Номаи Имом Алӣ ба Имом Ҳасан
Мавзуъ | Ахлоқӣ ва тарбияти фарзанд |
---|---|
Содиршуда аз | Имом Алӣ (а) |
Эътибори санад | Муътабар |
Сарчашмаи шиа | Наҳҷулбалоға |
Номаи Имом Алӣ ба Имом Ҳасан (форсӣ: نامه امام علی به امام حسن) номае бо муҳтавои масоили ахлоқӣ аст, ки Имом Алӣ (а) пас аз ҷанги Сиффин онро барои фарзандаш Имом Ҳасан (а) навиштааст. Ин номаро дар баёни масоили тарбиятӣ, ҷомеъ арзёбӣ кардаанд. Бархе масоили муҳимми матраҳшуда дар ин нома иборатанд аз: баёни мароҳили худсозӣ ва арзишҳои ахлоқӣ, ахлоқи иҷтимоӣ, тарбияти фарзанд ва равиши он, зарурати тавваҷуҳ ба маънавиёт ва баёни меъёрҳои равобити иҷтимоӣ.
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ин нома ба усул, аҳдоф ва равишҳое ишора мекунад, ки Имом Алӣ (а) дар садади дастёбӣ ба он буд; аз ҷумла ороста шудан ба ахлоқи Илоҳӣ, пойбандӣ ба амру наҳйи Илоҳӣ, тавваҷуҳ ба каромати инсонӣ ва тафовутҳои фардӣ, такя ба эътидол, тадаббуру таъаққул, баёни мавъиза, ироаи улгӯ ва ибратомӯзӣ.
Бар асоси бархе аз фарозҳои ин нома гуфта шуда, муҳтавои нома бо исмати имомон носозгор аст; албата дар ҷавоби ин иддао бар ин нукта таъкид шуда ки агарчи ин нома хитоб ба Имом Ҳасан (а) аст; вале дар асл Имом умуми мардумро мавриди хитоби худ қарор додааст ва ин ки агар Имом Алӣ (а) мехост ба унвони як имоми маъсум номаеро ба маъсуми дигар бинависад, матолибе бисёр амиқ баён мекард, ки дигарон онро намефаҳмиданд ва бефоида буд.
Ин васиятнома аз машҳуртарин номаҳои Имом аст, ки ғайр аз Наҳҷулбалоға, дар манобеи пеш аз он низ нақл шудааст. Бо тавваҷуҳ ба санадҳои мухталифи ин ривоят ва низ бо назар ба муҳтавои баланди он, ин номаро муътабар медонанд. Илова бар тарҷумаҳову шарҳҳои комили Наҳҷулбалоға, ин нома тарҷумаву шарҳҳои мустақилле низ дорад, ки аз ҷумлаи онҳо "Панди ҷовид", асари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ ва "Ҳаёти ҷовид", таълифи Сайид Муҳаммадмуҳсин Ҳусайнии Теҳронӣ аст.
Муаррифӣ ва аҳамият
Номаи Имом Алӣ (а) ба Имом Ҳасан (а) яке аз номаҳои нақл шуда дар Наҳҷулбалоға дар мавзуи ахлоқ аст.[1] Бархе муҳаққиқон ин номаро даврае комил дар тарбияти нафас, худсозӣ ва сайру сулук[2] ва балки доират-ул-маорифи комили тарбиятӣ донистаанд.[3] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ аз шореҳони ин нома муътақид аст илова бар маорифи волое ки дар ин нома вуҷуд дорад, Имом Алӣ (а) дар баёни матолиб, ба нукоти равоншинохтӣ ва тарбиятӣ низ тавваҷуҳ кардааст.[4]
Мутобиқи нақли Сайид Разӣ дар Наҳҷулбалоға, Имом Алӣ (а) ин номаро ҳангоми бозгашт аз ҷанги Сиффин (соли 37ҳ.қ.[5]) ва дар «Ҳозирин» ё «Ҳозирайн» (минтақае дар Шом) нигоштааст.[6] Агарчи дар Наҳҷулбалоға ва бештари манобеи дигар,[7] ин васият хитоб ба Имом Ҳасан (а) навишта шуда,[8] аммо дар бархе аз нақлҳо низ омадааст мухотаби ин нома Муҳаммади Ҳанафия будааст.[9] Ҳамчунин бар асоси он чи дар манобеи дигар зикр шуда, бахше аз номаи 31 Наҳҷулбалоға, хитоб ба Имом Ҳасан (а) ва бахши дигари он хитоб ба Муҳаммади Ҳанафия будааст.[10]
Ба бовари бархе муҳаққиқон, Имом Алӣ (а) дар навиштани ин нома аҳдофе дошт ва бо усулу равишҳое дар садади дастёбӣ ба онҳо буд.[11] Ин аҳдоф, усул ва равишҳо чунин баён шудааст:
- Аҳдоф: ороста шудан ба ахлоқи Илоҳӣ, шинохти Худо, худсозӣ, зуҳд, сабру пойбандӣ ба амр ва ёди Илоҳӣ;
- Усул: каромат, тафовутҳои фардӣ, эътидол, таъаққул, тафаккур ва тадаббур;
- Равишҳо: тазаккур, мавъиза, ироаи улгӯ, муҳаббат, ибратомӯзӣ, тавба, муроқиба ва муҳосиба;[12]
Номи нусха | Рақами нома[14] |
---|---|
ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас, Субҳӣ Солеҳ, Файзулислом, Хуӣ, Муллосолеҳ, Ибни Абилҳадид, Ибни Майсам, Абдуҳ | 31 |
Муллофатҳуллоҳ | 34 |
Фи зилоли Наҳҷилбалоға | 30 |
Оё муҳтавои нома бо исмати имомон носозгор аст?
Бархе таъбирҳои бакоррафта дар номаи 31 Наҳҷулбалоғаро бо мақоми исмати имомон носозгор донистаанд.[15] Ибни Абилҳадид, аз шореҳони суннимазҳаби Наҳҷулбалоға, муътақид аст таъбирҳое монанди «أَوْ أَنْ أُنْقَصَ فِی رَأْیِی» (яъне: пеш аз он ки дар дидгоҳам нақсоне эҷод шавад) бо маъсум будани нависандаи нома, яъне Имом Алӣ ва таъбир «یَسْبِقَنِی إِلَیْکَ بَعْضُ غَلَبَاتِ الْهَوَی وَ فِتَنِ الدُّنْیَا» (яъне: пеш аз он ки ҳавою ҳавас ва фитнаҳои дунё бар ту ҳуҷум оварад) бо маъсум будани мухотаби нома, яъне Имом Ҳасан созгор нест; чароки бар асоси ин таъбирҳо, андешаи Имом Алӣ тағйирпазир аст ва ҳамчунин эҳтимол дорад ҳавою ҳавас бар Имом Ҳасан таъсир гузорад.[16]
