Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Имоми ёздаҳуми шиаён)
Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом
ёздаҳумин имоми шиаёни исноашарӣ
Ҳарами аскарияйн
Ҳарами аскарияйн
Нақшёздаҳумин имоми шиаёни исноашарӣ
КунияАбумуҳаммад
Зодрӯз8 рабиуссонии 232ҳ.қ.
Муддати имомат6 сол (аз 254 то 260ҳ.қ.)
Шаҳодат8 рабиулаввали 260ҳ.қ.
МадфанИроқ - Сомиро (Ҳарами аскарияйн)
Маҳалли зиндагӣшаҳри Сомиро
ЛақабҳоИбнурризо, Сомит, Ҳодӣ, Рафиқ, Закӣ ва Тақӣ
хешу табор
ПадарИмом Ҳодӣ (а)
МодарҲудайс ё Салил
ҲамсаронНарҷис
ФарзандонИмом Маҳдӣ (а)
Тӯли умр28 сол
Имомони шиа
‌‌Имом Алӣ . Имом Ҳасани Муҷтабо . Имом Ҳусайн . Имом Саҷҷод . Имом Боқир . Имом Содиқ . Имом Козим . Имом Ризо . Имом Ҷавод . Имом Ҳодӣ . Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом . Имом Маҳдӣ


Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад (а) (арабӣ: الإمام الحسن العسكري عليه السلام) машҳур ба Имом Ҳасани Аскарӣ (а) (232 - 260ҳ.қ.) ёздаҳумин имоми шиаёни исноашарӣ аст, ки ба муддати шаш сол имоматро бар ӯҳда дошт. Ӯ фарзанди Имом Ҳодӣ (а) ва падари Имом Маҳдӣ (аҷ) аст.

Машҳуртарин лақаби ӯ, Аскарӣ аст, ки ба иқомати иҷбориаш дар Сомирро ишора дорад. Ӯ дар Сомирро таҳти муроқибати ҳукумати Аббосӣ қарор дошт ва барои фаъолиятҳояш бо маҳдудият рӯбарӯ буд. Имом Аскарӣ (а) аз тариқи намояндагони худ ва низ аз роҳи номанигорӣ бо шиаён иртибот дошт. Усмон ибни Саид, нахустин ноиби хосси Имом Замон (аҷ), аз намояндагони хосси ӯ низ ба шумор мерафт.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар 8-уми рабиъулаввали соли 260 қамарӣ, дар 28 солагӣ дар Сомирро ба шаҳодат расид ва дар канори марқади падараш дафн шуд. Мадфани он ду ба Ҳарами Аскарияйн машҳур аст ва аз зиёратгоҳҳои шиаён дар Ироқ ба шумор меояд.

Аҳодисе аз Имом Аскарӣ (а) дар мавзӯоти тафсири Қуръон, ахлоқ, фиқҳ, умури эътиқодӣ, адъия ва зиёрат ривоят шудааст.

Зиндагинома

* Насаб: насаби Имом Ҳасани Аскарӣ (а) бо ҳашт восита ба Алӣ ибни Абутолиб (а) аввалин имоми шиаён мерасад.[1] Падараш Имом Ҳодӣ (а), даҳумин имоми шиаёни исноашарӣ аст. Ба нақл аз манобеи шиъӣ, модараш каниз буд ва Ҳудайс ё «Ҳадиса» ном дошт.[2] Дар бархе аз манобеъ номи ӯ «Савсан»,[3] «Асфон»[4] ва Сулайл[5] низ сабт шудааст. Имом Аскарӣ (а) бародаре ба номи Ҷаъфар дошт, ки ба Ҷаъфари каззоб маъруф аст. Ӯ пас аз шаҳодати Имом Аскарӣ (а), иддаои имомат кард ва бо инкори таваллуди фарзанде барои ӯ, ба унвони танҳо вориси ӯ муддаии мероси он ҳазрат шуд.[6] Сайид Муҳаммад ва Ҳусайн дигар бародарони ӯ будаанд.[7]

Мақолаи аслӣ: Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Имом Ҳасани Аскарӣ (а)

* Лақабҳо: лақабҳои вайро Ҳодӣ, Нақӣ, Закӣ, Рафиқ ва Сомит зикр кардаанд. Бархе аз муаррихон лақаби «Холис»-ро ҳам гуфтаанд.[8] Ибну-р-Ризо низ лақабе аст, ки Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба он шуҳрат ёфтаанд.[9] Лақаби «Аскарӣ» низ муштараки байни Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст; зеро ҳарду дар шаҳри Сомирро иқомати иҷборӣ доштанд. «Аскар» унвони ғайри машҳуре барои Сомирро будааст.[10] Ҳамчунин ба хотири иштироки номи «Ҳасан» байни эшон ва Имом Ҳасани Муҷтабо (а), эшонро «Ҳасани ахир» низ хондаанд.[11]

* Куния: кунияи ӯ «Абумуҳаммад» буд.[12] Дар баъзе манобеъ кунияҳои Абулҳасан,[13] Абулҳуҷҷа,[14] ва Абулқоим[15] низ ба кор рафтааст.

* Таваллуд: бештари манобеъ таваллуди эшонро дар Мадина донистаанд,[16] бо ин ҳол аз таваллуди ӯ дар Сомирро низ сухан рафтааст.[17] Бештари манобеи мутақаддими имомия вилодати ҳазратро дар рабиъуссонии соли 232 ҳиҷрии қамарӣ донистаанд.[18] Дар ривояте ба нақл аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) низ ҳамин таърих зикр шудааст.[19] Бархеи дигар аз манобеи имомия ва аҳли суннат вилодати ҳазратро дар соли 231 қамарӣ, низ навиштаанд.[20] Шайхи Муфид дар «Масорр-уш-шиъа» вилодати имомро 10 рабиъуссонӣ овардааст.[21] Дар қарни шашуми қамарӣ, ин қавл ба ҳошия рафт ва таваллуди ҳазрат дар 8 рабиъуссонӣ шуҳрат ёфтааст,[22] ки қавли машҳур назди имомия низ ҳаст.

