Истихора

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Намози истихора)

Истихора (арабӣ: الإستخارة) талаби хайр ва вогузории интихоби коре ба Худованд аст ҳангоме, ки инсон дар он кор шакку тардид дорад ва хайру шарри онро бо машварати дигарон наметавонад ташхис диҳад. Истихора ба шаклҳои мухталифе сурат мегирад; аз ҷумла, истихора бо намоз, дуо, Қуръон, коғаз (зотурриқоъ) ва тасбеҳ.

Олимони динӣ барои машруъияти истихора ба ривоёт истинод кардаанд. Шайх Аббоси Қумӣ бархе шеваҳои истихораро дар Мафотиҳ-ул-ҷинон овардааст. Бархе аз одоби истихора иборат аст аз: хондани сураҳое аз Қуръон, фиристодани салавот бар Пайғамбар (с) ва хонадонаш ва гуфтани зикрҳои хос.

Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, асл ин аст, ки ҳар кас барои худ истихора кунад; гарчи бархе аз олимони динӣ руҷӯъ ба дигаронро ҳам ҷоиз медонанд ва имрӯза истихора ғолибан ингуна анҷом мешавад.

Истихораҳои машҳуре аз олимони динӣ ва дигарон нақл шудааст; аз ҷумла, истихораи Абдукарими Ҳоирӣ, муассиси Ҳавзаи илмияи Қум барои иқомат дар Қум ва истихораи Муҳаммадалишоҳ барои ба туб бастани Маҷлиси шӯрои миллӣ.

Мафҳумшиносӣ

Истихора дар луғат ба маънои талаб кардани хайр аст.[1] Ва дар истилоҳ ба маънои талаб кардани хайр аз Худост.[2] Соҳиби Ҷавоҳир - фақеҳи шиъии қарни 13 қамарӣ, мегӯяд: истихора дорои ду маънӣ аст: 1- аз Худо бихоҳад то хайрро дар коре қарор диҳад, ки тасмим бар анҷоми он гирифтааст. 2- Аз Худо бихоҳад, ки ба ӯ тавфиқи интихоби кореро бидиҳад, ки ӯ барояш бармегузинад ва ин тавфиқ мумкин аст бо истихора ҳосил шавад ва ё бар забони касе ки мавриди машварати инсон қарор мегирад ва ба инсон мушовира медиҳад ҷорӣ шавад.[3]

Равишҳои истихора

Истихора бо намоз

Истихора бо намоз ба ин сурат аст, ки фард ду ракъат намоз ба ҷо оварад ва пас аз намоз ба саҷда рафта сад бор бигӯяд: «астахируллоҳа фи ҷамиъи умурӣ хайратан фи офиятин/ اَستخیر اللّٰه فی جمیع اُموری خيرةً فی عافیة; аз Худо дар ҳамаи корҳоям хайрро бо офият талаб мекунам!». Сипас ҳарчиро ки Худо ба қалбаш андохт, ҳамонро анҷом диҳад.[4]

Истихора бо Қуръон

Барои истихора бо Қуръон равишҳои мухталифе нақл шудааст[5] аз ҷумла:

  • Тибқи ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, яке аз равишҳои истихора бо Қуръон ин аст, ки ҳар гоҳ шахсе байни анҷом ё тарки коре мураддад буд, вақте барои намоз омода шуд, Қуръонро кушояд ва ба нахустин чизе ки дар он дид, амал кунад.[6]
  • Сайид Ибни Товус аз Пайғамбари Ислом (с) нақл кардааст, ҳангоме ки хостӣ бо Қуръон тафаъул бизанӣ (истихора бигирӣ), се маротиба сураи Ихлосро бихон ва се маротиба салавот бифирист ва сипас ин дуоро «Аллоҳумма инни тафаъалту бикитобик ва таваккалту алайк, фаринӣ мин китобика мо ҳувал мактум мин сиррикал макнуни фи ғайбик/قُلْ اللَّهُمَّ إِنِّی تَفَأَّلْتُ بِکِتَابِکَ وَ تَوَکَّلْتُ عَلَيْکَ فَأَرِنِی مِنْ کِتَابِکَ مَا هُوَ الْمَکْتُومُ مِنْ سِرِّکَ الْمَکْنُونِ فِی غَیْبِک» «Худоё, ба китоби Ту тафаъул мезанам, ва бар Ту таваккул мекунам ва аз китобат он чиро аз асрор ки пинҳон аст ва дар ниҳони ғайби Ту, пӯшида шуда ба ман бинамоён!»-ро бихону Қуръонро бикушо, аз сатри аввали саҳифаи аввал, истихораи худро бигир.[7]
  • Бар асоси бархе нақлҳо, пас аз кушодани Қуръон, ҳафт ё ҳашт варақ шуморида мешавад ва истихора аз варақи ҳафтум ё ҳаштум гирифта мешавад.[8]

Истихора бо коғаз

Дар истихора бо коғаз як шева ин аст, ки ду калимаи «ифъал/اِفْعَل» (анҷом бидеҳ) ва «ло тафъал/لا تَفْعَل» (анҷом надеҳ) бар ду коғазча навишта мешавад ва истихоракунанда бо ба ҷой овардани одоби хосс яке аз он дуро мебардорад ва ба муқтазои он амал мекунад.[9]

Ибни Идриси Ҳиллӣ аҳодиси истихора бо коғазро ғайримуътабар донистааст,[10] аммо Шаҳиди Аввал, дидгоҳи ӯро бо ин истидлол, ки истихора бо коғаз назди имомия машҳур аст, рад кардааст.[11]

Истихора бо тасбеҳ

Истихора бо тасбеҳ ба равишҳои мухталифе зикр шудааст.

  • Шаҳиди Аввал дар китоби Зикро гуфтааст, ки баъд аз хондани ҳар як аз сураҳои Ҳамд (ҳаддиақал се маротиба ва агар нашуд, як маротиба) ва Қадр даҳ маротиба ва низ хондани дуои махсус[Ёддошт 1] як қабза аз тасбеҳ ё теъдоде сангрезаро ҷудо карда ва дуто-дуто мешуморем. Агар бозмонда завҷ буд, кори мавриди назарро анҷом медиҳем ва агар фард буд онро тарк мекунем ё билъакс.[12]
  • Истихораи дигаре бо тасбеҳ дар Мафотеҳулҷинон аз Муҳаммалҳасани Наҷафӣ нақл шудааст, ки дар замони ӯ роиҷ буда (ва ба назари ӯ чӣ басо мансуб ба Имоми Замон (а) бошад) ин аст, ки инсон баъд аз хондани Қуръон ва дуо як қабза аз тасбеҳро бигирад ва ҳаштто-ҳаштто кам кунад, агар яке монд филҷумла хуб аст (хуби маъмулӣ) ва агар дуто монд як наҳй дорад ва агар сето монд анҷом додан ва тарки кор баробар аст ва агар чаҳорто монд ду наҳй дар он аст ва агар панҷто монд бархе гуфтаанд, сахтӣ ва ранҷ дорад ва бархе гуфтаанд, маломат дар он аст ва агар шашто монд бениҳоят хуб аст ва бояд дар анҷомаш аҷала кард ва агар ҳафтто монад ҳукмаш монанди вақте аст, ки панҷто монда ва агар ҳаштто монад чаҳор наҳй дар он аст.[13] Соҳиби Ҷавоҳир баъд аз нақли ин истихора тасреҳ кардааст, ки дар кутуби қадиму ҷадид, аслӣ ва фаръӣ нишоне аз ин истихора наёфтем чунончи бархе аз асотиди мутабаҳҳири мо ҳам ин матлабро гуфтаанд.[14]

Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал, санади истихора ба адад (тасбеҳ ё сангреза) ба Разиюддини Обӣ мерасад.[15] Албатта Сайид Ибни Товус санади онро ба имомони шиа бозгардондааст.[16] Ба ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир (1202 - 1266ҳ.қ.), дар замони ӯ уламо ба ин шева истихора мекарданд.[17]

Машруъияти истихора

Пеш аз Ислом, навъе аз истихора ба номи истиқсом ба азлом роиҷ буд,[20] ки ба василаи тири камон анҷом мешуд.[21] [Ёддошт 2] Шайх Шалтут - олими аҳли суннат, бо истинод ба ояти 3 сураи Моида, ки дар он истиқсом ба азлом ҳаром эълом шуда, истихораро мисдоқи наҳйи ин оят дониста ва онро амале номашруъ шуморидааст,[22] аммо Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиа, байни истисқом ва истихора фарқ қоил шуда, назари Шайхи Шалтутро рад карда[23] ва барои истиҳбоби истихора ба ривоёти мутааддиде истинод кардааст.[24]

Одоб ва шароит

Барои истихора, одоб ва шароите баён шудааст, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Мубоҳ будани коре, ки барои он истихора мешавад: истихора барои рафъи тардид дар корҳои мубоҳ аст, на дар корҳои хайр.[25]
  • Истихора барои худ: ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ ҳадисе нест, ки дар он шахсе ба ваколат аз дигарӣ истихора карда бошад. Бинобар ин сазовортар он аст, ки ҳар кас барои худаш истихора кунад.[26] Албатта ӯ ҳамчунин аз Сайид Ибни Товус нақл кардааст, ки истихора барои дигаронро ҷоиз медонист.[27]
  • Истихора баъд аз машварат: яъне пеш аз истихора машварат шавад ва агар натиҷа надод суроғи истихора рафт.[28]
  • Макони истихора: аз назари Шаҳиди Аввал беҳтар аст, ки истихора бо дуо дар масҷид ва ҳарамҳо бошад.[29] Дар бархе ривоёт аз истихора дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) сухан омадааст.[30]
  • Замон: Файзи Кошонӣ дар китоби Тақвим-ул-муҳсинин барои истихора ба Қуръон, дар ҳар рӯзи ҳафта соатеро зикр кардааст, аммо гуфтааст соъоти мазкури байни аҳли имон шуҳрат дорад ва дар аҳодис наёмадааст.[31] Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, барои намози истихора замони хоссе вуҷуд надорад.[32] Албатта дар бораи истихора ба Қуръон нақл шудааст, ки вақти намоз анҷом шавад.[33]
  • Амал ба истихора: амал ба истихора илзоми шаръӣ надорад, аммо беҳтар аст ба он амал шавад.[34]

Хондани дуоҳои махсус,[35] қироати бархе аз сураҳои Қуръон[36] ва фиристодани салавот[37] низ аз одобе аст, ки пеш аз истихора супориш шудааст.

Истихораҳои маъруф

Бархе аз истихораҳои маъруф иборатанд аз:

  • Истихораҳои Муҳаммадалишоҳи Қоҷор: ӯ барои умури мухталиф аз ҷумла ба туп бастани Маҷлиси шӯрои миллии Эрон дар соли 1287ҳ.ш. ва табъиди бархе аз афрод истихора мекард.[38]
  • Истихораи Носириддиншоҳ барои қабули ҳокимияти Эрон бар Ҳирот:[39] дар соли 1296 шамсӣ, давлати Англис тасмим гирифт барои муддате номаълум, ҳокимияти Ҳиротро ба Эрон бозгардонад, Носириддиншоҳ пас аз машваратҳои зиёд ба истихора мутавассил шуд.[40]
  • Истихораи Абдукарим Ҳоирии Яздӣ барои иқомат дар Қум: Оятуллоҳ Ҳоирӣ, муассиси ҳавзаи илмияи Қум, дар 1340 қамарӣ, ба Қум рафт. Дар ин сафар шуморе аз уламо ва аҳолии Қум аз вай хостанд, то дар онҷо сокин шавад. Ӯ аввал тардид дошт, аммо пас аз исрори уламо, истихора кард ва дар Қум сокин шуд.[41] [Ёддошт 3]
  • Истихораи бузургони Наҷаф барои Муллоқурбонъалии Занҷонӣ: ӯ сокини Занҷон буд ва бо машрута мувофиқ набуд. Машрутахоҳон мехостанд, ӯро дар Теҳрон таҳти назар нигаҳ доранд, аммо бузургони Наҷаф, ки тарафдор машрута буданд, истихора карданд ва бар асоси он дархост карданд, ки ӯро ба Ироқ бифиристанд.[42]
  • Истихораи муҳандис Маҳдии Бозаргон барои пазириши пешниҳоди доктор Мусаддиқ барои раёсати ҳайъати мудираи халъи яд аз ширкати нафти британияӣ.[43]