Дар тавҷеҳи ин носозгорӣ гуфта шуда агарчи ин нома дар зоҳир хитоб ба Имом Ҳасан навишта шуда, аммо дар ҳақиқат, мухотаби ин нома умуми мардум аст[17] ва Имом Алӣ (а) бо дарназар гирифтани робитаи падару фарзандии инсонҳои одӣ ин номаро навиштааст; зеро агар Имом Алӣ (а) мехост ба унвони як имоми маъсум номаеро ба маъсуми дигар бинависад, матолибе бисёр амиқ баён мекард, ки дигарон онро намефаҳмиданд ва бефоида буд.[18]
Эътибори васият
Ба бовари Носир Макорими Шерозӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиа, тардиде дар нисбати номаи 31 Наҳҷулбалоға ба Имом Алӣ (а) вуҷуд надорад; зеро аз тарафе, ин васиятнома санадҳои мухталифе дорад ва аз тарафи дигар, муҳтавои он ба қадре баланд аст, ки танҳо маъсумон метавонанд онро баён кунанд.[19] Ин васият аз машҳуртарин васоёи имоми аввали шиаён аст, ки донишмандони қабл аз Сайид Разӣ низ онро нақл кардаанд;[20] аз ҷумла:
- Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ (ваф.328ҳ.қ.) дар китоби ар-Расоил[21] ва Кофӣ;[22]
- Ҳасан ибни Абдуллоҳи Аскарӣ аз устодони Шайх Садуқ дар китоби аз-Завоҷиру ва-л-мавоиз;[23]
- Ибни Абдираббаҳ, аз олимони аҳли тасаннун (ваф.328ҳ.қ.) дар китоби ал-Ақд-ул-фарид;[24]
- Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ;[25]
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ (аз уламои қарни чаҳорум) дар китоби Туҳаф-ул-уқул.[26]
Муҳтаво
Номаи Имом Алӣ ба Имом Ҳасан бо мавзуи ахлоқӣ нигошта шудааст.[27] Аз ҷумла мабоҳиси зикршуда дар ин нома метавон ба нукоти зайл ишора кард:
- Мароҳили худсозӣ;
- Ахлоқи иҷтимоӣ;
- Тарбияти фарзанд ва равиши он;
- Зарурати тавваҷуҳ ба маънавиёт;
- Зарурати охиратгароӣ;
- Меъёрҳои равобити иҷтимоӣ;
- Талош дар ҷамъоварии зоду тӯша барои охират;
- Нишонаҳои раҳмати Худо;
- Шароити иҷобати дуо;
- Зарурати ёди марг;
- Шинохти дунёпарастон;
- Зарурати воқеънигарӣ дар зиндагӣ;
- Ҳуқуқи дӯстон;
- Арзишҳои ахлоқӣ;
- Ҷойгоҳи зан.[28]
Тарҷумаҳо ва шарҳҳо
Илова бар шарҳу тарҷумаи номаи 31 Наҳҷулбалоға дар тарҷумаҳо ва шарҳҳое, ки ба сурати комил бар Наҳҷулбалоға навишта шуда, шарҳҳо ва тарҷумаҳои махсусе забони форсӣ ва арабӣ низ бар ин нома навишта шудааст. Бархе аз онҳо ба ин шарҳ аст:
- Панди ҷовид, шарҳи форсӣ асари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ;[29]
- Ҳаёти ҷовид, шарҳи форсии Сайид Муҳаммадмуҳсин Ҳусайнии Теҳронӣ;[30]
- Фарзандами ин чунин бояд буд, навиштаи Асғари Тоҳирзода;[31]
- Ҳикмату маишат, таълифи Абдукарими Сурӯш;[32]
- Алӣ ва истимрори инсон, ба қалами Сайид Абдулмаҷиди Фалсафиён;[33]
- Таълиму тарбият дар Наҳҷулбалоға, навиштаи Абдулмаҷиди Заҳодат;[34]
- Ба сӯи мадинаи фозила, шарҳи форсӣ, асари Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ.[35]
- Омӯзаҳои тарбиятии номаи Имом Алӣ (а) ба Имом Ҳасан (а), ба қалами Муҳаммадюнуси Орифӣ;[36]
- Меҳрубонтарин нома, асари Сайид Алоуддин Мӯсавии Исфаҳонӣ;[37]
- Ойини зиндагӣ, таълифи Сайид Маҳдии Шуҷоъӣ;[38]
- Тавсияҳои падарона, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ;[39]
- Наме аз яме, тарҷумаи Карамхудо Аминиён ва Алии Афросиёбӣ;[40]
- Ба писарам, тарҷумаи Фотима Шаҳидӣ;[41]
- Номаи ҳакимона, тарҷумаи Алиризо Алидӯст;[42]
Ҳамчунин бубинед: Феҳристи шарҳҳои Наҳҷулбалоға ва Феҳристи тарҷумаҳои Наҳҷулбалоға
Матн ва тарҷумаи нома
матни арабии нома |
مِنَ الْوَالِدِ الْفَانِ، الْمُقِرِّ لِلزَّمَانِ، الْمُدْبِرِ الْعُمُرِ، الْمُسْتَسْلِمِ لِلدُّنْیا، السَّاكِنِ مَسَاكِنَ الْمَوْتَی، وَالظَّاعِنِ عَنْهَا غَداً; إِلَی الْمَوْلُودِ الْمُؤَمِّلِ مَا لایدْرِكُ، السَّالِكِ سَبِیلَ مَنْ قَدْ هَلَكَ، غَرَضِ الاَْسْقَامِ، وَ رَهِینَةِ الاَْیامِ، وَ رَمِیةِ الْمَصَائِبِ، وَ عَبْدِ الدُّنْیا، وَ تَاجِرِ الْغُرُورِ، وَ غَرِیمِ الْمَنَایا، وَأَسِیرِ الْمَوْتِ، وَحَلِیفِ الْهُمُومِ، وَقَرِینِ الاَْحْزَانِ، وَنُصُبِ الاْفَاتِ، وَصَرِیعِ الشَّهَوَاتِ، وَخَلِیفَةِ الاَْمْوَاتِ. أَمَّا بَعْدُ، فَإِنَّ فِیمَا تَبَیَّنْتُ مِنْ إِدْبَارِ الدُّنْیا عَنِّی، وَجُمُوحِ الدَّهْرِ عَلَیَّ، وَإِقْبَالِ الاْخِرَةِ إِلَیَّ، مَا یزَعُنِی عَنْ ذِکْرِ مَنْ سِوَای، وَالاِْهْتِمَامِ بِمَا وَرَائِی، غَیرَ أَنِّی حَیثُ تَفَرَّدَ بیدُونَ هُمُومِ النَّاسِ هَمُّ نَفْسِی، فَصَدَفَنِی رَأْیی، وَصَرَفَنِی عَنْ هَوَای، وَصَرَّحَ لِی مَحْضُ أَمْرِی، فَأَفْضَی بیإِلَی جِدٍّ لایكُونُ فِیهِ لَعِبٌ، وَصِدْقٍ لایشُوبُهُ كَذِبٌ. وَ وَجَدْتُكَ بَعْضِی، بَلْ وَجَدْتُكَ كُلِّی، حَتَّی كَأَنَّ شَیئاً لَوْ أَصَابَكَ أَصَابَنِی، وَكَأَنَّ الْمَوْتَ لَوْ أَتَاكَ أَتَانِی، فَعَنَانِی مِنْ أَمْرِكَ مَا یعْنِینِی مِنْ أَمْرِ نَفْسِی، فَكَتَبْتُ إِلَیكَ كِتَابِی مُسْتَظْهِراً بِهِ إِنْ أَنَا بَقِیتُ لَكَ أَوْ فَنِیتُ. فَإِنِّی أُوصِیكَ بِتَقْوَی اللهِ أَی بُنَی وَلُزُومِ أَمْرِهِ، وَعِمَارَةِ قَلْبِكَ بِذِکْرِهِ، الاِعْتِصَامِ بِحَبْلِهِ. وَأَی سَبَب أَوْثَقُ مِنْ سَبَب بَینَكَ وَبَینَ اللهِ إِنْ أَنْتَ أَخَذْتَ بِهِ. أَحْی