Тӯфони ал-Ақсо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Туфон-ул-Ақсо)
Тӯфон-ул-Ақсо
даргириҳои Исроил ва Фаластин
Харобиҳои ҳамлаи Исроил ба Ғазза баъд аз Тӯфон-ул-Ақсо
Харобиҳои ҳамлаи Исроил ба Ғазза баъд аз Тӯфон-ул-Ақсо
Замоназ 7 октябри 2023
Маконсарзамини ишғолии таҳти тасарруфи Исроил
Сабабозодсозии Фаластин
Ҷанганда1Ҳамос
Ҷанганда2Исроил
Фармондеҳ1Муҳаммад Зайф
Фармондеҳ2артиши Исроил
Хасорат1беш аз 1400 кушта ва 3000 захмӣ
Хасорат233482 кушта ва 76049 захмӣ аз фаластиниҳо то 10 апрели 2024


Тӯфон-ул-Ақсо (арабӣ: طوفانُ الْاَقصیٰ) як амалиёти низомии нерӯҳои Ҳамос алайҳи Исроил дар минтақаи марзии Ғазза ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст. Ин амалиёт 7 октябри 2023 оғоз шуда, чанд рӯз идома кард. Дар пайи ин ҳамалот, ибтидо нерӯҳои Ҳамос барои муқобила бо идомаи ишғолгарии режими саҳюнистӣ, ба манотиқе аз сарзаминҳои ишғолӣ ҳамлаи ракетӣ карда ва пас аз он ба сурати заминӣ вориди сарзаминҳои ишғолӣ шуданд. Дар пайи ин ҳамла, беш аз 1400 исроилӣ кушта ва 3000 нафар захмӣ шуданд. Ин ҳамла, шикасти бесобиқае барои Исроил арзёбӣ шуд.

Баъд аз ин ҳамла, нерӯҳои артиши Исроил ба навори Ғазза ҳамла карда, дар пайи чандин рӯз бомбаборон, сабаби кушта шудани беш аз 2600 нафар ва захмӣ шудани беш аз 9000 нафар шуданд. Куштори ғайринизомиён ва бомбаборони манотиқи маскунӣ тавассути Исроил вокунишҳоеро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар пай дошт. Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар мароҷеъи тақлиди шиа аз мардуми Ғазза ҳимоят карданд.

Аҳамият ва аҳдоф

Неруҳои Ҳамос дар октябри 2023, амалиёте бо номи Тӯфони ал-Ақсо алайҳи Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин анҷом доданд. Расонаҳои исроилӣ ин амалиётро беназир дар таърих ва шикасте васеъ барои ин режим донистанд.[1] Ҳамчунин бар асоси гуфтаҳои бархе расонаҳо ба нақл аз сарбозони асиршудаи Ҳамос, ин ҳамла дар тӯли як сол барномарезӣ шудааст.[2]

Ангезаи Ҳамос

Ангезаи Ҳамос аз ин ҳамла, озодсозии Фаластин ва муқобила бо ишғолгарӣ ва нақзи ҳуқуқи инсонӣ тавассути Исроил дониста шудааст.[3] Расонаҳои ҳомии Ҳамос низ сабабҳои ин ҳамла аз ҷониби Ҳамосро вокуниш ба ҷиноёти мустамари Исроил дар куштори фаластиниён, беҳурматии Масҷид-ул-Ақсо, озору азияти муҳофизони он ва ҳимоят аз юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниён унвон кардаанд.[4] Дар иттилоияи фармондеҳи низомии Ҳамос, ки дар рӯзи сеюми набард мунташир шуд, дар баёни далели ҳамла, ба ҳаттокии саҳюнистҳо нисбат ба муқаддасоти мусулмонон, раво доштани зулм ба онон ва таҷовуз ба хоки Фаластин ишора шудааст.[5]

Иҷрои амалиёт

«Ин балоро амалкарди худи саҳюнистҳо бар сарашон оварад. Вақте зулму ҷиноят аз ҳад гузашт, вақте дарандахӯӣ ба ниҳоят расид, бояд мунтазири тӯфон буд... Иқдоми шуҷоъона ва дар айни ҳоли фидокоронаи фаластиниҳо посух ба ҷинояти душмани ғосиб буд, ки солҳо идома дошт ва дар моҳҳои ахир шиддати он афзоиш пайдо карда буд; муқассир ҳам давлати кунунии ҳоким бар режими ғосиби саҳюнистӣ аст!»

Дар 7 октябри 2023, нерӯҳои Ҳамоси мустақар дар навори Ғазза, бо тарроҳӣ ва иҷрои амалиёти ғофилгирона, ба сарзаминҳои дар ишғоли Исроил юриш бурданд. Дар дақоиқи ибтидоии ин ҳамла, 5 ҳазор ракет ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуд. Баъд аз он, низомиёни Ҳамос бо убур аз девори ҳоили байни навори Ғазза ва сарзаминҳои ишғолӣ, ба шаҳракҳои саҳюнистнишин юриши заминӣ бурданд.[7]

Дастури амалиётро Муҳаммад Зайф - аз фармондеҳони гардони Қисом, содир кард. Дар соатҳои аввалияи ҳамла, гурӯҳе аз шаҳрвандон ва низомиёни саҳюнистӣ тавассути Ҳамос дастгир ва ба унвони асир ба Ғазза мунтақил шуданд. Бо шуруи мавҷи ҳамалот, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ эъломи вазъияти фавқулода кард.[8]

Теъдоди нерӯҳои ширкаткунанда дар ин ҳамла аз ҷониби нерӯҳои Ҳамос, наздик ба 1000 нафар ва нуқоти амалиётии вурудӣ ба хокҳои ишғолӣ, 15 нуқта муаррифӣ шудааст.[9] Бар асоси оморҳои Исроил то рӯзи дувоздаҳуми баъд аз оғози ҳамлаи Ҳамос ба минтақаҳои ишғолӣ, 1400 исроилӣ кушта ва 3500 нафар захмӣ шуданд.[10]

Вокунишҳо

Антониу Гутерриш - дабиркулли Созмони милали муттаҳид:

«Муҳим аст, ки бидонем ҳамалоти ҲАМОС дар халаъ рух надодааст. Мардуми Фаластин 56 сол дар маърази ишғоли хафакунанда қарор гирифтаанд. Сарзамини онҳо ба таври пайваста тавассути шаҳракҳо балъида ва гирифтори хушунат шудааст. Иқтисоди онҳо вайрон шуда; мардуми онҳо овора ва хонаҳояшон вайрон шудааст. Умеди онҳо ба як роҳи ҳалли сиёсӣ нобуд шудааст.»

Баъд аз интишори хабари ин амалиёт дар расонаҳо, мусулмонон дар кишварҳои мухталиф ҳамчун Эрон,[12] Афғонистон[13] ва Ироқ[14] ба шодӣ пардохтанд ва пирӯзии муқовиматро ҷашн гирифтанд. Ҷумҳурии исломии Эрон[15] ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳамлаи Ҳамос ҳимоят карданд.[16] Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ин амалиётро шикасти ғайри қобили тармиме барои Исроил тавсиф кард.[17] Алиризо Аърофӣ - мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон, ин ҳамларо таҳаввули бузурге дар ҷаҳони Ислом арзёбӣ кард.[18]

Амрико новҳои ҳавопаймобари худро барои иқдоми боздоранда дар ҳимоят аз Исроил ба минтақа эъзом кард.[19]

Ҳамлаи Исроил ба Ғазза ва куштори ғайринизомиён

Нишасти хабарии Вазорати беҳдошти Ғазза дар миёни пайкари шуҳадои ҳамалоти террористии Исроил ба бемористони ал-Маъмадонии Ғазза

