Фатво

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фиқҳи имомӣ)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Фатво (арабӣ: الفتوى) назари муҷтаҳид ё марҷаъи тақлид дар бораи вазифаҳои шаръии мукаллафон аст, ки аз далелҳои чаҳоргона (Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл) истинбот мешавад. Ба эътиқоди фақеҳони шиа, адолат, шиаи дувоздаҳимомӣ будан, аъламу донотар будан, ҳалолзодагӣ, ошноӣ бо роҳҳо ва илмҳои зарурӣ дар заминаи истихроҷи ҳукмҳои шаръӣ, шатрҳое ҳастанд, ки фатводиҳанда бояд дошта бошад.

Фатво одатан бо калимаҳои воҷиб, ҳаром, макруҳ, мустаҳаб ва мубоҳ баён мешавад. Гоҳе низ барои баёни фатво ибораҳои «ақво он аст», «бинобар ақво» ва «азҳар он аст» низ истифода мешавад. Ҳамчунин шунидан аз забони муфтӣ, хабар додани ду одил, хабар додани як одил ё як шахси мавриди эътимод, ки аз суханаш итминон ҳосил шавад ва инчунин ёфтани фатво дар рисолаи Тавзеҳ-ул-масоил аз роҳҳои дастёбӣ ба фатвои муҷтаҳид аст.

Дар фарқ байни фатво ва ҳукм гуфта мешавад, ки фатво баёни ҳукми куллӣ барои умуми муқаллидони муҷтаҳид аст, аммо ҳукм, амри ҳоким ба анҷом додан ё тарк кардани кори муъайяне аст ва барои ҳамаи мардуме, ки мавриди хитоби ин ҳукм воқеъ шудаанд, лозимулиҷро аст.

Бархе аз фатвоҳое, ки аз тарафи фақеҳони шиа содир шудааст, иборатанд аз: фатвои таҳрими тамбоку, фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШ ва фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат.

Мафҳумшиносӣ

Фатво, ба маънои ибрози раъй ва назари муҷтаҳид дар бораи ҳукми шаръӣ ва эълони он барои огоҳии муқаллидонаш аст.[1] Ба дархости назар ва раъйи фақеҳ дар бораи масъалаи шаръӣ, истифтоъ гуфта мешавад.[2] Ба фатводиҳанда, «муфтӣ» ва ба касе ки фатворо аз ӯ мегирад «мустафтӣ» гӯянд.[3]

Дар китобҳои фиқҳӣ дар боби (фасл) иҷтиҳод ва тақлид дар мавриди аҳкоми фатво сухан гуфта мешавад.[4]

Фарқи фатво ва ҳукм

Фуқаҳо барои фатво ва ҳукм фарқҳое зикр кардаанд. Аз ҷумла:

  1. Фатво баёни ҳукми куллӣ аст. Монанди ин ки масрафи маводи мухаддир бар ҳамаи мардум ҳаром аст, аммо ҳукми ҳоким, дастур ба анҷом ё тарки кори мушаххасе аст, монанди ҳукм ба таҳрими колои хос.[5]
  2. Дар фатво, татбиқи ҳукми шаръӣ ва ташхиси мавзӯи он бар уҳдаи мукаллаф аст, аммо татбиқи ҳукм, ба назари ҳоким аст на, мукаллафон, монанди ҳукми ҳокими шаръ ба ҳилоли моҳи Рамазон.[6]
  3. Фатвои муҷтаҳид фақат барои муқаллидонаш ҳуҷҷати шаръӣ аст, аммо ҳукми ҳокими шаръ ихтисос ба муқаллид надорад ва барои ҳама ҳуҷҷият дорад.[7] Ва ҳатто муҷтаҳиди дигаре, ки аълам аз ҳокими шаръ бошад низ бояд аз ҳукми ҳоким, табаият кунад.[8]

Манобеи судури фатво

Мақолаи аслӣ: Адиллаи арбаъа

Фатво фақат дар сурате, ки мустанад ба далели шаръии муътабар бошад, ҳуҷҷат аст; дар ғайри ин сурат амал ба он ҳаром аст.[9] Далели шаръии муътабар барои фатво додан аз чаҳор манбаъ ҳосил мешавад, ки иборатанд аз:

