Иқтисодуно (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Иқтисодуно)
Тасвири рӯи ҷилди китоби "Иқтисодуно"
Тасвири рӯи ҷилди китоби "Иқтисодуно"
НависандаСайид Муҳаммадбоқири Садр
МавзуъИқтисоди исломӣ
Забонарабӣ
Теъдоди ҷилдяк ҷилд
НоширДор-ут-таоруф


Иқтисодуно (арабӣ: اِقتصادُنا), китоби Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар бахши иқтисоди исломӣ аст. Ин китоб назарияҳои иқтисодии марксизм ва капитализмро муаррифӣ ва нақд карда, сипас мактаби иқтисодии Исломро муаррифӣ кардааст. Ҳадаф аз навиштани китоб, шарҳи асосҳои иқтисоди исломӣ ва фарқи он аз дигар мактабҳои бузурги иқтисодӣ будааст. Назарияи “минтақат-ул-фароғ”, ки аз муҳимтарин дидгоҳи Шаҳид Садр дар арсаи иқтисоди исломӣ аст, дар ин китоб оварда шудааст. Аз “Иқтисодуно”, тарҷумаҳое ба забони форсӣ вуҷуд дорад, ки китоби "Иқтисоди мо" тарҷумаи Сайид Муҳаммадмаҳдии Бурҳонӣ ва Сайид Абулқосим Ҳусайнии Жарфо, аз ҷумлаи онҳост.

Нависанда

Сайид Муҳаммадбоқири Садр, нависандаи Иқтисодуно
Мақолаи аслӣ: Сайид Муҳаммадбоқири Садр

Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар 1-уми марти 1935 (25 зилқаъдаи 1353ҳ.қ.), дар Козимайн ба дунё омад ва дар соли 1981 ба ҳамроҳи хоҳараш Бинтулҳудо Садр ба дасти режими баъс дастгир шуда ба шаҳодат расид.[1] Ӯ илова бар марҷаъияти динӣ, марҷаъияти сиёсии шиаёни Ироқро низ бар ӯҳда дошт ва Ҳизб-уд-даъват-ул-исломияро таъсис кард.[2]

Сайид Муҳаммадбоқири Садр, дар илмҳое чун усул, фиқҳ, фалсафаи сиёсат ва маърифатшиносӣ назарияҳои нав ироа додааст. Назарияҳои «ҳаққ-ут-тоъат»,[3] «минтақат-ул-фароғ»[4] ва «таволуди зотии маърифат»[5] аз назарияҳои машҳури ӯст. Китобҳои Фалсафатуно, Иқтисодуно, Дурусун фи илм-ил-усул (машҳур ба Ҳалақот) ва «ал-Усус-ул-мантиқийяту ли-л-истиқро» аз муҳимтарин китобҳои ӯст.[6]

Ангезаи нигориш

Шаҳид Садр дар муқаддимаи чопи нахусти китоби Иқтисодуно, нигориши онро талошии ибтидоӣ барои баррасии амиқи андешаи иқтисодии Ислом ва ироаи он ба сурати низомманд донистааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафаш ин будааст, ки мабонӣ ва андешаҳои бунёдини иқтисоди исломиро баён кунад, фарқи онро бо дигар мактабҳои бузурги иқтисодӣ нишон диҳад ва иқтисоди исломиро дар иртибот бо дигар бахшҳои Ислом, матраҳ кунад.[7]

Арзиши илмии китоб

Бо вуҷуди гузашти беш аз ним аср аз нигориши Иқтисодуно, ин китоб ҳануз муҳимтарин ва роиҷтарин китоб дар заминаи иқтисоди исломӣ буда дар донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон, аз китобҳои мавриди тавваҷуҳ дар риштаи иқтисоди исломӣ аст. Дар ҷаҳони Ислом тадриси ин китоб ба кишварҳои шиа маҳдуд нашудааст ва дар бархе аз донишгоҳҳои кишварҳои суннӣ, монанди Миср ҳам тадрис мешавад.[8] Доктор Муҳаммад Муборак навиштааст: китоби Иқтисодуно, назарияи иқтисоди исломиро бо баррасии аҳкоми Ислом ироа дода ва зимни ҳифзи асолати фиқҳӣ, онро бо мафоҳими илми иқтисод, баён кардааст.[9]