Исроилиҳо аз рӯзи амалиёти тӯфон-ул-ақсо минтақаҳои маскунӣ ва низомӣ дар навори Ғаззаро мавриди ҳамла қарор доданд. Қатъи обу барқ, бомбаборони манотиқи маскунӣ, куштори ғайринизомиён, занону кӯдакон, бомбаборони кадри дармону бемористонҳо ва истифода аз силоҳҳои мамнуъа аз иқдомоте аст, ки Исроил дар тули муқобила бо нерӯҳои Ҳамос ба кор баст.[20]

Ба гузориши Ал-Ҷазира ба нақл аз расонаҳои Фаластин, то 10 апрели 2024, дар ҳамалоти Исроил ба Ғазза 33482 тан кушта ва 76049 нафар захмӣ шуданд,[21] ки бештари онҳо зану кӯдак буданд.[22] Ҳамчунин дар ин муддат, артиши Исроил беш аз 52 тонна маводи тарканда дар навори Ғазза партоб карда ва беш аз 305000 хонаи маскуниро вайрон карда ва беш аз як миллиону понсад ҳазор нафар овора шудаанд.[23] Фақат дар ҳамлаи Исроил ба бемористони ал-Маъмадонӣ ки пур аз маҷруҳону оворагони фаластинӣ буд, беш аз 500 ғайринизомӣ кушта шуданд.[24]

Ҳамчунин бубинед: Куштори бемористони ал-Маъмадонӣ

Оташбаси муваққат

Пас аз 46 рӯз даргирӣ дар ноябри 2023 бо миёнҷигарии Қатар ва Миср, байни гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ва Исроил оташбаси муваққат барқарор шуд. Ду тараф тавофуқ карданд, ки аз 24 ноябр ба муддати чаҳор рӯз даргириро бас кунанд. Озодии 50 зиндонии исроилӣ дар Ғазза дар изои 150 асири фаластинии боздоштшуда дар Исроил ва вуруди кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза аз моддаҳои ин тавофуқнома буд.[25]

Паёмадҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ

Бархе аз Паёмадҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии амалиёти Тӯфон-ул-ақсо ба баёни зер аст:

Вокуниши уламо ва мароҷеъи тақлиди шиа

Сайид Алии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар суханронӣ ва Сайид Алии Систонӣ - аз мароҷеъи тақлиди сокини Наҷаф, бо судури баёнияе, ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Ғаззаро маҳкум карданд. Нурии Ҳамадонӣ, Макорими Шерозӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ ва Ҷаводии Омулӣ аз дигар мароҷеъи тақлид буданд, ки ба ин ҳамла ва дар ҳимоят аз фаластиниён, вокуниш нишон доданд.[26] Оятуллоҳ Хоманаӣ, куштори фаластиниҳо тавассути Исроилро наслкушии ошкор тавсиф карданд ва хостори муҳокимаи режими саҳюнистӣ ва қатъи фаврии бомбаборони Ғазза шуданд.[27]

Эътирозоти мардум ва донишҷӯён дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон

Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ дар Лондон дар ҳимоят аз амалиёти Туфони ал-Ақсо, бо шиори «Озодии Фаластин».

Дар пайи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза, роҳпаймоиҳое дар эътироз ба иқдомоти артиши Исроил дар куштори мардуми Ғазза дар навоҳии мухталифе аз ҷаҳони Ислом ва кишварҳои ғайримусулмон ба роҳ афтод. Туркия, Эрон, Малайзия, Австралия, Англия ва Амрико аз ҷумла кишварҳое буданд, ки шоҳиди роҳпаймоӣ дар ҳимоят аз нерӯҳои муқовимат буданд.[28]

Ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ва Фаронса дар вокуниш ба наслкушӣ ва куштори мардуми Ғазза тавассути Исроил эътироз карданд.[29] Ба гузориши манобеи хабарӣ дар майи 2024 полиси Амрико теъдоде аз донишҷӯёни муътаризро боздошт кард.[30] Созмони милали муттаҳид ба боздошти донишҷӯёни вокуниши нишон дод ва худро ҳомии озодии баён хонду тазоҳуроти мусолиматомезро ҳаққи мардум донист.[31]

Ҳамчунин бубинед: Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико

Резиши бозорҳои иқтисодии Исроил

Баъд аз оғози амалиёти ал-Ақсо ва идомаи он то рӯзи панҷум, шаҳрвандони хориҷии сокин дар сарзаминҳои ишғолӣ, аз ин сарзамин хориҷ шуданд.[32] Суқути шадиди бурс, коҳиши арзиши пул, афзоиши нархи баҳра ва тазъифи рутбаи эътибории Исроил дар ҷавомеъи байналмилалӣ аз паёмадҳои ин ҳамла буд. Аз паёмадҳои дарозмуддати ин ҳамла, ба кам шудани мизони сармоягузорӣ дар Исроил ишора шудааст.[33]

Таълиқи оддисозии равобити Арабистону Исроил

Бар асоси бархе гузоришҳо, баъд аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо Арабистони Саъудӣ барномаи оддисозии равобит бо Исроилро ба таълиқ даровард.[34]

Даргирии Исроил бо Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон

Дар рӯзи дуввуми баъд аз ҳамлаи Ҳамос, Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар паёме аз ин ҳаракат ҳимоят кард ва муддаӣ шуд ки се мавзеи артиши режими саҳюнистиро мавриди ҳамла қарор додааст.[35] Ҳамчунин Ҳизбуллоҳи Лубнон дар рӯзи сеюм, дар посух ба кушта шудани чанд тан аз нерӯҳояш ба дасти Исроил, ба ду пойгоҳи саҳюнистӣ бо мушаку хумпора ҳамла кард.[36]

Муҳоҷирати маъкуси саҳюнистҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ

Бинобар таҳлили як коршиноси масоили байналмилал, амалиёти Тӯфони ал-Ақсо сабаби ташдиди муҳоҷирати саҳюнистҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ мешавад.[37] Ҳамчунин ба гуфтаи Муҳаммадҳусайн Қадирии Абёна - коршиноси масоили роҳбурдӣ, бо амалиёти Тӯфони ал-Ақсо на танҳо муҳоҷират ба сарзаминҳои ишғолӣ таваққуф ёфт, балки илова бар он, муҳоҷират аз сарзаминҳои ишғолии оғоз шудааст.[38]

Ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳҳои Амрико дар Ироқу Сурия

Пас аз ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва куштори ғайринизомиён, гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ пойгоҳҳои амрикоиро дар Ироқу Сурия ҳадаф қарор доданд. Ба гуфтаи масъулони ин гурӯҳҳо ин амалиётҳо, дар вокуниш ба ҳимояти молӣ, таслиҳотӣ ва сиёсии Амрико аз режими саҳюнистӣ анҷом мешавад ва то замоне ки Исроил ҳамлоташро ба Ғазза бас накунад, идома хоҳад дошт. Ба гузориши рӯзномаи Кайҳон (нашр: 11 октябри 2023) ба нақл аз Факс-ниюз, аз 7 октябр 42 бор пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқу Сурияи ҳадафи ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат қарор гирифтаанд.[39]

Пӯиши таҳрими колоҳои Исроилӣ

Мардум дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо пӯишҳое хостори таҳрими колоҳои исроилӣ шуданд.[40] Ҳамчунин вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо Дабиркулли Созмони ҳамкории исломӣ, хостори таваққуфи содироти нафт ба Исроил аз сӯи бархе аз кишварҳои исломӣ шуд.[41]