* Шаҳодат: Имом Аскарӣ (а) 8-уми рабиъулаввали соли 260 қамарӣ[23] дар давраи ҳукумати Муътамиди Аббосӣ дар 28 солагӣ ба шаҳодат расид.[24] Гузоришҳое низ дар бораи шаҳодати ӯ дар моҳҳои рабиъуссонӣ ва ҷамодилаввал низ вуҷуд дорад.[25] Шайхи Муфид бар он аст ӯ ба сабаби беморӣ аз дунё рафт,[26][Ёддошт 1] аммо бино ба гуфтаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар Эълом-ул-варо, бисёре аз уламои имомия мӯътақиданд, ки Имом Аскарӣ (а) (ва низ падар, ҷаддаш ва тамомии имомон) бар асари масмумият шаҳид шудааст.[27][Ёддошт 2] Мустанади онон ривояти «و الله ما منّا الا مقتول شهيد» манқул аз Имом Содиқ (а) аст.[28] Бар асоси бархе гузоришҳои торихӣ, ду халифаи қабл аз Мӯътамид низ дар садади қатли Имом Аскарӣ (а) баромада буданд. Дар ривояте омадааст, Муътаззи Аббосӣ ба ҳоҷиби худ дастур дод имомро дар масири Кӯфа ба қатл бирасонад, вале бо огоҳ шудани мардум, муваффақ нашуд.[29] Бар асоси гузориши дигаре, Муҳтадии Аббосӣ низ тасмим гирифт имомро дар зиндон ба шаҳодат бирасонад, вале тасмими ӯ амалӣ нашуд ва давраи ҳукумати ӯ ба сар расид.[30] Имом Аскарӣ (а) дар хонаи худ дар Сомирро, ки пештар Имом Ҳодӣ (а) низ дар онҷо дафн шуда буд, мадфун аст.[31] Ба нақли Абдуллоҳ ибни Хоқон, вазири Муътамиди Аббосӣ[32] пас аз шаҳодати Имом Аскарӣ (а), бозорҳо таътил шуд ва Банӣ Ҳошим, бузургон, риҷоли сиёсӣ ва мардум дар ташйиъи пайкари ӯ иштирок карданд.[33] Ин рӯз дар тақвими расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати оғози имомати Имом Замон (а) таътили расмӣ аст.[34]

* Ҳамсар: тибқи нақли машҳур, Имом Аскарӣ (а) ҳамсаре ихтиёр накард ва насли ӯ танҳо аз тариқи канизе идома ёфт, ки модари ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аст.[35] Манобеъ, номи модари Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро мутааддиду мухталиф зикр кардаанд. Дар манобеъ омадааст, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ходимон ва канизони мутааддиди румӣ, сақлоӣ ва турк дошт[36] ва шояд ин ихтилоф дар номи модари Имом Замон, аз сӯе ба сабаби тааддуди канизон, ва аз сӯи дигар ба манзури пинҳон нигоҳ доштани таваллуди Имом Маҳдӣ (аҷ) будааст.[37]

* Фарзанд: бар асоси аксари манобеи шиа, танҳо фарзанди Имом Аскарӣ (а), Имом Замон (аҷ) мусаммо ба «م‌ح‌م‌د /м ҳ м д» аст.[38] Аз уламои аҳли суннат низ касоне чун Ибни Асир, Шабланҷӣ ва Ибни Саббоғи Моликӣ низ номи Муҳаммадро ба унвони фарзанди Имом Аскарӣ зикр кардаанд.[39]

Дар бораи фарзандони ҳазрат, қавлҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад ва ӯро дорои се писару се духтар шуморидаанд.[40] Хусайбӣ афзун бар Имом Маҳдӣ (аҷ) аз ду духтар ба номҳои Фотима ва Даллола ном бурда[41] ва Абни Абиссалҷ афзун бар он имом, писаре ба номи Мусо ва ду духтар ба номҳои Фотима ва Оиша (ё Уммимусо)-ро баршумурдааст,[42] аммо дар бархе кутуби ансоб, номҳои зикршуда, хоҳарон ва бародарони Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ҳастанд,[43] ки шояд бо фарзандони ӯ халт шудаанд. Дар муқобил, бархе аз манобеи аҳли суннат вуҷуди фарзанде барои Имом Аскариро инкор кардаанд,[44] ки ба эҳтимол, ин дидгоҳ ба хотири махфӣ будани вилодати имоми дувоздаҳум ва адами итилоъи онон аз таваллуди ӯ будааст.[45]

* Интиқол ба Сомирро: дар синини кӯдакии Имом Ҳасани Аскарӣ (а), падараш, Имом Ҳодӣ (а) ба иҷбор ба Ироқ фарохонда шуд ва дар Сомирро, пойтахти он рӯзи Аббосиён, таҳти назар қарор гирифт. Дар ин сафар Имом Аскарӣ (а) низ ҳамроҳи падар буд. Масъудӣ замони ин сафарро соли 236 ҳиҷрии қамарӣ,[46] ва Навбахтӣ соли 233 қамарӣ[47] гуфтаанд. Имом Ҳасани Аскарӣ бештари умри худро дар Сомирро гузаронд ва машҳур аст, ки ӯ танҳо имоме аст, ки ба ҳаҷ нарафт, вале дар Уюну ахбор-ир-Ризо ва Кашфулғумма ривояте нақл шудааст, ки ровӣ, онро дар Макка аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) шунидааст.[48]

Далелҳо ва муддати имомат

Муддати имомати Имом Аскарӣ (а) шаш сол (аз 254 то 260ҳ.қ.) буд. Муҳимтарин далел барои имомати Ҳасан ибни Алии Аскарӣ (а) баъд аз шаҳодати Имом Ҳодӣ (а), васият ва аҳодиси Имом Ҳодӣ (а) дар бораи ҷонишинии ӯст.[49] Шайхи Муфид дар ал-Иршод беш аз даҳ ривояту нома дар ин бора овардааст.[50]

