Ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ)
Ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ) (форсӣ: غیبت امام مهدی(عج)) аз боварҳои махсуси шиаи дувоздаҳимомӣ аст, ки ба зиндагии махфии Имом Маҳдӣ (аҷ), дувоздаҳумин имоми шиаён, ишора дорад.
Бинобар омӯзаҳои шиа, Имом Маҳдӣ (аҷ) ду ғайбат дорад: 1- ғайбати суғро, ки 69 сол тӯл кашидааст; 2 - ғайбати кубро, ки то замони зуҳури он ҳазрат идома хоҳад дошт. Ба бовари шиаён, Имом Маҳдӣ (аҷ) дар даврони ғайбати суғро аз тариқи афроде бо шиаён дар иртибот буд, ки ба онҳо нуввоби арбаъа мегӯянд. Аммо дар даврони ғайбати кубро иртиботи зоҳирии Имом бо мардум қатъ гардида ва шиаён барои умури динӣ бояд ба ровиёни ҳадис ва олимони шиа муроҷиа кунанд. Албатта дар ривоёти шиа, Имом дар даврони ғайбат ба хуршеди пушти абр ташбеҳ шудааст, ки ҳамвора мардум аз вуҷуди ӯ баҳра мебаранд. Дар бораи чароии ғайбат, дар ривоёти имомони шиа нукоте зикр шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо имтиҳони шиаён аст.
Олимони шиа барои табйини масъалаи ғайбат, китобҳои мутааддиде навиштаанд, ки машҳуртарини онҳо китоби Ғайбати Нуъмонӣ ва китоби Ғайбати Шайхи Тӯсӣ аст.
Мафҳумшиносӣ
Бовар ба ғайбати Имоми дувоздаҳум аз ақоиди махсуси шиаён дар муқобили аҳли суннат аст. Дар бовари шиаён, ғайбат ба зиндагии пинҳонии ҳазрати Маҳдӣ (аҷ), Имоми дувоздаҳуми шиа, гуфта мешавад.[1] Шиаён мӯътақиданд, Имом Маҳдӣ (аҷ) ба амри Худо то замони зуҳур, ки замони он мушаххас нест, дар ғайбат ба сар мебарад.[2]
Чигунагии ғайбат
Дар бораи шеваи ғайбати Имоми дувоздаҳум, эҳтимолоте баён шудааст:
- Пинҳон будани ҷисм (нопайдоӣ): ҷисми ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аз диди зоҳирии мардум пинҳон аст ва ин пинҳон будан аз тариқи эъҷоз сурат мегирад.[3] Бар асоси ин дидгоҳ, Имоми дувоздаҳуми шиаён, мардумро мебинад, вале мардум ӯро намебинанд. Ба гуфтаи Сайид Муҳаммади Садр ин назария, содатарин назарияи қобили қабул дар бораи пинҳон шудан ва раҳоии вай аз золимон аст.[4] Садр ҳамчунин бардошти фавқро бо маънои луғавии ғайбат ва ривоёте, ки Имом Маҳдиро дар даврони ғайбат ба хуршеди пушти абр ташбиҳ кардааст[5] ҳамхон донистааст.[6]
- Пинҳон будани унвон (ношиносӣ): ба бовари Сайид Ризо Садр, мурод аз ғайбат ин нест, ки Имоми дувоздаҳум дар кӯҳ, ғор ё ҷои дигаре пинҳон аст, балки мақсуд аз ғайбат ношинохта будани вай назди мардум аст.[7]
- Пинҳон будани ҷисм ва унвон: дар мавориде ҷисми Имоми дувоздаҳум аз диди мардум пинҳон аст ва дар мавориде тавассути мардум дида мешавад, аммо шинохта намешавад. Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, аз мароҷеъи тақлиди шиа, мӯътақид аст, ки бар асоси аҳодис ва низ ҳикоёти мулоқоти ашхос бо Имом Маҳдӣ метавон натиҷа гирифт, ки ғайбат ба ҳар ду шакл (нопадид шудан ва ношинос будан) вуқуъ дорад, балки гоҳе дар замони воҳид ҳар ду шакл воқеъ шудааст.[8]
Ғайбати суғро ва ғайбати кубро
Ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ) ба ду давра тақсим шудааст; даврае кӯтоҳмуддат, ки ғайбати суғро номида шуда ва даврае тӯлонӣ, ки ғайбати кубро хонда мешавад. Шайхи Муфид аз ин ду ғайбат ба ғайбати қусро (кӯтоҳтар ё суғро) ва ғайбати тӯло (тӯлонитар ва ё ҳамон кубро) ёд кардааст.[9] Имоми Замон (а) дар номае, ки ба охирин ноибаш Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ шаш рӯз пеш аз марги ӯ навишта, аз ғайбати кубро ба унвони «ал-ғайбат-ут-томма» ёд кардааст ва онро ба ғайбате, ки дигар зуҳуре дар он нест, то изни Илоҳӣ содир гардад, тафсир кардааст.[10]
Ғайбати суғро
Мақолаи аслӣ: Ғайбати суғро
Ғайбати суғро, нахустин марҳала аз зиндагии махфиёнаи Имоми дувоздаҳум аст, ки дар соли 329ҳ.қ.ба поён расидааст. Ин давра бинобар ихтилоф дар бораи замони оғози он 69 ё 74 сол тӯл кашидааст. Гурӯҳе аз олимони шиа ҳамчун Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) дар китоби ал-Иршод[11] ва Табарсӣ (ваф.548ҳ.қ.) дар китоби Эълом-ул-варо муддати ғайбати суғроро 74 сол ва замони оғози онро соли 255ҳ.қ. (соли таваллуди Имом Маҳдӣ (аҷ)) донистаанд.[12] Аммо гурӯҳи дигар оғози ғайбати суғроро соли 260ҳ.ш. (соли шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ ва соли оғози имомати Имом Маҳдӣ (аҷ)) медонанд ки 69 сол тӯл кашидааст.[13]
Дар даврони ғайбати суғро Имом Маҳдӣ аз тариқи нуввоби арбаъа бо шиаён дар иртибот буд.[14] Шиаён номаҳо ва дархостҳои худро аз тариқи нуввоб ба Имом Маҳдӣ (аҷ) мерасонанд ва аз ҳамин тариқ низ посухи худро дарёфт мекарданд.[15] Талош барои нуфӯзи бузургони шиа дар дастгоҳи хилофати аббосӣ, мубориза бо ғулот ва муддаиёни дуруғини ниёбату ваколат ва сомондиҳии созмони ваколатро аз фаъолиятҳои нуввоб баршумурдаанд.[16]
Ғайбати кубро
Мақолаҳои аслӣ: Ғайбати кубро ва Ниёбати омма
Ғайбати кубро дуюмин марҳала аз зиндагии пинҳонии Имом Маҳдӣ (аҷ) аст, ки аз соли 329ҳ.қ. ва бо даргузашти Алӣ ибни Муҳаммади Самурӣ чорумин ноиби он ҳазрат оғоз шудааст ва то замони зуҳӯри ӯ идома хоҳад дошт. Дар ин давраи Имом Маҳдӣ (аҷ) иртиботи зоҳирӣ бо шиаён надорад ва фарди хоссеро низ ба унвони намояндаи худ таъйин накардааст. Бо ин ҳол ба бовари шиаён ровиёни ҳадис ва олимони шиа дар ин давра ноибони омми ҳазрат ҳастанд. Бар асоси тавқиъи Имом Маҳдӣ (аҷ) ба Исҳоқ ибни Яъқуб шиаён бояд дар масоили навпадид ба ровиёни ҳадис (фуқаҳои шиа) муроҷиа кунанд.[17] Бо ин ҳол дар бораи қаламрави ихтиёроти фақиҳ дар давраи ғайбати кубро ихтилофи назар вуҷуд дорад.[18] Имом Хумайнӣ бо истинод ба ин тавқиъ гуфтааст, ки дар давраи ғайбат ҳамаи умури ҷомеъаи исломӣ бояд ба фақиҳон супурда шавад.[19]
Фарқи замони ғайбати суғро ва ғайбати кубро, вуҷуди ноибони чоргона ва воситаҳои иртиботист, ки дар замони ғайбати суғро, ӯҳдадори иблоғи паёмҳои ҳазрат будаанд ва пас аз он, иртиботи зоҳирии Имоми дувоздаҳум бо умуми мардум ба куллӣ қатъ мешавад.[20]
Авзоъи ҷомеаи шиа дар ибтидои ғайбат
Дар замони Имом Ҳасани Аскарӣ (а) машҳур буд ки шиаён дар интизори қиёми фарзанди ӯянд.[21] Ба ҳамин ҷиҳат, дастгоҳи хилофати аббосӣ дар ҷустуҷӯи фарзанди он ҳазрат буд. Имом Аскарӣ фарзандашро фақат ба чанд тан аз асҳобу хешони наздики худ муаррифӣ кард.[22] Барои ҳамин аксари шиаён дар ҳангоми шаҳодати Имом Аскарӣ аз вуҷуди фарзанде барои он ҳазрат хабар надоштанд.[23] Аз сӯи дигар Имом Аскарӣ (а) ба хотири шароити сиёсӣ, дар васиятномаи худ танҳо аз модараш ном бурда буд ва ин боис шуд, ки дар яке ду соли аввали пас аз шаҳодати ӯ, бархе шиаён муътақид шаванд модари Имом Аскарӣ дар даравони ғайбат ба сӯрати ниёбат ӯҳдадори мақоми имомат аст.[24]
