Гуноҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Иртикоби гуноҳон)
Макорими ахлоқ

Гуноҳ (форсӣ: گناه) нофармонӣ аз дастуроти Худо аст ва ба сухани дигар анҷоми коре, ки Худо аз он наҳй карда, ё тарки коре, ки ба анҷоми он фармон додааст. Гуноҳонро ба ду дастаи кабира (бузург) ва сағира (кучак) тақсим мекунанд. Гуноҳи кабира гуноҳе аст, ки дар Қуръон ё ривоёт ба кабира будани он тасреҳ шуда, ё ба анҷомдиҳандаи он ваъдаи азоб дода шуда бошад, монанди қатли нафс, зино, хӯрдани моли ятим ва рибохорӣ.

Бинобар таълимоти динӣ, бархе гуноҳон дорои осори вижае чун аз даст додани неъматҳо, аз байн рафтани обрӯ ва шитоб ёфтани марг ҳастанд.

Бо тавваҷуҳ ба оёти Қуръон, тавба, истиғфор, тақво, имон, аъмоли солеҳ ва садақа додан мӯҷиби пок шудани гуноҳон мешаванд. Тибқи бархе ривоёт, Худованд ба василаи чизҳое монанди беморӣ ва фақр, гуноҳони бандагонашро маҳв мекунад. Ҳамчунин дар Қуръон омадааст агар гуноҳкоре тавба кунад, Худованд аз гуноҳони ӯ дармегузарад.

Ба эътиқоди шиаён, чаҳордаҳ маъсум ва пайғамбарон аз гуноҳ мубарро ҳастанд.

Вожашиносӣ

Гуноҳ ба маънои нофармонӣ аз дастуроти Худованд аст.[1] Ба иборати дигар, гуноҳ, анҷом додани коре, ки Худо аз он наҳй карда, ё тарки коре, ки Худо ба он амр кардааст.[2] Ин калимаро муодили калимаҳое чун занб, маъсият, исм, сайиа ва хатиа дар забон арабӣ медонанд.[3]

Ақсом

Аз назари кабира ва сағира будан

Дар бархе китобҳои ахлоқӣ, гуноҳон ба ду қисми сағира ва кабира тақсим шудаанд.[4] Решаи ин тақсимро Қуръон ва ривоёт медонанд.[5] Барои намуна дар ояти 31 сураи Нисо омадааст: «Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз онҳо наҳй шудаед дурӣ ҷӯед, бадиҳои шуморо аз шумо мезудоем!».[6] Ба гуфтаи Сайидмуҳаммадҳусайни Таботабоӣ, мурод аз «бадиҳо» дар оят, гуноҳони сағира аст; чароки дар муқобили гуноҳони кабира омадааст. Ин оят баёнкунандаи он аст, ки гуноҳон ба ду қисми хӯрду калон тақсим мешаванд.[7]

Дар китоби Урват-ул-вусқо, гуноҳи кабира ба гуноҳе гуфта шудааст, ки дар Қуръон ё ривоёт ба кабира будани он тасреҳ шуда, ё ба муртакиби он ваъдаи азоб дода шуда, ё дар Қуръону ривоёт аз яке аз гуноҳони кабира бузургтар дониста шуда аст.[8]

Қатли нафс, зино, тӯҳмат задан ба зани покдоман, хӯрдани моли ятим, рибохорӣ, тарки намоз, дуздӣ ва ноумедӣ аз раҳмати Худо, аз ҷумлаи гуноҳони кабирае ҳастанд, ки дар ривоёт матраҳ шудаанд.[9]

Тақсими гуноҳон аз ҷиҳати осор

Дар бархе аз ривоёт, гуноҳон бо таваҷҷуҳ ба пайомадҳои онҳо тақсим шудаанд. Барои намуна дар Маъони-л-ахбор дар ҳадисе аз Имом Саҷҷод (а), гуноҳон ба чанд даста тақсим шудаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

Асароти моддӣ ва маънавии гуноҳ

Бар асоси ҳадисе аз Имом Содиқ (а) замоне, ки инсон гуноҳе муртакиб мешавад, нуқтае сиёҳ дар қалби ӯ эҷод мешавад. Агар тавба кунад пок мешавад, аммо агар бар гуноҳони худ биафзояд, бар он сиёҳӣ низ афзуда мешавад, то ҷое, ки тамоми қалби ӯро фаро гирад. Дар ин сурат ҳеҷгоҳ растагор нахоҳад шуд.[11]

Имом Алӣ (а) дар ҳадисе бо истинод ба ин ояти Қуръон, ки «Агар шуморо мусибате расад, ба хотири корҳое аст, ки мекунед»[12], гуноҳонро иллати ҳар балое дониста аст, ки дар зиндагӣ насиби инсон мешавад, ҳатто харош бардоштан ва ба замин хӯрдан.[13]

Муртазо Мутаҳҳарӣ мутафаккир ва нависандаи шиа:

Гуноҳ ба таври куллӣ инфиҷор аст, чун аз масири фитрат хориҷ шудан аст. Инсон агар дар масири фитрат амал кунад, агар ҳуқуқу ҳудуди бадану нафсро рӯи эътидол риоят кунад ба гуноҳ намеуфтад. Вале вақте ки аз шароити эътидол хориҷ мешавад ин гуноҳон мисли як ҳолати инфиҷорӣ [рух медиҳад.] Нигоҳи гуноҳомез мекунад, навъе инфиҷор аст. Ҳарфи гуноҳомез мезанад, ҳаминтавр. Масалан инсон ба иллатҳое дарунаш пур аз уқдаву пар аз ҳиқду кинаву ҳасодату амсоли инҳо мешавад. Баъд дар як ҷое як ҳарферо, ки ақли як бача ҳам мефаҳмад, ки набояд бигӯяд ва агар бигӯяд ба зарари худаш аст ـ дуруст мисли кӯҳи оташфишон ки беихтиёр аз дарунаш оташ берун мезанад - мегӯяд.


Омилҳои поккунанда ва азбайнбарандаи гуноҳ

Дар китоби Мизон-ул-ҳикмат, дар бахше бо унвони «муаккаффироти зунуб» (поккунандаҳои гуноҳон) бархе авомили маҳвкунандаи гуноҳон бар асоси ривоёт баён шуда аст.[14] Ба гузориши ин китоб фақр, беморӣ, хушрӯӣ, фарёдрасии мазлумон, саҷдаи зиёд ва салавот аз ин авомил ҳастанд.[15]

Тавба аз гуноҳ

Навиштори аслӣ: Тавба

Дар манобеи фиқҳии шиа, ҳамвора бар вуҷуби тавба аз гуноҳон таъкид шуда аст ва вуҷуби он фаврӣ дониста шуда аст. Шайх Муҳаммадҳасани Наҷафӣ,[16] Сайиди Яздӣ тавба аз гуноҳро муҳимтарин масъала ва воҷибтарини воҷибҳо медонад.[17] Бо тавваҷуҳ ба оёти Қуръон аз ҷумла ояти 82 сураи Тоҳо, Худованд тавбаи гуноҳкорро мепазирад ва гуноҳони ӯро ҳарчӣ бошад, мебахшояд.[18]

Исмат, мақоми дурӣ аз гуноҳ

Навиштори аслӣ: Исмат

Дар фарҳанги динӣ, исмат мақоме аст, ки дар он фард гуноҳ муртакиб намешавад.[19] Чунин фардеро маъсум меноманд.[20] Ба эътиқоди шиаён, маъсум ба хотири огоҳии комилу ҳамешагӣ аз зиштии гуноҳ ва иродаи қавӣ, аз рӯи ихтиёр гуноҳ намекунад.[21] Шиаёни [[имомӣ] бар ин боваранд, ки пайғамбарон, имомони дувоздаҳгона ва ҳазрати Заҳро (а) дорои мақом исматанд.[22]

Мутолиаи бештар

Эзоҳ

  1. Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.7.
  2. Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.429.
  3. Нигоҳ кунед ба Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.7.
  4. Нигоҳ кунед ба Дастғайб, Гуноҳони кабира, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.31/ Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.13-15.
  5. Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.13.
  6. Сураи Нисо, ояти 31.
  7. Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.323.
  8. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.681.
  9. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.276-278.
  10. Садуқ, Маъони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.270-271.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.327.
  12. Сураи Шуро, ояти 30.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.362.
  14. Нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмат, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1906-1913.
  15. Нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмат, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1906-1913.
  16. Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.168.
  17. Нигоҳ кунед ба Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287.
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.187-188.
  19. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.31.
  20. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.31.
  21. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.31.
  22. Мисбоҳи Яздӣ, Омузиши ақоид, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.30-31.

Сарчашма

  • Дастғайб, Сайидабдулҳусайн, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи нуҳум, 1375ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Ҳасан ибни Ҷаъфар, Анвор-ул-фақоҳат, Наҷаф, Муассисаи Кошифулғито, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омузиши ақоид, Теҳрон, Ширкати чоп ва нашри байналмилали созмони таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизон-ул-ҳикмат ҳамроҳ бо тарҷумаи форсӣ, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи дувум, 1379ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъони-л-ахбор, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал/ Диросатун мавзуъийя муқоринатан ли-л-мазоҳиб-ил-исломийя, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1370ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Хуӣ Сайидабулқосим, Сирот-ун-наҷот, ҷамъоварӣ ва тасҳеҳи Мусо Муфидуддини Осии Омилӣ, Қум, Мактабу нашр-ил-мунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Интишороти мадрисаи Имом Алӣ ибни Абутолиб, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Гуноҳшиносӣ, танзими Муҳаммад Муҳаммади Иштиҳордӣ, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, таҳқиқи Алии Исломӣ, Қум, Маркази нашри Исро, чопи дувум, 1387ҳ.ш.