Аксари шиаён ва ёрони Имом Ҳодӣ (а) низ пас аз шаҳодати эшон, ба Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба унвони имом руҷӯъ карданд,[51] вале иддаи андаке Ҷаъфар ибни Алӣ, маъруф ба Ҷаъфари каззоб писари дигари Имом Ҳодӣ (а)-ро имоми худ хонданд ва иддае низ ба имомати Сайид Муҳаммад, ки дар замони Имом Ҳодӣ (а) аз дунё рафта буд, мӯътақид шуданд.[52]

Бархе ки аз иддаои имомати Ҷаъфари каззоб ҳимоят мекарданд, ишколоте бар имомати Имом Аскарӣ (а) ворид месохтанд. Инҳо ки умуман ҷойгоҳи илмии муносибе ҳам надоштанд, гоҳ муддаӣ мешуданд, илми Имомро санҷида ва онро дар сатҳи илми комил, ки барои аимма (а) лозим аст, наёфтаанд.[53] Гоҳе низ муддаӣ мешуданд дар номаҳои имом ғалатҳои дастурӣ ёфтаанд.[54] Онҳо бархе мавоқеъ ба навъи либосе, ки Имом пӯшида буд, эрод мегирифтанд.[55] Ва гоҳ дар шуъуни имомат дахолат карда ва аз Имом ба хотири амалкарди вакилонаш интиқод мекарданд.[56] Ҳамчунин гоҳ дастуроти Имом ва фиристодаи эшонро намепазируфтанд.[57] Аз ҳамин рӯ буд, ки Имом Аскарӣ (а) мефармуд, ҳеҷ як аз падаронашон ба андозаи ӯ мавриди шакку тардиди шиаён қарор нагирифтааст.[58]

Имом истимрори ин гуна рафторҳоро аз авомиле медонад, ки мумкин аст ба салби неъмати илоҳӣ мунҷар шавад.[59] Мударрисии Таботабоӣ мӯътақид аст, шояд ҳамин носипосиҳо ва куфрони неъматҳо мӯҷиб шуд, ки саранҷом, ҷомеаи шиа аз неъмати ҳузури имоми маъсум маҳрум гардид.[60]

Шароити сиёсӣ

Давраи имомати Имом Аскарӣ (а) бо се халифаи аббосӣ ҳамзамон буд: Муътаззи Аббосӣ (252 - 255ҳ.қ.), Муҳтадӣ (255 - 256ҳ.қ.) ва Муътамид (256 - 279ҳ.қ.).

Шояд нахустин мавзеи сиёсии сабтшуда дар зиндагии Имом Ҳасани Аскарӣ (а) марбут ба замоне бошад, ки Имом ҳудуди бист сол дошт ва падараш ҳануз зинда буд. Эшон дар номае ба Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир аз амирони соҳибнуфузи дастгоҳи аббосӣ, ки аз душманони Мустаъин, халифаи вақт ба шумор меомад, халифаро фарде туғёнгар хонда, соқит шудани ӯро аз Худо хост.[61]

Пас аз қатли Мустаъин, Муътаз ба қудрат расид. Дар оғози ҳукумати ӯ рафтори хусуматомезе нисбат ба Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) гузориш нашудааст. Пас аз шаҳодати Имом Ҳодӣ (а) низ шавоҳид ҳикоят аз он дорад, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки барои фаъолиятҳои Имом Аскарӣ (а) эъмол мешудааст, Имом аз озодии нисбие бархӯрдор будааст. Бархе аз мулоқотҳои ҳазрат бо шиаён дар авоили имомати худ, ин масъаларо таъйид мекунад. Аммо пас аз гузашти як сол, халифа ба Имом бадгумон шуд ва дар соли 255 қамарӣ, эшонро зиндонӣ кард. Имом дар давраи як солаи халифаи баъдӣ (Муҳтадӣ) низ ҳамчунон дар зиндон буд.

Бо оғози хилофати Муътамид дар соли 256 қамарӣ, ки бо қиёмҳои шиъӣ рӯбарӯ буд, Имом аз зиндон озод шуд ва ба созмондеҳии иҷтимоӣ ва молии имомия иҳтимом варзид. Аз ин рӯ, дар сафари соли 260 қамарӣ, Имом ба дастури Муътамид ба зиндон афтод ва халифа рӯзона ахбори марбут ба Имомро пайгирӣ мекард.[62] Як моҳ баъд Имом аз зиндон озод шуд, вале таҳтулҳифз ба хонаи Ҳасан ибни Саҳл вазири Маъмун дар наздикии шаҳри Восит мунтақил шуд.[63]

Яке аз авомиле, ки авзоъи сиёсиро барои Имом Аскарӣ (а) ва шиаён сахттар мекард, шуҳрат ёфтани қиёми имоми дувоздаҳум (аҷ) буд. Шайхи Муфид даврони имомати Имом Аскарӣ (а)-ро рӯзгори сахт тавсиф кардааст.[64] Вай мӯътақид аст дар мазҳаби имомия омадани имоми мунтазар машҳур шуда буд ва халифа, ки медонист шиаён интизори омадани ӯро мекашанд дар ҷустуҷӯи фарзанди Имом Аскарӣ (а) буд ва талошу кӯшиши бисёре барои итилоъ ёфтан аз он ҳазрат мекард. Ба ҳамин далел буд, ки Имом Аскарӣ (а) вилодати фарзандашро махфӣ кард.[65] Шайхи Тӯсӣ бар ин бовар аст, ки Имом Аскарӣ (а) бо тавваҷӯҳ ба ин шароит буд, ки дар васияти худ мавқуфот ва садақоташро ба модараш Ҳудайс иҳола дод.[66]

Қиёмҳо ва шӯришҳо

Дар замони Имом Ҳасани Аскарӣ (а), ҳаракатҳои эътирозомезе анҷом гирифт, ки бархе аз онҳо аз сӯи шиаён ва бархе бо сӯиистифода аз номи алавиён буд.

