Сураи Фотиҳа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Умм-ул-қуръон)
Сураи Фотиҳа
Сураи Фотиҳа
Рақами сура1
Ҷузъ1
Номҳои дигарҲамд
Нузул
Тартиби нузул5
Маккӣ/МаданӣМаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо7
Теъдоди калимаҳо29
Теъдоди ҳарфҳо143


Сураи Фотиҳа ё Ҳамд (ар. سورة الفاتحه) нахустин сураи Қуръони Карим, мулаққаб ба умулкитоб, аз сураҳои маккӣ ва дар ҷузъи як қарор дорад. Ин сура аз сураҳои «қисор» аст ки дар айни ихтисор, бинобар ривоёт, дар маъно бузург ва асоси Қуръон аст. Сураи Фотиҳа дар намозҳои воҷибу мустаҳаб хонда мешавад ва муҳтавои аслии он тавҳид ва ҳамди Худованд аст.

Дар фазилати ин сура омадааст, нузули он боиси нозил нашудани азоб бар уммати Ислом хоҳад шуд. Хондани сураи Ҳамд дар ракаати аввалу дувуми намозҳои воҷибу мустаҳаб, воҷиб аст. Хондани ин сура бар болини бемор ва ҳангоми гузоштани мурда дар қабр, мустаҳаб аст .

Муаррифӣ

  • Номҳо ва сабаби номгузорӣ

Номи аслии ин сура, ба ин ҷиҳат ки аввалин сураи Қуръон аст ва Қуръон бо он гушуда мегардад, фотиҳатулкитоб аст. Ин сура нахустин сура комиле аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шуд.[1]

Арзиш ва аҳамияти хосси ин сура боис шуда беш аз бист ном барои он зикр шавад, ки машҳуртарини онҳо иборатанд аз: Ҳамд, Умулқуръон, Сабъулмасонӣ, Канз, Асос, Муноҷот, Шифо, Дуо, Кофия, Вофия, Роқия (паноҳдиҳанда). [2]

  • Маҳал ва тартиби нузул

Сураи Ҳамд ду бор нозил шудааст. Як бор ибтидои беъсат дар Макка ва бори дигар пас аз тағйири қибла дар Мадина нозил шуд; ба ҳамин ҷиҳат онро Масонӣ ҳам мегӯянд, яъне ду бор нозилшуда. Албата аз он рӯ ки аввалин бор дар Макка нозил шуда, онро сура Макка мехонанд. Ин сура, нахустин сураи Қуръон ба тартиби мусҳаф ва бар асоси бархе ривоёт панҷумин сура ба тартиби нузул ва аввалин сураи комили нозилшуда аст.[3]

  • Теъдоди оёт ва калимот

Сураи Фотиҳа 7 оят, 29 калима ва 143 ҳарф дорад. Ин сура ба лиҳози лафзу ҳаҷм, аз сураҳои кучаки Қуръон ё муфассалот аст ва дар миёни муфассалот низ аз сураҳои «қисор» ба шумор меояд. Бар тибқи ривоёт, ин сура дар айни ихтисор, дар маъно бузург ва асоси Қуръон аст.[4]

Аҳамият

Сураи Фотиҳа ба хатти настаълиқ. Хаттот: Миръимод

Сураи Ҳамд дар зиндагии динӣ ва фарҳангии мусулмонон аҳамият фаровоне дорад. Ин сура дар намозҳои панҷгона, даҳ бор бар тибқи фиқҳи имомия ва 17 бор бар тибқи фиқҳи аҳли суннат қироат мешавад.[5] Имом Ризо (а) қароати ин сураро дар ибтидои намоз ба далели вуҷуди тамомии хайру ҳикмати дунё ва охират ба сурати якҷо дар ин сура медонад ба сурате ки ҳеҷ каломе ба ҷомеъият он намерасад.[6]

