Ояти Салавот

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Салавот дар Қуръон)
Ояти салавот
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти салавот
Воқеъ дар сураиАҳзоб
Шумораи оят56
Ҷузъ22
Дар бораиСалавот бар Пайғамбар

Ин мақола дар бораи ояти 56 сураи Аҳзоб аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми салавот мадхали салавотро бубинед.

Ояти Салавот (арабӣ: آية الصلوات) (Аҳзоб: 56) ба салавот фиристодани Худованд ва фариштагон бар Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ишора дорад ва аз мӯъминон низ мехоҳад, ки бар Пайғамбар (с) салавот бифиристанд. Бисёре аз шиаён бо шунидани ин оят, салавот мефиристанд. Қироати ояти мазкур дар таъқиботи намози шом тавсия шудааст.

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, салавот фиристоданро табаият аз Худованд ва малоика донистааст ва Макорими Шерозӣ дар китоби Паёми Қуръон, бо такя бар ривоёте, ки дар китобҳои ҳадисӣ ва тафсирии аҳли суннат нақл шуда, салавот бар хонадони Пайғамбар (с)-ро ҷузъе аз салавоти зикршуда дар ояти 56 сураи Аҳзоб муаррифӣ кардааст.

Матн ва тарҷума

Қироати ин оят ба унвони таъқиботи намози шом, пас аз зикри тасбеҳи ҳазрати Заҳро (с), дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид асари Шайхи Тӯсӣ тавсия шуда[1] ва дар "Мафотиҳ-ул-ҷанон", навиштаи Шайх Аббоси Қумӣ низ ба нақл аз "Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид" зикр шудааст.[2] Аз ин рӯ дар Эрон, ин оят пас аз намози ҷамоат тавассути фарде бо овози баланд қироат мешавад ва намозгузорон се бор салавот мефиристанд.[ниёзманди манбаъ]

Тафсир

Аллома Таботабоӣ, муффасири шиаи қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, дар тафсири ал-Мизон, бо такя бар қисмате аз ривоёти нақлшуда тавассути шиа ва аҳли суннат гуфтааст, равиши салавот он аст, ки мӯъминон аз Худованд бихоҳанд бар Пайғамбар ва Олаш салавот бифиристад.[3] Ӯ ҳамчунин бар он аст, ки салавот фиристодани мӯъминон, табаият аз салавот фиристодани Худованду малоика бар Пайғамбар (с) аст ва ҳокӣ аз таъкид бар наҳйе, ки дар ояти баъдӣ[4] омадааст, ки озордиҳандагони Худо ва Расулашро лаънатшудагони дунёву охират хондааст, мебошад.[5] Дар ривояте Имом Козим (а) дар посух ба суоле дар бораи маънои салот(дуруд)-и Худо, малоика ва мӯъминон бар Пайғамбар (с) фармудааст, ки салоти Худо раҳмати Ӯст ва салоти фариштагонаш ситоиш ва мадҳи онҳо барои Пайғамбар аст ва салоти мӯъминин дуое аст барои ӯ.[6] Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлид дар китоби "Паёми Қуръон", салавот фиристодан бар Ол; яъне хонадон ва хешовандони Пайғамбар (с)-ро низ бар асоси ривоёти шиаву суннӣ, бахше аз салавот дониста ва дар ин замина ривоётеро зикр кардааст, ки дар китобҳои ҳадисӣ ва тафсирии аҳли суннат нақл шудааст;[7] аз ҷумла китоби Саҳеҳ Бухорӣ,[8] Саҳеҳ Муслим,[9] тафсири Дурр-ул-мансур[10] ва тафсири Табарӣ.[11]

Бинобар ривояте, ки Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар тафсири "Маҷмаъ-ул-баён" аз Имом Содиқ (а) зикр кардааст, агар касе бар Пайғамбар (с) салавот бифиристад, фариштагон даҳ бор бар ӯ салавот мефиристанд ва даҳ гуноҳ аз ӯ пок мекунанд ва даҳ ҳасана барои ӯ менависанд.[12]

Далолат бар воҷиб будани салавот

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлид ва муффасирони шиа, ояти 56 сураи Аҳзоб бар ин далолат дорад, ки як бор салавот фиристодан бар Пайғамбар (с) дар тамоми умр, воҷиб аст.[13] Ҳамчунин аз шайх Мансур Алӣ Носиф аз уламои аҳли суннат ва нависандаи китоби «ат-Тоҷ-ул-ҷомеъ ли-л-усул», нақл шудааст, ки ба иттифоқи уламо, зоҳири оят ин аст, ки салавоту салом бар Пайғамбар (с) воҷиб аст.[14]

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1418ҳ.қ., саҳ.85.
  2. Шайх Аббоси Қумӣ, Куллиёти мафотиҳ-ул-ҷанон, интишороти Усва, саҳ.17.
  3. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.338.
  4. Сураи Аҳзоб, ояти 57.
  5. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.338.
  6. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.156.
  7. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1381ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.399 - 403.
  8. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1419ҳ.қ., саҳ.937, ҳадиси 4797.
  9. Муслими Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305, б17, ҳадиси 65.
  10. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.646 - 647.
  11. Табарӣ, Тафсири Ҷомеъ-ул-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.176.
  12. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.579.
  13. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмӯъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.200.
  14. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмӯъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.200 - 201.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Арабистони Саъудӣ, Байтул-афкориддувалия ли-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1419ҳ.қ./1998м.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, тафсири ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир-ил-маъсур, ҷ.6, Бейрут, Дорулфикр, 1420ҳ.қ./2000м.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1418ҳ.қ./1998м.
  • Шайх Аббоси Қумӣ, Куллиёти мафотиҳ-ул-ҷанон, бе ҷо, интишороти Усва: вобаста ба созмони Ҳаҷ ва авқоф ва умури хайрия, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Тафсири Ҷомеъ-ул-баён ан таъвили ой-ил-Қуръон, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин ат-Туркӣ, бе ҷо, Доруҳиҷр, 1422ҳ.қ./2001м.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1393ҳ.қ./1973м.
  • Муслими Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёилкутуб-ил-арабия, 1412ҳ.қ./1991м.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмӯъминин алайҳиссалом, Теҳрон, Дорулкутубилъилмия, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва ҳамкорон, Паёми Қуръон: равиши тозае дар тафсири мавзӯии Қуръон, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1381ҳ.ш.