* Қиёми Алӣ ибни Зайд ва Исо ибни Ҷаъфар: ин ду ки алавӣ ва аз табори Имом Ҳасани Муҷтабо (а) буданд, дар соли 255 ҳиҷрӣ дар Кӯфа қиём карданд. Муътаз, сипоҳе ба фармондеҳии Саид ибни Солеҳ ба сӯи онҳо фиристод ва ин қиёмро саркӯб кард.[67]

* Қиёми Алӣ ибни Аайд ибни Ҳусайн: ӯ аз наводагони Имом Ҳусайн (а) буд ва дар замони Муҳтадии Аббосӣ дар Кӯфа қиём кард. Шоҳ ибни Микол бо сипоҳе ба муқобилаи ӯ рафт, вале шикаст хӯрд. Вақте Муътамиди аббосӣ ба қудрат расид, Кайҷури Туркиро ба сӯи ӯ фиристод. Алӣ ибни Зайд пас аз чанде таъқибу гурез дар соли 257 ҳиҷрии қамарӣ кушта шуд.[68]

* Қиёми Аҳмад ибни Муҳамад ибни Абдуллоҳ: ӯ дар замони Муътамиди аббосӣ дар Миср байни Барқа ва Искандария қиём кард ва бо пайравони зиёде, ки пайдо кард, иддаои хилофат намуд. Аҳмад ибни Тулн, коргузори турки халифа дар он диёр, сипоҳе ба сӯи ӯ фиристод ва ёрони ӯро аз атрофаш пароканда сохтанд ва ӯро куштанд.[69]

* Қиёми Соҳиби Занҷ: зангиён ба раҳбарии Алӣ ибни Муҳаммад маъруф ба Соҳиби Занҷ дар соли 255 қамарӣ алайҳи халифаи аббосӣ қиём карданд.[70] Ин қиём понздаҳ сол тӯл кашид ва манотиқи васеъеро таҳти ишғоли худ даровард.[71] Имом Ҳасани Аскарӣ (а) Соҳиби Занҷро аз аҳли байт намедонист.[72]

Иртиботи Имом ва шиаён

Бо тавваҷӯҳ ба фишорҳои аббосиён бар шиаён, ҷомеъаи шиа дар тақия ба сар мебурд. Бо ин ҳол, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) нисбат ба идораи умури шиаён ва гирдоварии вуҷуҳот иҳтимом дошт ва вакилоне ба сарзаминҳои мухталиф мефиристод.[73]

Дидор бо Имом

Аз гузоришҳои торихӣ бармеояд, ки дар бахшҳое аз зиндагии Имом Аскарӣ (а), маҳдудиятҳое барои иртиботи мустақими шиаён бо Имом вуҷуд дошт.[74]

Имом Аскарӣ (а):

«Ибодат, бисёрии рӯзаю намоз нест, балки ибодат, андешидани бисёр дар амри Илоҳист».

Аз ин рӯ, ҳангоме, ки Имом ба дорулхилофа бурда мешуд, [Ёддошт 3] шиаён дар масири ҳаракати ӯ ҳозир мешуданд, то ӯро мулоқот кунанд.[76] Шайхи Тӯсӣ хабаре нақл кардааст, ки ҳокӣ аз таҷаммуи мардум ҳангоми убури Имом Аскарӣ (а) ва эҳтироми онҳо ба вай аст.[77] Вале ба хотири муроқибатҳои ҳукумат, гоҳ Имом (а), шиаёнро аз ҳамин навъ робита бо худ низ манъ мекард. Алӣ ибни Ҷаъфари Ҳалабӣ нақл кардааст: дар яке аз рӯзҳо, ки қарор буд Имом ба дорулхилофа биравад, мо ба интизори дидори ӯ ҷамъ шудем. Дар ин ҳол, аз тарафи он ҳазрати тавқиъе (навиштае) ба ин мазмун ба мо расид: «касе бар ман салом ва ҳатто ишора ҳам ба тарафи ман накунад; зеро дар амон нестед!».[78]

Намояндагони Имом

Мақолаи аслӣ: Созмони ваколат

Имом Аскарӣ (а) монанди имомони пеш аз худ аз намояндагоне ҷиҳати иртибот бо шиаён истифода мекард. Дар манобеи имомӣ Усмон ибни Саид ба унвони боб [намоянда ва робити Имом бо мардум] шинохта шудааст. Вай пас аз шаҳодати Имом Аскарӣ (а), нахустин ноиби хосси Имоми Замон (аҷ) дар Ғайбати суғро буд.[79] Ҳамчунин Ақид, ходими хосси ӯ ки Имом ӯро аз кӯдакӣ бузург карда буд, ҳомили бисёре аз номаҳои эшон ба шиаён буд.[80] Фарде бо куния ғариби Абуладён ходими ӯ низ ирсоли теъдоде аз номаҳоро ба ӯҳда доштааст.[81]

Номанигорӣ

Аз роҳҳои иртиботии шиаён бо Имом Аскарӣ (а), мукотиба буд; барои намуна метавон ба номаҳои эшон ба Алӣ ибни Ҳусайн ибни Бобавайҳ[82] ва нома ба мардуми Қум ва Оба (Ова)[83] ишора кард. Дар китоби Камол-уд-дин омадааст, эшон андаке қабл аз шаҳодат, номаҳои мутааддидеро ба дасти худ барои Мадина навишт.[84] Шиаён низ дар масоил ва мавзӯоти мухталиф барои эшон нома менавиштанд ва посухи онро дарёфт мекарданд.

