Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 2 сураи Ҷумъа

Аз wikishia
Ояти 2 сураи Ҷумъа
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураисураи Ҷумъа
Шумораи оят2
Ҷузъ28
Макони нузулМадина
Дар бораиҳадафҳои беъсати Паёмбар (с)
Оёти муртабитояти 129 сураи Бақара


Ояти 2 сураи Ҷумъа (форсӣ: آیه ۲ سوره جمعه) ҳадафҳои беъсати Пайғамбари Ислом (с)-ро тиловати оёти Илоҳӣ, тазкия ва таълими китобу ҳикмат баён мекунад. Ба гуфтаи баъзе муфассирон, чунки оят дар мақоми баёни шеваи тарбияи муъминон тавассути Пайғамбар (с) аст, тазкия пеш аз таълими китоб ва ҳикмат омадааст. Ин оят ҳамчунин ба беъсати Пайғамбар (с) дар миёни қавме ишора дорад, ки ононро бесавод ва бидуни пайғамбар ва бидуни китоби осмонӣ донистааст; мардуме, ки пеш аз беъсат дар гумроҳии ошкоре ба сар мебурданд.

Ҳадаф аз беъсати Пайғамбари Ислом

Ояти 2 сураи Ҷумъа, ҳадафи беъсати Пайғамбари Ислом (с)-ро тиловати оёти Илоҳӣ, тазкияи нафус ва таълими китобу ҳикмат баён мекунад.[1] Ин оят, беъсати Пайғамбар (с)-ро дар миёни уммиён дониста ва вазъи ононро пеш аз беъсат, гумроҳии ошкор тавсиф мекунад. Баъзе муфассирон, уммиёнро қавми китоби осмонӣ надошта[2] ва гурӯҳе дигар, ононро афроди нотавон аз хондан ва навиштан[3] донистаанд. Баъзе аз муфассирон, беъсати Пайғамбар (с) дар миёни чунин қавмро аз нишонаҳои аҳамият ва бузургии рисолати ӯ донистаанд.[4]

Гурӯҳе аз муфассирон ояти 2 сураи Ҷумъаро иҷобати дуои ҳазрати Иброҳим (а) дар ояти 129 сураи Бақара донистаанд, ки дар он аз Худо дархост карда буд, ки дар миёни зуррияти ӯ пайғамбаре бифиристад.[5]

Ҳикмат дар ин оят ба маъонии гуногуне тафсир шудааст; аз ҷумла маорифи Қуръон,[6] фароиз, аҳкоми шаръӣ,[7] далоили ақлӣ ва асрори аҳкоми ислом.[8] Таъбири «лафӣ залолин мубин, (дар гумроҳии ошкор)» низ ба вазъи ҷомеаи араб пеш аз беъсат ишора дорад; ҷомеае, ки дар он ширк, бутпарастӣ, ҷангу хунрезӣ, ғоратгарӣ ва баъзе боварҳо ва рафторҳои нодуруст, мисли зинда ба гӯр кардани духтарон, маъмул буд.[9]

Аввал тазкия баъд илм

Мазмуни ояти 2 сураи Ҷумъа дар оёти 129 ва 151 сураи Бақара, ояти 164 сураи Оли Имрон низ омадааст.[10] Дар баъзе аз ин оёт, тазкия пеш аз таълим ва дар баъзе дигар таълим пеш аз тазкия зикр шудааст.[11]

Аллома Таботабоӣ, муфассири шиа, муқаддам будани тазкия дар ояти 2 сураи Ҷумъаро ба шеваи тарбияи муъминон тавассути Пайғамбар (с) марбут донистааст. Ба гуфтаи ӯ, дар тарбияи амалӣ, поксозии нафс ва таҳзиби ахлоқ бар омӯзиши улум ва маориф муқаддам аст.[12] Ӯ дар бораи баъди таълим омадани тазкия дар ояти 129 сураи Бақара низ гуфтааст, ки ҳазрати Иброҳим (а) аз Худованд хоста буд, ки ба зуррияти ӯ китобу ҳикмат биёмӯзад. Ба гуфтаи ӯ, инсон аввал бояд аъмоли солеҳ ва ахлоқи некро бишносад ва ба онҳо амал кунад, то ба тадриҷ ба тазкия бирасад.[13]