Қатъи равобити диплумотики бархе кишварҳо бо Исроилу давлатҳои ҳомии он

Колумбия дар вокуниш ба куштори ғайринизомиён дар Ғазза робитаҳои дипломатӣ бо Исроилро қатъ кард ва сафири онро ихроҷ намуд.[42] Ҳамчунин давлати Либия сафирони кишварҳои Англия, Амрико, Фаронса ва Италияро ба далели мавзеи давлатҳояшон дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аз Тароблус ихроҷ кард.[43] Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар дидор бо Дабиркулли Созмони ҳамкории исломӣ, хостори ихроҷи сафирони ин режим аз кишварҳои исломӣ шуд.[44] Раҳбарони аҳзоби сиёсии Саодат ва Ояндаи Туркия низ хостори қатъи робитаи Анкара бо Теловив ва ихроҷи сафири Исроил аз Туркия шуданд.[45]

Ноамн шудани дарёи сурх барои киштиҳои исроилӣ

Мақолаи аслӣ: Ҳамалоти Амрико ва Англия ба Яман (2024)

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман пас аз амалиёти тӯфони ал-Ақсо ва дар вокуниш ба бомбаборони навори Ғазза ва куштори ғайринизомиён аз сӯи Исроил элом кард, ки киштиҳои саҳюнистҳо дар дарёи сурх аҳдофи ӯ хоҳанд буд. Аз ин рӯ дар 19 ноябри 2023 як киштии тиҷорӣ ба ном «Galaxy Лидер»-ро дар дарёи сурх тавқиф карданд. Ин киштӣ аз они «Рамӣ Онгер» як тоҷири исроилӣ аст.[46] Ҳамчунин ин ҷунбиш киштиҳои исроилӣ ва низ киштиҳои тиҷорӣ бо мақсади Исроилро дар дарёи сурх ва тангаи Боб-ул-мандаб ҳадаф қарор медиҳад.[47]

Амрико ба манзури коҳиши қудрати ҳусиҳо ва таваққуфи амалиётҳои онҳо, ҳадафҳои вобаста ба Ансоруллоҳро дар минтақаҳои мухталифи Яман ҳадаф қарор дод.[48] Албата ҷунбиши Ансоруллоҳ эълом кард ин ҳамлаҳо боис намешавад аз ҳимояти Фаластин даст бардорад.[49]

Ҳамлаи Эрон ба Исроил

Мақолаи аслӣ: Амалиёти ваъдаи содиқ

Дар 14 апрели 2024, Эрон ҳадафҳои низомиро дар Фаластини ишғолӣ бо паҳпод ва мӯшак ҳадаф қарор дод.[50] Дар ин ҳамла, бархе аз мӯшакҳои Эрон бо убур аз сомонаҳои дифоии Исроил, ба аҳдофе дар Фаластини ишғолӣ исобат карданд ва ба ду пойгоҳи ҳавоии артиши Исроил хисорат ворид шуд.[51] Ин амалиётро бузургтарин ҳамлаи паҳподии ҷаҳон, бузургтарин ҳамлаи мушакии таърихи Эрон медонанд.[52]