Омодасозии шиаён барои асри Ғайбат

Бархе аз манобеъе, ки ба таҳлили вақоеъи торихии асри Имом Аскарӣ (а) пардохтаанд, мӯътақиданд, ки эшон иқдомоте барои омодасозии вуруди шиа ба асри Ғайбат анҷом дод: сухан гуфтани Имом Аскарӣ (а) бо асҳоби худ аз паси парда ва инки бештари фаъолиятҳои марбут ба Имом, тавассути вакилони ӯ анҷом мегирифтро аз ҷумлаи ин иқдомот донистаанд.[85] Мударрисии Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки Имом Аскарӣ барои омӯзиши наҳваи ҳалли масоили илмӣ, гоҳ посухи суолҳои фиқҳиро ба сурати комил баён намекард[86] ва гоҳ низ ба баёни қоидаи куллӣ мепардохт, то фуқаҳо битавонанд ба кумаки он, ба посух барисанд.[87] Баъзе авқот низ Имом барои посух ба пурсишҳои фиқҳӣ, муроҷиа ба китобҳои ҳадисии шиаро пешниҳод медод.[88] Бо ин гуна иқдомот, ҷомеаи шиа омӯзиш медид, то мушкилот ва масоили фиқҳӣ ва ақидатии худро бидуни ниёз ба муроҷиа ба имоми ҳозир ҳал кунад.[89]

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) фармуданд:

Нишонаҳои муъмин панҷ чиз аст:

  1. Хондани 51 ракъат намоз, (17 ракъат фарз (намозҳои рӯзона) ва 34 ракъат мустаҳабби нофилаҳои рӯзона дар ҳар шабу рӯз);
  2. Зиёрати арбаин;
  3. Ангуштар ба дасти рост кардан;
  4. Пешониро дар саҷда бар хок ниҳодан;
  5. Баланд гуфтани «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим».


Табйини маорифи динӣ

Омӯзаҳои шиъӣ

Бо тавваҷӯҳ ба печидагиҳо ва ибҳомоти марбут ба таъйини имом дар он даврон, дар суханон ва номаҳои Имом Ҳасани Аскарӣ (а), ба ин омӯза бармехӯрем, ки замин аз ҳуҷҷат холӣ намемонад[91] ва инки агар имомат бо инқитоъ рӯбарӯ шавад ва иттисоли он махдуш гардад, умури Худованд мухтал хоҳад шуд.[92] Ва ҳуҷҷати Худо бар рӯи замин неъмате аст, ки Худо ба мӯъминон дода ва ононро бо ин ҳидоят, икром кардааст.[93]

Яке дигар аз омӯзаҳое, ки ба иқтизои фишорҳои мавҷуд бар шиаён дар он аср ба такрор дар суханони он ҳазрат дида мешавад, даъват ба сабр ва имон ба фараҷ ва интизор барои он аст.[94] Ҳамчунин дар аҳодиси он ҳазрат бар танзими равобити дарунии ҷомеъаи шиа ва муошират бо бародарони динӣ низ таъкиди вижае дида мешавад.[95]

Тафсири Қуръон

Мақолаи аслӣ: Тафсири Имом Ҳасани Аскарӣ (а)

Тафсири Қуръон аз ҷумлаи заминаҳое аст, ки мавриди тавваҷӯҳи вижаи Имом Ҳасани Аскарӣ (а) будааст. Китоби тафсирие, ки дар шумори куҳантарин осори мероси тафсирии имомия аст, ба эшон мансуб шудааст.

Калом ва ақоид

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар шароите ба имомат расид, ки ихтилофоти эътиқодӣ дар суфуфи имомия падид омада буд ва ихтилофоте низ дар ҳамон давраи имомати эшон ба вуҷуд омад. Барои намуна яке аз ин масоили баҳс «нафйи ҷисмонияти Худованд» буд, ки аз солҳо қабл матраҳ буд. Дар замони Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ин ихтилоф ба андозае зиёд шуд, ки Саҳл ибни Зиёди Одамӣ номае ба Имом навишт ва аз эшон дар ин бора роҳнамоӣ хост. Имом дар посух, аз фурӯ рафтан дар мабоҳиси зот парҳез дод ва сипас бо ишора ба оёте аз Қуръон, фармуд:

Худо якка ва ягона аст; на зоида ва на зода шудааст ва на, барои Ӯ ҳамтое аст. Офаринанда аст на, офарида. Ҳар ончӣ бихоҳад аз ҷисм ва ғайриҷисм меофаринад ва худ ҷисм нест... чизе ба Ӯ монанд нест ва Ӯ шунавою биност!.[96]

Фиқҳ

Дар илми ҳадис, яке аз алқобе, ки барои Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба кор рафтааст, лақаби «фақеҳ» аст.[97] Ин нишон медиҳад, ки Имом аз сӯи асҳобаш ба таври хос ба ин ваҷҳ шинохта мешудааст. Бахше аз аҳодиси эшон ба ҳавзаи фиқҳ ва абвоби мухталифи он марбут мешавад. Аз онҷо ки тадвини мазҳаби фиқҳии имомия пештар тавассути Имом Содиқ (а) анҷом гирифта ва сипас мароҳили камоли худро дар замони Имом Козим (а) ва Имом Ризо (а) тай карда буд, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) бештар ба фурӯъе пардохтанд, ки мустаҳдас дар замони эшон буд ва ё ба далеле дар асри эшон чолишбарангез будааст, монанди масъалаи оғози Рамазон ва баҳси хумс.[98]

Ҳарам

Мақолаи аслӣ: Ҳарами Аскарияйн

Имом Аскарӣ (а) пас аз шаҳодат, дар канори падараш Имом Ҳодӣ (а) дафн шуд.[99] Баъдҳо дар ин макон зиёратгоҳе сохта шуд, ки ба Ҳарами Аскарияйн машҳур аст.