Нависандаи тафсири ал-Мизон мегӯяд Худованд дар ин сура чигунагии ҳамду ситоиши худашро ба бандааш талқин кардааст ва ба ӯ омӯхтааст, ки дар мақоми убудийяту бандагӣ адаби бандагӣ чӣ иқтизо мекунад.[7]

Муҳтаво

Муҳтавои аслии сураи Фотиҳа: тавҳид, ҳамди Худованд, ибодат, ёрӣ талабидан ва ҳидоят хостан аз Худост.[8] Аллома Таботабойӣ мегуяд: чун аз ҷумлаи «ийёка наъбуду» (фақат туро ибодат мекунем) мумкин аст иддаои истиқлоли банда дар ибодати Худо ба зеҳн бияёд ба ҳамин ҷиҳат балофосила дар ҷумлаи баъдӣ бо гуфтани «ийёка настаъин» (фақат аз ту ёрӣ металабем) ба банда талқин шуда, ки бигӯед дар ҳамин ибодат ҳам аз Худо ёрӣ металабад ва ҳеҷ гуна истиқлоле дар ҳеч шаъне надорад.[9] Дар ин сура аз авсофи Худо, авсофу нишонаҳои бандагони солеҳи Худо, табйини масаълаи ҳидояту сироти мустақим дар қолаби дуо ва ибрози нафрат аз каҷравӣ ва гумроҳӣ сухан ба миён омадааст.[10]

Ин сураро метавон ба ду бахш тақсим кард: бахше ки аз ҳамду санои Худо сухан мегӯяд ва бахше ки ниёзҳои бандаро матраҳ мекунад. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: ман сураи Ҳамдро миёни худ ва бандаам тақсим кардаам; ниме аз он барои ман ва ниме барои бандаи ман аст.[11]

Қироат

Қароати “молики явмиддин” дар сураи Ҳамд аз маворид ихтилофӣ аст. Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки ҳам қароати “молик” ва ҳам қароати “малик” ҳар ду саҳиҳ аст, аммо қароати “малик” бо урфу луғат созгортар аст, зеро “малик” ба маънои подшоҳ аст, ки нисбат ба як асру давраи замонӣ дода мешавад. Дар ин оят низ малик будан ва подшоҳию фармонравоии Худоро ба рӯзи қиёмат нисбат додааст.[12] Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ низ аз вай нақл карда ки гуфтааст: ривоёте дорем, ки мегӯянд: расули Худо ҳам “малик” мехондаанд ва ҳам “молик” ва аз қориёни ҳафтгона чаҳортои эшон “малик” ва дигарон “молик” хондаанд; эътибор ҳам бо “малик” мусоидтар аст, ба ҷиҳати он ки айёмро маъмулан ба молик на, балки ба малик нисбат медиҳанд, мегӯянд: шоҳи фалон явм, на молики фалон явм. Марҳуми Сайидалӣ Қозии Таботабоӣ - раҳматуллоҳи алайҳ - ҳам дар намоз “малик” мехондаанд. Ва дар тафсири «Кашшоф»[Ёддошт 1] вуҷуҳе зикр мекунад, ки “малик” шомил, ом ва муносибтар аст.[13]

Аҳком

  • Омӯхтан[14] ва дуруст хондани сураи Ҳамд[15] ва қироати он дар ракаати аввалу дуввуми намозҳои воҷибу мустаҳаб, бар мукаллаф воҷиб аст.[16]
  • Намозгузор дар ракаати сеюму чаҳорум, байни хондани ҳамд ва тасбеҳоти арбаа мухайяр аст. Дар ин ки беҳтар хондани ҳамд аст ё тасбеҳоти арбаъа, ихтилоф аст.[17]
  • Гуфтани «Аъузу биллоҳи мин-аш-шайтон-ир-раҷим», пеш аз тиловати Ҳамд дар ракаати аввали намоз[18] ва гуфтани «Алҳамду лиллаҳи рабб-ил-ъоламин» пас аз Ҳамд мустаҳаб аст;[19] вале гуфтани омин пас аз хондани сураи Ҳамд дар намоз ҳаром ва муҷиби бутлони намоз аст.[20]
  • Иктифо ба Ҳамд дар нофилае ки дар он қироати сураи хоссе ворид нашуда, ҷоиз аст.[21]
  • Тиловати сураи Ҳамд дар мавориди бисёре, аз ҷумла бар болини бемор,[22] ҳангоми гузоштани мурда дар қабр[23][Ёддошт 2] ва бардоштан турбат аз ҳоири ҳусайнӣ[24] мустаҳаб аст.