Ин ҳамла дар вокуниш ба ҳамлаи артиши Исроил дар 1 апрели 2024 ба сохтимони консулии Эрон дар Димишқ анҷом шуд.[53] Дар паи ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, артиши Исроил ба консулгарии Эрон ҳамла кард; дар ин ҳамла ҳафт тан аз аъзои Сипоҳи посдорон аз ҷумлаи Муҳаммадризо Зоҳидӣ аз фармондеҳони аршади Нерӯи Қудс ба шаҳодат расиданд.[54]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «Даҳумин рӯз аз амалиёти "Туфони ал-Ақсо"», шабакаи Ал-Олам.
  2. «Бозандаи аслии амалиёти «Туфони ал-Ақсо» кист?», хабаргузории Дунёи иқтисод.
  3. «Туфони ал-Ақсо нуқтаи атфи заволи қатъии режими саҳюнистӣ аст», Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси Шурои Исломӣ.
  4. «Даҳумин рӯз аз амалиёти "Туфони ал-Ақсо"», шабакаи Ал-Олам.
  5. «Лаҳза ба лаҳза бо сеюмин рӯз аз амалиёти Туфони ал-Ақсо», хабаргузории Ал-Олам.
  6. «مراسم مشترک دانش‌آموختگی دانشجویان دانشگاه‌های افسری نیروهای مسلح», сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  7. «دوازدهمین روز از عملیات طوفان الاقصیٰ», шабакаи Ал-Олам
  8. “Лаҳза ба лаҳза бо амалиёти Туфони ал-Ақсо”, шабакаи Ал-Олам.
  9. “Бозандаи аслии амалиёти «Туфони ал-Ақсо» кист?», хабаргузории Дунёи иқтисод.
  10. «دوازدهمین روز از عملیات طوفان الاقصیٰ», шабакаи Ал-Олам; «Palestinian health minister says 3,478 killed in Gaza; Israeli government says 1,400 killed in Israel», nbcnews
  11. «گوترش: جنگ هم دارای قوانینی است», Хабаргузории Анадолу
  12. Барои намуна ниг.: «Шодии мардуми Теҳрон дар пайи пирӯзии муқовимати Фаластин дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо», хабаргузории ИРНО.
  13. «Шодии мардуми Афғонистони пас аз амалиёти Туфони ал-Ақсо», хабаргузории Меҳр.
  14. «Тасвири аввалин ҷашни амалиёти Туфони ал-Ақсои корноволҳои шодӣ ба роҳ афтоданд», Ҳамшаҳрионлайн.
  15. «Теҳрон ба пуштибонии ҳамаҷониба аз муқовимати Фаластин идома медиҳад, ҳимояти Эрон аз «Туфони ал-Ақсо»», сайти рӯзномаи Дунёи иқтисод.
  16. «Лаҳза ба лаҳза бо дуюмин рӯз аз амалиёти Туфони ал-Ақсо», шабакаи Ал-Олам.
  17. «Маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  18. «Амалиёти Тӯфони ал-Ақсо сароғози таҳаввулоти бузурге дар ҷаҳони Ислом ва минтақа аст», Шӯрои нигаҳбон.
  19. «Лаҳза ба лаҳза бо панҷумин рӯз аз амалиёти "Тӯфони ал-Ақсо"», хабаргузории Ал-Олам.
  20. “Даҳумин рӯз аз амалиёти “Тӯфони ал-Ақсо”», шабакаи Ал-Олам.
  21. «لحظه به لحظه با ۱۸۷امین روز حملات رژیم صهیونیستی به باریکه غزه و کرانه باختری فلسطین», шабакаи ал-Олам
  22. «الاحتلال يواصل تصعيده بالضفة ويعتقل عددا من الفلسطينيين», хабаргузории ал-Ҷазира
  23. «إسرائيل دمرت أكثر من 305 آلاف منزل في غزة», хабаргузории ал-Ҷазира
  24. «دوازدهمین روز از عملیات طوفان الاقصی», шабакаи ал-Олам
  25. «الهدنة الإنسانية المؤقتة في غزة 2023.. بنودها وتفاصيلها», хабаргузории ал-Ҷазира
  26. «Вокуниши мароҷеъи тақлид ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ», хабаргузории Машриқ.
