Ризо (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Лақаби Ризо)

Ин мақола дар бораи лақаби Имом Ризо (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсияти Имом (а), мадхали Имом Ризо алайҳиссаломро бубинед.

Ризо (арабӣ: الرّضا) машҳуртарин лақаби Имом Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (а)[1] ба маънои писандидашуда аст.[2]

Бино бар ривояте, ки дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо нақл шудааст Худованд имоми ҳаштуми шиаёнро ризо лақаб мондааст. Дар ин ривоят омадааст, ки Аҳмад ибни Абинасри Базантӣ аз Имом Ҷавод (а) суол кард гурӯҳе аз мухолифони шумо муътақиданд, ки Маъмун, лақаби ризоро ба падари шумо дод, чун ба вилоятъаҳдии ӯ ризоят дод. Имом Ҷавод (а) дар посух фармуд: ба Худо дуруғ гуфтаанд ва кори нобаҷое муртакиб шудаанд, балки Худо Алӣ ибни Мусо (а)-ро ризо номид; чун ӯ мавриди ризояти Худо дар осмон ва мавриди ризояти Пайғамбари акрам (с) ва дигар имомон дар замин буд.[3] Дар идомаи ривоят омадааст, ки Базантӣ аз Имом пурсид, магар ҳамаи падаронат (имомон) мавриди ризояти Худованд, Пайғамбар (с) ва аимма (а) набуданд? Пас чӣ гуна падарат аз байни онҳо «ризо» номида шуд? Имом фармуд: барои ин ки душманон ва мухолифони ӯ ҳамонанди дӯстону мувофиқонаш аз ӯ розӣ буданд ва ҳеҷ як аз падаронаш инчунин набуданд; аз ин рӯ, падарам аз байни онҳо лақаби ризо гирифт.[4] Ҳамчунин бино бар ривояте ки аз Сулаймон ибни Ҳафси Марвазӣ дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо нақл шудааст падараш Имом Козим ӯро ризо номида ва ин лақабро дар бораи ӯ ба кор бурдааст.[5]

Ба гузориши бархе аз манобеи таърихӣ ҳангоме, ки Алӣ ибни Мусо (а) вилоятъаҳдии Маъмуни Аббосиро пазируфт, Маъмун ба ӯ лақаби «ризо» дод[6] ва ӯро «ар-Ризо мин Оли Муҳаммад» номид.[7] Ба гуфтаи Вилферд Моделунг, исломшинос ва шиашиноси олмонӣ (тавю:1930) ар-Ризо мин Оли Муҳаммад (мақбул аз хонадони Муҳаммад) пеш аз он дар бораи касоне аз Оли Муҳаммад ба кор мерафт, ки хилофаташон мавриди қабули ҳамаи мусулмонон буд.[8] Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, муҳаққиқ ва сиранигори шиа (1364 - 1441ҳ.қ.) бо истинод ба номаи Фазл ибни Саҳл, вазири Маъмун ба Имом Ризо (а), ки дар он лақаби ризо ба кор рафта аст, муътақид аст, ки ризо лақаби Имом буд, аммо Маъмун бо илҳом аз ин нома онро ба унвони лақаби расмии Имом қарор дод.[9]

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ лақаби ризо барои Имоми Ҳаштумро ин гуна тафсир мекунад ки аз алқоби хосси Илоҳӣ аст ва ҳар инсоне дар ҳар шароите бихоҳад ба чизеи розӣ бишавад ба воситаи файзи ризост. Ба ҳамин ҷиҳат ҳеҷ кас дар ҳеҷ мақтаъе аз ҳеҷ чизе ё аз ҳеҷ касе хушнӯд нахоҳад шуд, магар ба васотати мақоми волои разавӣ.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13.
  2. Соҳиб ибни Ибод, ал-Муҳит фи-л-луғат, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.42.
  3. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13.
  4. Аторудӣ, Муснад-ул-Имом-ир-Ризо (а), 1406ҳ.қ., саҳ.10.
  5. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.14.
  6. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.326.
  7. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.315.
  8. Моделунг, «Парвандаи Алӣ ибни Мусо-р-Ризо», саҳ.7.
  9. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а), муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, саҳ.204.
  10. امام رضا؛ عالم آل محمد(ص) معنای پرافتخار لقب «رضا», Пойгоҳи иттилоърасонии Исро

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Дорусодир, Бейрут, чопи аввал, 1385ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дор-ут-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-ал-уммат фи зикри хасоис-ил-аимма, Қум, маншуроти аш-Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Соҳиб ибни Ибод, Исмоил, ал-Муҳит фи-л-луғат, тасҳеҳи Муҳаммадҳасан Олиёсин, Бейрут, Олам-ул-китоб, 1414ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфари Муртазо, ал-Ҳаёт-ус-сиёсийя ли-л-Имом-ир-Ризо (а) диросатун ва таҳлил, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, бе то.
  • Аторудӣ, Азизуллоҳ, Муснад-ул-Имом-ир-Ризо, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1406ҳ.қ.
  • Моделунг, Вилферд, «Парванда: Алӣ ибни Мусо-р-Ризо (а)», тарҷумаи Аҳмад Намоӣ, Иттилооти ҳикмату маърифат, соли сеюм, шумораи 8, обони 1387ҳ.ш.
  • Мустафид ва Ғаффорӣ, Ҳамидризо ва Алиакбар, тарҷумаи Уюн-ул-ахбор-ир-Ризо, Теҳрон, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
  • امام رضا؛ عالم آل محمد(ص) معنای پرافتخار لقب «رضا», Пойгоҳи иттилоърасонии Исро, санаи нашр: 5 обони 1398ҳ.ш.