  1. Қуръон: ҳудуди 500 оят аз ҳудуди шаш ҳазор ояти Қуръон (ҳудудан аз сездаҳ як ҳисса) махсуси аҳкоми шаръӣ аст.[10] Албатта бино ба назари Муҳамадҳодии Маърифат истинботи аҳкоми шаръӣ фақат бо ин 500 оят нест.[11]
  2. Суннат: ба маънои гуфтор, кирдор ва тақрири маъсум (а) аст.[12] Шиа суннати Пайғамбар (с) ва аимма (а)-ро ҳуҷҷат медонад, аммо аҳли суннат фақат суннати Пайғамбар (с)-ро ҳуҷҷат медонанд.[13]
  3. Иҷмоъ: иҷмоъ ба маънои иттифоқи назари уламо дар як масъала аст.[14] Аз назари шиа, иҷмоъ дар сурате, ки нишонгари назари Пайғамбар (с) ё аимма (а) бошад, ҳуҷҷат аст.[15]
  4. Ақл: далели ақлӣ, ҳукме, ки ба василаи он, дастёбӣ ба ҳукми шаръӣ мумкин мешавад.[16] Албатта ахбориҳо, ақлро ба унвони далел барои истинботи аҳкоми шаръӣ, муътабар намедонанд.[17]

Вижагиҳои муфтӣ

Барои фатводиҳанда вижагиҳое баён шудааст. Булуғ, ақл, адолат, шиаи дувоздаҳимомӣ будан, аълам будан ва ҳалолзодагӣ аз ҷумлаи онҳост.[18] Ҳамчунин муфтӣ бояд ба роҳҳои дастёбӣ ба аҳкоми шаръӣ ва чигунагии истинботи аҳком аз онҳо ва низ тамомии улуме, ки дар ба даст овардани аҳком нақш доранд, олим бошад ва битавонад бар аҳкоми истидлол ва мабонии онҳоро табйин кунад.[19] Аз ин рӯ, муфтӣ бояд олим ба Қуръон ва суннат бошад. Ҳамчунин носиху мансух, омму хос, мутлақу муқайяд ва ҳақиқату муҷози онҳоро бидонад.[20]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми марбут ба фатво иборатанд аз:

  • Бар касе ки худаш тавоноии истинботи аҳкоми шаръиро дорад, руҷуъ ба муфтӣ ва тақлид аз ӯ ҷоиз нест.[21]
  • Фатво додан барои касе ки тавоноии истинботи аҳкоми шаръӣ аз адилларо надорад, ҳаром аст.[22]
  • Роҳҳои дастёбӣ ба фатво иборатанд аз: шунидан аз муфтӣ, хабар додани ду одил, хабар додани як одил ё як шахси мавриди эътимод, ки аз сухани ӯ итминон ҳосил мешавад ва ёфтан дар рисолаи тавзеҳ-ул-масоили муфтӣ.[23]
  • Агар фатвои муҷтаҳид тағйир кунад, дар вуҷуби эълони он барои муқаллидон ихтилофи назар аст.[24] Бино ба назари бархе аз фуқаҳо агар фатвои пешин мувофиқи эҳтиёт буда, эълони тағйир барои муқаллидон воҷиб нест.[25] Бархеи дигар эъломи фатвои ҷадид барои муқаллидонро воҷиб надонистаанд; зеро фатвои пешин низ мутобиқи шароит ва мавозини иҷтиҳод ироа шудааст.[26]
  • Агар муҷтаҳиди аълам дар масъалае фатво диҳад, касе ки аз ӯ тақлид мекунад, наметавонад дар он масъала ба фатвои муҷтаҳиди дигар амал кунад.[27]
  • Муфтӣ, замоне муҷоз аст фатво диҳад, ки мутмаин шавад бар ҳамаи он чи ки дар истинботи аҳком дахил аст, ишроф ва иҳота дорад.[28]

Вожаҳои нишондиҳандаи фатво

Вожаҳои нишондиҳандаи фатво ба ду сурат аст:

  • Таъбирҳое, ки мустақиман фатво аст: монанди воҷиб, ҳаром, макрӯҳ, мустаҳаб ва мубоҳ;[29] ҳамчунин ибороте монанди «ақва он аст», «бинобар ақво», «азҳар он аст», «баъид нест», «холӣ аз қувват нест» ва «аҳват ақво».[30]
  • Таъбирҳое, ки дар ҳукми фатво ҳастанд: монанди «баъид нест локин масъала мушкил аст», «аҳват агарчи ақво нест», «холӣ аз ваҷҳ нест», «мушкил аст агарчи холӣ аз қурб нест» ва «мумкин аст қавли ба он, вале холӣ аз ишкол нест». Муқаллид дар ин маворид наметавонад ба муҷтаҳиди дигаре руҷуъ кунад.[31]

Эҳтиёти воҷиб ва эҳтиёти мустаҳаб

Эҳтиёти воҷиб ва эҳтиёти мустаҳаб фатво нестанд. Дар эҳтиёти воҷиб, муҷтаҳид дар хусуси масъалаи шаръӣ, ба натиҷаи қатъӣ нарасида ва фатвое намедиҳад. Дар чунин мавориде, аз ибтидо вазифаи мукаллафро ба сурати эҳтиёт баён мекунад. Дар ин маворид, муқаллид метавонад ба ҳамон эҳтиёт амал кунад ё ба фатвои муҷтаҳиди дигаре, ки баъд аз марҷаъи тақлидаш, ӯро аълам медонад амал кунад.[32] Дар эҳтиёти мустаҳаб, муҷтаҳид ба натиҷа расида, фатво додааст, аммо роҳи эҳтиётро ҳам нишон додааст. Дар ин сурат, муқаллид метавонад ба фатво ё ба эҳтиёт амал кунад.[33]

Таъбири «эҳтиёт» дар китобҳои фатвоӣ, агар пеш ё пас аз фатво бошад, нишонаи эҳтиёти мустаҳаб ва агар пеш ё пас аз фатво набошад, нишондиҳандаи эҳтиёти воҷиб аст.[34]

Фатвоҳои таърихӣ

«Бисмиллоҳ-ир-Раҳмон-ир-Раҳим»

«Алявм истеъмоли тутуну танбоку, биаййи наҳвин кона, дар ҳукми муҳориба бо Имоми Замон алайҳиссалом аст...»

Исфаҳонии Карбалоӣ, Таърихи духония, 1377ҳ.ш., саҳ.118

Бархе аз фатвоҳои машҳури таърихӣ ва фуқаҳои шиа иборатанд аз:

  • Фатвои мансуб ба Шурайҳи Қозӣ барои ҷавози куштани Имом Ҳусайн (а)[35]
  • Фатвои таҳрими танбоку: фатвои Мирзои Шерозӣ ки дар соли 1309 ҳиҷрии қамарӣ дар вокуниш ба додани имтиёзи инҳисории тутуну танбоку аз тарафи Носириддиншоҳ ба компанияи Режии англисӣ дар чаҳор шаҳри Эрон, содир шуд ва ба муҷиби он, қарордоди мазкур фасх шуд.[36]
  • Фатвои Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ дар лузуми ҷиҳод ва мубориза бо Англис: ин фатво дар соли 1338 ҳиҷрии қамарӣ содир шуд ва оғозгари қиёми мардуми Ироқ алайҳи ишғолгарони англисӣ буд[37] ва ба раҳоии Ироқ аз тасаллути Англис мунҷар шуд.[38]
  • Фатвои Сайид Муҳсини Ҳаким дар ҳаром будани узвият дар ҳизби кумунист: ин фатво дар соли 1380 ҳиҷрии қамарӣ пас аз рӯи кор омадани Абдукарим Қосим ва тарвиҷи афкори ғайридинӣ содир шуд. Сайид Муҳсини Ҳаким тайи ду фатво, пайвастан ба ҳизби кумунистро шаръан ғайримуҷоз ва дар ҳукми куфру илҳод ё тарвиҷи онҳо донист.[39]
  • Фатвои (ҳукми) эъдоми Салмони Рушдӣ аз сӯи Имом Хумайнӣ 25 баҳмани 1367ҳ.ш., баробар бо 7 раҷаби 1409ҳ.қ.[40]
  • Фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШ: фатвои Сайид Алии Систонӣ, марҷаъи тақлиди сокини Ироқ, ки дар соли 1393 ҳиҷрии шамсӣ алайҳи ДИИШ содир шуд. Ӯ дар ин фатво дифоъ аз Ироқ ва муқаддасоти онро фарзи кифоӣ донист ва аз гурӯҳҳои мардумии Ироқ хост ба муқобила бо такфириҳо бипардозанд. Пас аз судури ин фатво, Хашдушшаъбӣ шакл гирифт ва мунҷар ба берун рондани ДИИШ аз хоки Ироқ гардид.[41]
  • Фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат: фатвои Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки дар пайи тавҳини Ёсир Алҳабиб ба Оиша ҳамсари Пайғамбар ва истифтои уламои шиаи минтақаи Аҳсои Арабистон дар соли 1389ҳ.ш., содир шуд.[42]
  • Фатвои Шалтут дар ҷавози амал бар асоси мазҳаби шиа: Маҳмуд Шалтут аз фуқаҳои аҳли суннат ва устоди донишгоҳи Алазҳар, дар соли 1378 ҳиҷрии қамарӣ дар як фатвое эътиқод ва пайравӣ аз мазҳаби Ҷаъфарӣ (шиа)-ро ҳамонанди соири мазоҳиби аҳли суннат ҷоиз донист.[43]