Тафсирҳо

Ин сура дар китобҳои тафсир кулли Қуръон тафсир шудааст. Илова бар он тафсирҳои мустақилле низ бар он навишта шудааст, аз ҷумла:

1. ал-Урват-ул-вусқо, дар тафсири сураи Ҳамд [чопи сангӣ], асари Шайхи Баҳоӣ;[25]
2. Эъҷоз-ул-баён фӣ тафсири Уммилқуръон, асари Садриддини Қунавӣ, бо тасҳеҳи Ҷалолиддини Оштиёнӣ;[26]
3. Партаве аз тафсири сураи Ҳамд, ё Ламъатун фӣ тафсир-ил-Ҳамд, асари Муҳаммадкозим (Имодуддин) Ҷазоирӣ;[27]
4. Тафсири сураи муборакаи Ҳамд, асари Сайид Иззуддин Ҳусайнии Занҷонӣ;[28]

Фотиҳат-ул-китоб: тафсири сураи шарифаи Ҳамд, асари Сайид Абдулҳусайни Дастғайб.[29]

5. Тафсири сураи Ҳамд, асари Имом Хумайнӣ.[30]

Фазилат ва хосият

Ривоёти зиёде дар фазилат ва аҳамияти ин сура ворид шудааст. Тибқи ривояте Ҷабраил ба Паёмбари Ислом (с) ишора дорад, ки нузули ин сура боиси нозил нашудани азоб бар уммати Ислом хоҳад шуд[31] ва дар ривояте онро шифои ҳар дарде донистааст.[32] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) аст, ки агар сураи Ҳамд 70 бор бар мурдае хонда шавад ва ӯ зинда гардад тааҷҷуб накунед.[33][Ёддошт 3] Имом Алӣ (а) аз Паёмбари Ислом (с) нақл мекунад ки сураи Ҳамд аз ганҷҳои арши Илоҳӣ буда ва Худованд онро ба Паёмбараш ихтисос додааст ва ӯро бо ҳеҷ паёмбар шарик насохт ҷуз бисмиллоҳ ки фақат онро ба Сулаймон дод... Ҳар касе бо эътиқод ба дӯстӣ ва пайравии Муҳамаду Оли покаш онро бихонад дар муқобили ҳар ҳарфи он ҳасанае ба ӯ ато мекунад, ки беҳтар аст аз дунё ва он чи дар он аст...[34]

Паёмбар (с) сураи Фотиҳаро беҳтарин сураи Қуръон дониста фармудааст: дар Тавроту Инҷилу Забуру Қуръон сурае монанди он нозил нашудааст. Бинобар ҳадиси дигаре аз Паёмбар (с), савоби қароати сураи Фотиҳа, баробар бо савоби қароати аз се ду ҳиссаи Қуръон ва савоби садақа додан ба ҳама муъминон аст.[35]

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ҳам дар бора сураи Фотиҳа фармудааст, ки ҳар касе онро қироат кунад, Худованд роҳи расидан ба хайри дунё ва охиратро барои ӯ боз мекунад. Ӯ ҳамчунин фармудааст, ки исми аъзами Худо дар ин сура тақсим шудааст.[36] Шайхи Муфид дар китоби Ихтисос ҳадисе нақл мекунад, ки дар он, Паёмбар (с) дар посух ба пурсише дар бора подоши қароати сураи Фотиҳа, савоби онро баробар бо подоши қароати ҳамаи китобҳои осмонӣ муаррифӣ кардааст.[37]