قَلْبَكَ بِالْمَوْعِظَةِ، وَأَمِتْهُ بِالزَّهَادَةِ، وَقَوِّهِ بِالْیقِینِ، وَنَوِّرْهُ بِالْحِکْمَةِ، ذَلِّلْهُ بِذِکْرِ الْمَوْتِ، وَقَرِّرْهُ بِالْفَنَاءِ، وَبَصِّرْهُ فَجَائِعَ الدُّنْیا، وَحَذِّرْهُ صَوْلَةَ الدَّهْرِ وَ فُحْشَ تَقَلُّبِ اللَّیالِی وَالاَْیامِ، وَ اعْرِضْ عَلَیهِ أَخْبَارَ الْمَاضِینَ، ذَكِّرْهُ بِمَا أَصَابَ مَنْ كَانَ قَبْلَكَ مِنَ الاَْوَّلِینَ، وَسِرْ فِی دِیارِهِمْ آثَارِهِمْ، فَانْظُرْ فِیمَا فَعَلُوا وَعَمَّا انْتَقَلُوا، وَأَینَ حَلُّوا وَنَزَلُوا! فَإِنَّكَ تَجِدُهُمْ قَدِ انْتَقَلُوا عَنِ الاَْحِبَّةِ، وَحَلُّوا دِیارَ الْغُرْبَةِ، وَكَأَنَّكَ عَنْ قَلِیل قَدْ صِرْتَ كَأَحَدِهِمْ. فَأَصْلِحْ مَثْوَاكَ، وَلاَ تَبِعْ آخِرَتَكَ بِدُنْیاكَ; وَدَعِ الْقَوْلَ فِیمَا لاتَعْرِفُ، الْخِطَابَ فِیمَا لَمْ تُكَلَّفْ. وَأَمْسِکْ عَنْ طَرِیق إِذَا خِفْتَ ضَلاَلَتَهُ، فَإِنَّ الْكَفَّ عِنْدَ حَیرَةِ الضَّلاَلِ خَیرٌ مِنْ رُكُوبِ الاَْهْوَالِ. وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ تَكُنْ مِنْ أَهْلِهِ، وَأَنْكِرِ الْمُنْكَرَ بِیدِكَ وَلِسَانِكَ، وَبَاینْ مَنْ فَعَلَهُ بِجُهْدِكَ، وَجَاهِدْ فِی اللهِ حَقَّ جِهَادِهِ، وَلاَ تَأْخُذْكَ فِی اللهِ لَوْمَةُ لاَئِم. وَخُضِ الْغَمَرَاتِ لِلْحَقِّ حَیثُ كَانَ، وَتَفَقَّهْ فِی الدِّینِ، وَعَوِّدْ نَفْسَكَ التَّصَبُّرَ عَلَی الْمَکْرُوهِ، وَنِعْمَ الْخُلُقُ التَّصَبُرُ فِی الْحَقِّ. وَأَلْجِئْ نَفْسَكَ فِی أُمُورِكَ كُلِّهَا إِلَی إِلَهِكَ، فَإِنَّكَ تُلْجِئُهَا إِلَی كَهْفٍ حَرِیز، مَانِعٍ عَزِیز. وَأَخْلِصْ فِی الْمَسْأَلَةِ لِرَبِّكَ، فَإِنَّ بِیدِهِ الْعَطَاءَ وَالْحِرْمَانَ، أَکْثِرِ الاِسْتِخَارَةَ، وَتَفَهَّمْ وَصِیتِی، وَلاَ تَذْهَبَنَّ عَنْكَ صَفْحاً، فَإِنَّ خَیرَ الْقَوْلِ مَا نَفَعَ وَاعْلَمْ أَنَّهُ لاخَیرَ فِی عِلْم لاینْفَعُ، وَلاَ ینْتَفَعُ بِعِلْم لایحِقُّ تَعَلُّمُهُ. أَی بُنَیَّ، إِنِّی لَمَّا رَأَیتُنِی قَدْ بَلَغْتُ سِنّاً، وَرَأَیتُنِی أَزْدَادُ وَهْناً، بَادَرْتُ بِوَصِیتِی إِلَیكَ، وَأَوْرَدْتُ خِصَالاً مِنْهَا قَبْلَ أَنْ یعْجَلَ بیأَجَلِی دُونَ أَنْ أُفْضِی إِلَیكَ بِمَا فِی نَفْسِی، أَوْ أَنْ أُنْقَصَ فِی رَأْیی كَمَا نُقِصْتُ فِی جِسْمِی، أَوْ یسْبِقَنِی إِلَیكَ بَعْضُ غَلَبَاتِ الْهَوَی وَفِتَنِ الدُّنْیا، فَتَكُونَ كَالصَّعْبِ النَّفُورِ. وَإِنَّمَا قَلْبُ الْحَدَثِ كَالاَْرْضِ الْخَالِیةِ مَا أُلْقِی فِیهَا مِنْ شَیء قَبِلَتْهُ. فَبَادَرْتُكَ بِالاَْدَبِ قَبْلَ أَنْ یقْسُوَ قَلْبُكَ، وَیشْتَغِلَ لُبُّكَ، لِتَسْتَقْبِلَ بِجِدِّ رَأْیكَ مِنَ الاَْمْرِ مَا قَدْ كَفَاكَ أَهْلُ التَّجَارِبِ بُغْیتَهُ وَتَجْرِبَتَهُ، فَتَكُونَ قَدْ كُفِیتَ مَئُونَةَ الطَّلَبِ، وَعُوفِیتَ مِنْ عِلاَجِ التَّجْرِبَةِ، فَأَتَاكَ مِنْ ذَلِكَ مَا قَدْ كُنَّا نَأْتِیهِ، وَاسْتَبَانَ لَكَ مَا رُبَّمَا أَظْلَمَ عَلَینَا مِنْهُ. أَی بُنَی، إِنِّی وَإِنْ لَمْ أَكُنْ عُمِّرْتُ عُمُرَ مَنْ كَانَ قَبْلِی، فَقَدْ نَظَرْتُ فِی أَعْمَالِهِمْ، فَكَّرْتُ فِی أَخْبَارِهِمْ، وَسِرْتُ فِی آثَارِهِمْ، حَتَّی عُدْتُ كَأَحَدِهِمْ; بَلْ كَأَنِّی بِمَا انْتَهَی إِلَی مِنْ أُمُورِهِمْ قَدْ عُمِّرْتُ مَعَ أَوَّلِهِمْ إِلَی آخِرِهِمْ، فَعَرَفْتُ صَفْوَ ذَلِكَ مِنْ كَدَرِهِ، وَنَفْعَهُ مِنْ ضَرَرِهِ، فَاسْتَخْلَصْتُ لَكَ مِنْ كُلِّ أَمْر نَخِیلَهُ، وَتَوَخَّیتُ لَكَ جَمِیلَهُ، وَصَرَفْتُ عَنْكَ مَجْهُولَهُ، وَرَأَیتُ حَیثُ عَنَانِی مِنْ أَمْرِكَ مَا یعْنِی الْوَالِدَ الشَّفِیقَ، وَأَجْمَعْتُ عَلَیهِ مِنْ أَدَبِكَ أَنْ یكُونَ ذَلِكَ وَأَنْتَ مُقْبِلُ الْعُمُرِ وَمُقْتَبَلُ الدَّهْرِ، ذُو نِیة سَلِیمَة، وَنَفْس صَافِیة. وَأَنْ أَبْتَدِئَكَ بِتَعْلِیمِ كِتَابِ اللهِ عَزَّ وَجَلَّ وَتَأْوِیلِهِ، وَشَرَائِعِ الاِْسْلاَمِ أَحْكَامِهِ، وَحَلاَلِهِ وَحَرَامِهِ، لاأُجَاوِزُ ذَلِكَ بِكَ إِلَی غَیرِهِ. ثُمَّ أَشْفَقْتُ أَنْ یلْتَبِسَ عَلَیكَ مَا اخْتَلَفَ النَّاسُ فِیهِ مِنْ أَهْوَائِهِمْ وَ آرَائِهِمْ مِثْلَ الَّذِی الْتَبَسَ عَلَیهِمْ، فَكَانَ إِحْكَامُ ذَلِكَ عَلَی مَا كَرِهْتُ مِنْ تَنْبِیهِكَ لَهُ أَحَبَّ إِلَی مِنْ إِسْلاَمِكَ إِلَی أَمْر لاآمَنُ عَلَیكَ بِهِ الْهَلَكَةَ، وَرَجَوْتُ أَنْ یوَفِّقَكَ اللهُ فِیهِ لِرُشْدِكَ، وَأَنْ یهْدِیكَ لِقَصْدِكَ فَعَهِدْتُ إِلَیكَ وَصِیتِی هَذِهِ. وَاعْلَمْ یا بُنَی أَنَّ أَحَبَّ مَا أَنْتَ آخِذٌ بِهِ إِلَی مِنْ وَصِیتِی تَقْوَی اللهِ الاِقْتِصَارُ عَلَی مَا فَرَضَهُ اللهُ عَلَیكَ، وَالاَْخْذُ بِمَا مَضَی عَلَیهِ الاَْوَّلُونَ مِنْ آبَائِكَ، الصَّالِحُونَ مِنْ أَهْلِ بَیتِكَ، فَإِنَّهُمْ لَمْ یدَعُوا أَنْ نَظَرُوا لاَِنْفُسِهِمْ كَمَا أَنْتَ نَاظِرٌ، وَفَكَّرُوا كَمَا أَنْتَ مُفَكِّرٌ، ثُمَّ رَدَّهُمْ آخِرُ ذَلِكَ إِلَی الاَْخْذِ بِمَا عَرَفُوا، الاِْمْسَاكِ عَمَّا لَمْ یكَلَّفُوا، فَإِنْ أَبَتْ نَفْسُكَ أَنْ تَقْبَلَ ذَلِكَ دُونَ أَنْ تَعْلَمَ كَمَا عَلِمُوا فَلْیكُنْ طَلَبُكَ ذَلِكَ بِتَفَهُّم وَتَعَلُّم، لابِتَوَرُّطِ الشُّبُهَاتِ، وَعُلَقِ الْخُصُومَاتِ. وَابْدَأْ قَبْلَ نَظَرِكَ فِی ذَلِكَ بِالاِْسْتِعَانَةِ بِإِلَهِكَ، وَالرَّغْبَةِ إِلَیهِ فِی تَوْفِیقِكَ، وَتَرْكِ كُلِّ شَائِبَة أَوْلَجَتْكَ فِی شُبْهَة، أَوْ أَسْلَمَتْكَ إِلَی ضَلاَلَة. فَإِنْ أَیقَنْتَ أَنْ قَدْ صَفَا قَلْبُكَ فَخَشَعَ، وَتَمَّ رَأْیكَ فَاجْتَمَعَ، وَكَانَ هَمُّكَ فِی ذَلِكَ هَمّاً وَاحِداً، فَانْظُرْ فِیمَا فَسَّرْتُ لَكَ، وَإِنْ لَمْ یجْتَمِعْ لَكَ مَا تُحِبُّ مِنْ نَفْسِكَ، وَفَرَاغِ نَظَرِكَ وَفِکْرِكَ، فَاعْلَمْ أَنَّكَ إِنَّمَا تَخْبِطُ الْعَشْوَاءَ، وَتَتَوَرَّطُ الظَّلْمَاءَ. وَلَیسَ طَالِبُ الدِّینِ مَنْ خَبَطَ أَوْ خَلَطَ وَالاِْمْسَاكُ عَنْ ذَلِكَ أَمْثَلُ. فَتَفَهَّمْ یا بُنَی وَصِیتِی، وَاعْلَمْ أَنَّ مَالِكَ الْمَوْتِ هُوَ مَالِكُ الْحَیاةِ، وَأَنَّ الْخَالِقَ هُوَ الْمُمِیتُ، وَأَنَّ الْمُفْنِی هُوَ الْمُعِیدُ، وَأَنَّ الْمُبْتَلِی هُوَ الْمُعَافِی، وَأَنَّ الدُّنْیا لَمْ تَكُنْ لِتَسْتَقِرَّ إِلاَّ عَلَی مَا جَعَلَهَا اللهُ عَلَیهِ مِنَ النَّعْمَاءِ، وَالاِْبْتِلاَءِ، وَالْجَزَاءِ فِی الْمَعَادِ، أَوْ مَا شَاءَ مِمَّا لاتَعْلَمُ، فَإِنْ أَشْكَلَ عَلَیكَ شَیءٌ مِنْ ذَلِكَ فَاحْمِلْهُ عَلَی جَهَالَتِكَ، فَإِنَّكَ أَوَّلُ مَا خُلِقْتَ بِهِ جَاهِلاً ثُمَّ عُلِّمْتَ، وَمَا أَکْثَرَ مَا تَجْهَلُ مِنَ الاَْمْرِ، یتَحَیرُ فِیهِ رَأْیكَ، وَیضِلُّ فِیهِ بَصَرُكَ ثُمَّ تُبْصِرُهُ بَعْدَ ذَلِكَ! فَاعْتَصِمْ بِالَّذِی خَلَقَكَ وَرَزَقَكَ وَسَوَّاكَ، وَلْیكُنْ لَهُ تَعَبُّدُكَ، وَإِلَیهِ رَغْبَتُكَ، وَمِنْهُ شَفَقَتُكَ. وَاعْلَمْ یا بُنَی أَنَّ أَحَداً لَمْ یُنْبِئْ عَنِ اللهِ سُبْحَانَهُ كَمَا أَنْبَأَ عَنْهُ الرَّسُولُ(صلی الله علیه وآله)فَارْضَ بِهِ رَائِداً، وَإِلَی النَّجَاةِ قَائِداً، فَإِنِّی لَمْ آلُكَ نَصِیحَةً. وَإِنَّكَ لَنْ تَبْلُغَ فِی النَّظَرِ لِنَفْسِكَ وَإِنِ اجْتَهَدْتَ مَبْلَغَ نَظَرِی لَكَ. وَاعْلَمْ یا بُنَی أَنَّهُ لَوْ كَانَ لِرَبِّكَ شَرِیکٌ لاََتَتْكَ رُسُلُهُ، وَلَرَأَیتَ آثَارَ مُلْكِهِ سُلْطَانِهِ، وَلَعَرَفْتَ أَفْعَالَهُ وَصِفَاتِهِ، وَلَكِنَّهُ إِلَهٌ وَاحِدٌ كَمَا وَصَفَ نَفْسَهُ، لایضَادُّهُ فِی مُلْكِهِ أَحَدٌ، وَلاَ یزُولُ أَبَداً وَلَمْ یزَلْ. أَوَّلٌ قَبْلَ الاَْشْیاءِ بِلاَ أَوَّلِیة، وَآخِرٌ بَعْدَ الاَْشْیاءِ بِلاَ نِهَایة. عَظُمَ عَنْ أَنْ تَثْبُتَ رُبُوبِیتُهُ بِإِحَاطَةِ قَلْب أَوْ بَصَر. فَإِذَا عَرَفْتَ ذَلِكَ فَافْعَلْ كَمَا ینْبَغِی لِمِثْلِكَ أَنْ یفْعَلَهُ فِی صِغَرِ خَطَرِهِ، وَقِلَّةِ مَقْدِرَتِهِ، وَكَثْرَةِ عَجْزِهِ، و عَظِیمِ حَاجَتِهِ إِلَی رَبِّهِ، فِی طَلَبِ طَاعَتِهِ، وَالْخَشْیةِ مِنْ عُقُوبَتِهِ، وَالشَّفَقَةِ مِنْ سُخْطِهِ: فَإِنَّهُ لَمْ یأْمُرْكَ إِلاَّ بِحَسَن، وَلَمْ ینْهَكَ إِلاَّ عَنْ قَبِیح. یا بُنَی إِنِّی قَدْ أَنْبَأْتُكَ عَنِ الدُّنْیا وَحَالِهَا، وَزَوَالِهَا وَانْتِقَالِهَا، وَأَنْبَأْتُكَ عَنِ الاْخِرَةِ وَمَا أُعِدَّ لاَِهْلِهَا فِیهَا، وَضَرَبْتُ لَكَ فِیهِمَا الاَْمْثَالَ، لِتَعْتَبِرَ بِهَا وَتَحْذُوَ عَلَیهَا. إِنَّمَا مَثَلُ مَنْ خَبَرَ الدُّنْیا كَمَثَلِ قَوْم سَفْر نَبَا بِهِمْ مَنْزِلٌ جَدِیبٌ، فَأَمُّوا مَنْزِلاً خَصِیباً وَجَنَاباً مَرِیعاً، فَاحْتَمَلُوا وَعْثَاءَ الطَّرِیقِ، وَفِرَاقَ الصَّدِیقِ، خُشُونَةَ السَّفَرِ، وَجُشُوبَةَ المَطْعَمِ، لِیأْتُوا سَعَةَ دَارِهِمْ، وَمَنْزِلَ قَرَارِهِمْ، فَلَیسَ یجِدُونَ لِشَیءٍ مِنْ ذَلِكَ أَلَماً، وَلاَ یرَوْنَ نَفَقَةً فِیهِ مَغْرَماً. وَلاَ شَیءَ أَحَبُّ إِلَیهِمْ مِمَّا قَرَّبَهُمْ مِنْ مَنْزِلِهِمْ، وَأَدْنَاهُمْ مِنْ مَحَلَّتِهِمْ. وَمَثَلُ مَنِ اغْتَرَّ بِهَا كَمَثَلِ قَوْمٍ كَانُوا بِمَنْزِلٍ خَصِیب، فَنَبَا بِهِمْ إِلَی مَنْزِل جَدِیب، فَلَیسَ شَیءٌ أَکْرَهَ إِلَیهِمْ وَلاَ أَفْظَعَ عِنْدَهُمْ مِنْ مُفَارَقَةِ مَا كَانُوا فِیهِ، إِلَی مَا یهْجُمُونَ عَلَیهِ، یصِیرُونَ إِلَیهِ. یا بُنَیَّ، اِجْعَلْ نَفْسَكَ مِیزَاناً فِیمَا بَینَكَ وَبَینَ غَیرِكَ، فَأَحْبِبْ لِغَیرِكَ مَا تُحِبُّ لِنَفْسِكَ، وَاکْرَهْ لَهُ مَا تَکْرَهُ لَهَا، وَلاَ تَظْلِمْ كَمَا لاتُحِبُّ أَنْ تُظْلَمَ، وَأَحْسِنْ كَمَا تُحِبُّ أَنْ یحْسَنَ إِلَیكَ، وَاسْتَقْبِحْ مِنْ نَفْسِكَ مَا تَسْتَقْبِحُهُ مِنْ غَیرِكَ، وَارْضَ مِنَ النَّاسِ بِمَا تَرْضَاهُ لَهُمْ مِنْ نَفْسِكَ، وَلاَ تَقُلْ مَا لاتَعْلَمُ، وَإِنْ قَلَّ مَا تَعْلَمُ وَلاَ تَقُلْ مَا لاتُحِبُّ أَنْ یقَالَ لَكَ. وَاعْلَمْ أَنَّ الاِْعْجَابَ ضِدُّ الصَّوَابِ، وَآفَةُ الاَْلْبَابِ، فَاسْعَ فِی كَدْحِكَ، وَلاَ تَكُنْ خَازِناً لِغَیرِكَ، وَإِذَا أَنْتَ هُدِیتَ لِقَصْدِكَ فَكُنْ أَخْشَعَ مَا تَكُونُ لِرَبِّكَ. وَاعْلَمْ أَنَّ أَمَامَكَ طَرِیقاً ذَا مَسَافَةٍ بَعِیدَة، وَمَشَقَّة شَدِیدَة، وَأَنَّهُ لاغِنَی بِكَ فِیهِ عَنْ حُسْنِ الاِرْتِیادِ، وَقَدْرِ بَلاَغِكَ مِنَ الزَّادِ، مَعَ خِفَّةِ الظَّهْرِ، فَلاَ تَحْمِلَنَّ عَلَی ظَهْرِكَ فَوْقَ طَاقَتِكَ، فَیكُونَ ثِقْلُ ذَلِكَ وَبَالاً عَلَیكَ، وَإِذَا وَجَدْتَ مِنْ أَهْلِ الْفَاقَةِ مَنْ یحْمِلُ لَكَ زَادَکْ إِلَی یوْمِ الْقِیامَةِ، فَیوَافِیكَ بِهِ غَداً حَیثُ تَحْتَاجُ إِلَیهِ فَاغْتَنِمْهُ وَحَمِّلْهُ إِیاهُ، وَأَکْثِرْ مِنْ تَزْوِیدِهِ وَأَنْتَ قَادِرٌ عَلَیهِ، فَلَعَلَّكَ تَطْلُبُهُ فَلاَ تَجِدُهُ وَاغْتَنِمْ مَنِ اسْتَقْرَضَكَ فِی حَالِ غِنَاكَ، لِیجْعَلَ قَضَاءَهُ لَكَ فِی یوْمِ عُسْرَتِكَ. وَاعْلَمْ أَنَّ أَمَامَكَ عَقَبَةً كَئُوداً، الْمُخِفُّ فِیهَا أَحْسَنُ حَالاً مِنَ الْمُثْقِلِ، وَالْمُبْطِئُ عَلَیهَا أَقْبَحُ حَالاً مِنَ الْمُسْرِعِ، وَأَنَّ مَهْبِطَكَ بِهَا لامَحَالَةَ إِمَّا عَلَی جَنَّة أَوْ عَلَی نَار، فَارْتَدْ لِنَفْسِكَ قَبْلَ نُزُولِكَ، وَوَطِّئِ الْمَنْزِلَ قَبْلَ حُلُولِكَ، «فَلَیسَ بَعْدَ الْمَوْتِ مُسْتَعْتَبٌ»، وَلاَ إِلَی الدُّنْیا مُنْصَرَفٌ. وَاعْلَمْ أَنَّ الَّذِی بِیدِهِ خَزَائِنُ السَّمَاوَاتِ وَالاَْرْضِ قَدْ أَذِنَ لَكَ فِی الدُّعَاءِ، تَكَفَّلَ لَكَ بِالاِْجَابَةِ، وَأَمَرَكَ أَنْ تَسْأَلَهُ لِیعْطِیكَ، وَتَسْتَرْحِمَهُ لِیرْحَمَكَ، وَلَمْ یجْعَلْ بَینَكَ وَبَینَهُ مَنْ یحْجُبُكَ عَنْهُ، وَلَمْ یلْجِئْكَ إِلَی مَنْ یشْفَعُ لَكَ إِلَیهِ، وَلَمْ یمْنَعْكَ إِنْ أَسَأْتَ مِنَ التَّوْبَةِ، وَلَمْ یعَاجِلْكَ بِالنِّقْمَةِ، وَلَمْ یُعَیِّرْكَ بِالاِْنَابَةِ، وَلَمْ یفْضَحْكَ حَیثُ الْفَضِیحَةُ بِكَ أَوْلَی، وَلَمْ یُشَدِّدْ عَلَیكَ فِی قَبُولِ الاِْنَابَةِ، وَلَمْ یُنَاقِشْكَ بِالْجَرِیمَةِ وَلَمْ یُؤْیسْكَ مِنَ الرَّحْمَةِ، بَلْ جَعَلَ نُزُوعَكَ عَنِ الذَّنْبِ حَسَنَةً، وَحَسَبَ سَیَّئَتَكَ وَاحِدَةً، وَحَسَبَ حَسَنَتَكَ عَشْراً، وَفَتَحَ لَكَ بَابَ الْمَتَابِ، وَبَابَ الاِسْتِعْتَابِ، فَإِذَا نَادَیتَهُ سَمِعَ نِدَاكَ، وَإِذَا نَاجَیتَهُ عَلِمَ نَجْوَاكَ، فَأَفْضَیتَ إِلَیهِ بِحَاجَتِكَ، وَأَبْثَثْتَهُ ذَاتَ نَفْسِكَ، وَشَكَوْتَ إِلَیهِ هُمُومَكَ، اسْتَکْشَفْتَهُ كُرُوبَكَ، وَاسْتَعَنْتَهُ عَلَی أُمُورِكَ، وَسَأَلْتَهُ مِنْ خَزَائِنِ رَحْمَتِهِ مَا لایقْدِرُ عَلَی إِعْطَائِهِ غَیرُهُ، مِنْ زِیادَةِ الاَْعْمَارِ، وَصِحَّةِ الاَْبْدَانِ، سَعَةِ الاَْرْزَاقِ. ثُمَّ جَعَلَ فِی یدَیكَ مَفَاتِیحَ خَزَائِنِهِ بِمَا أَذِنَ لَكَ فِیهِ مِنْ مَسْأَلَتِهِ، فَمَتَی شِئْتَ اسْتَفْتَحْتَ بِالدُّعَاءِ أَبْوَابَ نِعْمَتِهِ، وَاسْتَمْطَرْتَ شَآبِیبَ رَحْمَتِهِ، فَلاَ یقَنِّطَنَّكَ إِبْطَاءُ إِجَابَتِهِ، فَإِنَّ الْعَطِیةَ عَلَی قَدْرِ النِّیةِ، وَرُبَّمَا أُخِّرَتْ عَنْكَ الاِْجَابَةُ، لِیكُونَ ذَلِكَ أَعْظَمَ لاَِجْرِ السَّائِلِ، وَأَجْزَلَ لِعَطَاءِ الاْمِلِ. وَرُبَّمَا سَأَلْتَ الشَّیءَ فَلاَ تُؤْتَاهُ، وَأُوتِیتَ خَیراً مِنْهُ عَاجِلاً أَوْ آجِلاً، أَوْ صُرِفَ عَنْكَ لِمَا هُوَ خَیرٌ لَكَ، فَلَرُبَّ أَمْر قَدْ طَلَبْتَهُ فِیهِ هَلاَكُ دِینِكَ لَوْ أُوتِیتَهُ، فَلْتَكُنْ مَسْأَلَتُكَ فِیمَا یَبْقَی لَكَ جَمَالُهُ، وَینْفَی عَنْكَ وَبَالُهُ; فَالْمَالُ لایبْقَی لَكَ وَلاَ تَبْقَی لَه. وَاعْلَمْ یا بُنَی أَنَّكَ إِنَّمَا خُلِقْتَ لِلاْخِرَةِ لالِلدُّنْیا، وَلِلْفَنَاءِ لالِلْبَقَاءِ، وَلِلْمَوْتِ لالِلْحَیاةِ، وَأَنَّكَ فِی قُلْعَة وَدَارِ بُلْغَة، وَطَرِیقٍ إِلَی الاْخِرَةِ، وَأَنَّكَ طَرِیدُ الْمَوْتِ الَّذِی لاینْجُو مِنْهُ هَارِبُهُ، وَلاَ یفُوتُهُ طَالِبُهُ، وَلاَ بُدَّ أَنَّهُ مُدْرِكُهُ، فَكُنْ مِنْهُ عَلَی حَذَرِ أَنْ یدْرِكَكَ وَأَنْتَ عَلَی حَال سَیئَة، قَدْ كُنْتَ تُحَدِّثُ نَفْسَكَ مِنْهَا بِالتَّوْبَةِ، فَیحُولَ بَینَكَ وَبَینَ ذَلِكَ، فَإِذَا أَنْتَ قَدْ أَهْلَکْتَ نَفْسَكَ. یا بُنَیَّ أَکْثِرْ مِنْ ذِکْرِ الْمَوْتِ، وَذِکْرِ مَا تَهْجُمُ عَلَیهِ، وَتُفْضِی بَعْدَ الْمَوْتِ إِلَیهِ، حَتَّی یأْتِیكَ وَقَدْ أَخَذْتَ مِنْهُ حِذْرَكَ، وَشَدَدْتَ لَهُ أَزْرَكَ، وَلاَ یأْتِیكَ بَغْتَةً فَیبْهَرَكَ. وَإِیاكَ أَنْ تَغْتَرَّ بِمَا تَرَی مِنْ إِخْلاَدِ أَهْلِ الدُّنْیا إِلَیهَا، وَتَكَالُبِهِمْ عَلَیهَا، فَقَدْ نَبَّأَكَ اللهُ عَنْهَا، وَنَعَتْ هِی لَكَ عَنْ نَفْسِهَا، وَتَكَشَّفَتْ لَكَ عَنْ مَسَاوِیهَا، فَإِنَّمَا أَهْلُهَا كِلاَبٌ عَاوِیةٌ، وَسِبَاعٌ ضَارِیةٌ، یَهِرُّ بَعْضُهَا عَلَی بَعْض، وَیأْكُلُ عَزِیزُهَا ذَلِیلَهَا، وَیقْهَرُ كَبِیرُهَا صَغِیرَهَا. نَعَمٌ مُعَقَّلَةٌ، وَأُخْرَی مُهْمَلَةٌ، قَدْ أَضَلَّتْ عُقُولَهَا، رَكِبَتْ مَجْهُولَهَا. سُرُوحُ عَاهَة بِوَاد وَعْث، لَیسَ لَهَا رَاع یقِیمُهَا، وَلاَ مُسِیمٌ یسِیمُهَا. سَلَكَتْ بِهِمُ الدُّنْیا طَرِیقَ الْعَمَی وَأَخَذَتْ بِأَبْصَارِهِمْ عَنْ مَنَارِ الْهُدَی، فَتَاهُوا فِی حَیرَتِهَا، وَغَرِقُوا فِی نِعْمَتِهَا وَاتَّخَذُوهَا رَبّاً، فَلَعِبَتْ بِهِمْ لَعِبُوا بِهَا، وَنَسُوا مَا وَرَاءَهَا. رُوَیداً یُسْفِرُ الظَّلاَمُ، كَأَنْ قَدْ وَرَدَتِ الاَْظْعَانُ، یُوشِكُ مَنْ أَسْرَعَ أَنْ یلْحَقَ! وَاعْلَمْ یا بُنَی أَنَّ مَنْ كَانَتْ مَطِیَّتُهُ اللَّیلَ وَالنَّهَارَ، فَإِنَّهُ یُسَارُ بِهِ وَإِنْ كَانَ وَاقِفاً، وَیقْطَعُ الْمَسَافَةَ وَإِنْ كَانَ مُقِیماً وَادِعاً. وَاعْلَمْ یقِیناً أَنَّكَ لَنْ تَبْلُغَ أَمَلَكَ، وَلَنْ تَعْدُوَ أَجَلَكَ، وَأَنَّكَ فِی سَبِیلِ مَنْ كَانَ قَبْلَكَ. فَخَفِّضْ فِی الطَّلَبِ. وَأَجْمِلْ فِی الْمُکْتَسَبِ، فَإِنَّهُ رُبَّ طَلَبٍ قَدْ جَرَّ إِلَی حَرَب، فَلَیسَ كُلُّ طَالِبٍ بِمَرْزُوق، وَلاَ كُلُّ مُجْمِلٍ بِمَحْرُوم. وَأَکْرِمْ نَفْسَكَ عَنْ كُلِّ دَنِیَّة وَإِنْ سَاقَتْكَ إِلَی