Қазф

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Нисбати номашруъ)

Ин мақола дар бораи мафҳуми қазф мебошад. Барои ошноӣ бо қазф дар Қуръон, ба мадхали ояти Қазф нигаред.

Ин мақола мақолаи тавсифӣ дар бораи мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Рисолаи амалия

Қазф (арабӣ: القَذْف) нисбат додани зино ё ливот ба дигар кас аст. Фақеҳон барои исботи қазф ва иҷрои ҳадди он, шартҳое монанди булуғ, ақл ва Исломро зикр кардаанд. Ҳадди қазф 80 тозиёна аст, албатта дар сурате иҷро мешавад, ки қазфшуда онро талаб кунад Ҳамчунин, дар сурате ки қазфшаванда ҳадди қазфро мутолиба накунад, ва ё иддаои қазфкунандаро таъйид ва қабул кунад, ва ё қазфкунанда барои исботи иддаояш баййина биоварад, ҳадди қазф соқит мешавад.

Қазф аз гунохони кабира аст ва аҳкоми муайяне дорад, аз ҷумла ин ки шаҳодати қазфкунанда пазируфта намешавад ва бинобар қавли машҳур касе ки се бор ҳадди қазф бар ӯ ҷорӣ шуда, бори чаҳорум кушта мешавад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Қазф, муттаҳам кардани касе ба зино ва ливот аст.[1] Қазф дар луғат ба маънои партоб кардан бо санг, сухан ва ғ. аст.[2] Гуфта шудааст, касе ки қазф мекунад дар воқеъ нисбати норавое ба сӯи дигаре партоб мекунад.[3] Дар фиқҳ ба туҳматзананда қозиф ва касе ки ба ӯ тӯҳмат зада шудааст, мақзуф мегӯянд.[4]

Қазф аз гуноҳони кабира аст[5] ва дар ривояте аз Пайғамбар (с) дар канори сеҳр, ширк, қатли нафс, хӯрдани моли ятим, хӯрдани рибо ва фирор аз ҷанги дар ҳоли ҷиҳод аз онҳо ба унвони ҳафт гуноҳи нобудкунанда ёд шудааст.[6] Аз қазф дар боби ҳудуди китобҳои фиқҳӣ баҳс мешавад.[7] Ҳамчунин модаҳои 245 то 261 қонуни муҷозоти исломии Эрон, ки аз фиқҳи имомия гирифта шудааст, ба қазф ва аҳкоми он марбут аст.[8]

Муҷозот

Ҳади қазф, ҳаштод зарба тозиёна аст,[9] ки бо шаҳодати ду марди одил ё ду бор иқрори қозиф исбот мешавад.[10] Мустанади ин ҳукм, ояти «وَالَّذِينَ يَرْ‌مُونَ الْمُحْصَنَاتِ ثُمَّ لَمْ يَأْتُوا بِأَرْ‌بَعَةِ شُهَدَاءَ فَاجْلِدُوهُمْ ثَمَانِينَ جَلْدَةً وَلَا تَقْبَلُوا لَهُمْ شَهَادَةً أَبَدًا ۚ وَأُولَـٰئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ»; касоне ки нисбати зино ба занон шавҳардор медиҳанд, сипас чаҳор гувоҳ намеоваранд, ҳаштод тозиёна ба онон бизанед, ва ҳечгоҳ шаҳодате аз онҳо напазиред, ва инҳо ҳастанд, ки худ фосиқанд»,[11] ривоёт[12] ва иҷмоъ аст.[13]

Ҳамчунин шаҳодати касе ки ба дигаре нисбати қазф дода ва натавонад онро исбот кунад, пазируфта намешавад.[14]

Ташдиди муҷозот

Бинобар қавли машҳур касе ки се бор ҳадди қазф бар ӯ ҷорӣ шуда, бори чаҳорум кушта мешавад.[15] Албатта Ибни Идриси Ҳиллӣ муътақид аст, агар бар касе ду бор ҳадди қазф ҷорӣ шавад, бори сеюм кушта мешавад.[16]

Мавориде ки ҳадди қазф соқит мешавад

Ҳадди қазф дар мавориди зер соқит мешавад:

  • Қазфшуда ё варасааш (дар сурати фавти мақзуф), туҳматзанандаро бибахшанд.
  • Қазфкунанда бар исботи иддаояш баййина биоварад.
  • Қазфшаванда нисбате, ки ба ӯ дода шударо бипазирад.
  • Дар сурате, ки қазф мӯҷиби лиъон [Ёддошт 1] шавад.[17]
  • Дар модаи 261 Қонуни муҷозоти исломӣ дар Эрон омадааст, ки ҳадди қазф бо пазириш ё гузашти қазфшаванда ва низ исботи иттиҳом бо шаҳодати баййина ё илми қозӣ соқит мешавад.[18]

Чароии муҷозоти қазф

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ дар Тафсири Намуна, ҳадаф аз иҷрои ҳадди қазф ҳифзи обрӯи инсонҳо ва пешгирӣ аз мафсадаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии қазф аст. Агар афроди фосид дар сурати иттиҳом ва нисбати нораво ба дигарон муҷозот нашаванд, обрӯ ва ҳайсияти мардум дар маърази хатар қарор мегирад ва мӯҷиби бадбинии мардум нисбат ба якдигар ва фурӯпошии хонаводаҳо мешавад.[19]

