Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тиҷонӣ)
Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ
Номи комилСайид Муҳаммад Тиҷонии Самовӣ
Санаи таваллуд1936
Зодгоҳшаҳри Қафса дар ҷануби Тунис
Маҳалли таҳсил
  • Тунис
  • Фаронса (Донишгоҳи Сорбонна)
  • Фаронса (Муассисаи таҳсилоти олии Порис)
Таълифот
  • Тарҷумаи "Наҳҷ-ул-балоға" ба забони фаронсавӣ
  • Онгоҳ ҳидоят шудам
  • Аҳли Байт калиди мушкилҳо
  • Аҳли суннати воқеӣ
  • Ҳамроҳ бо ростгӯён
  • Аз огоҳон бипурсед
  • Роҳи наҷот
  • Сафарҳо ва хотирот
Дигар
  • Баррасии татбиқӣ миёни адён
  • Таҳсил дар риштаи фалсафа ва улуми инсонӣ
  • Дуктурои байналмилалӣ дар риштаи тахассусии таърих ва мазоҳиби исломӣ


Сайид Муҳаммади Тиҷонии Самовӣ, (тав. 1936м.) олими машҳури аҳли Тунис, ки мазҳабашро аз аҳли суннат ба ташайюъ тағйир додааст.

Тиҷонӣ ибтидо моликимазҳаб буд. Ӯ пас аз сафар ба Арабистон ба ваҳҳобият гароиш пайдо кард ва ба таблиғи ақоиди ваҳҳобиён машғл шуд, аммо дар пайи сафаре ба Наҷаф ва гуфтугӯ бо олимони шиа, мазҳаби шиаро интихоб кард.

Ӯ пас аз пазируфтани мазҳаби шиа, китобҳое дар дифоъ аз ин мазҳаб навишт. Аз ҷумлаи онҳо китоби “ثُمَّ اهْتَدَیتُ” ("Сумма иҳтадайту" - тарҷума: Онгоҳ ҳидоят шудам) аст, ки дар он моҷарои шиа шудан ва дидорҳояш бо уламои шиаро гузориш кардааст.

Шиа шудани Тиҷонӣ вокуниши манфии ваҳҳобиёнро дар пай дошт. Бархе аз онҳо осори ӯро сохтагӣ донистанд ва вайро муртад хонданд.

Ба гуфтаи Тиҷонӣ, китобҳои “ал-Муроҷиот” ва “ан-Насу ва ал-иҷтиҳод”, асари Шарафиддин ва низ Сайид Муҳаммадбоқири Садр аз мароҷеи тақлиди шиа бештарини таъсирро дар шиа шуданаш доштаанд.

Вилодат ва таҳсилот

Муҳаммад Тиҷонии Самовӣ дар соли 1936 мелодӣ дар шаҳри Қафса, дар ҷануби Тунис ба дунё омад.[1] Ба гуфтаи Тиҷонӣ, хонадони ӯ асолатан аҳли Самоваи Ироқ буданд, ки дар замони Аббосиён, ба шимоли Африқо муҳоҷират карда буданд.[2]

Ӯ таҳсилоти муқаддамотиро тайи ду ё се сол дар донишгоҳи Зайтунияи Тунис гузаронад. Пас аз истиқлоли Тунис, барои идомаи таҳсил ба мадориси фронкуарабӣ (фаронсавӣ-арабӣ) рафт. Ӯ сипас ба тадрис машғул шуд ва ҳудуди 17 сол тадрис кард.[3]

Тиҷонӣ барои идомаи таҳсил ба Фаронса рафт ва беш аз ҳашт сол дар донишгоҳи Сорбонна ва Муассисаи таҳсилоти олии Порис, ба баррасии татбиқии миёни адён, ба хусус адёни тавҳидӣ пардохт ва бо ноил шудани мадраки каршиносии таҳқиқоти тахассусӣ дар ин замина, аз донишгоҳи Сорбонна фориғуттаҳсил шуд. Сипас дар риштаи фалсафа ва улуми инсонӣ ва пас аз он дар риштаи тахассусии таърих ва мазоҳиби исломӣ аз ин донишгоҳ доктории байналмилалӣ дарёфт кард.