Сохтор

Феҳристи куллии матолиби Иқтисодуно ба шарҳи зер аст:

  1. Муаррифӣ ва нақди марксизм
  2. Муаррифӣ ва нақди сармоядорӣ
  3. Шохисҳои аслии иқтисоди исломӣ
  4. Фароянди дастёбӣ ба мактаби иқтисодӣ
  5. Назарияи тавзеъи пеш аз тавлид
  6. Назарияи тавзеъи баъд аз тавлид
  7. Назарияи тавлид
  8. Масъулияти давлат дар иқтисоди исломӣ

Матолиби муҳим

Дар китоби Иқтисодуно ду мафҳуми мактаби иқтисодӣ ва илми иқтисод аз ҳам ҷудо шудааст; илми иқтисод ба дунболи кашфи падидаҳои иқтисодӣ дар ҷомеа ва омилҳову робитаҳои байни онҳост, дар ҳоле, ки мактаби иқтисодӣ ироадиҳандаи равишии одилона барои танзими зиндагии иқтисодии мардум аст.[10]

Ба бовари Садр, дар Ислом, мактаби иқтисодии Ислом баён шудааст, на илми иқтисоди исломӣ. Бинобар ин, иқтисоди исломӣ ироадиҳандаи равишии одилона барои танзими зиндагии иқтисодӣ аст ва ҳеҷ гоҳ дар пайи иктишофоти илмӣ дар ҳавзаи иқтисод нест. Барои мисол, Ислом дар Ҳиҷоз ба дунболи кашфи омилҳои рибо набуд, балки онро манъ кард ва низоми ҷадиде бар асоси музориба бино намуд.[11]

Минтақат-ул-фароғ

Мақолаи аслӣ: Минтақат-ул-фароғ

Назарияи минтақат-ул-фароғ, аз муҳимтарин дидгоҳҳои матраҳшуда дар китоби Иқтисодуно ва аз ибтикороти Шаҳид Садр аст. Бар тибқи ин назария, Ислом дар мавориде ба давлати исломӣ иҷоза медиҳад, ки бо тавваҷуҳ ба ниёзҳои замон ҳукм ва қонун вазъ кунад. Шаҳид Садр ин ҳавзаи қонунгузориро минтақат-ул-фароғ номида ва бархе аз қонунҳои вазъшуда тавассути Пайғамбар (с)-ро ҳам аз ин боб донистааст; на ба ин лиҳоз, ки Пайғамбари Худо будааст.[12]

Манобеи китоб

Манобеъе, ки дар Иқтисодуно ба онҳо истинод дода шудааст, маҷмӯаи гуногуне аз китобҳои ривоӣ, фиқҳӣ, таърихӣ, тафсирӣ, фалсафӣ ва китобҳои ғайриисломиро дарбар мегирад.[13] Шаҳид Садр дар муқаддимаи чопи аввали Иқтисодуно, дар хусуси дидгоҳҳои фиқҳии он гуфтааст, ки бино надоштааст танҳо дидгоҳҳои фиқҳии худро баён кунад. Бинобар ин, илова бар дидгоҳҳои фиқҳии худ, назароти дигар фақеҳонро ҳам овардааст.[14]

Бархе аз манобеи исломии мавриди истиноди китоб иборат аст аз:

Бархе аз манобеи ғайриисломӣ ба шарҳи зер аст:

  • Раъс-ул-мол, навиштаи Карл Маркс
  • Карл Маркс, навиштаи Ҳенрӣ Луфонер
  • Ар-Руҳ-ул-ҳизбийя фи-л-фалсафати ва-л-улум, навиштаи Ружа Горудӣ
  • Ал-Иштирокийя, навиштаи Аҳмад Шиблӣ
  • Ал-Баён-уш-шуюъӣ, навиштаи Карл Маркс ва Фридрик Энгелс
  • Ҳавла таърихи татаввур-ил-фалсафа, навиштаи Андра Жданов
  • Ҳавла-т-татбиқ, навиштаи Моитсе Тунг[17]
Тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд аз Иқтисодуно

Дидгоҳҳо дар бораи китоб

Ба бовари бархе, китоби Иқтисодуно нисбат ба дигар китобҳои Муҳаммадбоқири Садр, як китоби мумтоз аст; чароки дар замоне навишта шуд, ки андешаҳои либералистӣ ва марксистӣ дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ ривоҷ дошт ва ин масъала матраҳ буд, ки оё Ислом ҳам тарҳе барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад.[18] Ҳамчунин ба лиҳози сатҳ, мавзӯъ ва равиш як кори нав, ҷиддӣ ва бунёдин дар заминаи мабоҳиси исломии ҳавзавӣ будааст.[19]

Нақдҳое ҳам ба китоб матраҳ шудааст; аз ҷумла: гуфтаанд, ки Иқтисодуно ба масоили корбурдӣ тавваҷуҳ надошта ва барномаи амалие барои мудурияти ниҳодҳои иқтисодии ҷомеъа ироа надодааст.[20] Бархе низ дар хусуси назарияи минтақат-ул-фароғ, ки дар китоби Иқтисодуно матраҳ шудааст, ишколоте матраҳ кардаанд.[21]

Чоп ва тарҷума

Бархе аз чопҳо ва тарҷумаҳои Иқтисодуно иборат аст аз:

  • Иқтисодуно, чопи пажуҳишгоҳи илмӣ-тахассусии Шаҳид Садр, Қум
  • Иқтисодуно, чопи Дор-ул-фикри Бейрут
  • Иқтисоди мо, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, чопи Бунёди улуми исломӣ
  • Иқтисоди мо, тарҷумаи Сайид Муҳаммадмаҳдии Бурҳонӣ ва Сайид Абулқосим Ҳусайнии Жарфо, чопи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тахассусии Шаҳид Садр, Қум
  • Иқтисоди мо, тарҷумаи Муҳаммадкозим Мусавӣ ва Абдулалӣ Испаҳбудӣ, чопи Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум
  • Баррасии системаҳои иқтисодӣ (хулосае аз Иқтисодуно), танзими Ғуломризо Мисбоҳӣ, чопи Носири Қум.

