Ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия (китоб)
Нависанда | Шайхи Тӯсӣ |
---|---|
Санаи таълиф | қарни 5 ҳиҷрӣ |
Мавзуъ | Фиқҳи шиа |
Забон | Арабӣ |
Ба тасҳеҳи | Муҳаммадюбоқири Беҳбудӣ |
Теъдоди ҷилд | 8 |
Ношир | ал-Мактабат-ул-муртазавийя |
Маҳалли нашр | Теҳрон |
Санаи нашр | 1387ҳ.қ. |
ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия (арабӣ: المَبسوطُ فی فِقهِ الإمامیّة), ё ба ихтисор ал-Мабсут, аз осори фиқҳии Шайхи Тӯсӣ (385 - 460ҳ.қ.) ба забони арабӣ. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсутро дар посух ба мухолифони шиа навиштааст, ки муддаии ночиз будани фиқҳи шиа ва масоили матраҳшуда дар он будаанд. Ба гуфтаи нависанда, ин китоб, тамоми абвоби фиқҳ ва фуруотеро ки аҳли суннат матраҳ кардаанд, дарбар дорад.
Фақиҳони шиа дар осори худ ба ал-Мабсут истинод кардаанд. Ин китоб охирин асари фиқҳии шайхи тӯсӣ дониста шудааст.
Нависанда
Мақолаи аслӣ: Шайхи Тӯсӣ
Муҳаммад ибни Ҳасан (385 - 460ҳ.қ.), машҳур ба Шайхи Тӯсӣ,[1] аз олимони шиа ки ба далели ҷойгоҳи камназири илмияш, фақиҳон ва муҷтаҳидин пас аз ӯ, то сад сол, танҳо ноқили фатвоҳои вай хонда шудаанд.[2] Ӯ дар фиқҳ, тафсир, риҷол, калом ва усули фиқҳ соҳибназар буда ва осори мухталифе дар ин мавзуот дорад.[3] ат-Таҳзиб, ал-Истибсор, ан-Ниҳоя ва ал-Хилоф аз муҳимтарин осори фиқҳии Шайхи Тӯсӣ аст ки пеш аз ал-Мабсут навишта шудаанд.[4] Аз ин миён, ду китоби Таҳзиб ва Истбсор, аз кутуби арбааи муътабари шиа аст.[5]
Аҳамият ва муҳтаво
Оқобузурги Теҳронӣ, китоби ал-Мабсутро як давраи комили фиқҳи шиа дониста[6] ва Шайхи Тӯсӣ, китобро аз ҷиҳати дарбар доштани ҳамаи усул ва фуруъи фиқҳ, дар миёни китобҳои шиа ва аҳли суннат беназир хондааст.[7] Олимони шиъӣ дар китобҳои фиқҳии худ, ба ал-Мабсут истинод ва аз он нақли қавл кардаанд.[8] Сайид Ризо Садр китоби ал-Мабсутро аввалин китоби фиқҳии шиъӣ дониста ки фуруъоти фиқҳиро мавриди баҳс қарор додаву илова бар ин, китоби мазкурро комилтарин ва муҳаққиқонатарин асар дар асри худ муаррифӣ карда ва ин вижагиҳоро нишонгари вусъати иттилоъ ва табаҳҳури илмии Шайхи Тӯсӣ донистааст.[9]
Шайхи Тӯсӣ дар китоби мазкур, ба зикри аҳкоми фиқҳӣ дар мавзуоти мухталифе аз ҷумла таҳорат, намоз, рӯза, хумс, закот, ҳаҷ, эътикоф, издивоҷ, талоқ, иҷора, вақф, садақа, ҳудуд ва диёт пардохтааст. Аҳкоми марбут бо ҳар кадом аз мавзуот, дар бахшҳое бо унвони «китоб» ҷамъоварӣ шудааст.
