Ояти Сайф

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи Сайф)
Ояти Сайф
Маълумот дар бораи оят
Номи оятСайф
Воқеъ дар сураиТавба
Шумораи оят5
Ҷузъ10
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиБархӯрд бо мушрикон
Оёти муртабит29 сураи Тавба, 5 сураи Ҳаҷ, оятҳои 190, 191 ва 193 сураи Бақара


Ояти Сайф (форсӣ: آیه سیف) ё ояти Қитол (форсӣ: آیه قتال) панҷумин ояти сураи Тавба аст, ки ба мусулмонон фармон медиҳад пас аз муҳлати чормоҳа, мушриконро бикушанд ё ононро асир ва муҳосира кунанд; магари ин ки Ислом оваранд. Ба гуфтаи муфассирони шиа ва суннӣ, манзур аз мушрикон дар ин оят, мушрикони аҳдшикан дар замони Паёмбар (с) аст; бо ин ҳол, гурӯҳҳои салафии ҷиҳодӣ барои ҷиҳоди ибтидоӣ ба ин оят истинод мекунанд.

Бархе ояти Сайфро носихи бархе аз оёт бо мавзуи сулҳ, ҷизя ва фидя донистаанд; дар муқобил, иддае муътақиданд ин оят, носихи ҳеҷ ояте нест; балки тавассути ояти баъдӣ ки Худованд ба Паёмбар дастур медиҳад ки «Агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост то каломи Худоро башнавад, ба ӯ иҷоза бидиҳ ва сипас ӯро ба маҳалли амн бирасон», ин чунин маворид истисно шудааст.

Оёти 29 сураи Тавба ва 39 сураи Ҳаҷ низ ояти сайф ва қитол номида шудаанд.

Шинохти оят

Ояти сайф ё қитол панҷумин ояти сура Тавба аст. Мутобиқи ин оят гуфтаанд дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ ба мусулмонон фармон дода шуд ки пас аз муҳлате чормоҳа, бархӯрде сахт бо мушрикон монанди куштан, асорат ва муҳосира кардан дошта бошанд.[1]

Бинобар ин оят агар мушрикони пеш аз сипарӣ шудани муддати таъиншуда, Ислом биоваранд ва шаоири исломиро ки муҳимтарини онҳо намоз ва закот аст барпо доранд, дар амон хоҳанд буд ва бидуни тафовут, аз тамоми он чи мусулмонон бархӯрдоранд, бархӯрдор хоҳанд шуд.[2] Баёни иқомаи намоз ва додани закот дар оятро нишонае барои тавба ва имон донистаанд.[3] Макорими Шерозӣ, муфассири Қуръон, гуфта зоҳири оят ин аст, ки чор мавзуи «бастани роҳҳо, муҳосира, асир кардан ва куштан» умири ихтиёрӣ нест; балки бо дар назар гирифтани шароити замон, макон ва ашхоси мадди назар, бояд ҳар як аз ин умур ки муносиб аст амалӣ гардад.[4]

Муфассирон дар бораи ин ки чор моҳ муҳлат дода шуда, шомили чӣ моҳҳое мешавад, назароти мухталифе доранд. Бархе ин моҳҳоро моҳҳои ҳаром донистанд.[5] Дар муқобил, бештари муфассирон чор моҳ муҳлатро моҳҳои дигаре донистаанд, ки аз нуҳуми зилҳаҷҷаи соли нуҳуми ҳиҷрӣ то даҳуми рабиуссонии соли даҳуми ҳиҷриро шомил мешавад.[6]

Бархе аз фақиҳон бо истинод ба ояти сайф, торикуссалотро муртадд дониста ва куштанашро воҷиб донистаанд; чароки дар ин оят намоз яке аз чанд шарте аст, ки монеъи кушта шудани мушрик мешавад.[7] Бархе муфассирон, ояти 29 сураи Тавба[8] ва ояти 39 сураи Ҳаҷро низ ояти сайф ва қитол донистаанд.[9]

Ҷанг бо мушрикони аҳдшикан

Муфассирон манзур аз мушрикон дар ин оятро мушрикони аҳдшикан дар замони Паёмбар (с) медонанд ки бо Паёмбар ва мусулмонон паймон бастанд, аммо аҳдшиканӣ карданд. Бархе гуфтаанд манзур аз мушрикон мушрикони дар ҳоли тавтеа ва кофарони ҳарбӣ будааст.

Гуфта шуда Рашид Ризо (ваф.1935) муфассири аҳли суннат, дар тафсири ин оят ва дигар оёти марбут ба қитол, мушриконро фақат мушрикони Макка медонад, ки Худованд дар оёти қитол бар паймоншиканиҳои пайвастаи онҳо таъкид кардааст. Муҳаммадиззати Даруза (ваф.1984м) - муфассири Қуръон, муътақид аст мавзуи аҳкоми оёти ибтидоии сураи Тавба, он даста аз мушриконе ҳастанд ки аҳдшиканӣ карда ва дар шароите ки Пайғамбар даргири ҷанги Табук буда, дар садади тавтеа алайҳи мусулмонон баромадаанд. Ба эътиқоди ӯ, қавл ба итлоқ ва умумияти ин оёт дар бораи тамомии мушрикон, таҳмили маъноие аст, ки сиёқ ва фаҳвои оёт онро барнаметобад.