الرَّغَائِبِ، فَإِنَّكَ لَنْ تَعْتَاضَ بِمَا تَبْذُلُ مِنْ نَفْسِكَ عِوَضاً. وَلاَ تَكُنْ عَبْدَ غَیرِكَ وَقَدْ جَعَلَكَ اللهُ حُرّاً. وَمَا خَیرُ خَیرٍ لایُنَالُ إِلاَّ بِشَرّ، وَیسْر لاینَالُ إِلاَّ بِعُسْر. وَإِیاكَ أَنْ تُوجِفَ بِكَ مَطَایا الطَّمَعِ، فَتُورِدَكَ مَنَاهِلَ الْهَلَكَةِ. وَإِنِ اسْتَطَعْتَ أَلاَّ یكُونَ بَینَكَ وَبَینَ اللهِ ذُو نِعْمَة فَافْعَلْ، فَإِنَّكَ مُدْرِکٌ قَسْمَكَ، وَآخِذٌ سَهْمَكَ، وَإِنَّ الْیسِیرَ مِنَ اللهِ سُبْحَانَهُ أَعْظَمُ وَأَکْرَمُ مِنَ الْكَثِیرِ مِنْ خَلْقِهِ وَإِنْ كَانَ كُلٌّ مِنْهُ. وَتَلاَفِیكَ مَا فَرَطَ مِنْ صَمْتِكَ أَیسَرُ مِنْ إِدْرَاكِكَ مَا فَاتَ مِنْ مَنْطِقِكَ، وَحِفْظُ مَا فِی الْوِعَاءِ بِشَدِّ الْوِكَاءِ، وَحِفْظُ مَا فِی یدَیكَ أَحَبُّ إِلَیَّ مِنْ طَلَبِ مَا فِی یدَی غَیرِكَ. وَمَرَارَةُ الْیأْسِ خَیرٌ مِنَ الطَّلَبِ إِلَی النَّاسِ، وَالْحِرْفَةُ مَعَ الْعِفَّةِ خَیرٌ مِنَ الْغِنَی مَعَ الْفُجُورِ، وَالْمَرْءُ أَحْفَظُ لِسِرِّهِ، وَرُبَّ سَاعٍ فِیمَا یَضُرُّهُ! مَنْ أَکْثَرَ أَهْجَرَ، وَمَنْ تَفَكَّرَ أَبْصَرَ. قَارِنْ أَهْلَ الْخَیرِ تَكُنْ مِنْهُمْ، وَبَاینْ أَهْلَ الشَّرِّ تَبِنْ عَنْهُمْ، بِئْسَ الطَّعَامُ الْحَرَامُ! وَظُلْمُ الضَّعِیفِ أَفْحَشُ الظُّلْمِ! إِذَا كَانَ الرِّفْقُ خُرْقاً كَانَ الْخُرْقُ رِفْقاً. رُبَّمَا كَانَ الدَّوَاءُ دَاءً، وَالدَّاءُ دَوَاءً، وَرُبَّمَا نَصَحَ غَیرُ النَّاصِحِ، وَغَشَّ الْمُسْتَنْصَحُ. وَإِیاكَ وَالاِتِّكَالَ عَلَی الْمُنَی فَإِنَّهَا بَضَائِعُ النَّوْكَی وَالْعَقْلُ حِفْظُ التَّجَارِبِ، وَخَیرُ مَا جَرَّبْتَ مَا وَعَظَكَ. بَادِرِ الْفُرْصَةَ قَبْلَ أَنْ تَكُونَ غُصَّةً. لَیسَ كُلُّ طَالِب یصِیبُ، وَلاَ كُلُّ غَائِب یئُوبُ. وَمِنَ الْفَسَادِ إِضَاعَةُ الزَّادِ، وَمَفْسَدَةُ الْمَعَادِ. وَلِكُلِّ أَمْر عَاقِبَةٌ، سَوْفَ یأْتِیكَ مَا قُدِّرَ لَكَ. التَّاجِرُ مُخَاطِرٌ، وَرُبَّ یسِیر أَنْمَی مِنْ كَثِیر! لاخَیرَ فِی مُعِین مَهِین، وَلاَ فِی صَدِیق ظَنِین. سَاهِلِ الدَّهْرَ مَا ذَلَّ لَكَ قَعُودُهُ، وَلاَ تُخَاطِرْ بِشَیء رَجَاءَ أَکْثَرَ مِنْهُ، وَإِیاكَ أَنْ تَجْمَحَ بِكَ مَطِیُّةُ اللَّجَاجِ. اِحْمِلْ نَفْسَكَ مِنْ أَخِیكَ عِنْدَ صَرْمِهِ عَلَی الصِّلَةِ، وَعِنْدَ صُدُودِهِ عَلَی اللَّطَفِ وَالْمُقَارَبَةِ، وَعِنْدَ جُمُودِهِ عَلَی الْبَذْلِ، وَعِنْدَ تَبَاعُدِهِ عَلَی الدُّنُوِّ، وَعِنْدَ شِدَّتِهِ عَلَی اللِّینِ، وَعِنْدَ جُرْمِهِ عَلَی الْعُذْرِ، حَتَّی كَأَنَّكَ لَهُ عَبْدٌ، وَكَأَنَّهُ ذُو نِعْمَة عَلَیكَ وَإِیاكَ أَنْ تَضَعَ ذَلِكَ فِی غَیرِ مَوْضِعِهِ، أَوْ أَنْ تَفْعَلَهُ بِغَیرِ أَهْلِهِ. لاَ تَتَّخِذَنَّ عَدُوَّ صَدِیقِكَ صَدِیقاً فَتُعَادِی صَدِیقَكَ، وَامْحَضْ أَخَاكَ النَّصِیحَةَ، حَسَنَةً كَانَتْ أَوْ قَبِیحَةً، وَتَجَرَّعِ الْغَیظَ فَإِنِّی لَمْ أَرَ جُرْعَةً أَحْلَی مِنْهَا عَاقِبَةً، وَلاَ أَلَذَّ مَغَبَّةً. وَلِنْ لِمَنْ غَالَظَكَ، فَإِنَّهُ یوشِكُ أَنْ یلِینَ لَكَ، وَخُذْ عَلَی عَدُوِّكَ بِالْفَضْلِ فَإِنَّهُ أَحْلَی الظَّفَرَینِ. وَإِنْ أَرَدْتَ قَطِیعَةَ أَخِیكَ فَاسْتَبْقِ لَهُ مِنْ نَفْسِكَ بَقِیةً یرْجِعُ إِلَیهَا إِنْ بَدَا لَهُ ذَلِكَ یوْماً مَا. وَمَنْ ظَنَّ بِكَ خَیراً فَصَدِّقْ ظَنَّهُ. وَلاَ تُضِیعَنَّ حَقَّ أَخِیكَ اتِّكَالاً عَلَی مَا بَینَكَ وَبَینَهُ، فَإِنَّهُ لَیسَ لَكَ بِأَخ مَنْ أَضَعْتَ حَقَّهُ. وَلاَ یكُنْ أَهْلُكَ أَشْقَی الْخَلْقِ بِكَ، وَلاَ تَرْغَبَنَّ فِیمَنْ زَهِدَ عَنْكَ، وَلاَ یكُونَنَّ أَخُوكَ أَقْوَی عَلَی قَطِیعَتِكَ مِنْكَ عَلَی صِلَتِهِ، وَلاَ تَكُونَنَّ عَلَی الاِْسَاءَةِ أَقْوَی مِنْكَ عَلَی الاِْحْسَانِ. وَلاَ یکْبُرَنَّ عَلَیكَ ظُلْمُ مَنْ ظَلَمَكَ، فَإِنَّهُ یسْعَی فِی مَضَرَّتِهِ وَنَفْعِكَ، وَلَیسَ جَزَاءُ مَنْ سَرَّكَ أَنْ تَسُوءَهُ. وَاعْلَمْ یا بُنَی أَنَّ الرِّزْقَ رِزْقَانِ: رِزْقٌ تَطْلُبُهُ، وَرِزْقٌ یطْلُبُكَ، فَإِنْ أَنْتَ لَمْ تَأْتِهِ أَتَاكَ. مَا أَقْبَحَ الْخُضُوعَ عِنْدَ الْحَاجَةِ، وَالْجَفَاءَ عِنْدَ الْغِنَی. إِنَّمَا لَكَ مِنْ دُنْیاكَ، مَا أَصْلَحْتَ بِهِ مَثْوَاكَ، وَإِنْ كُنْتَ جَازِعاً عَلَی مَا تَفَلَّتَ مِنْ یدَیكَ، فَاجْزَعْ عَلَی كُلِّ مَا لَمْ یصِلْ إِلَیكَ. اِسْتَدِلَّ عَلَی مَا لَمْ یكُنْ بِمَا قَدْ كَانَ، فَإِنَّ الاُْمُورَ أَشْبَاهٌ; وَلاَ تَكُونَنَّ مِمَّنْ لاتَنْفَعُهُ الْعِظَةُ إِلاَّ إِذَا بَالَغْتَ فِی إِیلاَمِهِ، فَإِنَّ الْعَاقِلَ یتَّعِظُ بِالاْدَابِ الْبَهَائِمَ لاتَتَّعِظُ إِلاَّ بِالضَّرْبِ. اِطْرَحْ عَنْكَ وَارِدَاتِ الْهُمُومِ بِعَزَائِمِ الصَّبْرِ وَحُسْنِ الْیقِینِ. مَنْ تَرَكَ الْقَصْدَ جَارَ، وَالصَّاحِبُ مُنَاسِبٌ، وَالصَّدِیقُ مَنْ صَدَقَ غَیبُهُ. الْهَوَی شَرِیكُ الْعَمَی وَ رُبَّ بَعِید أَقْرَبُ مِنْ قَرِیب، وَقَرِیب أَبْعَدُ مِنْ بَعِید، وَالْغَرِیبُ مَنْ لَمْ یكُنْ لَهُ حَبِیبٌ. مَنْ تَعَدَّی الْحَقَّ ضَاقَ مَذْهَبُهُ، وَمَنِ اقْتَصَرَ عَلَی قَدْرِهِ كَانَ أَبْقَی لَهُ. وَأَوْثَقُ سَبَب أَخَذْتَ، بِهِ سَبَبٌ بَینَكَ وَبَینَ اللهِ سُبْحَانَهُ. وَمَنْ لَمْ یبَالِكَ فَهُوَ عَدُوُّكَ. قَدْ یكُونُ الْیأْسُ إِدْرَاکاً، إِذَا كَانَ الطَّمَعُ هَلاَکاً. لَیسَ كُلُّ عَوْرَة تَظْهَرُ، وَلاَ كُلُّ فُرْصَة تُصَابُ، وَرُبَّمَا أَخْطَأَ الْبَصِیرُ قَصْدَهُ، وَأَصَابَ الاَْعْمَی رُشْدَهُ. أَخِّرِ الشَّرَّ فَإِنَّكَ إِذَا شِئْتَ تَعَجَّلْتَهُ، وَقَطِیعَةُ الْجَاهِلِ تَعْدِلُ صِلَةَ الْعَاقِلِ. مَنْ أَمِنَ الزَّمَانَ خَانَهُ، وَمَنْ أَعْظَمَهُ أَهَانَهُ. لَیسَ كُلُّ مَنْ رَمَی أَصَابَ. إِذَا تَغَیرَ السُّلْطَانُ تَغَیرَ الزَّمَانُ. سَلْ عَنِ الرَّفِیقِ قَبْلَ الطَّرِیقِ، وَعَنِ الْجَارِ قَبْلَ الدَّارِ. إِیاكَ أَنْ تَذْكُرَ مِنَ الْكَلاَمِ مَا یكُونُ مُضْحِکاً، وَإِنْ حَكَیتَ ذَلِكَ عَنْ غَیرِكَ. وَإِیاكَ وَمُشَاوَرَةَ النِّسَاءِ فَإِنَّ رَأْیهُنَّ إِلَی أَفْنٍ، وَعَزْمَهُنَّ إِلَی وَهْنٍ. وَاکْفُفْ عَلَیهِنَّ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ بِحِجَابِكَ إِیاهُنَّ، فَإِنَّ شِدَّةَ الْحِجَابِ أَبْقَی عَلَیهِنَّ، وَلَیسَ خُرُوجُهُنَّ بِأَشَدَّ مِنْ إِدْخَالِكَ مَنْ لایوثَقُ بِهِ عَلَیهِنَّ، وَإِنِ اسْتَطَعْتَ أَلاَّ یعْرِفْنَ غَیرَكَ فَافْعَلْ. وَلاَ تُمَلِّكِ الْمَرْأَةَ مِنْ أَمْرِهَا مَا جَاوَزَ نَفْسَهَا، فَإِنَّ الْمَرْأَةَ رَیحَانَةٌ، لَیسَتْ بِقَهْرَمَانَة. وَلاَ تَعْدُ بِكَرَامَتِهَا نَفْسَهَا، وَلاَ تُطْمِعْهَا فِی أَنْ تَشْفَعَ لِغَیرِهَا. وَإِیاكَ وَالتَّغَایرَ فِی غَیرِ مَوْضِعِ غَیرَة، فَإِنَّ ذَلِكَ یدْعُو الصَّحِیحَةَ إِلَی السَّقَمِ وَالْبَرِیئَةَ إِلَی الرِّیبِ. وَاجْعَلْ لِكُلِّ إِنْسَان مِنْ خَدَمِكَ عَمَلاً تَأْخُذُهُ بِهِ، فَإِنَّهُ أَحْرَی أَلاَّ یتَوَاكَلُوا فِی خِدْمَتِكَ وَأَکْرِمْ. عَشِیرَتَكَ، فَإِنَّهُمْ جَنَاحُكَ الَّذِی بِهِ تَطِیرُ، وَأَصْلُكَ الَّذِی إِلَیهِ تَصِیرُ، وَیدُكَ الَّتِی بِهَا تَصُولُ. اِسْتَوْدِعِ اللهَ دِینَكَ وَدُنْیاكَ، وَاسْأَلْهُ خَیرَ الْقَضَاءِ لَكَ فِی الْعَاجِلَةِ وَالاْجِلَةِ، وَالدُّنْیا وَالاْخِرَةِ، وَالسَّلاَمُ. |
тарҷумаи тоҷикии нома |
(Нома ба фарзандаш Имом Ҳасан (алайҳиссалом), вақте аз ҷанги Сиффин боз мегашт ва ба сарзамини "Ҳозирин" расида буд, дар соли 38-уми ҳиҷрӣ): Аз тарафи падари фонӣ, эътирофкунанда ба гузашти замон, зиндагиро пушти сар ниҳода -ки дар сипарӣ шудани дунё чорае надорад- манзилу маскан интихоб карда, дар ҷойгоҳи гузаштагон ва кўчкунандаи фардо, ба фарзанди орзуманди чизе, ки ба даст намеояд, равандаи роҳе, ки ба нестӣ хатм мешавад, дар дунё ҳадафи бемориҳо, дар гарави рӯзгор ва дар тирраси мусибатҳо, гирифтори дунё, савдо кунандаи дунёи фиребкор, вомдор (қарздор)-и нобудиҳо, асири марг, ҳамсавганди ранҷҳо, ҳамнишини андӯҳҳо, ҳадафи балоҳо, ба хок дарафтодаи хоҳишҳо ва ҷонишини гузаштагон аст. Пас аз ситоиши Парвардигор, ҳамоно гузашти умр ва чирагии рӯзгор ва рӯйи овардани охират, маро аз ёди ғайри худам боз дошта ва тамоми таваҷҷӯҳи маро ба охират кашондааст, ки ба худам фикр мекунам ва аз ғайри худам рӯйи гардон шудам, назарамро аз дигарон гирифт ва аз пайравии хоҳишҳо боз гардонд ва ҳақиқати кори маро намоёнд ва маро ба роҳе кашонд, ки шӯхӣ бар надорад ва ба ҳақиқате расонад, ки дурӯғе дар он роҳ надорад. Ва туро дидам, ки пораи тани ман, балки ҳама ҷони манӣ он гуна, ки агар осебе ба ту расад, ба ман расидааст ва агар марг ба суроғи ту ояд, зиндагии маро гирифтааст. Пас кори туро кори худ шумурдам ва номае баро ту навиштам, то туро дар сахтиҳои зиндагӣ роҳнамо бошад, ҳоло агар ман зинда бошам ё набошам.
|
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.458
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.458
- ↑ Тоҳирзода, Фарзандам инчунин бояд буд, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Панди ҷовид, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.23
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305
- ↑ Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., номаи 31, саҳ.391
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.510; Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.68
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.459
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.384
- ↑ Ибни Абдираббаҳ, ал-Ақд-ул-фарид, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.100 - 102
- ↑ Биҳиштӣ ва дигарон, «Низоми тарбияти ахлоқӣ дар номаи 31 Наҳҷулбалоға», саҳ.20
- ↑ Биҳиштӣ ва дигарон, «Низоми тарбияти ахлоқӣ дар номаи 31 Наҳҷулбалоға», саҳ.20
- ↑ Даштӣ ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., саҳ.515
- ↑ Даштӣ ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., саҳ.515
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.66 - 67
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.66 - 67
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Панди ҷовид, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.24 - 25; Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.460