Пас аз шаҳодати Имом Аскарӣ (а), бархе аз ёрони он ҳазрат ба раёсати Усмон ибни Саиди Амрӣ (ваф. байни 260 то 267ҳ.қ.) ба ҷомеъаи шиа эълом карданд, ки Имом Аскарӣ фарзанде аз худ ба ҷой ниҳода ки акнун ҷонишини ӯ ва мутасаддии мақоми имомат аст.[25] Бо ин ҳол Ҷаъфар бародари Имом Аскарӣ, бо он ки модари Имом Аскарӣ зинда буд, муддаии мероси он ҳазрат шуд.[26] Модари Имом Аскарӣ (а) ва Ҳакима аммаи вай, аз имомати фарзанди Имом Аскарӣ тарафдорӣ мекарданд, вале хоҳари Имом Аскарӣ, аз имомати бародараш Ҷаъфар пуштибонӣ менамуд.[27] Ҳамчунин хонадони Навбахт, Усмон ибни Саид ва писарашро дар мақоми ниёбати Имом Маҳдӣ (а) ба расмият мешинохтанд.[28] Ин вазъият боиси саргардонии бархе аз шиаён шуд.[29] Иддае ба соири фирқаҳои шиъӣ пайвастанд.[30] Дастае реҳлати Имом Аскариро напазируфтанд ва ӯро Маҳдӣ донистанд. Гурӯҳе имомати Сайид Муҳаммад фарзанди Имом Ҳодӣ (а)-ро пазируфтанд ва имомати Имом Аскариро мункир шуданд.[31] Гурӯҳи дигар Ҷаъфари Каззобро ба унвони имом ба расмият шинохтанд.[32] Аммо ниҳоятан аксарияти шиа ба имомати Имом Маҳдӣ гаравиданд ва ҳамин ҷараён баъдҳо раҳбарии аслии шиаёни имомиро бар ӯҳда гирифт.[33]
Фалсафа ва иллати ғайбат
Ба бовари пажӯҳишгарони шиа, ҳамаи асрор ва сабабҳои ғайбат бар мо равшан нест; чунонки дар бархе ривоёт, ҳикмати аслии ғайбати Имом, аз розҳои Худо дониста шудааст, ки пас аз зуҳӯр ошкор хоҳад шуд.[34] Бо ин ҳол дар ривоёт бар чанд мавзуъ таъкид шудааст:
- Ҳифзи ҷони ҳазрати Маҳдӣ (аҷ);[35]
- Имтиҳон ва озмоиши мардум;[36] дар ривояте аз Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) омадааст, ки Худованд ба василаи ғайбат, бандагони хешро озмоиш мекунад.[37] Бинобар бархе аз аҳодис озмоиш дар рӯзгори ғайбат, аз сахттарин озмоишҳои Илоҳӣ аст[38] ва ин сахтӣ аз ду ҷиҳат аст:
- Тӯлонӣ шудани ғайбат боиси шакку тардиди мардум мешавад, то ҷое гурӯҳе аз мардум дар асли таваллуд ва бархе дар давоми умри Имом Маҳдӣ шак мекунанд ва фақат афроди озмуда, мухлис ва дорои шинохти амиқ, бар имону ақида ба имомати он ҳазрат боқӣ мемонанд.[39]
- Сахтиҳо ва пешомадҳои ногуворе, ки дар даврони ғайбат рух медиҳад, мардумро дигаргун месозад, ба тавре ки ҳифзи имон ва истиқомат дар дин, сахт душвор мегардаду имони мардум дар маърази хатарҳои шадид қарор мегирад.[40]
- Набудани байъате бар ӯҳдаи Имом бо ҳеҷ кадом аз золимон то ҳангоми зуҳур[41] ба нақли бархе ривоёт, пешвои дувоздаҳум, ҳеҷ ҳукумати ситамгареро ҳатто аз рӯи тақия, ба расмият намешиносад. Ӯ маъмур ба тақия аз ҳеҷ ҳоким ва султоне нест ва таҳти салтанати ҳеҷ ситамгаре дар нахоҳад омад ва аҳкоми дини Худоро ба таври комил ва бе ҳеҷ пардапӯшию биму мулоҳизае иҷро мекунад.[42]
- Адаб кардани инсонҳо;[43]
- Фароҳам набудани заминаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои ҷаҳонӣ шудани Ислом.
