Икрима ибни Абиҷаҳл

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Икримат-ибни Абиҷаҳл)
Икрима ибни Абиҷаҳл
Маҳалли зиндагӣМакка
НасабҚурайш
Санаи вафот13 ё 15ҳ.қ.
ХешовандонАбуҷаҳл
ДигарИслом овардан муддате пас аз фатҳи Макка
Фаолиятҳодушманӣ бо Паёмбар (с) • ҳузур дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд ва Хандақ бар зидди мусулмонон ва дар ҷанги Ярмук дар сипоҳи Ислом


Икрима ибни Абиҷаҳл (арабӣ: عِکْرِمَة بن ابی‌جَهْل‏), аз бузургони Қурайш, ки бо Пайғамбар (с) душманӣ мекард, вале чанде пас аз Фатҳи Макка мусулмон шуд ва аз асҳоби Пайғамбар (с) гашт. Дар оғози беъсат ӯ аз душманони Пайғамбар (с) буд ва дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд ва Хандақ бар зидди мусалмонон дар лашкари мушрикин ҳозир буд.

Абуҷаҳл - падари ӯ, низ аз бузургони Макка ва аз душманони Пайғамбар (с) буд.

Пайғамбар (с) дар Фатҳи Макка ба ҳамаи аҳолии Макка амон дод, магар чанд нафар, ки яке аз онҳо Икрима ибни Абуҷаҳл буд. Икрима ба Яман гурехт, аммо занаш ба назди Пайғамбар (с) рафту барои ӯ амон гирифт ва бо амон додани Пайғамбар (с), Икрама ба Макка баргашту мусалмон шуд.

Баъд аз вафоти Пайғамбар (с) Абубакр, Икримаро яке аз фармондеҳони ҷангҳои Ридда кард. Икрима саранҷом дар ҷанги Ярмук кушта шуд.

Хонавода ва вижагиҳо

Икрима фарзанди Абуҷаҳл, аз қабилаи Қурайш ва тираи Банӣ Махзум буд.[1] Насли Икрима идома пайдо накард;[2] чароки фарзандаш Умар дар ҷанги Ярмук кушта шуд.[3]

Икримаро аз ашрофи Макка[4] ва бузургони даврони ҷоҳилӣ донистаанд.[5] Ӯро ҷангҷӯи машҳур[6] ва шуҷоъ низ муаррифӣ кардаанд.[7] Уммуҳалим[8] ё Уммуҳаким, духтари Ҳорис ибни Ҳишом ҳамсари ӯ буд,[9] ки аз Пайғамбар (с) барои Икрима амон гирифт.[10]

Душманӣ бо Пайғамбари Ислом

Икрима монанди падараш Абуҷаҳл бо Пайғамбари Ислом душманӣ мекард.[11] Ӯ дар ҷанги Бадр дар сипоҳи мушрикон ҳузур дошт ва шахсе аз ансорро низ ба қатл расонд.[12] Ҳамчунин дасти яке аз касоне ки дар қатли падараш нақш доштандро бурид.[13]

Икрима дар ҷанги Уҳуд фармондеҳи бахше аз лашкари мушрикон буд.[14] Ӯ пас аз рафтани тирандозони мусулмон аз болои кӯҳ, ҳамроҳи Холид ибни Валид аз қафо ба мусулмонон ҳамла кард ва сабаби шикасти лашкари Ислом шуд.[15]

Икрима баъд аз ҷанги Уҳуд ҳамроҳи Абусуфён ва Абилаъвар ас-Салмӣ аз Пайғамбар амон гирифт ва барои музокира ба Мадина рафтанд ва аз Пайғамбар хостанд дар бораи бутҳои Лот, Уззо ва Манот сухани бад нагӯяд ва эълом кунад, ки онҳо манфиатҳое доранд, то дар муқобил, инҳо низ дар бораи Парвардигори мусулмонон чизе нагӯянд. Ин суханон барои Пайғамбар нороҳаткунанда буд ва ба онҳо дастур дод аз Мадина берун раванд. Дар ин замон ояти аввали сураи Аҳзоб нозил шуд:

Икрима дар ҷанги Хандақ низ ҳузур дошт ва ҳамроҳи Амр ибни Абдувад аз Хандақ гузар кард ва ба мобайни лашкари мусулмонон рафту пас аз кушта шудани Амр бозгашт.[17]

Мусулмон шудан

Пайғамбари Ислом хитоб ба асҳобаш фармуд:

«Икрима дар ҳоле ки имон оварда ба тарафи шумо меояд. Ба падараш дашном надиҳед. Носазо ба шахси мурда, танҳо афроди зиндаро азият мекунад ва ба мурда намерасад!»