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Панди ҷовид, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.457
- ↑ ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодиру Наҳҷулбалоға, 1409ҳ.қ., ҷи 3, саҳ.296
- ↑ Ба нақл аз: Сайид ибни Товус, Кашф-ул-маҳаҷҷа, 1375ҳ.ш., саҳ.220 - 234
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.510
- ↑ Ба нақл аз: Сайид ибни Товус, Кашф-ул-маҳаҷҷа, 1375ҳ.ш., саҳ.218
- ↑ Ибни Абдираббаҳ, ал-Ақд-ул-фарид, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.100 - 102
- ↑ Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.384 - 392
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.68 - 88
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.458
- ↑ Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, номаи 31, саҳ.518 - 538
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Панди ҷовид, 1391ҳ.ш., ҷ.1, сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Ҳусайнии Теҳронӣ, Ҳаёти ҷовид, 1390ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Тоҳирзода, Фарзандам инчунин бояд буд, 1393ҳ.ш., ҷ.1, сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Сурӯш, Ҳикмат ва маишат, 1387ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Фалсафиён, Алӣ ва истимрори инсон, 1398ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Заҳодат, Таълиму тарбият дар Наҳҷулбалоға, 1390ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Каримии Ҷаҳрумӣ, Ба сӯи мадинаи фозила, 1376ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Орифӣ, Омӯзаҳои тарбиятии номаи Имом Алӣ (а) ба Имом Ҳасан (а), 1396ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Мӯсавии Исфаҳонӣ, Меҳрубонтарин нома, 1382ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Шуҷоъӣ, Ойини зиндагӣ, 1388ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Даштӣ, Тавсияҳои падарона, 1386ҳ.ш., сафҳаи шиноснома
- ↑ Аминиён ва Алии Афросиёбӣ, Наме аз яме, 1399ҳ.ш.
- ↑ Шаҳидӣ, Ба писарам, 1398ҳ.ш., сафҳаи шиноснома
- ↑ Алидӯст, Номаи ҳакимона, 1389ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб
- ↑ Бар асоси тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ
Сарчашма
- Алидӯст, Алиризо, Номаи ҳакимона, Теҳрон, Муассисаи андешаи куҳанпардоз, 1389ҳ.ш.
- Аминиён, Карамхудо ва Алии Афросиёбӣ, Наме аз яме, Қум, Наҳовандӣ, 1399ҳ.ш.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, 1394ҳ.қ.
- Биҳиштӣ, Саид ва дигарон, «Низоми тарбияти ахлоқӣ дар номаи 31 Наҳҷулбалоға», дар маҷаллаи Қуръон ва тиб, №1, 1397ҳ.ш.
- Даштӣ, Муҳаммад ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангии таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1375ҳ.ш.
- Даштӣ, Муҳаммад, Тавсияҳои падарона, Қум, Муассисаи фарҳангии таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш.
- Заҳодат, Сайид Абдулмаҷид, Таълиму тарбият дар Наҳҷулбалоға, Қум, Бӯстони китоб, 1390ҳ.ш.
- Ибни Абдираббаҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Аъқд-ул-фарид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1407ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, Китобхонаи оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқули ан оли-р-Расул (с), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1404ҳ.қ.
- Каримии Ҷаҳрумӣ, Алӣ, Ба сӯи мадинаи фозила, Қум, Росихун, 1376ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Панди ҷовид, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (раҳ), 1391ҳ.ш.
- Мӯсавии Исфаҳонӣ, Сайид Алоуддин, Меҳрубонтарин нома, Қум, Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн, 1382ҳ.ш.
- Орифӣ, Муҳаммадюнус, Омӯзаҳои тарбиятии номаи Имом Алӣ (а) ба Имом Ҳасан (а), Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, 1396ҳ.ш.
- Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, Қум, Машҳур, 1375ҳ.ш.
- Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Кашф-ул-маҳаҷҷати ли самарт-ил-муҳҷа, Қум, Бӯстони китоб, 1375ҳ.ш.
- Сурӯш, Абдукарим, Ҳикмат ва маишат, Теҳрон, Сирот, 1387ҳ.ш.
- Тоҳирзода, Асғар, Фарзандам инчунин бояд буд, Исфаҳон, Лубб-ул-мизон, 1393ҳ.ш.
- Фалсафиён, Сайид Абдулмаҷид, Алӣ ва истимрори инсон, Қум, Лайлатулқадр, 1398ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Шаҳидӣ, Фотима, Ба писарам, Қум, Дафтари нашри маориф, 1398ҳ.ш.
- Шуҷоъӣ, Сайид Меҳдӣ, Ойини зиндагӣ, Теҳрон, Найистон, 1388ҳ.ш.
- ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Сайид Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, Бейрут, Дор-уз-Заҳро, 1409ҳ.қ.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадмуҳсин, Ҳаёти ҷовид, Теҳрон, Мактаби ваҳй, 1390ҳ.ш.