Масаълаи ғайбат дар даврони гузашта дар бораи бархе аз паёмбарон вуҷуд доштааст.[44] Бар асоси оёти Қуръон, теъдоде аз паёмбарон, монанди Солеҳ, Юнус,[45] Мӯсо,[46] Исо ва ҳазрати Хизр (а) ба сабабҳое монанди имтиҳони уммати худ, аз мардум пинҳон шуданд. Дар бархе аз ривоёт аз ғайбати паёмбарон ба унвони суннати Илоҳӣ ёд шуда ки дар миёни умматҳо ҷараён доштааст.[47]
Ба гуфта Шайхи Тӯсӣ мардум низ дар ғайбат нақш доштанд. Мардумон (мукаллафон) бо рафторашон ва тарсондани Имом эҷоди ноамнӣ барои ӯ ва таслими ӯ набудан, заминаи ғайбатро фароҳам сохтанд ва худро аз файзи Имому иртиботи ҳузурӣ ва зоҳирӣ бо ӯ маҳрум карданд.[48] Хоҷа Насируддини Тӯсӣ - файласуф ва мутакаллими шиа, низ дар китоби Таҷрид-ул-эътиқод, ғайбати Имомро ба мардум нисбат додааст.[49]
Осори мактуб дар бораи ғайбат
Дар бораи ғайбати Имом Маҳдӣ китобҳое навишта шудааст. Китобҳое ҳамчун "ал-Ғайба" навиштаи Нӯъмонӣ (навишта шуда дар соли 342ҳ.қ.), "Камол-уд-дин" навиштаи Шайхи Садуқ (ваф. 381ҳ.қ.), "ал-Ғайба" навиштаи Шайхи Тӯсӣ аз қадимитарин осор дар ин мавзуъ ба шумор меоянд.[50] Бархе дигар аз осоре ки дар ин бора навишта шудааст иборатанд аз:
- Китоби "The Occultation of the Twelfth Imam, A Historical Background" асари Ҷосим Ҳусайн аст. Нависанда дар ин китоб бо нигоҳии таърихӣ ба маҳдавият ва ҳамчунин ба таърихи созмони ваколат ва нақши он дар даврони ғайбати суғро мепардозад. Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ онро ба бо унвони Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум ба форсӣ баргардонд.
- Арбау рисолоти фи-л-ғайба: асари Шайхи Муфид ва шомили чор рисола ба шеваи пурсишу посух дар бораи Имом Маҳдӣ (а) аст. Дар рисолаи чорум иллати ғайбати Имоми Маҳдӣ баррасӣ шудааст.
- Ал-Фусул-ул-ашарати фи-л-ғайба ё "ал-Масоил-ул-ашри фи-лғайба" асари Шайхи Муфид аст, ки даҳ шубҳа дар бораи ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро посух додааст.