Дар китоби «Кандукове дар бораи истихора ва тафаъул» истихораҳое аз олимони шиъие ҳамчун Шайхи Ансорӣ, Файзи Кошонӣ, Шаҳиди Сонӣ ва Сайид Ибни Товус зикр шудааст.[44]

Ҳукми шаръии амал мутобиқи истихора

Тибқи назари фуқаҳо амал кардан тибқи натиҷаи истихора воҷиб нест ва мухолифат бо он низ шаръан ҳаром нест, ҳарчанд, ки беҳтар аст мухолифи он амал нашавад.[45] Аз назари Оятуллоҳи Шубайрии Занҷонӣ аз он ҷиҳат, ки дар мухолифат бо истихора, шубҳаи вуқуъи зарар вуҷуд дорад, эҳтиёт он аст, ки бо он мухолифат нашавад.[46]

Китобшиносӣ

Китобҳои мустақилле дар бораи истихора навишта шудааст, ки китоби Истихора, асари Айёшӣ ва ал-Истихора ва-л-истишора, навиштаи Зубайрии Шофеиро аз нахустин осор дар ин замина донистаанд. Бархе дигар аз китобҳо дар бораи истихора ба шарҳи зер аст:

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Деҳхудо, Луғатнтома, зайли истихора.
  2. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.430.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.162.
  4. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314.
  5. Ба унвони намуна ниг.: Ибни Товус, Фатҳ-ул-абвоб, 1409ҳ.қ., саҳ.277 - 279.
  6. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.310.
  7. Ибни Товус, Фатҳ-ул-абвоб, 1409ҳ.қ., саҳ.156.
  8. Ниг.: Ибни Товус, Фатҳ-ул-абвоб, 1409ҳ.қ., саҳ.278 ва 279.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.473.
  10. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.313 ва 314.
  11. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.266 - 267.
  12. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269 ва 270.
  13. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, одоби истихора. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.172.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 362ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.173.
  15. Шаҳиди Аввал, азЗикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269.
  16. Шаҳиди Аввал, азЗикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269 - 270.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.163.
  18. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, ҷ.1, саҳ.501.
  19. Ниг.: Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, 1376ҳ.ш, саҳ.842 то 851, ҳошияи китоб.
  20. Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Дор-ул-офоқ-ил-ҷадида, саҳ.196.
  21. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.306.
  22. Аббосии Муқаддам, “Баррасии мабонӣ ва моҳияти истихора”, саҳ.32.
  23. Гулпойгонӣ, Буҳусун ҳавла-л-истисқом (машруъиятул-истихора), саҳ.8 - 1.
  24. Гулпойгонӣ, Буҳусун ҳавла-л-истисқом (машруъиятул-истихора), саҳ.7 то 9.
  25. “Дуонависӣ ва истихора”, дафтари ҳифз ва нашри Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
  26. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ, ҷ.88, саҳ.285.
  27. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ, ҷ.88, саҳ.285.
  28. “Дуонависӣ ва истихора”, дафтари ҳифз ва нашри Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
  29. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.267.
  30. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.267.
  31. Файзи Кошонӣ, Тақвим-ул-муҳсинин, 1315ҳ.қ., саҳ.58 ва 59.
  32. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.155.
  33. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.310.
  34. “Дуонависӣ ва истихора”, дафтари ҳифз ва нашри Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
  35. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.473.
  36. Шаҳиди Аввал, аз-Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269 - 270.
  37. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.472.
  38. Таваккулӣ, “Варақе аз таърихи машрута, чанд истихора аз Муҳаммадалишоҳ бо ҷавобҳои онҳо”, саҳ.57.
  39. Темурӣ, «Носириддиншоҳ ва истихора барои қабули ҳокимияти Эрон бар Ҳирот», саҳ.265.
  40. Темурӣ, «Носириддиншоҳ ва истихора барои қабули ҳокимияти Эрон бар Ҳирот», саҳ.252 - 253.
  41. Тариқадор, Кандукове дар бораи истихора ва тафаъул, 1377ҳ.ш., саҳ.38.
  42. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1393ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.352 ва 353.
  43. “Мустанади роҳи тайшуда”, сайти Апарат.
  44. Тариқадор, Кандукове дар бораи истихора ва тафаъул, 1377ҳ.ш., саҳ.25 то 77.
  45. Адами вуҷуби амал ба истихора, вебгоҳи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  46. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, ҷ.1, саҳ.505.
  47. Тариқадор, Кандукове дар бораи истихора ва тафаъул, 1377ҳ.ш., саҳ.101 - 113.


