Такаттуф

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дастбаста намоз хондан)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Такаттуф (форсӣ: تَکَتُّف) дастбаста намоз хондан ба гунае, ки кафи дасти рост бар пушти дасти чап ва дастҳо болои ноф ё рӯи сина қарор гиранд.

Фақеҳони шиа такаттуфро ҳаром медонанд ва муътақиданд, ин амал намозро ботил мекунад. Онон ба ривоёте истинод мекунанд, ки намоз хондани Пайғамбарро бидуни такаттуф гузориш кардаанд. Ҳамчунин ривоёте аз Аҳли Байт (а) нақл шудааст, ки дар онҳо аз такаттуф наҳй шудааст. Фақеҳони шиа такаттуфро дар шароити тақия ҷоиз медонанд.

Аз назари бештари уламои аҳли суннат, такаттуф мустаҳаб аст. Бархе аз онҳо онро воҷиб ва бархеи дигар ҳам макрӯҳ медонанд. Дар бораи чигунагии такаттуф, ҷои қарор додани дастҳо ва замони такаттуф дар намоз, байни фақеҳони аҳли суннат ихтилофи назар ҳаст.

Фуқаҳои аҳли суннат барои истиҳбоби такаттуф, ба ривоёте истинод кардаанд, ки аз ҷоиз будани такаттуф ҳикоят мекунад, вале шиаён санади бархе аз ин ривоёт ва мазмуни бархеи дигарашонро дорои ишкол медонанд.

Таърифи такаттуф ва ҷойгоҳи он назди шиа ва суннӣ

Такаттуф ба маънои қарор додани дастҳо бар якдигар ва рӯи сина ё шикам дар ҳоли намоз аст.[1] Аз ин амал бо тактиф,[2] такфир,[3] қабз[4] ва вазъ низ ёд шудааст.[5] Дар муқобили такаттуф, калимаи ирсол ва исдол ё садал қарор дорад, ки ба маънои раҳо сохтани дастҳост.[6]

Такаттуф аз масоили ихтилофии мазҳаби шиа бо мазоҳиби дигар аст.[7] Аксари аҳли суннат такаттуфро аз одоби мустаҳаби намоз медонанд.[8]

Чигунагии анҷоми такаттуф

Айнӣ, фақеҳи аҳли суннат, такаттуфро қарор додани кафи дасти рост бар пушти банди дасти чап донистааст, ба гунае ки банди даст, дар мобайни кафи даст қарор бигирад, аммо бархеи дигар аз уламои аҳли суннат, қарор додани кафи даст бар соиди пушти кафи дасти чапро баргузидаанд.[9] Бархе гуфтаанд, тавре пушти дасти чапро бигирад, ки ангушти шаст ва ангушти хурди дасти чап дар кафи дасти рост қарор бигирад.[10]

Дар такаттуф дастҳо куҷо қарор мегиранд?

Анвоъи такаттуф дар мазоҳиби мухталиф

Фуқаҳои аҳли суннат, дар бораи инки дастҳо дар такаттуф дар куҷои бадан қарор мегирад, ихтилофи назар доранд. Бархе аз онҳо ҷои қарор гирифтани дастҳоро зери ноф[11] ва бархеи дигар рӯи сина ё зери он медонанд.[12] Ҳанафиҳо ва ҳанбалиҳо қарор додани дастҳо зери ноф ва шофеиҳо қарор додани онҳо зери синаро суннат медонанд.[13] Бенбоз, олими ваҳҳобӣ муътақид аст, ки дар такаттуф, дастҳо бояд бар сина қарор бигирад.[14]

Бархе низ гуфтаанд, ки мардҳо бояд дастҳоро зери ноф ва занон рӯи сина қарор диҳанд.[15]

