Сухан гуфтани Худо бо Мусо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Такаллуми Худо бо Мусо)

Мақолаи сухан гуфтани Худо бо Мусо бо мақолоти Калимуллоҳ ва ояти 164-уми сураи Нисо иртибот дорад.

Сухан гуфтани Худо бо Мусо (форсӣ: سخن گفتن خدا با موسی) ба гуфтугӯи Худо бо Мусои набӣ ишора дорад, ки мегӯянд, ба таври мустақим ва бевоситаи фаришта анҷом гирифтааст.

Сухан гуфтани бевоситаи Худо бо Мусо (а)-ро махсуси ӯ ва фазилате барои ӯ шуморидаанд. Дар баъзе оятҳои Қуръон, монанди ояти 164-уми сураи Нисо ба сухан гуфтани Худо бо Мусо тасреҳ шудааст. Сифати калимуллоҳ (касе ки Худо бо ӯ сухан гуфт) махсуси Мусо (а) аст ва яҳудиёнро ба ҳамин хотир «калимӣ» хондаанд.

Баъзе аз олимони шиа ҳамчун Шайх Тусӣ муътақиданд, сухан гуфтани Худованд бо Мусо (а) як амри ҳақиқӣ будааст. Дар ривоёт, сухан гуфтани Худовандро бидуни истифода аз даҳону забон донистаанд.

Назароти мухталифе дар бораи чигунагии ин сухан гуфтан вуҷуд дорад: бархе муфассирони шиа муътақиданд, Худованд амвоҷи савтӣ ва калимотро дар фазо ё аҷсом офарид. Бархеи дигар аз муфассирон муътақиданд, Худованд барои мо чигунагии сухани гуфтанро зикр накардааст ва мо низ аз таъбирҳои Қуръон, чигунагии ин сухан гуфтанро ба даст намеоварем.

Иддае аз олимони мусулмон муътақиданд, илова бар Мусо (а), Худованд бо Паёмбари Ислом низ бевосита сухан гуфтааст.

Калимуллоҳ будани ҳазрати Мусо (а)

Тибқи ояти 164-уми сураи Нисо, Худованд бо Мусо (а) сухан гуфт: «کَلَّمَ الله مُوسی تَکْلیماً; Худованд бо Мусо сухан гуфт».[1] Дар ояти 144-уми сураи Аъроф низ сухан гуфтани Худованд бо Мусо зикр шудааст.[2] Ин навъ гуфтугӯро бархе олимони мусулмон[3] ва яҳудиён,[4] махсуси ҳазрати Мусо (а) ва фазилате барои ӯ баршумурдаанд.[5]

Сифати калимуллоҳро мухтасси Мусо (а) зикр карда[6] гуфтаанд, ҳамин сифат барои ҳазрати Мусо сабаб шуд яҳудиён «калимӣ» хонда шаванд.[7] Бархе олимони мусулмон муътақиданд, Худованд дар Меъроҷ бо Пайғамбари Ислом низ сухан гуфт ва ривоёт бар ин сухан гуфтан далолат доранд.[8] Инҳо муътақиданд, сухан гуфтани бевосита бо Худованд, махсуси Паёмбари Ислом (с) ва Мусо (а) будааст.[9]

Сухан гуфтани Худовандро сухан гуфтане бе доштани ҷисм донистаанд; зеро сухан гуфтан бо забон ва аз тариқи торҳои савтӣ, нишонаи ҷисм доштан аст, дар ҳоле ки Худованд ҷисм нест.[10] Имом Алӣ (а), дар зайли гуфторе, сухан гуфтани Худованд бо ҳазрати Мусо (а)-ро гуфторе бидуни ниёз ба аъзою ҷавориҳи моддӣ баён кардааст.[11] Имом Ризо (а) низ сухан гуфтани Худовандро бидуни истифода аз даҳону забон донистааст, ки бо сухан гуфтани махлуқот бо якдигар фарқ дорад.[12]

Ҳамчунин бубинед: Калимуллоҳ (лақаб)

Сухан гуфтани ҳақиқӣ ва бевосита

Ба бовари олимони мусулмон, гуфтугуи Худованд бо ҳазрати Мусо (а) мустақим[13] ва бевоситаи фиришта[14] будааст. Табарсӣ - нависандаи тафсири Маҷмаъ-ул-баён, дар фарқи сухан гуфтани Худо бо Мусо ва дигар паёмбарон гуфтааст, Худованд бо Мусо (а) бевосита сухан гуфт.[15] Дар ин навъ гуфтугу, калом ба мухотаб мерасад, аммо гӯяндаи калом дида намешавад; зеро парда ва монеъе вуҷуд дорад, ки аз дидани мутакаллим ҷилавгирӣ мекунад.[16]