Ёддошт


Сарчашма

  • Аббосӣ Муққадам, Мустафо, “Баррасии мабонӣ ва моҳияти истихора”, дар маҷаллаи мутолиоти торихии Қуръон ва ҳадис, шумораи 42, баҳор ва тобистони 1387ҳ.ш.
  • Дуонависӣ ва истихора”, вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, таърихи мушоҳида: 30 тири 1398ҳ.ш.
  • Замирӣ, Муҳаммадтақӣ ва Сайидабдуррасул Ҳусайнизода, «Истихора», дар доиратулмаорифи бузурги Қуръон, таърихи мушоҳида: 30 тири 1398ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Муборак ибни Муҳаммад, ан-Ниҳоя фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, Қум, муассисаи матбуотии Исмоилиён, бе то.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Фатҳ-ул-абвоби байна зави-л-албоб ва байна рабб-ил-арбоб, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳомид Хиоф, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Форис, Аҳмад ибни Форис, Мӯъҷаму мақоис-ил-луғат, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Ҳабиб, Муҳаммад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтр, Бейрут, Дорулофоқилҷадида, бе то.
  • Исфандиёрӣ, Омина, «Истихораи интернетӣ саҳеҳ аст?!!», вебгоҳи Тибён, таърихи дарҷи матлаб: 13 тири 1391ҳ.ш., таърихи мушоҳида: 30 тири 1398ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тасҳеҳи Ҳусайни Устодвалӣ, Қум, Садиқ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таваккулӣ, Аҳмад, Варақе аз таърихи машрута: чанд истихора аз Муҳаммадалишоҳ бо ҷавобҳои онҳо, дар маҷаллаи Ёдгор, шумораи 48 ва 49, фарвардин ва урдибиҳишти 1328ҳ.ш.
  • Тариқадор, Абулфазл, Кандукове дар бораи истихора ва тафаъул, Қум, маркази интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1377ҳ.ш.
  • Темурӣ, Иброҳим, «Носириддиншоҳ ва истихора барои қабули ҳокимияти Эрон бар Ҳирот», дар маҷаллаи Бухоро, шумораи 100, хурдод ва тири 1393ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, тасҳеҳи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Тақвим-ул-муҳсинин, дар китоби Тавзеҳулмақосид ба замимаи Тақвим-ул-муҳсинин, навиштаи Шайх Баҳоӣ, беҷо, бено, 1315ҳ.қ.
  • Ҷасос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадсодиқи Қумҳовӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1405ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1419ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Ҷуръае аз дарё, Қум, муассисаи китобшиносӣ, 1389ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found