Истиломи Ҳаҷар

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Табаррук ба санги сиёҳ)
Истиломи ҳаҷар

Ин мақола дар бораи ламси Ҳаҷар-ул-асвад аст. Барои ошноӣ бо худи Ҳаҷар-ул-асвад ва рукни он, Ҳаҷар-ул-асвад ва рукни Ҳаҷар-ул-асвадро бубинед.

Истиломи Ҳаҷар (арабӣ: استلام الحجر) ба маънои ламс кардани Ҳаҷар-ул-асвад ва бӯса намудани он ба қасди табаррук аст. Дар манобеи равоии шиа ва аҳли суннат, ба истиломи ҳаҷар тавсия шудааст ва фақеҳон онро мустаҳаб медонанд. Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) фалсафаи ин кор, шаҳодат додани Ҳаҷар-ул-асвад дар қиёмат ба вафодории шахс бо паймони Худо баён шудааст. Барои исботи ҷоиз будани табаррук ҷустан ва бусидани чизҳои муқаддас, ба истиломи Ҳаҷар истинод мешавад.

Вожашиносӣ

Истилом дар луғат ба маънои даст молидан ва бӯса намудан аст.[1] Ин калима дар фиқҳ дар маъноҳое чун ламс кардани Ҳаҷар-ул-асвад, Каъба ва аркони он ба кор меравад.[2] Манзур аз истиломи ҳаҷар ё истиломи Ҳаҷар-ул-асвад, ламс кардан, даст молидан ё бӯсидани ин санг аст.[3]

Ҳаҷар-ул-асвад

Мақолаи аслӣ: Ҳаҷар-ул-асвад

Ҳаҷар-ул-асвад, санги муқаддасе назди мусулмонон аст, ки дар рукни шарқии Каъба дар Масҷид-ул-ҳаром воқеъ шудааст.[4] Ранги ин санг сиёҳи сурхранг аст.[5] Ҳаҷар-ул-асвад, гузаштаи дарозе дорад ва пеш аз Ислом низ мавриди эҳтиром будааст.[6] Номи Ҳаҷар-ул-асвад дар Қуръон наёмадааст,[7] аммо мутобиқи ҳадисе аз Имом Содиқ (а), Ҳаҷар-ул-асвад яке аз оёти байинот аст,[8] ки дар Қуръон аз он сухан рафтааст.[9]

Ҳукми фиқҳӣ

Дар ривоёти шиа ва аҳли суннат ба истиломи ҳаҷар супориш шудааст.[10] Тибқи ривоятҳое аз Васоил-уш-шиа ва Саҳеҳи Бухорӣ, Пайғамбари Ислом (с) ҳангоми тавоф, Ҳаҷар-ул-асвадро ламс карда, мебӯсид.[11] Ҳамчунин ба гузориши Кулайнӣ Имом Содиқ (а) супориш кардааст, ҳангоми тавоф Ҳаҷар-ул-асвад ламс ва бӯсида шавад.[12]

Дар ривоёт, хондани дуо ҳангоми истилом ворид шудааст. Ҳангоми издиҳоми ҷамъият низ тибқи ҳадисе аз Имом Содиқ (а) дар сурати нотавонӣ аз бӯсидан, даст молидан кифоят мекунад ва агар имкони дастмолӣ низ вуҷуд надорад, ба Ҳаҷар-ул-асвад ишора шавад ва дар он ҳангом, дуои маъсур хонда шавад.[13] Бар асоси ин ривоёт, фақеҳони шиа ва суннӣ истиломро мустаҳаб медонанд.[14] Барои намуна Муҳаққиқи Ҳиллӣ аз истиломи ҳаҷар зери унвони мустаҳаботи тавоф сухан гуфтааст.[15]

Салафиҳо бо вуҷуди он ки истилом ва бӯсидани ҷисмҳои муқаддасро ширк медонанд,[16] истиломи рукн ва бӯсидани Ҳаҷар-ул-асвадро қабул мекунанд.[17] Истиломи ҳаҷар аз мавориде аст, ки барои исботи ҷоиз будани табаррук ҷустан ва бӯсидани чизҳои муқаддас ба он истинод шудааст.[18]

Ба фатвои фақеҳон, дар сурате, ки издиҳоми тавофкунандагон ба андозае бошад, ки истиломи ҳаҷар, сабаби тамоси бадани марду зан мешавад, истиломи ҳаҷар ҷоиз нест.[19]

Фалсафаи истиломи ҳаҷар

  • Таҷдиди паймони мардум бо Худованд

Дар китоби Кофӣ дар ривояте аз фалсафаи истиломи ҳаҷар сухан омадааст. Ба гузориши Кулайнӣ, Имом Содиқ (а) дар посух ба суоле дар бораи иллати ламс кардани Ҳаҷар-ул-асвад фармудааст: «Истиломи Ҳаҷар-ул-асвад ба ин хотир аст, ки вақте Худо аз бандагон паймон гирифт, Ҳаҷар-ул-асвадро аз биҳишт оварда, ба ӯ фармон дод, ки паймони бандагони Худоро дар худ нигаҳ дорад. Бинобар ин, ҳар касе ки паймонро нигаҳ дорад, Ҳаҷар-ул-асвад барояш гувоҳӣ медиҳад, ки паймонашро нашикаста ва ба он вафодор будааст!»[20]

  • Гувоҳӣ дар қиёмат

Имом Алӣ (а) дар ин бора мефармояд: «Худованд ин сангро дар рӯзи қиёмат зинда мекунад, дар ҳоле ки як забону ду лаб дорад ва гувоҳӣ медиҳад барои касоне ки бар аҳду паймони худ пойбанд буданд. Ин санг ба манзалаи дасти рости Худованд аст, ки ба василаи он, халқ бо ӯ байъат кунанд».[21]

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.298; Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зери калимаи «истилом».
  2. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.482.
  3. Ҳоҷи Манучеҳрӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1391ҳ.ш., саҳ.190.
  4. Ҳоҷи Манучеҳрӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1391ҳ.ш., саҳ.188.
  5. Парвозии Эзадӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1387ҳ.ш., саҳ.685.
  6. Ҳоҷи Манучеҳрӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1391ҳ.ш., саҳ.188.
  7. Парвозии Эзадӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1387ҳ.ш., саҳ.685.
  8. Дар сураи Оли Имрон, ояти 97; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.223.
  9. Парвозии Эзадӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1387ҳ.ш., саҳ.685 ва 686.
  10. Ҳоҷи Манучеҳрӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1391ҳ.ш., саҳ.190.
  11. Ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.316; Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.133.
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.403.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.403.
  14. Ҳоҷи Манучеҳрӣ, “Ҳаҷар-ул-асвад”, 1391ҳ.ш., саҳ.189 ва 190.
  15. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.243 ва 244.
  16. Ибни Қайими Ҷавзӣ, Иғосат-ул-лаҳафон мин масоид-иш-шайтон, мактабат-ул-ориф, ҷ.1, саҳ.194.
  17. Ибни Таймия, ар-Радду ала-л-Ахноӣ, қозӣ-л-моликия, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  18. Айнӣ, Умдат-ул-қорӣ, Дору эҳё-ит-турос, ҷ.9, саҳ.241 ба нақл аз Муҳиббуддини Табарӣ.
  19. Барои намуна ниг.: Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.168; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.278.
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.184.
  21. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.320 ва 321.

Сарчашма

  • Айнӣ, Маҳмуд ибни Аҳмад, Умдат-ул-қорӣ шарҳи ал-Бухорӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос, бето.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Қоҳира, Луҷнату эҳёи кутуб-ис-сунна, 1410ҳ.қ.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дорулқуръонилкарим, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Ибни Қайими Ҷавзӣ, Иғосат-ул-лаҳафон мин масоид-иш-шайтон, муҳаққиқ: Муҳаммад Ҳомид ал-Фақӣ, Риёз, Мактабат-ул-ориф, бето.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, ар-Радду ала-л-Ахноӣ, Қозӣ-л-моликия, муҳаққиқ: ад-Донӣ ибни Мунир Оли Заҳавӣ, Бейрут, ал-Мактабат-ул-асрия, 1423ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1390ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Наҷмиддин Муҳаммад ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Парвозии Эзадӣ, Наргис, “Ҳаҷар-ул-асвад”, донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.12, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот, Қум, Мактаби нашр-ул-мунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Ҳоҷи Манучеҳрӣ, Фаромарз, “Ҳаҷар-ул-асвад”, Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.20, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, чопи дуввум, 1391ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт, 1409ҳ.қ.