Сайидуссоҷидин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайидуссоҷидин (лақаб))

Ин мақола дар бораи лақаби Сайидуссоҷидин аст. Барои иттилоъ аз Имоми чаҳоруми шиаён Имом Саҷҷод алайҳиссаломро бубинед.

Сайидуссоҷидин (арабӣ: سَیّدُ السّاجِدین) аз алқоби Имом Зайнулъобидин (а) чаҳорумин имоми шиаён, ба маънои сарвари саҷдакунандагон аст.[1]

Шайх Садуқ дар китоби Илал-уш-шароиъ, саҷдаҳои зиёди Имомро далел оварда ва дар ҳадисе аз Имом Боқир (а) нақл кардааст ки: падарам (Алӣ ибни-л-Ҳусайн) ҳеҷ гоҳ неъматеро ёд намекард, магар ин ки саҷдаи шукрро анҷом медод ва ояти Қуръонро намехонд, ки дорои саҷда буд, магар ин ки саҷда ба ҷо меовард ва ҳар гоҳ Худованд, хатаре ё макри ҳилагареро аз ӯ бартараф месохт, ба саҷда меафтод ва ҳар вақт аз намоз фориғ мешуд, саҷда мекард ва замоне, ки муваффақ мешуд байни ду нафарро ислоҳ кунад, сар бар саҷда мегузошт ва осори суҷуд, дар аъзои саҷдаи ӯ намоён буд; пас ба ин иллат Саҷҷод номида шуд.[2]

Сайид Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ - муҳаддиси шиа (ваф.1112ҳ.қ.), далели эътои лақаби Сайидуссоҷидинро ҳамин ривоят баён кардааст.[3] Боқиршарифи Қарашӣ - пажӯҳишгари шиа (ваф.1433ҳ.қ.) ҳам гуфтааст, ки дар таърихи Ислом, танҳо Имом Саҷҷод ба Сайидуссоҷидин мулаққаб шудааст.[4]

Имом Саҷҷод (а) ки бар асари саҷдаи зиёд, дар пешонӣ[5] ва дигар аъзои саҷдааш осоре монда буд, зуссафинот меномиданд.[6] Ба гуфтаи Аҳмад ибни Абияъқуб - таърихнигори қарни сеюми қамарӣ, Алӣ ибни Ҳусайн (а) ҳар шабонарӯз 1000 ракъат намоз мехонд.[7]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Абиссалҷ, Таъриху Аҳли-л-Байт, 1410ҳ.қ., саҳ.131.
  2. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
  3. Ҷазоирӣ, Риёз-ул-аброр, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13.
  4. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Зайинулъобидин, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.187.
  5. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.303.
  6. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  7. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.303.

Ёддошт

Сарчашма

  • Ибни Абиссалҷ, Таъриху Аҳли-л-Байт, Қум, Олулбайт, 1410ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом Зайинулъобидин, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1409ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, 1385ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Сайиднеъматуллоҳ, Риёз-ул-аброр, Бейрут, муассисатул-таърихил-арабӣ, 1427ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.