Фатвоҳои шоз

Ба фатвое, ки мухолиф бо фатвои машҳур бошад, фатвои шоз ё «тафарруди фатвоӣ» гуфта мешавад.[44] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

Шӯрои фатвоӣ

Шӯрои фатвоӣ иборат аз ин аст, ки афрод ба ҷои он ки аз шахси муайяне тақлид кунанд, аз назари гурӯҳе аз фуқаҳо тақлид мекунанд. Дар ин тарҳ чун иттифоқи назар дар тамоми масоил, байни фақеҳон мумкин нест, назари аксарият милок қарор мегирад.[52]

Бино ба гуфтаи тарафдорони ин назария, баррасии адиллаи ҳуҷҷияти фатво ва лузуми тақлид аз муҷтаҳид нишон медиҳад, милоки ҳуҷҷият ҳам дар фатвои шахсӣ ва ҳам дар фатвои гурӯҳӣ (шӯро) вуҷуд дорад.[53] Албатта ин назария мавриди нақди бархе аз муҳаққиқон қарор гирифтааст.[54]

Шӯрои истифто

Ба гурӯҳе аз муҷтаҳидон, ки нисбат ба як масъалаи шаръӣ таҳқиқ мекунанд ва дар он масъала ба марҷаъи тақлид назар машваратӣ медиҳанд, шӯрои истифто гуфта мешавад.[55] Марҷаъи тақлид дар мақоми посухгуӣ ба муқаллидони худ, назари худро ба аъзои шӯро медиҳад ва онҳо агар матлабе дар такмили он фатво ва назар дошта бошанд, ироа медиҳанд ва дар ниҳоят танзим ва табйин ва ҷамъ кардани матолиб барои фатво, ба уҳдаи марҷаъи тақлид аст.[56]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.600.
  2. Амид, Фарҳанги Амид, зайли вожаи «фатво»; Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, зайли вожаи «истифто».
  3. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.644.
  4. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.644.
  5. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  6. Хуӣ, Мабонии такмилат-ул-минҳоҷ, муассисаи эҳёу осорил-имомил-Хуӣ, ҷ.1, саҳ.3.
  7. Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  8. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, мактабат Оятуллоҳ Систонӣ, ҷ.1, саҳ.23; Ғаравии Табрезӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.388.
  9. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.644.
  10. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон фӣ фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.5.
  11. Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.228.
  12. Мутаҳҳарӣ, Куллиёти улуми исломӣ: усули фиқҳ, 1394ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.17.
  13. Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131.
  14. Мутаҳҳарӣ, Куллиёти улуми исломӣ: усули фиқҳ ва фиқҳ, 1394ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.20.
  15. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.68.
  16. Калонтарӣ, Маториҳ-ул-анзор, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.319.
  17. Мутаҳҳарӣ, Куллиёти улуми исломӣ: усули фиқҳ ва фиқҳ, 1394ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.22.
  18. Систонӣ, Тавзеҳулмасоил, 1415ҳ.қ., саҳ.6.
  19. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Маъориҷ-ул-усул, 1423ҳ.қ., саҳ.200 - 201.
  20. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.644.
  21. Шайхи Тусӣ, ал-Иддату фӣ усул-ил-фиқҳ, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.729.
  22. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, мактаби Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, ҷ.1, саҳ.19.
  23. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, мактаби Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, ҷ.1, саҳ.18.
  24. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, мактаби Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, ҷ.1, саҳ.26.