Бархе муҳаққиқон гуфтаанд ояти 5 сураи Тавба мавриди истиноди гурӯҳҳои салафии ҷиҳодӣ барои ҷиҳоди ибтидоӣ аст. Онон ин оятро носихи тамоми оёти сулҳ ва афв дониста ва мурод аз мушрикон дар ин оятро умуми кофарон, чи муҳориб ва чи ғайримуҳориб, талаққӣ кардаанд. Дар муқобил, тафсири нодуруст ва бардошти таҳмили дин аз ин оятро муҷиби бадном шудани чеҳраи Ислом донистаанд ки таъсироти бад бар эътиқодоти мусулмонон гузоштааст.

Носих ё мансух будани оят

Аз нигоҳи бархе муфассирон, ояти сайф носихи 124 оят аз оёте аст, ки ба афв, сулҳ ва фидя дар баробари мушрикон ишора дорад. Бархеи дигар ин оятро мансух ба оёти афву сулҳ донистаанд. Аз назари иддае дигар, ояти сайфу ояти 4 сураи Муҳаммад ки ба масаълаи гирифтани фидя аз мушрикон ишора дорад, носихи якдигар нестанд ва ҳарду аз оёти муҳкам ҳастанд; зеро Паёмбар дар баробари мушрикон, ҳам амр ба ҷанг карда ва ҳам дастур ба афву фармон ба дарёфти фидя содир кардааст.

Бархе муфассирон ин оятро муртабит бо ояти баъд донистаанд. Дар ояти баъдӣ, Худованд ба Паёмбар чунин дастур медиҳад ки агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост то каломи Худовандро бишнавад, ба ӯ иҷоза бидеҳ ва сипас ӯро ба маҳалли амн бирасон. Рашид Ризо (ваф.1935м) - муфассири аҳли суннат, муътақид аст ин оят ояти сайфро тахсис мезанад ва ин ба он ҷиҳат аст, ки бархе аз мушрикон каломи Худовандро нашунидаанд ва даъват, ба сурати комил, ба онҳо нарасидааст. Ба ҳамин ҷиҳат, Худованд роҳи расидан ба ҳақиқатро барои онҳо боз гузоштаву ҳукми ояти сайфро тахсис задааст.

Бархе гуфтаанд носих будани ояти сайф пазируфта нест; зеро ояти 29 сураи Тавба ки пас аз ояти сайфи омада, озодии аҳли китобро дар пардохти ҷизя медонад.

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.152
  2. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.12
  3. Байзовӣ, Анвор-ут-танзили ва асрор-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.71
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.292
  5. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.16; Наҷафии Ҷавоҳирӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.33
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.12; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.151
  7. Астарободӣ, Оёт-ул-аҳком, Мактабат-ул-меъроҷӣ, ҷ.1, саҳ.249
  8. Хуӣ, ал-Баён, 1430ҳ.қ., саҳ.286
  9. Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415

Сарчашма

  • Астарободӣ, Мирзо Муҳаммад ибни Алӣ, Оёт-ул-аҳком, Теҳрон, Мактабат-ул-меъроҷӣ, бе то.
  • Ашкиварӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири шарифи Лоҳиҷӣ, Теҳрон, дафтар нашри Дод, 1373ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзили ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Кошифӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Тафсири Ҳусайнӣ (Мавоҳибун алийя), Саровон, Китобфурӯшии нур, бе то.
  • Лутфӣ, Алиакбар, «Нақди дидгоҳи салафияи ҷиҳодӣ дар бораи ҷиҳоди ибтидоӣ бо такя бар ояти 5 сураи Тавба», Сироҷи мунир, №27, поизи 1396ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дур-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, Фарҳангномаи Улуми Қуръон, Қум, Пажӯҳишгоҳи фарҳанги исломӣ, 1394ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ул-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Наҳҳос, Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад, ан-Носиху ва-л-мансух, Кувайт, ал-Фалоҳ, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафии Ҷавоҳирӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Ормин, Муҳсин, Ҷараёнҳои тафсирии муосир, Теҳрон, не, 1396ҳ.ш.
  • Рашидризо, Муҳаммад, Тафсири ал-манор, Миср, ал-Ҳайат-ул-мисрийят-ул-оммати лилкутуб, 1990м.
  • Суютӣ, Ҷалолуддин, ал-Итқону фи улум-ил-Қуръон, Қоҳира, ал-Ҳайат-ул-мисрийят-ул-оммати лилкутуб, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассиат-ул-аъламӣ ли-л-кутуб, 1390ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, Тафсир-ус-софӣ, Теҳрон, Мактабат-ус-Садр, 1415ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи Эҳёи осори Имом Хуӣ, 1430ҳ.ш.
  • Шоиқ, Муҳаммадризо, «Ҳалли таорузи зоҳирӣ байни оёти сайфу нафйи икроҳ ва таъсири он дар масаълаи озодӣ дар интихоби дин», пажӯҳишномаи Тафсири каломии Қуръон, №9, баҳори 1395ҳ.ш.
  • Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири Исноашарӣ, Теҳрон, Миқот, 1363ҳ.ш.
  • Қарашии Банобӣ, алии Акбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1375ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Бӯстони китоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ, Сайид Неъматуллоҳ, Уқуд-ул-марҷони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Нури ваҳй, 1388ҳ.ш.