- "Мавсуат-ул-имом ал-Маҳдӣ" маҷмӯъае чорҷилдӣ дар мавзуи маҳдавият аст, ки тавассути Сайид Муҳаммади Садр (ваф. 1377ҳ.ш.) аз олимони шиаи аҳли Ироқ таълиф шудааст. Ҷилди аввали ин асар "Таърих-ул-ғайбат-ис-суғро" ва ҷилди дувуми он "Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро" ном дорад. Ду ҷилди дигар дар бораи даврони пас аз ғайбат аст.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.61; Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.164
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Посухи даҳ пурсиш,1375ҳ.ш., саҳ.71; Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.32 - 31
- ↑ Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.32 - 31
- ↑ Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.39
- ↑ Садр, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, 1412ҳ.қ., саҳ.32 - 31
- ↑ Садр, Роҳи Маҳдӣ (аҷ),1378ҳ.ш., саҳ.78
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Посухи даҳ пурсиш,1375ҳ.ш., саҳ.70
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.395
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варои биаълом-ил-ҳудо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259 - 260
- ↑ Садр, Таърих-ул-ғайбат-ис-суғро,1412ҳ.қ., саҳ.339 - 342
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.173 - 174
- ↑ Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хоси Имоми Замон, 1379ҳ.ш., саҳ.86 ва 87
- ↑ Ҷабборӣ, «Баррасии татбиқии созмони даъвати аббосиён ва созмони ваколати имомия (мароҳили шаклгирӣ ва авомили пайдоиш)», саҳ.75-104; Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.109, 225 ва 226
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Машруият ва зарурати иҷрои ҳудуди исломӣ дар замони ғайбат, 1430ҳ.қ., саҳ.10
- ↑ Ниг.: Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.635
- ↑ Садр, Таърих-ул-ғайбат-ис-суғро,1412ҳ.қ., саҳ.341 - 345
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336
- ↑ Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1377ҳ.ш., саҳ.102
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1355ҳ.ш., саҳ.105; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.507
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., саҳ.92 - 93
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1426ҳ.қ., саҳ.345
- ↑ Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул, 1388ҳ.ш., саҳ.161 - 162
- ↑ Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул, 1388ҳ.ш., саҳ.162
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.426, 429, 487
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408
- ↑ Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.197, поварақии 2
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1355ҳ.ш., саҳ.107 - 109; Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, саҳ.110114; Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408
- ↑ Сайиди Муртазо, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.321
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.282
- ↑ Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.177; Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.334
- ↑ Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.205; Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.339
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.204
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.203 - 207
- ↑ Файзи Кошонӣ, фасли 1, боби 8, саҳ.101
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.202
- ↑ Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.171, 191; Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.292
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.480
- ↑ Нӯъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.141
- ↑ Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1388ҳ.ш., саҳ.41
- ↑ Анбиё, ояти 87
- ↑ Бақара, ояти 51
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7
- ↑ Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.221
- ↑ Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1395ҳ.ш., саҳ.38 - 39
Сарчашма
- Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Машкур, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1361ҳ.ш.
- Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1400ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
- Мударрисии Таботабоӣ, Сайид Ҳусайн, Мактаб дар фароянди такомул: назаре бар татаввури мабоонии фикрии ташайюъ дар се қарни нахустин, тарҷумаи Ҳошими Эзадпаноҳ, Теҳрон, Кавир, 1388ҳ.ш.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиъа, тасҳеҳи Муҳаммадсодиқ Оли Баҳрулъулум, Наҷаф, 1355ҳ.қ.
- Нӯъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
- Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-ғайбат-ил-кубро, аз маҷмӯъаи Мавсуат-ул-имом ал-Маҳдӣӣ (ҷи 2), Бейрут, 1412ҳ.қ. /1992.
- Садр, Сайид Муҳаммад, Таърих-ул-ғайбат-ис-суғро,Бейрут, 1412ҳ.қ.
- Садр, Сайид Ризо, Роҳи Маҳдӣ (аҷ),ба иҳтимоми Сайид Боқири Хусравшоҳӣ, Қум, Бӯстони китоб, 1378ҳ.ш.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Фусул-ул-мухторати мин-л-ъуюни ва-л-маҳосин, Қум, 1413ҳ.қ.
- Салимиён, Худомурод, Дарсномаи маҳдавият (2): ҳазрати Маҳдӣ ва даврони ғайбат, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии мавъуд, 1388ҳ.ш.
- Собирӣ, Ҳусайн, Таърихи фирақи исломӣ, Теҳрон, 1390ҳ.ш.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Посухи даҳ пурсиш,Қум, муассисаи интишороти ҳазрати Маъсума, 1375ҳ.ш./1417ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варои би аълом-ил-ҳудо, Қум, 1417ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, Таърихи ҳадиси шиа: асри ғайбат, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1395ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Хоҷа Насируддин, Таҷрид-ул-эътиқод, тасҳеҳи Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммадҷавод, Машруият ва зарурати иҷрои ҳудуди исломӣ дар замони ғайбат, Қум, 1430ҳ.қ.
- Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳасан, Наҳҷ-ул-вилоя: баррасии мустанад дар шинохти Имоми Замон алайҳиссалом, Қум, нашри Қиём, бе то.
- Ҳусайн, Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амири Кабир, 1377ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нӯъмон, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ъибод, Қум, 1426ҳ.қ./1384ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, Теҳрон, 1395ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, тасҳеҳи Ибодуллоҳи Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмади Носеҳ, Қум, 1411ҳ.қ.