Мақолаи аслӣ: Тахриби Ҳарами Аскарияйн

Ҳарами Имомайни Аскарияйн дар солҳои 1384[100] ва 1386 ҳиҷрии шамсӣ, ба дасти террористҳои такфирӣ тахриб шуд.[101] Тахриби Ҳарами Аскарияйн ба ин рухдодҳо ишора дорад. Бозсозии ҳарам дар соли 1389 ҳиҷрии шамсӣ оғоз[102] ва дар соли 1394 ҳиҷрии шамсӣ поён ёфт.[103]

Китобшиносӣ

Дар бораи имоми ёздаҳуми китобҳои мутааддиде ба забонҳои мухталифе ҳамчун форсӣ, арабӣ, англисӣ, урдӯ ва испониёӣ навишта, чопу мунташир шудааст.[104] Дар баъзе аз сайтҳо беш аз 250 маврид китоб, мақола ва поённома феҳрист ва ҷамъоварӣ шудааст.[105] Бархе аз ин китобҳо аз ин қарор аст:

  • Мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а), асари гурӯҳи илмии муассисаи таҳқиқотии Имоми Аср (а). Гуфта шудааст, дар ин мавсуъаи шашҷилдӣ ҳамаи матолиби муртабит бо Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ҷамъоварӣ шудааст ва китоб дарбардорандаи ҳамаи суханони Имом ва ончӣ аз дигарон дар бораи шахсияти Имом нақл шудааст.[106] Ин китобро ҷомеътарин китоб дар бораи Имоми ёздаҳум донистаанд.[107]
  • Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро (китоб) навиштаи Забеҳуллоҳи Маҳаллотӣ
  • Мавсуъату калимот-ил-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ (а), асари ҷамъе аз муаллифон дар пажӯҳишкадаи Боқирулъулум (а) аст, ки дар чаҳор фасл суханони Имомро дар ақоид, аҳком, ахлоқ ва дуоҳову зиёрот ҷамъоварӣ кардааст. Ин китоб тавассути Ҷаводи Муҳаддисӣ бо унвони «Фарҳанги ҷомеъи суханони Имом Ҳасани Аскарӣ (а)» ба форсӣ тарҷума шудааст.[108]
  • Шикваи Сомирро, маҷмӯаи мақолоте дар бораи Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) ва навиштаи ҷамъе аз нависандагон аст. Дар соли 1390 ҳиҷрии шамсӣ, тавассути донишгоҳи Имом Содиқ (а) ба чоп расидааст.[109]

