., мушоҳида: 24 дайи 1397ҳ.ш.
- «Həzrəti Fatimənin (s) şəhadəti münasibətilə tədbir keçirildi»، Esprit Portal، санаи дарҷи матлаб: 26 декабри 2022, санаи боздид: 15 озари 1402ҳ.ш.
- «مراسم سوگواري شهادت حضرت فاطمه زهرا(س) در تاجيكستان برگزار شد», Хабаргузории ИРНА, дарҷи матлаб: 25 фарвардини 1392ҳ.ш., мушоҳида: 15 озари 1402ҳ.ш.
- «مراسم فاطمیه دوم در استرالیا», хабаргузории Абно, дарҷи матлаб: 11 фарвардини 1393ҳ.ш., мушоҳида: 24 дайи 1397ҳ.ш.
- Сӯгвории айёми Фотимия дар маркази исломии маркази исломии Ҳомбург», хабаргузории Меҳр, дарҷи матлаб: 14 исфанди 1395ҳ.ш., мушоҳида: 24 дайи 1397ҳ.ш.
- «برنامه های فاطمیه دوم در اروپا به تفکیک کشورها», Шианиюс, дарҷи матлаб: 28 баҳмани 1396ҳ.ш., мушоҳида: 15 озари 1402ҳ.ш.