Курдус ибни Зуҳайр Тағлабӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Курдуш ибни Зуҳайр)
Курдус ибни Зуҳайр Тағлабӣ
Номи комилКурдус ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ
Маҳалли зиндагӣКӯфа
Санаи шаҳодатСоли 61ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатКарбало
Маҳалли дафнҲарами Имом Ҳусайн (а)
Аз ëрониИмом Ҳусайн (а)


Курдус ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ (арабӣ: کُرْدُوس بن زُهیر بن حرث تغلبی) (шаҳодат: 61ҳ.қ.) аз шуҳадои Карбало ва асҳоби Имом Алӣ (а) аст.

Курдус аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон буд. Ӯ дар воқеаи Карбало ҳамроҳи бародаронаш Қосит ва Муқсит худро шабона ба корвони Имом Ҳусайн (а) расонд ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.

Насаб

Курдус ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ, мансуб ба қабилаи Тағлаб буд. Аз ин рӯ, дар китоби Ибсор-ул-айн номи ӯ дар шумори шуҳадои тағлабӣ омадааст.[1] Дар ҷанги Сиффин низ аз вай бо унвони «писари раиси қабилаи Тағлаб» ёд шудааст.[2]

Номҳои дигаре ҳамчун Караш ва Курдуш барои ӯ зикр шудааст, ҳамчунин падарашро «Абдуллоҳ ибни Зуҳайр» низ гуфтаанд.[3]

Ҳузур дар Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон

Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Тоҳири Самовӣ (1292 - 1370ҳ.қ.) дар китоби Ибсор-ул-айн, Курдус аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон будааст, аз ин рӯ, аз ӯ дар ҷангҳо ба вижа Сиффин сухан ба миён омадааст.[4] Ҳамчунин Самовӣ вайро аз асҳоби Имом Ҳасан (а) низ донистааст.[5]

Шаҳодат дар Карбало

Курдус дар Кӯфа зиндагӣ мекард, баъд аз вуруди Имом Ҳусайн (а) ба Карбало, ҳамроҳи бародаронаш Қосит ва Муқсит шабона ба сипоҳи ӯ пайваст ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.[6]

Дар Зиёрат-уш-шуҳадо, аз ӯ ва бародараш Қосит бо иборати «ассалому ала Қосит ва Курдус ибни Зуҳайр ат-Тағлабияйн» ба унвони шуҳадои Карбало ёд шудааст.[7]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.199 - 200.
  2. Манқарӣ, Вақъату Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.487
  3. Ҳусайнии Ҳоирӣ, Захират-уд-дорайн, бе то, саҳ.545
  4. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
  5. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
  6. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
  7. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494; Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.153; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.273.

Сарчашма

  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Манқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, ал-Қоҳира, ал-муассисатул-арабиятул-ҳадиса, алтабъатус-сония, 1382ҳ.қ., овести Қум, маншуроти мактабатул-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, интишороти Донишгоҳи шаҳид Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ Ҳоирии Шерозӣ, Сайидабдулмаҷид, Захират-уд-дорайн фимо ятаъаллақу би масоиб-ил-Ҳусайн алайҳис-салом ва асҳобиҳ, Қум, нашри Замзами ҳидоят, бе то.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, чопи аввал, 1410ҳ.қ.