Гузидаи суханон

  • Зебоии чеҳра, зебоии ошкору зоҳирист ва андешаи зебо, зебоии пинҳону ботиниаст.[110] [Ёддошт 4]
  • Касе ки порсоӣ ҷузви сиришти ӯ ва ҷӯду саховат ҷузъи табиати ӯ ва бурдборӣ дӯсти ӯ гардад, ҳам дӯстонаш ва ситоишу таърифи ӯ зиёд хоҳад шуд ва аз душманонаш бо ин ситоиш интиқом мегирад.[111]
  • Хашм, калиди ҳар бадию зиштист.[112] [Ёддошт 5]
  • Бартарини мардум назди Худо касе аст, ки нисбат ба ҳуқуқи бародаронаш ошнотар ва дар адои он ҳуқуқ кӯшотар бошад, ва касе ки дар дунё барои бародаронаш фурӯтанӣ кунад, ӯ пеши Худо аз сиддиқин ва аз шиаёни ростини Алӣ ибни Абутолиб (а) ба шумор меояд.[113]
  • Инсоне, ки дурӯя ва ду забона бошад, бандаи баде аст, дар рӯбарӯ аз бародараш таъриф мекунад ва аз қафо гӯшташро (бо ғайбат) мехӯрад, [Ёддошт 6] агар неъмате ба ӯ дода шавад, ҳасад меварзад ва агар гирифтор шавад, ба ӯ хиёнат мекунад.[114] [Ёддошт 7]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.300.
  2. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
  3. Ибни Талҳа, Матолиб-ус-саул, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.78; СибтИбни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1383ҳ.қ., саҳ.362.
  4. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1355ҳ.қ., саҳ.96.
  5. Ҳусайн ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, 1369ҳ.қ., саҳ.123.
  6. Табасӣ, Ҳаёат-ул-Имом-ил-Аскарӣ, 1382ҳ.қ., саҳ.320 - 324.
  7. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311 - 312.
  8. Ибни Рустами Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.425.
  9. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.523.
  10. Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1971 - 1972м., ҷ.2, саҳ.95.
  11. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.526.
  12. Ибни Рустами Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.424.
  13. Ибни Рустами Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.424.
  14. Хазъалӣ, Мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а), 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32.
  15. Хазъалӣ, Мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а), 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32.
  16. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.92.
  17. Ибни Ҳотам, ад-Дурр-ун-назим, муассисат ан-Нашрулисломӣ, саҳ.737.
  18. Нигоҳ кунед ба Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1355ҳ.қ., саҳ.95; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
  19. Ибни Рустами Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.423.
  20. Нигоҳ кунед ба Ибни Абиссалҷ, “Таърих-ул-аимма” Маҷмуъатун нафиса, 1396ҳ.қ., саҳ.14; Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.258.
  21. Шайхи Муфид, Масорр-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., саҳ.52; ник: Ибни Товус, ал-Иқбол, ҷ.3, саҳ.149; Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-муҷтаҳид, 1339ҳ.қ., саҳ.792.
  22. Нигоҳ кунед ба Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.523; Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1396ҳ.қ., саҳ.57.
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.314.
  24. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.131.
  25. Ник: Муқаддасӣ, Бозпажӯҳии таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон, 1391, саҳ.530 - 533.
  26. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  27. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.131.
  28. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132.
  29. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1398ҳ.қ., саҳ.208; Аторудӣ, Муснад-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а), 1413ҳ.қ., саҳ.92.
  30. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.268; Кулайнӣ, Кофӣ, 1391ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.329.
  31. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
  32. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103.
  33. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1355ҳ.қ., саҳ.96; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1391ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.505, ба нақл аз: Покатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.619.
  34. https://www.magiran.com/article/3352636
  35. Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ, Имом”, саҳ.618.
  36. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.266, ба нақл аз: Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.618.
  37. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.194.
  38. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.523; Табарсӣ, «Тоҷ-ул-маволид» дар Маҷмуъатун нафиса, 1396ҳ.қ., саҳ.59.
  39. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, ҷ.7, саҳ.274; Ибни Саббоғ, ал-Фусул-ул-муҳимма, саҳ.278; Шабланҷӣ, Нур-ул-абсор, саҳ.183, ба нақл аз: Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.618.
  40. Зарандӣ, Маъориҷ-ул-вусул ило маърифати фазли Ол-ир-Расул (с), саҳ.176, ба нақл аз Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.618-619.
  41. Хусайбӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.328.
  42. Ибни Абиссалҷ, “Таърих-ул-аимма” Маҷмуъатун нафиса, 1396ҳ.қ., саҳ.21 - 22.
  43. Масалан н.к.: Фахриддини Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака, саҳ.78, ба нақл аз: Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.619.
  44. Нигоҳ кунед ба Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1982м., саҳ.61; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, ҷ.13, саҳ.122, ба нақл аз: Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.6.
  45. Салимиён, Дарсномаи маҳдавият, 1389ҳ.ш., саҳ.184.
  46. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.259.
  47. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1355ҳ.қ., саҳ.92.
  48. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.198.
  49. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1398ҳ.қ., саҳ.120 - 122; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.404 - 407.
  50. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.314 - 320.
  51. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.537.
  52. Ашъарӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., 101.
  53. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.200.
  54. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.252.
  55. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.246-247.
  56. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.218.
  57. Р.к: Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., саҳ.541.
  58. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.222.
  59. Р.к: Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., саҳ.541.
  60. Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул, 1374ҳ.ш., саҳ.93.
  61. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, ҷ.7, саҳ.151.
  62. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.268.
  63. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.269.
  64. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  65. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  66. Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.108.
  67. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1363ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.94.
  68. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, ҷ.7, саҳ.239 - 240.
  69. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1363ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.108.
  70. Абулфидо, ал-Мухтасар фи ахбор-ил-башар, Миср, ҷ.2, саҳ.46.
  71. Ибни ал-Имронӣ, ал-Инбоъ фи таърих-ил-хулафо, 2001м., ҷ.1, саҳ.138.
  72. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.529.
  73. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.270; Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1348ҳ.ш., саҳ.560.
  74. Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.626.
  75. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-ъуқул, саҳ.488.
  76. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.930.
  77. Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.215 - 216.
  78. Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, ҷ.1, саҳ.439.
  79. Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.626.
  80. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.272, ба нақл аз: Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.626.
  81. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1390ҳ.қ., саҳ.475.
  82. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.527; Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷинон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.273 - 274
  83. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.526.
  84. Садуқ, Камол-уд-дин, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.474.
  85. Пурсайидоқоӣ ва дигарон, Таърихи асри Ғайбат, 1379ҳ.ш., саҳ.168-169.
  86. Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.35.
  87. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.45.
  88. Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул, 1374ҳ.ш., саҳ.99.
  89. Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул, 1374ҳ.ш., саҳ.98-100.
  90. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.52
  91. Барои намуна: Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1409ҳ.қ., саҳ.271.
  92. Барои намуна: шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1390ҳ.қ., саҳ.222.
  93. Барои намуна: Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1348ҳ.ш., саҳ.541.
  94. Барои намуна: Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.527.