Шароити иҷрои ҳад

Барои исбот ва иҷрои ҳадди қазф, шароити хоссе барои ҳар як аз қозифу мақзуф баён шудааст. Дар сурате, ки яке аз ин шароит набошад, ҳадди қазф ҷорӣ намешавад ва туҳматзананда таъзир (муҷозотҳое, ки таъйини миқдори онҳо ба ҳокими шаръ вогузор шуда) мешавад.[20] Булуғ, ақл, қасд ва ихтиёр аз шароити қозифанд.[21] Аз ин рӯ, агар кӯдак ё девона касеро қазф кунад, ҳадди қазф бар ӯ ҷорӣ намешавад, аммо таъдиб (таъзир) мешавад.[22] Ҳамчунин агар касе аз рӯи саҳв ё икроҳ ба касе туҳмат бизанд, ҳад надорад.[23] Бархе гуфтаанд, қозиф бояд ба маънои он чи мегӯяд низ огоҳ бошад.[24] Фақеҳон шарти мақзуфро эҳсон донистаанд.[25] Манзур аз эҳсон, булуғ, ақл, ҳуррият (озод будан дар муқобили барда будан), Ислом ва иффат (покдоманӣ) аст;[26] ҳарчанд эҳсон ба маънои издивоҷ низ омадааст.[27]

Ҳамчунин барои иҷрои ҳадди қазф, мақзуф бояд онро аз ҳокими шаръ мутолиба кунад, чун ҳадди қазфи ҳақуннос аст ва ҳокими шаръ дар сурате метавонад, ҳаққунносро истифо кунад, ки соҳиби ҳақ, иҷрои онро мутолиба кунад.[28] Барои исботи ҳадди қазф, калимот бояд ба сароҳат ё ба сурати урфӣ бар зино ё ливот далолат дошта бошанд.[29]

Аҳкоми дигар

Бархе аз аҳкоми қазф иборатанд аз:

  • Касе ки гурӯҳеро ба сурати ҷамъӣ қазф кунад, агар онҳо бо якдигар ҳадди қазфро мутолиба кунанд, як ҳад бар ӯ ҷорӣ мешавад, аммо агар ба сурати инфиродӣ ҳадди қазфро мутолиба кунанд, барои ҳар як аз онҳо як ҳад иҷро мешавад.[30] Ҳамчунин касе ки занеро ба зино бо марде муттаҳам кунад, агар он ду бо якдигар ҳадро мутолиба кунанд, як ҳад бар қозиф ҷорӣ мешавад ва агар ба сурати ҷудогона мутолиба кунанд, ду ҳад.[31]
  • Падаре, ки фарзандашро қазф кунад, ҳадди қазф бар ӯ ҷорӣ намешавад, аммо таъзир мешавад.[32]
  • Ҳадди қазф ба ирс мерасад; яъне агар мақзуф бимирад, ҳаққи мутолибаи ҳадди қазф ба варасаи ӯ мерасад.[33]
  • Агар ду нафар ҳамдигарро қазф кунанд, ҳад аз байн меравад ва ҳар ду таъзир мешаванд.[34]

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.166; Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, ҷ.3, саҳ.74.
  2. Фароҳидӣ, ал-Айн, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.135 (зайли вожаи қазф).
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.402.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, ҷ.41, саҳ.314.
  5. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи матбуоти дорулъилм, ҷ.1, саҳ.274.
  6. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.364.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.402.
  8. Қонуни муҷозоти исломӣ, маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  9. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.188.
  10. Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.726; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547.
  11. Сураи Нур, ояти 4.
  12. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.205 - 209; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.173 - 208.
  13. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.188; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.402.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.37.
  15. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.190.
  16. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.519.
  17. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.191; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.42.
  18. Қонуни муҷозоти исломӣ, маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.376.
  20. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.179 ва 180.
  21. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
  22. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.175.
  23. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
  24. Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.728; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.166 ва 172.
  25. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.179.
  26. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.179.
  27. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.178.
  28. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.190.
  29. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.166 - 168.
  30. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.546; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.183 ва 184.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.74.
  32. Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.727; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.546.
  33. Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.727; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547.
  34. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.546; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.183.

Ёддошт

  1. Лаъон дар ҷое аст, ки мард, ҳамсари худро ба зино муттаҳам кунад ва шоҳиду мадраке надошта бошад. Дар ин сурат дар ҳузури қозӣ чаҳор бор иддаои худро такрор мекунад ва сипас мегӯяд: “لَعْنَةُ اللهِ عَلیَّ إنْ کُنْتُ مِن الْكاذِبينَ”; лаънати Худо бар ман бод агар дар иддаои худ дурӯғгӯ бошам. (Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, саҳ.454).

Сарчашма

  • Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, беҷо, бено, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатовӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи матбуоти Дорулъилм, чопи аввал, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қонуни муҷозоти исломӣ, сайти маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, таърихи боздид: 29 тири 1398ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ил-фиқҳ, беҷо, бено, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқ: Муҳаммади Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фатово, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, тасҳеҳи Маҳдии Махзумӣ ва Иброҳими Сомироӣ, Қум, нашри ҳиҷрат, 1410ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, ҳошия ва шарҳи Калонтар, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.