  25. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, мактаби Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, ҷ.1, саҳ.26.
  26. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, мактаби Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, ҷ.1, саҳ.27.
  27. Усулӣ, Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.1, саҳ.19.
  28. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Маъориҷ-ул-усул, 1423ҳ.қ., саҳ.201
  29. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.671.
  30. Усулӣ, Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.1, саҳ.19.
  31. Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.157.
  32. Макорими Шерозӣ, Рисолаи аҳком барои ҷавонон, 1386ҳ.ш., саҳ.14.
  33. Макорими Шерозӣ, Рисолаи аҳком барои ҷавонон, 1386ҳ.ш., саҳ.13.
  34. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.296 - 297.
  35. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Таҳрифшиносии Ошуро ва таърихи Имом Ҳусайн, 1394ҳ.ш., саҳ.202.
  36. Исфаҳонии Карбалоӣ, Таърихи духония, 1377ҳ.ш., саҳ.117 - 118.
  37. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақот-ул-аълом-иш-шиъа, Дорул-Муртазо, ҷ.1, саҳ.263.
  38. Фақиҳи Баҳрулъулум, Зиёратгоҳҳои Ироқ, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.212.
  39. Додфар, «Ҷамоъат-ул-уламо, эҳёгари ҳувияти сиёсии шиаёни Ироқ, саҳ.35.
  40. Ҳукми эъдом ва қатли Салмони Рушдӣ, ба мусулмонони ҷаҳон
  41. «9 фатвои таърихсози муосир», сайти шабакаи Иҷтиҳод.
  42. "Қоидуссавра яҳрумун-найл мин румузи аҳли-с-суннат ва нисо-ан-набӣ (с), хабаргузории Меҳр.
  43. Беозори Шерозӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, талоядори тақриб дар ақоид, тафсир, ҳадис, фиқҳи муқоран ва ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ, саҳ.171.
  44. Макорими Шерозӣ, Анвор-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.417.
  45. Сайиди Муртазо, ал-Масоил-ун-носириёт, 1417ҳ.қ., саҳ.100.
  46. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.331.
  47. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.3.
  48. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.310.
  49. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.472.
  50. Иброҳимнажод, «Баррасӣ ва нақди адиллаи назарияи Оятуллоҳ Сонеъӣ дар баробарии дияи зан ва марди мусулмон», саҳ.5.
  51. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.43, саҳ.32.
  52. Ҷазоирӣ, Баҳс дар бораи рӯҳоният ва марҷаъият, 1341ҳ.ш., саҳ.217 - 218.
  53. Вараъӣ, «Иҷтиҳод ва ифтои шуроӣ», саҳ.117.
  54. Баҳромии Хушкор, «Шӯрои фиқҳӣ ё фатвои шӯроӣ дар истинботи аҳкоми шаръӣ», саҳ.40.
  55. «Шӯрои истифто чӣ гуна кор мекунад?», сайти Тибён.
  56. Ҳошимии Шоҳрудӣ, «Шӯрои ифтои мақоми муаззами раҳбарӣ: дар мусоҳиба бо ҳазароти оёт Ҳошимӣ ва Муъмин», саҳ.257.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Юсуф ибни Мутаҳҳар, Мухталаф-уш-шиъа, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Амид, Ҳасан, Фарҳанги Амид, Теҳрон, интишороти огоҳ, 1390ҳ.ш.
  • Баҳромии Хушкор, Муҳаммад, «Шӯрои фиқҳӣ ё фатвои шӯроӣ дар истинботи аҳкоми шаръӣ», ҳукумати исломӣ, №2, тобистони 1391ҳ.ш.
  • Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Шайх Маҳмуд Шалтут, талоядори тақриб дар ақоид, тафсир, ҳадис, фиқҳи муқоран ва ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ, Теҳрон, маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб, 1385ҳ.ш.
  • Вараъӣ, Сайдҷавод, «Иҷтиҳод ва ифтои шуроӣ», нашрияи фиқҳ, №98, тобистони 1398ҳ.ш.