Мавзӯи рисолаи доктории ӯ «Андешаи исломӣ дар Наҳҷ-ул-балоға» буд. Ӯ Наҳҷ-ул-балоғаро ба забони фаронсавӣ тарҷума кард.

Пас аз дарёфти докторӣ, як сол дар донишгоҳи Сорбонна ва се сол ҳам дар муассисаи Болзом дар Порис тадрис кард.[4]

Тиҷонӣ дар давраи кӯдакӣ, нисфи Қуръонро азёд кард. Аз ин рӯ, ҳар сол дар моҳи Рамазон ба унвони имом дар намози таровеҳ иштирок мекард.[5]

Ба гуфтаи ӯ, номи Тиҷонӣ баргирифта аз тариқати тиҷонӣ аст, ки дар Тунис, Марокиш, Алҷазоир, Либия, Судон, Миср ва... роиҷ аст. Онон бар ин боваранд, ки ҳамаи машойих ва авлиёуллоҳ, илми худро аз якдигар гирифтаанд, ба ҷуз, Шайх Аҳмади Тиҷонӣ, ки илмашро мустақиман аз Пайғамбари Ислом (с) гирифтааст.[6]

Интихоби мазҳаби шиа

Дидори Тиҷонӣ бо Сайид Муҳаммадбоқири Садр, аз мароҷеи тақлиди шиа

Тиҷонӣ моликимазҳаб буд.[7] Ӯ дар соли 1964 м., дар конфронсе дар Макка, дар иртибот бо арабҳои мусулмон ширкат кард ва дар ин сафар ба ваҳҳобият гаравид ва пас аз он ба таблиғи ақоиди онон машғул шуд.[8]

Тиҷонӣ дар сафаре ба Бейрут, бо яке аз устодони шиаи донишгоҳи Бағдод, ба номи Мунъим ошно шуд ва дар гуфтугӯ бо ӯ, шиаёнро ба куфру ширк муттаҳам кард, аммо Мунъим ӯро барои ошноӣ бо ташайюъ ба Ироқ даъват кард.[9] Тиҷонӣ даъвати Мунъимро пазируфт ва дар сафар ба Ироқ, ба зиёрати ҳарами Имом Алӣ (а), ҳарами Козимайн ва марқади Шайх Абдулқодири Гелонӣ рафт ва бо бархе аз уламои шиа дидор кард.[10]

Дидор бо Оятуллоҳ Хӯӣ ва Сайид Муҳаммадбоқири Садр аз мароҷеи тақлиди шиа сабаб шуд бархе аз боварҳои ӯ дар бораи шиаён ислоҳ шавад.[11]

Ӯ аз таъсири уламои шиа ба хусус Сайид Муҳаммадбоқири Садр бар худ сухан гуфтааст ва дар китоби «Суммаҳтадайту» ин дидорҳо, суолоти матраҳшуда ва посухҳои Оятуллоҳ Садрро гузориш кардааст.[12]

Пас аз ин дидорҳо, барои расидан ба ҳақиқат, ба пажӯҳиш пардохт. Ӯ дар ин бора гуфтааст: «Бо худ паймон бастам, аҳодиси саҳеҳеро, ки мавриди иттифоқи шиаву суннӣ аст, мадрак ва мустанади қатъӣ қарор диҳам ва аҳодисеро, ки танҳо як фирқа ба он эътимод карда, канор гузорам.[13]

Тиҷонӣ ба мутолиа дар мавриди ақоиди шиа пардохт. Муҳимтарин китобҳое, ки ӯро дар ин масъала таҳти таъсир қарор дода, китобҳои «ал-Муроҷиот» ва «ан-Нассу вал-иҷтиҳод», навиштаи Сайид Абдулҳусайни Шарафиддин будааст.[14]

Таълифот

Онгоҳ ҳидоят шудам, тарҷумаи форсии китоби «Суммаҳтадайту», Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ

Тиҷонӣ пас шиа шудан, китобҳое дар исботи ҳаққонияти шиа ва радди назариёти аҳли суннат навишт, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Суммаҳтадайту (Онгоҳ ҳидоят шудам);
  • Аҳли Байт (а) калиди мушкилҳо;
  • Аҳли суннати воқеӣ;
  • Ҳамроҳ бо ростгӯён;
  • Аз огоҳон бипурсед;
  • Роҳи наҷот;
  • Сафарҳо ва хотирот.[15]