Эзоҳ

  1. Ҳусайнии Ҳоирӣ, Сайид Козим, Зиндагӣ ва афкори Шаҳид Садр, саҳ.35.
  2. Фазлуллоҳ, “Шаҳид Садр дар бистари андеша ва амал”, саҳ.13 ва 14.
  3. Исломӣ, “Мактаби усулии шаҳиди Оятуллоҳ Садр”, саҳ.153; Лориҷонӣ, “Назарияи ҳаққ-ут-тоъат”, саҳ.12.
  4. Ҳусайнии Ҳоирӣ, “Иқтисоди исломӣ ва равиши кашфи он аз дидгоҳи Шаҳид Садр раҳимаҳуллоҳ”, саҳ.29.
  5. Хисравпаноҳ, “Мантиқи истиқро аз дидгоҳи Шаҳид Садр”, саҳ.29.
  6. Садр, Мабоҳис-ул-усул, муқаддимаи Ҳусайнии Ҳоирӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67 то 69.
  7. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.43, 44.
  8. «Тааммуле бар иқтисоди исломӣ дар андешаи шаҳид Муҳаммадбоқири Садр; марҷаъи иқтисоди исломӣ дар андешаи шаҳид Муҳаммадбоқири Садр», Пагоҳи ҳавза, 1 урдибиҳишти 1386, № 205.
  9. Садр, Иқтисоди мо, Муқаддимаи ношир, ҷ.1, 1393ҳ.ш., саҳ.10.
  10. Ҳусайнии Ҳоирӣ, “Иқтисоди исломӣ ва равиши кашфи он аз дидгоҳи Шаҳид Садр раҳимаҳуллоҳ”, саҳ.22 - 24.
  11. Ҳусайнии Ҳоирӣ, “Иқтисоди исломӣ ва равиши кашфи он аз дидгоҳи Шаҳид Садр раҳимаҳуллоҳ”, саҳ.22 ва 23.
  12. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.443, 444; Садр, Иқтисоди мо, тарҷумаи Сайид Абулқосими Жарфо, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.41, 42.
  13. Ниг.: Садр, Иқтисоди мо, 1393, ҷ.2, саҳ.489 то 499.
  14. Садр, Иқтисодуно, 1411ҳ.қ., саҳ.31.
  15. Ниг.: Садр, Иқтисоди мо, 1393, ҷ.2, саҳ.489 то 499.
  16. Садр, Иқтисодуно, саҳ.826
  17. Ниг.: Садр, Иқтисоди мо, 1393, ҷ.2, саҳ.489 то 499.
  18. Салмон, “Иқтисодуно (Муҳаммадбоқири Садр)”, саҳ.253.
  19. Салмон, “Иқтисодуно (Муҳаммадбоқири Садр)”, саҳ.254.
  20. Ҷидории Олӣ, “Нақди китоби Иқтисодуно”, саҳ.167.
  21. Ҳусайнӣ, Бозшиносӣ, «Таҳлил ва нақди назарияи минтақат-ул-фароғ», саҳ.96.

Сарчашма

  • Исломӣ, Ризо, “Мактаби усулии шаҳид Оятуллоҳ Садр”, Пажуҳиш ва ҳавза, № 27 ва 28, 1385ҳ.ш.
  • Лориҷонӣ, Содиқ, “Назарияи ҳаққ-ут-тоъат”, Пажуҳишҳои усулӣ, №1, 1381ҳ.ш.
  • Садр, Сайидмуҳаммадбоқир, Иқтисоди мо, тарҷумаи Сайидабулқосим Ҳусайнии Жарфо, Қум, Пажуҳишгоҳи илмӣ- тахассусии Шаҳид Садр, 1393ҳ.ш.
  • Садр, Сайидмуҳаммадбоқир, Иқтисодуно, Марказул-абҳос ва-ддиросотит-тахассусийя лил-имомиш-шаҳид ас-Садр, Қум, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Салмон, Ҳасан, “Иқтисодуно (Муҳаммадбоқири Садр)”, ал-Иҷтиҳод, № 37, 1418ҳ.қ.
  • «تأملی بر اقتصاد اسلامی در اندیشه شهید محمد باقر صدر: مرجع اقتصاد اسلامی در اندیشه شهید محمد باقر صدر», Пагоҳи ҳавза, 1 урдибиҳишти 1386, № 205.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «Шаҳид Садр дар бистари андеша ва амал: ӯ ба шакли табиъӣ дар ҷойгоҳи марҷаъият қарор гирифт», дар маҷаллаи Шоҳиди ёрон, № 18, урдибиҳишти 1386.
  • Хисравпаноҳ, Абдулҳусайн, “Мантиқи истиқро аз дидгоҳи Шаҳид Садр”, Зеҳн, № 1, 1383ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайидалӣ, «Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ», Андешаи содиқ, № 6 ва 7, 1381ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳоирӣ, Сайидкозим, “Иқтисоди исломӣ ва равиши кашфи он аз дидгоҳи Шаҳид Садр раҳимаҳуллоҳ”, тарҷумаи Аҳмадъалӣ Юсуфӣ, Иқтисоди исломӣ, № 1, 1380ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳоирӣ, Сайидкозим, Зиндагӣ ва афкори Шаҳид Садр, тарҷумаи Ҳасани Торамӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
  • Ҷидории Олӣ, Муҳаммад, “Нақди китоби Иқтисодуно”, Иқтисоди исломӣ, № 1, 1380ҳ.ш.