Сураи Ҳамд дар адабиёт

Ба эътиқоди бархе муҳаққиқон дар адаби форсӣ “басмала”-и сураи Ҳамд бар сароғози бисёре аз маснавиҳои ҳамосӣ ва ғиноӣ ва “алҳамдулиллоҳи рабб-ил-ъоламин” тақрибан бар якояки осори мансури классик ва бахши поёнии сураи Ҳамд ки ниёиш аст, бар оғозияҳои назм таъсири бештаре доштааст. Онон бар ин боваранд ки дар байни оғозияҳои китобҳои осмонӣ, сураи Ҳамдро бояд бемонандтарин оғозия донист, зеро ин сура тавонистааст ҳар се сохтори оғозия, яъне тасмия (оғози кор бо номи Худо ё бисмиллоҳ гуфтан), таҳмид (ситоиш) ва ниёишро ба зеботарин шакли мумкин канори якдигар қарор диҳад.[38] Намунаҳое аз ашъори шоирон:

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим,
Ҳаст калиди дари ганҷи ҳаким / Низомӣ 
Уқдагушои ҳама амри азим,
Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим / Муҳаммадқосим Ҳолоии Синдӣ 
Матлаъи дебочаи ҳамди қадим,
Ҳаст Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим / Нақшбандӣ 
Ибтидои сухан ба номи Худост,
Он ки бе мислу шибҳу беҳамтост / Саноии Ғазнавӣ 
Алҳамду лиллоҳи рабб-ил-ъоламина ало,
Мо дарра мин ниъмат азз-асмуҳу ало/ Саъдӣ

Матни арабӣ ва тарҷумаи тоҷикии сура

Сураи Фотиҳа
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон (1) (بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ (۱
Ҳамду сипос мар Худойрост, ки Парвардигори оламиён аст (2) Бахшандаи меҳрубон (3) Подшоҳи рӯзи ҷазо (4) Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ металабем (5) Моро ба роҳи рост ҳидоят намо (6) Роҳи касоне ки ба онҳо неъмат додаӣ, ҳамонҳо ки на мавриди хашм қарор гирифтаанд ва на гумроҳанд (7)
الْحَمْدُ للّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ﴿۲﴾ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ ﴿۳﴾ مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ﴿۴﴾ إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ﴿۵﴾ اهدِنَا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ ﴿۶﴾ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ غَيرِ المَغضُوبِ عَلَيهِمْ وَلاَ الضَّالِّينَ (۷)