  • Ғаравии Табрезӣ, Алӣ, ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид, Қум, Дорулҳодӣ, 1410ҳ.қ.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, интишороти самт, 1379ҳ.ш.
  • Додфар, Саҷҷод, «Ҷамоъат-ул-уламо, эҳёгари ҳувияти сиёсии шиаёни Ироқ», Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, №24, зимистони 1388ҳ.ш.
  • Иброҳимнажод, Муҳаммад, «Баррасӣ ва нақди адиллаи назарияи Оятуллоҳи Сонеъӣ дар баробарии дияи зан ва марди мусулмон», Фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ, №12, баҳор ва тобистони 1395ҳ.ш.
  • Исфаҳонии Карбалоӣ, Ҳасан, Таърихи духония, Қум, нашри Алҳодӣ, 1377ҳ.ш.
  • Калонтарӣ, Абулқосим, Маториҳ-ул-анзор, Қум, маҷмаъи ал-Фикрул-исломӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • "Қоидуссавра яҳрумун-найл мин румузи аҳли-с-суннат ва нисо-ан-набӣ (с)", хабаргузории Меҳр, таърихи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Анвор-ул-усул, Қум, мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, чопи дувум, 1428ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, Қум, мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи аҳком барои ҷавонон, Қум, мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (алайҳиссалом), чопи понздаҳум, 1425ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Тафсир ва муфассирон, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии алтамҳид, 1379ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Куллиёти улуми исломӣ: усули фиқҳ ва фиқҳ, Қум, интишороти Садро, 1394ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Маъориҷ-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, 1423ҳ.қ.
  • "Нуҳ фатвои таърихсози муосир", сайти шабакаи Иҷтиҳод, санаи дарҷи матлаб: 7 баҳмани 1379ҳ.ш., санаи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадҳасан, Табақот-ул-аълом-иш-шиъа ва ҳува нуқабо-ил-башар фӣ-л-қарн-ир-робеъ ашар, Машҳад, Дорул-Муртазо, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, Бейрут, Дорулбалоға, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Масоил-ун-носириёт, Теҳрон, робитаи ассақофат валъалоқот-ил-исломия, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Саҷҷодӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги маорифи исломӣ, Теҳрон, интишороти Кумаш, 1373ҳ.ш.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳулмасоил, Қум, меҳр, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, мактаби Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, бе ҷо, бе то.
  • Усулӣ, Эҳсон ва Муҳаммадҳасан Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), Қум, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, бе то.
  • Фақиҳи Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳдӣ, Зиёратгоҳҳои Ироқ, Теҳрон, созмони ҳаҷҷу зиёрат, 1393ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фӣ фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мабонии такмилат-ул-минҳоҷ, Муассисаи эҳёу осор-ил-имом-ил-Хуӣ, Наҷафи ашраф, бе то.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Сайидмаҳмуд ва Муҳаммад Муъмин, «Шӯрои ифтои мақоми муаззами раҳбарӣ: дар мусоҳиба бо ҳазароти оёт Ҳошимӣ ва Муъмин», фиқҳи Аҳли Байт, №2, тобистони 1374ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ ва дигарон, Баҳс дар бораи рӯҳоният ва марҷаъият, Теҳрон, ширкати саҳҳомии интишор, 1341ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иддату фӣ усул-ил-фиқҳ, Қум, интишороти тезҳуш, 1417ҳ.қ.
  • "Шӯрои истифто чигуна кор мекунад?", сайти Тибён, санаи дарҷи матлаб: 28 деймоҳи 1390ҳ.ш., санаи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.