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, аз муфассирони шиа, пешу пас будани таълим ва тазкия дар ин оятҳоро нишонаи таъсири дуҷонибаи он ду донистааст. Ба гуфтаи ӯ, таълими саҳеҳ ба тазкия ва рушди ахлоқӣ меанҷомад ва тазкия низ заминаи афзоиши илму донишро фароҳам мекунад.[14]

Маънои уммӣ ва намунаҳои он

Баъзе муфассирон, таъбири «Расулан минҳум; (Фиристодае аз миёни худашон)» дар ояти 2 сураи Ҷумъаро ишора ба уммӣ будани Пайғамбари Ислом (с) донистаанд. Ба гуфтаи онон, Пайғамбар (с) мисли мардуми замони худ тавоноии хондан ва навиштан надошт, то равшан шавад, ки маорифи Қуръонро аз дигарон наомӯхта ва маншаи он ваҳйи Илоҳӣ аст.[15] Дар муқобил, Сайид Ҳошими Баҳронӣ, аз муфассирони шиа, бо истинод ба ривояте, тавоноии Пайғамбар (с) дар хондан ва навиштан ба 72 ё 73 забонро нақл кардааст.[16] Ӯ дар ривояте дигар, уммиро мансуб ба Макка донистааст; зеро Макка уммулқуро (ба маънии модари шаҳрҳо) номида шуда ва аз ин рӯ Пайғамбар (с), уммӣ хонда шудааст.[17]

Дар бораи намунаи уммиён низ дидгоҳҳои гуногуне вуҷуд дорад. Баъзе муфассирон, ононро араб донистаанд; зеро бештари онон тавоноии хондан ва навиштан надоштанд.[18] Баъзе дигар, уммиёнро касоне донистаанд, ки китоби осмонӣ ва пайғамбар надоштанд ва аз ин ҷиҳат нисбат ба маорифи Илоҳӣ уммӣ шумурда мешуданд, ҳарчанд метавонистанд тавоноии хондан ва навиштан дошта бошанд.[19] Гурӯҳе низ аҳли Маккаро мисоли уммиён донистаанд.[20]

Эзоҳ

  1. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.21, саҳ.29.
  2. Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.2, саҳ.366.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.24, саҳ.105.
  4. Деҳқон, Насими раҳмат, саҳ.488.
  5. Деҳқон, Бо Қуръон дар Макка ва Мадина, саҳ.39.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.265.
  7. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.30, саҳ.538.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.24, саҳ.107.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.24, саҳ.108.
  10. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, ҷ.7, саҳ.452.
  11. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, ҷ.1, саҳ.18.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.265.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.19, саҳ.265.
  14. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, ҷ.1, саҳ.19.
  15. Мишкинии Ардабилӣ, Тафсири равон, ҷ.8, саҳ.187.
  16. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ҷ.5, саҳ.374.
  17. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ҷ.5, саҳ.374.
  18. Қумии Машҳадӣ, Тафсири канз-уд-дақоиқ, ҷ.13, саҳ.244.
  19. Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.2, саҳ.366.
  20. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.10, саҳ.428.

Сарчашма

  • Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1363ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, муҳаққиқ: Бунёди беъсат, Воҳиди таҳқиқоти исломӣ, Қум, Муассисат-ул-беъса, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Деҳқон, Акбар, Насими раҳмат, Қум, Ҳарам, 1386ҳ.ш.
  • Деҳқон, Алиакбар, Бо Қуръон дар Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, чопи дувум, 1391ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ, Манҳаҷу-с-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии исломия, чопи аввал, бетаърих.
  • Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, Тафсири канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ил-ғароиб, муҳаққиқ: Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ. Созмони чоп ва интишорот, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, Мактабат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Тафсири равон, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Фарҳанги Қуръон: Фарҳанги Қуръон: калиди роҳёбӣ ба мавзуот ва мафоҳими Қуръони карим, Қум, Муассисаи Бустони китоб, 1383ҳ.ш.