Ӯ дар китоб «Суммаҳтадайту», достони тағйири мазҳабаш аз аҳли суннат ба шиаро навиштааст. Дар он, зимни нақли зиндагиномааш, моҷарои сафараш ба Ироқ ва гуфтугӯҳояш бо олимони шиаро гузориш кардааст. Дар ин китоб, бо истинод ба аҳодиси аҳли суннат, аз ақоиди мазҳаби шиа дифоъ кардааст. Ин китоб ба чаҳордаҳ забон тарҷума ва чандин бор чоп шудааст. Тарҷумаи форсии он «Онгоҳ ҳидоят шудам» ном дорад.

Китоби «Чакидаи андешаҳо» хулосае аз шаш китоби Тиҷонӣ аст, ки тавассути Ҳусайн Ғаффории Соравӣ ҷамъоварӣ шудааст.[16]

Вокунишҳо

Тиҷонӣ дар мусоҳибае гуфтааст, пас, аз пайвастанаш ба мазҳаби шиа, бо вокуниши манфии шадиде аз сӯи ваҳҳобиҳову саудиҳо мувоҷеҳ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо ибтидо аз асос, вуҷуди шахсе ба номи Тиҷонӣ, ки шиа шуда бошадро инкор карданд. Сипас иддао карданд китоби «Суммаҳтадайту» (Онгоҳ ҳидоят шудам), кори яҳудиҳои исроилӣ аст. Бархе аз онҳо низ гуфтанд ӯ на шиа аст ва на суннӣ, балки муртад шудааст.[17]

Эзоҳ

  1. «Зиндагиномаи Сайид Муҳаммад Тиҷонӣ», вебгоҳи Маркази ҷаҳонии мустабсирин.
  2. «Машруҳи мусоҳибаи Форс бо аллома Тиҷонии Самовӣ», вебгоҳи хабаргузории Форс.
  3. «Машруҳи мусоҳибаи Форс бо аллома Тиҷонии Самовӣ», вебгоҳи хабаргузории Форс.
  4. «Машруҳи мусоҳибаи Форс бо аллома Тиҷонии Самовӣ», вебгоҳи хабаргузории Форс.
  5. Тиҷонӣ, Суммаҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.11 - 12.
  6. Тиҷонӣ, Суммаҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.12 - 13.
  7. Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.28 - 29.
  8. Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.16 - 17.
  9. Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.29 - 31.
  10. Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.45 - 46.
  11. Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.49.
  12. Нигоҳ кунед ба Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.53 - 60.
  13. Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.76.
  14. Нигоҳ кунед ба Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, саҳ.75.
  15. «Маҷмуъаи китобҳои доктор Муҳаммади Тиҷонӣ», вебгоҳи Тибён.
  16. «Чакидаи андешаҳо», вебгоҳи Бунёди муҳаққиқ Таботабоӣ.
  17. «Машруҳи мусоҳибаи Форс бо аллома Тиҷонии Самовӣ», вебгоҳи хабаргузории Форс.

Сарчашма

  • Тиҷонии Самовӣ, Сайид Муҳаммад, Суммаҳтадайту, маншуроти Мадинат-ул-илм, оятуллоҳ-ил-ъузмо ал-Хӯӣ, бе то.
  • «Чакидаи андешаҳо», вебгоҳи Бунёди Муҳаққиқи Таботабоӣ, дидашуда дар 25 обони 1399ҳ.ш.
  • «Зиндагиномаи Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ», вебгоҳи Маркази ҷаҳонии мустабсирин, дидашуда дар 25 обони 1399ҳ.ш.
  • «Маҷмуъаи китобҳои доктор Муҳаммади Тиҷонӣ», вебгоҳи Тибён, 6 обони 1389ҳ.ш, дидашуда дар 25 обони 1399ҳ.ш.
  • «Машруҳи мусоҳибаи Форс бо аллома Тиҷонии Самовӣ», вебгоҳи хабаргузории Форс, 29 меҳрмоҳи 1385ҳ.ш, дидашуда дар 25 обони 1399ҳ.ш.