Шайх Тусӣ сухан гуфтани Худованд бо Мусо (а)-ро ҳақиқӣ донистааст.[17] Бархе муфассирон таъкид бо калимаи «таклимо/ تَکْلیماً» дар ояти «وَ کَلَّمَ الله مُوسی تَکْلیماً»[18]-ро шоҳиди ҳақиқӣ будани сухан гуфтани Худованд гирифта гуфтаанд, наметавон ин сухан гуфтанро ба маънои маҷозии он донист.[19] Аз назари Аллома Таботабоӣ - нависандаи тафсири ал-Мизон низ сухан гуфтани Худованд бо Мусо як амри ҳақиқӣ буда ва асари сухан гуфтанҳои оддии монанди фаҳмондани манзури худ ба дигаронро доштааст, аммо монанди сухан гуфтанҳои оддӣ, ба воситаи забону ҳанҷара набудааст.[20]

Чигунагии сухан гуфтани Худо бо Мусо

Макорими Шерозӣ - олим ва муфассири шиа, бар ин бовар аст, ки сухан гуфтани Худо бо Мусо (а), ба васила офаридани амвоҷи савтӣ дар фазо ё аҷсом будааст.[21] Шайх Тусӣ ҳам навиштааст, Худованд каломро дар ҷисме аз аҷсом эҷод мекунад то ҳадафашро ба махлуқот бирасонад.[22] Бархеи дигар аз муфассирон низ нақл кардаанд, ки Худованд савту каломро офарид ва Мусо (а) онро шунид.[23]

Дар муқобил, Аллома Таботабоӣ муътақид аст, Худованд барои мо чигунагии сухани гуфтани худро зикр накардааст ва мо низ аз таъбирҳои Қуръон, чигунагии ин сухан гуфтанро ба даст намеоварем.[24] Муҳаммадҷавод Муғния - муфассири шиа, низ муътақид аст, Худованд дар хусуси чигунагии сухани гуфтан сукут карда ва онро тавзеҳ надодааст. Мо низ дар ин замина сукут мекунем ва аз моҳияти он сухан намегӯем.[25]

Эзоҳ

  1. Сураи Нисо, ояти 164.
  2. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.453.
  3. Шайх Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.394; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.267.
  4. “Лақаби ҳазрати Мусо ба форсӣ чӣ мебошад ва набуввати эшон чигуна буд?”, анҷумани калимиёни Теҳрон.
  5. Қаршӣ, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.470; Рашид Ризо, ал-Минор, 1990м., ҷ.3, саҳ.4.
  6. Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.202
  7. “Лақаби ҳазрати Мусо ба форсӣ чӣ мебошад ва набуввати эшон чигуна буд?”, анҷумани калимиёни Теҳрон.
  8. Бону Амин, Махзан-ул-ирфон дар тафсири Қуръон, 1361ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.379.
  9. Буруҷердӣ, Тафсири ҷомеъ, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.462.
  10. Макорими Шерозӣ, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, 1386ҳ.ш., саҳ.75.
  11. Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.79.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.152.
  13. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.495.
  14. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.452.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.218.
  16. Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.202.
  17. Шайх Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.240.
  18. Сураи Нисо, ояти 164.
  19. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.18.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.315 ва 316.
  21. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.363.
  22. Шайх Тусӣ, ар-Расоил-ул-ашр, 1414ҳ.қ., саҳ.95.
  23. Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.115.
  24. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316.
  25. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.495.

Сарчашма

  • Бону Амин, Махзан-ул-ирфон дар тафсири Қуръон, Теҳрон, Наҳзати занони мусулмон, 1361ҳ.ш.
  • Буруҷердӣ, Сайид Муҳаммадиброҳим, Тафсири ҷомеъ, Теҳрон, интишороти Садр, чопи шашум, 1366ҳ.ш.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Амр, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқ: Муҳаммадҳусайни Шамсиддин, Дорул-кутубил-илмийя, Бейрут, маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Қаййими Ҷавзӣ, Ҳодӣ-л-арвоҳ ило билод-ил-афроҳ, Бейрут, Оламулкутуб, бе то.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • "Лақаби ҳазрати Мусо ба форсӣ чӣ мебошад ва набуввати эшон чигуна буд?”, анҷумани калимиёни Теҳрон, таърихи боздид: 17 обони 1400ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1386ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, Миср, ал-Ҳайатул-мисрийятул-оммати лил-китоб, 1990м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-милок лил-табоъати вал-нашр, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Саййидмуҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дорол-улум, чопи дувум, 1423ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шоҳ Абдулазимӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, Тафсири Исноъашарӣ, Теҳрон, интишороти Миқот, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҳошими Ҳусайнӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ар-Расоил-ул-ашр, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.