Пайғамбар дар Фатҳи Макка ба ҳамаи аҳолии Макка амон дод, магар чанд нафар, ки яке аз онҳо Икрима ибни Абиҷаҳл буд.[19] Икрима баъд аз он ба Яман фирор кард ва ҳамсари ӯ назди Пайғамбар рафту барои ӯ амон гирифт, сипас ба дунболи Икрима рафта ӯро ба Макка назди Пайғамбар бурд.[20] Икрима назди Пайғамбар мусулмон шуд ва қасам хурд, ки ҳар он чи бар зидди Ислом ҳазина кардааст, ду баробари онро дар роҳи Худо пардохт кунад.[21]

Баъд аз набарди Ҳунайн, Пайғамбар (с) ғаниматҳоро барои улфати дилҳо танҳо дар миёни Қурайш тақсим кард, ки яке аз онҳо Икрима ибни Абиҷаҳл буд.[22] Пайғамбар ҳангоми Ҳаҷҷат-ул-вадоъ, Икримаро сарпарасти ҷамъоварии закот дар миёни қабилаи Ҳавозан қарор дод.[23]

Пас аз вафоти Пайғамбар (с), Абубакр ӯро дар ҷангҳои Ридда ба набарди афроде монанди Ашъас ибни Қайс[24] ва Мусайлама[25] ва бархе аз муртадон дар Уммон фиристод[26] ва ӯро бар манотиқе аз Шом ҳоким сохт.[27]

Вафот

Икрима дар ҷанги Ярмук дар соли понздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, дар даврони халифаи дувум, кушта шуд.[28] Фарзанди ӯ бо номи Умар низ дар ҳамин ҷанг кушта шуд.[29] Бархе манобеъ, вафоти Икримаро дар ҷанги Аҷнодайн ва бархе дар ҷанги Мараҷ-ус-суффар дар соли сездаҳуми қамарӣ донистаанд.[30]

Эзоҳ

  1. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  2. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.334.
  3. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.681.
  4. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312.
  5. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  6. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.567.
  7. Ибни Калбӣ, Ҷамҳарат-ун-насаб, 1407ҳ.қ., саҳ.86.
  8. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155.
  9. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1932м.
  10. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155.
  11. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.443.
  12. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301.
  13. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.7, саҳ.258.
  14. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316.
  15. Ибни Сайид, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.19.
  16. Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.364.
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573.
  18. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155.
  19. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195.
  20. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155.
  21. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.156.
  22. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145.
  23. Ибни Саъд, ал-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.4.
  24. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57.
  25. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360.
  26. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  27. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  28. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.443.
  29. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.681.
  30. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1083.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор, Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, таҳқиқ: Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбоб-ун-нузул, Бейрут, Дорул-кутубил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқ: Умар Абдуссалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорул-илми лилмалоин, чопи ҳаштум, 1989м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Аъсам, Аҳмад ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Калбӣ, Ҳишом ибни Муҳаммад, Ҷамҳарат-ун-насаб‏, муҳаққиқ, Ноҷӣ Ҳасан, беҷо, оламул-кутуб, ‏ 1407ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқ: Сарват Акоша, Қоҳира, ал-ҳайъатул-мисриятил-омма лил-китоб, чопи дувум, 1992м.
  • Ибни Сайид, Уюн-ул-асар, Бейрут, Дорул-қалам‏, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ал-Табақот-ул-кубро‏, таҳқиқ: Ато, Муҳаммад Абдулқодир, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, Бейрут, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам, муҳаққиқ: Ато, Муҳаммад Абдулқодир, Ато, Мустафо Абдулқодир, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.