Ояти 24 сураи Моида
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Моида |
| Шумораи оят | 24 |
| Ҷузъ | 7 |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Сарпечии Банӣ Исроил аз фармони ҳазрати Мусо (а) дар мубориза бо душманон |
| Оёти муртабит | Оятҳои 21, 22 ва 23 сураи Моида |
Ояти 24 сураи Моида (форсӣ: آیه ۲۴ سوره مائده) аз сарпечии Банӣ Исроил аз дастури ҳазрати Мусо (а) дар бораи мубориза бо душманони Худо ва вуруд ба сарзамини муқаддас сухан мегӯяд.[1] Муфассирон ин оятро нишондиҳандаи ҷасорати Банӣ Исроил дар мухолифат бо фармони Илоҳӣ донистаанд[2] ва эътиқод доранд, ки ин оят бар ширк, куфр ва ақидаи ташбеҳи онон далолат дорад.[3]
| “ | Гуфтанд: «Эй Мусо, то вақте онон дар он [шаҳр] ҳастанд, мо ҳаргиз по дар он намегузорем. Ту ва Парвардигорат биравед [ва] ҷанг кунед, ки мо ҳамин ҷо нишастаем» [Моида: 24] |
” |
Манзур аз ибораи «Лан надхулаҳо», худдории Банӣ Исроил аз вуруд ба сарзамини муқаддас аст, ки дар ояти 21 ҳамин сура ба он ишора шудааст.[4] Сарзамине, ки сокинони он дар асри ҳазрати Мусо, қавми Амолиқа[Ёддошт 1] муаррифӣ шудаанд.[5] Дар бораи макони ин сарзамин, дидгоҳҳои гуногуне матраҳ аст; баъзе онро Фаластин, баъзе Байтулмуқаддас, баъзе Тури Сино ва баъзе минтақаи Шом донистаанд.[6]
Дар мавридӣ вожаи «Раббук» дар оят, бо ин ки маънии зоҳирии он, «Парвардигори ту» аст,[7] баъзе муфассирон бо истинод ба маънии сарвар барои ин вожа ва низ бо истинод ба бузургтар будани Ҳорун аз ҳазрати Мусо (а), Ҳорунро мисдоқи ин унвон донистаанд.[8]
Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, пеш аз оғози ҷанги Бадр, Миқдод ибни Амр бо ишора ба ҳамин оят, хитоб ба Расули Худо (с) вафодории мусалмононро ба Пайғамбари Ислом (с) дар баробари рафтори Банӣ Исроил ёдовар шуд ва омодагии худро барои ҷиҳод эълом кард.[9] Баъзе тафсирҳо низ ин моҷароро нишонае аз сустӣ ва нотавонии Банӣ Исроил дар рӯёрӯӣ бо душман донистаанд.[10] Ҳамчунин, баъзе муфассирон бо истинод ба ин оят, пирӯзии роҳбарони Илоҳиро дар гарави ҳамроҳӣ ва масъулиятпазирии мардум дар ислоҳи ҷомеа донистаанд.[11]
Эзоҳ
- ↑ Файзулислом, Тарҷума ва тафсири Қуръон, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.222.
- ↑ Барои намуна нигаред ба Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.25; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.292; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.342.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.292; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.339.
- ↑ Сайид Қутб, Фӣ зилол-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.870 - 871.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.339.
- ↑ Айёшӣ, ат-Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.25; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.337.
- ↑ Қуръони карим (тарҷумаи Макорим), 1389ҳ.ш., саҳ.112.
- ↑ Омилӣ, Тафсири Омилӣ, 1359ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.253 - 254; Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.58.
- ↑ Воқидӣ, Китоб-ул-мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.394; Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.379.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.379.
Ёддошт
- ↑ Амолиқа ҷамъияте аз нажоди Сомӣ буданд, ки дар шимоли нимҷазираи Арабистон, наздики биёбони Сино, зиндагӣ мекарданд. Онҳо ба Миср ҳамла карданд ва муддатҳо онро дар ихтиёр доштанд. Ҳукумати онҳо тақрибан 500 сол давом кард.(Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.291.)
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, таҳқиқ: Марсдан Ҷунс, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи севум, 1409ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
- Қуръони карим, тарҷума: Макорими Шерозӣ, Носир, Қум, Интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи севум, 1389ҳ.ш.
- Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳиб-ил-Ҳусайн (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Омилӣ, Иброҳим, Тафсири Омилӣ, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Садуқ, чопи аввал, 1359ҳ.ш.
- Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уш-шуруқ, чопи понздаҳум, 1408ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, мусаҳҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошими Расулӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Муломуҳсин, Тафсири ас-Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, Интишороти ас-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Файзулисломи Исфаҳонӣ, Алинақӣ, Тарҷума ва тафсири Қуръони азим, Теҳрон, Нашри фақеҳ, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
- Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Нашри Миқот, чопи аввал, 1363ҳ.қ.