Китоби ал-Мабсут, чунонки Шайхи Тӯсӣ тасреҳ карда, аз зикри дуо ва одоб парҳез карда ва ихтисорро дар баёни аҳком риоят кардааст.[10] Муҳаммадбоқири Хонсорӣ, ал-Мабсутро ҳовии қиёс ва истеҳсон муаррифӣ карда[11] ва далели онро тақия донистааст.[12] Шайхи Тӯсӣ дар ин китоб, аз зикри номи олимоне ки аз онҳо матолиберо нақл карда, парҳез карда ва танҳо аз Ибни Барроҷ ном бардааст.[13]
Ангезаи нигориш
Шайхи Тӯсӣ, китоби ал-Мабсутро посухе ба ночиз шумурдани фиқҳи имомия аз сӯии мухолифони шиа муаррифӣ кардааст.[14] Чунонки вай гуфта, мухолифон, теъдоди фуруъ ва масоили матраҳ дар фиқҳи имомияро андак дониста ва далели онро нафйи қиёс ва иҷтиҳод донистаанд, аммо ба эътиқоди Шайхи Тӯсӣ, тамоми фуруъ ва масоиле, ки аҳли суннат дар китобҳои фиқҳии худ овардаанд, дар нусусу аҳодиси имомон мавҷуд аст[15] ва аз ин рӯ дар китоби ал-Мабсут, фуруъи мухталифи фиқҳӣ, аз ривоёти Аҳли Байт истихроҷ шудааст.[16]
Ба бовари Шайхи Тӯсӣ, то пеш аз навишта шудани ал-Мабсут, ҳеҷ китобе ҳовии тамоми усулу фуруъи фиқҳӣ бар асоси мазҳаби шиа, дар дастрас набудааст.[17]
Замони нигориш
Муҳаммадбоқири Хонсорӣ, нависандаи китоби Равзот-ул-ҷаннот, бо истинод ба муқаддимаи китоби ал-Мабсут, онро охирин асари Шайхи Тӯсӣ дар фиқҳ донистааст.[18] Ҳамчунин Шайхи Тӯсӣ дар ал-Мабсут, ба Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид,[19] ал-Хилоф[20] ан-Ниҳоя,[21] ва ҳамчунин ал-Ҷумалу ва-л-ъуқуд[22] ирҷоъ дода ва ё аз онҳо ном бурдааст. Бо ин ҳол, Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Иқтисод-ул-ҳоди ило тариқ-ир-рашод, ба китоби ал-Мабсут ирҷоъ додааст.[23]
Чоп ва нусхаҳо
Китоби ал-Мабсут дар соли 1270ҳ.қ. бо хатти Муҳаммадалии Хонсорӣ ва тасҳеҳи Мирзо Масеҳ дар Эрон, чопи сангӣ шудааст.[24] Ҳамчунин интишороти ал-Мактабат-ул-муртазавийя дар соли 1387ҳ.қ. онро бо ҳошияи Муҳаммадтақии Кашфӣ ва тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ дар 8 ҷилд мунташир кардааст.[25]
Оқобузурги Теҳронӣ аз ду нусхаи қадими ал-Мабсут марбут ба солҳои 586 ва 613ҳ.қ. ёд кардааст.[26] Дар китоби Муқаддамае бар фиқҳи шиа аз нусхаҳои мухталифе аз он ёд шуда ки қадимитарини онҳо марбут ба сол 507ҳ.қ. аст.[27]
Эзоҳ
- ↑ Давонӣ, Ҳазораи Шайхи Тӯсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.47
- ↑ Давонӣ, Ҳазораи Шайхи Тӯсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.66
- ↑ Давонӣ, Ҳазораи Шайхи Тӯсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.55 - 56 ва 66
- ↑ Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, Мактабаи Исмоилиён, ҷ.6, саҳ.222
- ↑ Давонӣ, Ҳазораи Шайхи Тӯсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.65
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.54
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3; Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, Мактабаи Исмоилиён, ҷ.6, саҳ.223
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.647; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.459
- ↑ Садр, «Мақоми фиқҳии Шайхи Тӯсӣ», саҳ.388
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3
- ↑ Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, Мактабаи Исмоилиён, ҷ.6, саҳ.217
- ↑ Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, Мактабаи Исмоилиён, ҷ.6, саҳ.218
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.11
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.1 - 3
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.1 - 3
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.1 - 3
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3
- ↑ Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, Мактабаи Исмоилиён, ҷ.6, саҳ.222
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.117
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.221, ҷ.4, 63, 111
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.211, ҷ.7, саҳ.54
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод-ул-ҳодӣ, 1375ҳ.қ., саҳ.239, 316
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.54
- ↑ Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.54
- ↑ Ниг.: Мударрисии Таботабоӣ, Муқаддамае бар фиқҳи шиа, 1368ҳ.ш., саҳ.79
Сарчашма
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозирати фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳ: Муҳаммадтақии Ереванӣ ва Сайид Абдурразоқи Мақарам, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1405ҳ.қ.
- Давонӣ, Алӣ, Ҳазораи Шайхи Тӯсӣ: мақолаҳо ва хитобаҳое ба муносибати ҳазорумин соли вилодати Шайхи Тӯсӣ, Теҳрон, муассисаи интишороти Амири Кабир, 1386ҳ.ш.
- Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовийи ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Мударрисии Таботабоӣ, Сайид Ҳусайн, Муқаддамае бар фиқҳи шиа, тарҷумаи Муҳаммадосифи Фикрат, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1368.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсайн, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Қуму Теҳрон, Исмоилиён ва китобхонаи исломия, 1408ҳ.қ.
- Садр, Сайид Ризо, «Мақоми фиқҳии Шайхи Тӯсӣ: дар се китоби пурарҷи вай: Ниҳоя, Хилоф ва Мабсут», дар Ҳазораи Шайхи Тӯсӣ: мақолаҳо ва хитобаҳое ба муносибати ҳазорумин соли вилодати Шайхи Тӯсӣ, муқаддама, тарҷума ва тадвини Алии Давонӣ, Теҳрон, Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1385ҳ.ш.
- Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот, таҳқиқи Асадуллоҳи Исмоилиён, Қум, Мактабаи Исмоилиён, бе то.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод-ул-ҳодии ила тариқ-ир-рашод, Теҳрон, Китобхонаи ҷомеъи Чиҳилсутун, 1375ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсути фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, 1387ҳ.қ.