Эзоҳ

  1. Маърифат, ат-Тамҳид, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.127
  2. Хуррамшоҳӣ, "Сураи Фотиҳа", саҳ.1236
  3. Муҳаққиқиён, "Сураи Ҳамд", саҳ.725; Маърифат, ат-Тамҳид, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.127
  4. Хуррамшоҳӣ, "Сураи Фотиҳа", саҳ.1236
  5. Қуръони карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожвнома: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, зайли сураи Фотиҳа
  6. Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.310
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.19, Нашри Аъламӣ, Бейрут, 1393ҳ.қ.
  8. Муҳаққиқиён, "Сураи Ҳамд", саҳ.726
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.26, Нашри Аъламӣ, Бейрут, 1393ҳ.қ.
  10. Хуррамшоҳӣ, "Сураи Фотиҳа", саҳ.1236
  11. Садуқ, Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.174; Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.7
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.22
  13. Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Меҳри тобон, саҳ.405
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.300
  15. Аллома Ҳиллӣ, Тазкиратулфуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.135
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.284-286
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.319-331
  18. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.559, масъалаи 1017
  19. Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.2, саҳ.532
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.2-11
  21. Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501
  22. Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17
  23. Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.119
  24. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.531
  25. العروة الوثقی در تفسیر سوره حمد. در سایت سازمان اسناد و کتابخانه ملی جمهوری اسلامی ایران.
  26. اع‍ج‍ازال‍ب‍ی‍ان‌ ف‍ی‌ ت‍ف‍س‍ی‍ر ام‌ال‍ق‍رآن‌/ ل‍ل‍ص‍درال‍دی‍ن‌ ق‍ون‍وی‌ در سایت اسناد و کتابخانه ملی جمهوری اسلامی ایران.
  27. http://opac.nlai.ir/opac-prod/bibliographic/492348
  28. http://opac.nlai.ir/opac-prod/bibliographic/726676
  29. http://opac.nlai.ir/opac-prod/bibliographic/535503
  30. http://opac.nlai.ir/opac-prod/search/briefListSearch.do?command=FULL_VIEW&id=597218
  31. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158
  32. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1415ҳ.қ., ҷ.1,саҳ.97
  33. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.623, ҳадиси 16
  34. Садуқ, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.176
  35. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.88
  36. نوری طبرسی، مستدرک الوسائل، ۱۴۰۸ق،ج۴، ص۳۳۰.
  37. شیخ مفيد، الإختصاص، ۱۴۱۳ق، ص۳۹.
  38. تأثير ساختار سه گانه‌ ی سوره ی حمد بر آغازيه‌های نظم و نثر فارسيhttps://www.anjomanfarsi.ir/pdf/pa5/pa5%20(48).pdf

Ёддошт:


Сарчашма

  • Қуръони карим, Тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418ҳ.қ./ 1376ҳ.ш.
  • Қуръони карим, Тарҷума, тавзеҳот ва вожанома, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Ҷомӣ, Нилуфар, 1376ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, ҳошими ибни сулаймон, албрҳони фии тафсири алқуръон, Қум, муассисаи беъсат, 1415ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-уш-шиъа ало таҳсили масоил-иш-шаръийя, Қум: Муассисаи Ол-ул-байт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳарии Асадӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум: Муассисаи Ол-ул-байт, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони карим, Қум: нашри Нашро, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, «Сураи фотиҳа», донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, Теҳрон: дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Разиюддин Алӣ, Ҷамол-ул-усбуъи бикамол-ил-ъамал-ил-машруъ, Қум, Дор-ур-разӣ, чопи аввал, бе то.
  • Сайид ибни Товус, Разиюддин Алӣ, Муҳаҷ-уд-даавот ва минҳоҷ-уд-даавот, Қум, Дор-уз-захоир, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳамад ибни Алӣ, ал-Омолӣ, Теҳрон, китобчи, 1376.
  • Садуқ, Муҳамади ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, мусаҳҳеҳ Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, интишороти Исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо Фӣ мо таумму биҳ-ил-балво (ал-Муҳашшٰӣ), Қум: Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳамади ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Аддаавот(Салват-ул-ҳазин), Қум, интишороти Мадрисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1407ҳ.қ.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Балад-ул-амин ва-д-диръ-улҳасин, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1418ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳамадбоқир, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқи Сайид Иброҳими Миёнҷӣ ва Муҳаммадбоқири Беҳбӯдӣ, Дор-ул-эҳё-ут-турос, 1403ҳ.қ./ 1983 м.
  • Муҳаққиқиён, Ризо, «Сураи ҳамд», дар Донишномаи муосири Қуръони карим, Қум, интишороти Салмони озода, 1396ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи-л-умм-ил-Қуръон, Қум, Ҳавзаи илмия, 1410ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтсос, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуди Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, ал-Муътамар-ил-Оламӣ ли алфияти аш-Шайх ал-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Макорими Широзӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ул-Исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мӯсавии Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), таҳқиқи Сайид Муҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум: дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ шарҳи шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ут-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нурии Табарсӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Бейрут, Ол-ул-байт (ъ), чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • манбаи бахши аҳком: فرهنگ فقه فارسی


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found