  95. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.526.
  96. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103.
  97. Барои намуна: Турайҳӣ, Ҷомеъ-ул-мақол, 1355ҳ.ш., саҳ.185.
  98. Пакатчӣ, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, саҳ.630.
  99. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
  100. Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, саҳ.29 ва 30
  101. Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, саҳ.30.
  102. Хабаргузории Абно: Охирин вазъияти сохти зариҳи Ҳарамайни Аскарияйн (а)
  103. Хабаргузории Илно; амалиёти бозсозии гунбади Ҳарами Имомайни Аскарияйн поён ёфт.
  104. Барои намуна нигоҳ кунед ба "Китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)", пойгоҳи итилоърасонии ҳадиси шиа; "китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)", вебсайти Созмони таблиғоти исломӣ; "китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)",،вебсайити бунёди фарҳангии имомат.
  105. Нигоҳ кунед ба "Китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)", вебсайти Созмони таблиғоти исломӣ.
  106. Солеҳӣ, "Шинохт ва ҷойгоҳи Мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а)", саҳ.99 ва 100.
  107. Фотимӣ, "Нақди Мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а)", саҳ.84.
  108. "Фарҳанги ҷомеъи суханони Имом Ҳасани Аскарӣ (а)", Потуқи китоби фардо.
  109. Шикваи Сомирро: маҷмӯаи мақолот дар бораи Имом Ҳодӣ ва Имом Аскарӣ алайҳимоссалом, Потуқи китоби фардо
  110. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.95
  111. Шаҳиди Аввал, ад-Дуррат-ул-боҳира мин-ал-асдоф-ит-тоҳират, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.47
  112. Ҳарронӣ, Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.488.
  113. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.75, саҳ.117.
  114. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.78, саҳ.373.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибнулимронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Инбо фи таърих-ил-хулафо, муҳаққиқ, Қосим Ассомирроӣ, ал-Қоҳира, Дорулофоқилъарабия, 2001м.
  • Ибни Абиссалҷ, “Таърих-ул-аимма”, дар Маҷмуъатун нафиса, Қум, 1396ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарим, ал-Комилу фи-т-таърих, ба кӯшиши Карлос Юҳонс Туренберг, Лиден, бе но, 1851 - 1871м.
  • Ибни Ҳотами Омилӣ, Юсуф, ад-Дурр-ун-назим, Қум, муассисаи ан-Нашрилисломӣ, бе то.
  • Ибни Ҳазм, Алӣ, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, ба кӯшиши Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қоҳира, бе но, 1982м.
  • Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ас-Соқибу фи-л-маноқиб, Қум, интишороти Ансориён, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Халликон, Шамсиддин Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён ва анбоу абно-из-замон, ба таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, Дорусодир, 1971 - 1972м.
  • Ибни Рустами Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан, Туҳафулъуқул ан Ол-ир-Расул (с), ба тасҳеҳ ва таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрулисломӣ, 1404ҳ.қ./1363ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, Наҷаф, бе но, 1376ҳ.қ.
  • Ибни Саббоғ, Алӣ, ал-Фусул-ул-муҳимма, ба кӯшиши Сомӣ Ғурайрӣ, Қум, бе но, 1379ҳ.қ.
  • Абулфидо, Исмоил ибни Алӣ, ал-Мухтасар фи ахбор-ил-башар, Миср, алматбаъатул- Ҳусайния-ил-мисрия, бе то.
  • Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, тасҳеҳи Муҳаммадҷаводи Машкур, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
  • Сайид Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, ба кӯшиши Ҷаводи Қаюмӣ, Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, ал-Ансоб, таҳқиқ: Абдурраҳмон ибни Яҳё, Ҳайдаробод, маҷлиси доиратлмаорифилъусмония, 1962м/1382ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, ад-Дуррат-ул-боҳира мин-ал-асдоф-ит-тоҳира, тарҷума: Абдулҳодӣ Масъудӣ, Қум, нашри Зоир, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Талҳа, Муҳаммад, Матолиб-ус-саул, Наҷаф, бе но, 1371ҳ.қ. - 1951м.
  • Абулмаъолии Балхӣ, Муҳаммад, Баён-ул-адён, ба кӯшиши Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ, Теҳрон, Равзана, 1376ҳ.ш.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, нашри Баниҳошимӣ, чопи аввал, 1381ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Бейрут, Дорулазвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаоруф, 1403ҳ.қ.
  • Пакатчӣ, Аҳмад, “Ҳасани Аскарӣ (а), Имом”, дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.20, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Пурсайидоқоӣ ва дигарон, Таърихи асри Ғайбат, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии ҳузур, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, интишороти Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Ҳусайн ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Наҷаф, алматбаъатул-ҳайдария, 1369ҳ.қ.
  • Хомаёр, Аҳмад, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, Қум, Дорулаъломил мадрасат Аҳлил-Байт (а), 1393ҳ.ш.
  • Хазъалӣ, ал-Имом-ул-Аскарӣ алайҳиссалом, Қум, муассисаи Валийулъаср аҷҷалаллоҳу Таъоло фараҷаҳушшариф, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Хусайбӣ, Ҳусайн ибни Ҳамдон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, муассисат ал-Балоғ, 1419ҳ.қ.
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷинон фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, Қум, Исмоилиён, 1390ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, ба кӯшиши Шуайб Арнаут ва дигарон, Бейрут, муассисатуррисола, 1405ҳ.қ. - 1985м.
  • Зарандӣ, Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Юсуф, Маъориҷ-ул-вусул ило маърифати фазли Ол-ир-Расул (с), ба кӯшиши Моҷид Атия, Қум, интишороти Омирӣ, бе то.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, Наҷаф, бе но, 1383ҳ.қ. - 1964м.
  • Салимиён, Худомурод, Дарсномаи маҳдавият: ҳазрати Маҳдӣ аз вилодат то имомат, Қум, бунёди фарҳангии Маҳдии Мавъуд, 1389ҳ.ш.
  • Шабланҷӣ, Мӯъмин ибни Ҳасан, Нур-ул-абсори фи маноқиби Оли байт-ин-Набий-ил-мухтор, ба кӯшиши Абдулъазиз Солмон, Қоҳира, мактабатуттавфиқия, бе то.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳиссалом, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, ба кӯшиши Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, бе но, 1390ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Дорулкутубил-исломия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол (Риҷоли Кашшӣ), Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, ба кӯшиши Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмадии Носеҳ, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, Теҳрон, мактабат ан-Найнаво, 1398ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, Қум, Дорулмаъорифил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Теҳрон, бе но, 1339ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, муассисаи Аҳлул-Байт лиэҳёилтурос, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Масорр-уш-шиъа, ба таҳқиқи Маҳдии Наҷаф, Бейрут, Дорулмуфид, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, Қум, аш-Шарифир-Разӣ, 1364ҳ.ш.
  • Солеҳӣ, Абдуллоҳ, «Шинохт ва ҷойгоҳи Мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а)», маҷаллаи фарҳангии Кавсар, шумораи 60, зимистони 1383ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, «Тоҷ-ул-маволид», Маҷмуъатун нафиса, Қум, 1396ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Табасӣ, Муҳаммадҷавод, Ҳаёат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а), сеюм, Қум, муассисаи Бустони китоб, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Ҷомеъ-ул-мақол фимо ятаъаллақу биаҳвол-ил-ҳадиси ва-р-риҷол, ба кӯшиши Муҳаммадкозими Турайҳӣ, Теҳрон, бе но, 1355ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Фотимӣ, Сайидҳасан, «Нақди мавсуъат-ул-Имом-ил-Аскарӣ (а)», маҷаллаи Оинаи пажӯҳиш, шумораи 103, фарвардин ва урдибиҳишти 1386ҳ.ш.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, аш-Шаҷарат-ул-муборака, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ, 1409ҳ.қ.
  • «Фарҳанги ҷомеъи суханони Имом Ҳасани Аскарӣ (а)», потуқи китоби фардо, таърихи боздид: 17 меҳри 1400ҳ.ш.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Абдуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • «Китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)», пойгоҳи итилоърасонии ҳадиси шиа, таърихи дарҷи матлаб: 17 озари 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 17 меҳри 1400ҳ.ш.
  • «Китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)», вебсайти бунёди фарҳангии имомат, таърихи дарҷи матлаб: 20 дейи 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 17 меҳри 1400ҳ.ш.
  • «Китобшиносии Имом Ҳасани Аскарӣ (а)», вебсайти созмони таблиғоти исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 23 дейи 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 17 меҳри 1400ҳ.ш.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол ), Машҳад, донишгоҳи Машҳад, 1348ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, интишороти исломия, 1407ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Бейрут, Дорулазвоъ, 1409ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, 1426ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, Қум, Дорулҳиҷрат, чопи дувум, 1363ҳ.қ., ва Миср (бе но), 1364ҳ.қ.
  • Муқаддасӣ, Ядуллоҳ, Бозпажӯҳии таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, тасҳеҳи Сайидмуҳаммадсодиқ Олибаҳрулъулум, Наҷаф, алмактабатул-Муртазавия, 1355ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found