  27. «Дидори нухбагон ва истеъдодҳои бартари илмӣ бо раҳбари инқилоб», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  28. «Нуҳумин рӯз аз амалиёти "Тӯфони ал-Ақсо"», шабакаи Ал-Олам.
  29. «جنبش دانشجویی حمایت از فلسطین از آمریکا به فرانسه رسید», хабаргузории ИРНА
  30. «حدود ۱۰۰ دانشجوی حامی فلسطین در کالیفرنیا بازداشت شدند», хабаргузории ИРНА
  31. «واکنش سازمان ملل به بازداشت دانشجویان حامی فلسطین در دانشگاه‌های آمریکا», хабаргузории ИРНА
  32. «Лаҳза ба лаҳза бо панҷумин рӯз аз амалиёти "Тӯфони ал-Ақсо"», шабакаи Ал-Олам.
  33. “Бозандаи аслии амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо» кист?», хабаргузории Дунёи иқтисод.
  34. «Манбаи наздик ба давлати Арабистон: Риёз музокироти одисозӣ бо Исроилро таълиқ кард», хабаргузории Тасним.
  35. «Лаҳза ба лаҳза бо дуюмин рӯз аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо», шабакаи Ал-Олам.
  36. «Лаҳза ба лаҳза бо сеюмин рӯз аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо», хабаргузории Ал-Олам.
  37. Суфолгар, «Ояндаи режими саҳюнистӣ дар партави амалиёти "Тӯфони Ақсо"»
  38. «Амалиёти Тӯфони ал-Ақсо муҳоҷират ба сарзаминҳои ишғолиро мутаваққиф кард», радиои Гуфтугӯ, барномаи "Бидуни хатхӯрдагӣ"
  39. «Ирсоли 7 ҳазор тонна силоҳи амрикоӣ ба Исроил ҳамалоти муқовимат ба пойгоҳҳои амрикоӣ шиддат гирифт», рӯзномаи Кайҳон, 20 обони 1402ҳ.ш.
  40. «واکنش کاربران به جنایات رژیم جعلی صهیونیستی؛», Хабарномаи донишҷӯёни Эролн
  41. امیرعبداللهیان: خواستار تحریم فوری و کامل رژیم صهیونیستی توسط کشورهای اسلامی هستیم, хабаргузории ИРНА
  42. «کلمبیا سفیر رژیم اسرائیل را اخراج کرد», шабакаи ал-Олам
  43. «لیبی سفرای تعدادی از کشورهای حامی اسرائیل را اخراج کرد», хабаргузории ИРНА
  44. «امیرعبداللهیان: خواستار تحریم فوری و کامل رژیم صهیونیستی توسط کشورهای اسلامی هستیم», хабаргузории ИРНА
  45. «درخواست اخراج سفیر رژیم صهیونیستی از ترکیه», хабаргузории Тасним
  46. «Yemen’s Houthi rebels seize cargo ship in Red Sea and call Israeli vessels ‘legitimate targets’», guardian
  47. «القصف الأميركي لليمن.. السعودية تدعو لضبط النفس وعدم التصعيد», хабаргузории ал-Ҷазира
  48. «ضربات أميركية وبريطانية على أهداف في صنعاء والحديدة والحوثي يتوعد بالرد», хабаргузории ал-Ҷазира
  49. «أميركا وبريطانيا تنفذان 48 غارة شمال اليمن والحوثيون: سنواصل دعم غزة», хабаргузории ал-Ҷазира
  50. «حمله گسترده موشکی و پهپادی ایران به اسرائیل آغاز شد», хабаргузории Тасним
  51. موشک هایپرسونیک ایران به اهداف اسرائیلی اصابت کرد /سفیر سوئیس به جای وزارتخارجه به سپاه احضار شد /موشک‌های بالستیک ظرف ۱۵ دقیقه به اسرائیل رسیدند», Хабар-Онлайн
  52. Motamedi, "‘True Promise’: Why and how did Iran launch a historic attack on Israel?», Al Jazeera Media Network
  53. «سرلشکر باقری: گنبد آهنین نتوانست مقابله قابل‌توجهی با عملیات ما داشته باشد», шабакаи ал-Олам
  54. «حمله اسرائیل به کنسولگری ایران در سوریه و شهادت ۷ عضو ارشد سپاه (+فیلم و عکس)», Асри Эрон

Сарчашма