Ҷои такаттуф дар намоз

Айнӣ, олими аҳл суннат гуфтааст, ки Абуҳанифа ва Абуюсуф такаттуфро ҳангоми қиём суннат медонанд ва бархеи дигар ҳангоми қироат. Аз назари Айнӣ, такаттуф ҳангоми қиёмҳое аст, ки зикри «маъсур» (зикре, ки дар ривоёт омадааст) дорад. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳе аз уламои аҳли суннат, бо ҳадафи мухолифат бо шиа, такаттуфро дар ҳар навъ қиём, суннат донистаанд.[16] Аз ин рӯ, дар бораи такаттуфи баъд аз рукуъ, ҳангоми қунут, дар намози ҷаноза ва байни такбирҳои намози идайн, ихтилоф шудааст.[17]

Нақл шудааст, ки ҳанафиҳо ва шофеиҳо қарор додани дастҳо бар сина баъд аз рукуъро бидъат медонанд. Аз Ибни Ҳанбал, пешвои мазҳаби ҳанбалӣ ҳам назароти мутафовите дар ин замина нақл шудааст, ки яке аз онҳо ин аст, ки ихтиёр дорем ин корро анҷом диҳем ё на.[18]

Ҳукми фиқҳӣ аз назари шиа

Бар асоси дидгоҳи машҳури байни фақеҳони шиа, такаттуф ҳаром аст ва сабаби ботил шудани намоз мешавад.[19] Сайиди Муртазо[20] ва Шайхи Тусӣ бар ин ҳукм иддаои иҷмоъ кардаанд.[21] Иддае аз фақеҳони шиа фақат онро ҳаром донистаанд, на ботилкунандаи намоз.[22] Муҳаммадҳасан Наҷафӣ дар китоб Ҷавоҳир-ул-калом гуфтааст, Абуссалоҳи Ҳалабӣ такаттуфро макруҳ ва Искофӣ тарки онро мустаҳаб медонанд.[23]

Далели фуқаҳои шиа барои ин ҳукм, аҳодисе аст, ки намоз хондани Пайғамбарро бидуни такаттуф гузориш кардаанд.[24] Аз ҷумла ҳадисе, ки Абуҳамид Соидӣ нақл кардааст ва дар он намоз хондани Пайғамбар (с)-ро тавзеҳ додааст, аммо сухане аз такаттуф нагуфтааст.[25] Ҳамчунин аҳодисе аз имомони шиа нақл шудааст, ки аз такаттуф ва такфир дар намоз наҳй кардаанд.[26] Аз Имом Алӣ (а)[27] ва Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки такаттуф, аз одатҳои маҷус будааст.[28] Соҳиби Ҷавоҳир бар ин бовар аст, ки ин суннатро Умар ибни Хаттоб ва ба тақлид аз асирони эронӣ ривоҷ дод.[29]

Ҳукми такаттуф аз рӯи тақия

Фақеҳони шиа ҳамчун Шаҳиди Сонӣ ва Шайх Муртазо Ансорӣ, такаттуфро дар ҳоли тақия ҷоиз ва балки воҷиб донистаанд.[30] Албатта Оятуллоҳ Хоманаӣ аз мароҷеъи тақлиди қарни понздаҳуми қамарӣ гуфтааст, дар замони ҳозир, такаттуф ҷузви мавориди тақия нест ва танҳо дар сурати изтирор ҷоиз аст.[31]

Ҳукми фиқҳӣ аз назари аҳли суннат

Олимони аҳли суннат такаттуфро нишонаи хушуъ, хузуъ ва таъзим медонанд.[32] Бо ин ҳол, дар бораи ҳукми фиқҳии он ихтилофи назар доранд:

  • Истиҳбоб: ба гуфтаи Айнӣ (762 - 855ҳ.қ.) аз фуқаҳои аҳли суннат, ҳанафиҳо, Шофеӣ, Ибни Ҳанбал ва умуми олимони аҳли суннат такаттуфро мустаҳаб медонанд.[33]
  • Истиҳбоби тахйирӣ: Авзоъӣ (707–774м.)[34] ва Ибни Абдулбарр (368–463ҳ.қ.) қоил ба истиҳбоби тахйирии такаттуф ва ирсол буданд.[35]
  • Вуҷуб: Албонӣ (1333 - 1420м.) ва Шавконӣ (1173 - 1250ҳ.қ.) муътақид ба вуҷуби такаттуф ҳастанд.[36]
  • Кароҳат: ба гуфтаи Қуртубӣ, муфассири моликимазҳаб, Молик ибни Анас такаттуфро дар намози воҷиб, макруҳ ва дар намозҳои мустаҳабӣ, мустаҳаб медонист.[37] Гуфта шудааст, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Ҳасани Басрӣ бар ҳамин ақида буданд.[38]
  • Бархе аз фақеҳони аҳли суннат, такаттуфро махсуси замоне медонанд, ки намозгузор ба сабаби қиёми тулонӣ хаста шавад.[39]

Мустанадоти такаттуф назди аҳли суннат

Аҳли суннат барои ҳукм ба такаттуф, ба ривоёте истинод кардаанд. Бархе аз онҳо аҳодиси зеранд:[40]

  • Ҳадиси Саҳл ибни Саъд: дар ин ҳадис омадааст, ки ба мардум дастур дода мешуд, ки дар намоз дасти рости худро бар соиди дасти чапи худ қарор диҳанд.[41]
  • Ҳадиси Воил ибни Ҳуҷр: Воил нақл мекунад, ки Пайғамбар (с), баъд аз такбират-ул-эҳром, дастони худро аз остин баровард ва зери либос қарор дод ва дасти рости худро бар дасти чап гузошт.[42]
  • Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд: Ибни Масъуд дар ҳоли намоз дасти чапи худро бар дасти рост гузошта буд ва Пайғамбар (с), дасти рости ӯро бар дасти чапаш қарор дод.[43]
  • Ҳадиси Ибни Аббос: Ибни Аббос аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки фармуд ба пайғамбарон дастур дода шудааст, то дар намоз, дасти рости худро бар дасти чап қарор диҳанд.[44]
  • Ривояти манқул аз Имом Алӣ (а): тибқи ин ривоят, яке аз суннатҳои намоз, қарор додани дастҳо зери ноф аст.[45]

Ишколоти шиаён

Шиаён муътақиданд, санади бархе аз ин ривоёт ишколоте дорад; зеро ровиёне дар силсилаи санадашон ҳаст, ки аз назари уламои аҳли суннат ҳам қобили эътимод нестанд.[46] Бархеи дигар низ аз мазмунҳояшон ин натиҷа ба даст намеояд, ки такаттуф воҷиб ё мустаҳаб аст.[47]

Такнигориҳо

Китоби Садл-ул-ядадйн фи-с-салот, навиштаи Шанқайтӣ ва китоби Қабз-ул-ядайн ва ирсолуҳумо фи-с-салот, навиштаи Таҳтовӣ

Бархе аз китобҳо ки дар онҳо, масъалаи такаттуф баррасӣ ва нақд шудааст, ба шарҳи зер аст:

  • Ал-Ирсолу ва-т-такфир байна-с-суннати ва-л-бидъат, асари Наҷмиддини Табасӣ ва ҷузъе аз маҷмӯаи Байна-с-суннати ва-л-бидъат аст, ки дар он, масоили ихтилофии шиаву суннӣ, ҳамчун издивоҷи муваққат баррасӣ шудааст.[48] Ин маҷмӯа, ба сурати як китоб, таҳти унвони «Диросотун фиқҳийя фи масоили хилофийя чоп шудааст.[49]
  • Тавзеҳ-ул-мақол фи-з-замми ва-л-ирсол: навиштаи Муҳаммад Яҳё Солим Аззон аст, ки Дорул-туросил-юмно дар Санъо онро чоп кардааст.[50]
  • Ал-Қавл-ул-фасл фи таъйиди суннат-ис-садл, асари Муҳаммад Обид. Ин китоб дар нақди такаттуф ва бо ҳадафи исботи ирсол даст дар намоз, тибқи мазҳаби Молик ибни Анас нигошта шудааст.[51]
  • Рисолатун мухтасара фи-с-садл, асари Абдулҳамид Муборак Олишайх.[52]
  • Рисолатун фи ҳукми садл-ил-ядайн фи-с-салот ала мазҳаб-ил-имом Молик, навиштаи Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Мағрибӣ маъруф ба Шанқайтӣ. Ин китобро маркази нашри Дорул-фазилат чоп кардааст.[53]
  • Ал-Қабзу фи-с-салот: ин китоби тавассути Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт таҳия ва нашр ёфта ва бахше аз маҷмӯаи «Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт» аст.[54]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.15; Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳ, Дорул-фикр, ҷ.2, саҳ.873.
  2. Ибни Арабӣ, ал-Футуҳот-ул-маккийя, Дорул-содир, ҷ.1, саҳ.419.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.15.
  4. Табасӣ, Диросотун фиқҳийя фи масоил хилофийя, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.195.
  5. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110.
  6. Муборакфаврӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.
  7. Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.11.
  8. Ибни Ҷибрин, Шарҳи Умдат-ул-аҳком, ҷ.13, саҳ.47.
  9. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 142ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181.
  10. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181.
  11. Бен Боз, Маҷмӯи фатово ва мақолоти мутанаввиъа, Риосату идоратил-буҳусил-илмияти вал-ифтоъ бил-мамлакатил-Арабиятис-Саудийя, ҷ.29, саҳ.240.
  12. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181.
  13. Ат-Тайёр ва дигарон, ал-Фиқҳ-ул-муяссар, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283.
  14. Бен Боз, Маҷмӯи фатово ва мақолоти мутанаввиъа, Риосату идоратил-буҳусил-илмияти вал-ифтоъ бил-мамлакатил-Арабиятис-Саудийя, ҷ.29, саҳ.240.
  15. Ҳанафии Розӣ, Туҳфат-ул-мулук, 1417ҳ.қ., саҳ.69.
  16. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.183.
  17. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.183.
  18. Атийя, Шарҳи Булуғ-ул-маром, ҷ.61, саҳ.6.
  19. Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.12.
  20. Сайиди Муртазо, Расоил аш-Шариф ал-Муртазо, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.219.
  21. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322
  22. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111.
  23. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.15.
  24. Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.22.
  25. Тирмизӣ, ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ, Дорул-ҳадис, ҷ.2, саҳ.84.
  26. Ҳумайрӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.208; Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84.
  27. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.622.
  28. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.265.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.19.
  30. Шаҳиди Сонӣ, Равз-ул-ҷанон, ҷ.2, саҳ.423; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.391; Шайх Ансорӣ, Расоил фиқҳийя, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96.
  31. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.160.
  32. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.183.
  33. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.180.
  34. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.180.
  35. Саровӣ, ал-Қутуф-уд-дония, 1997м., ҷ.2, саҳ.37.
  36. Авоиша, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-муяссара, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.9; Шавконӣ, Найл-ул-автор, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.217.
  37. Қуртубӣ, Бидоят-ул-муҷтаҳид ва ниҳоят-ул-муқтасид, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146.
  38. Нававӣ, ал-Маҷмуъ шарҳ-ул-муҳаззаб, Дорул-фикр, ҷ.3, саҳ.311.
  39. Айнӣ, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181.
  40. Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.15.
  41. Бухорӣ, Саҳиҳ ал-Бухорӣ, 1311ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.148.
  42. Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, 1374ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301; Муллоҳиравӣ, Мирқот-ул-ҷинон фи шарҳи мишкот-ул-масобиҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.657.
  43. Абудовуд, Сунани Абидовуд, Сайдо, ҷ.1, саҳ.200.
  44. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Қоҳира, ҷ.11, саҳ.199.
  45. Дорулқутнӣ, Сунан ал-Дорулқутнӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.34.
  46. Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.21.
  47. Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.16, 19; Субҳонӣ, ал-Эътисом би-л-китоби ва-с-суннат, 1375ҳ.ш., саҳ.67.
  48. «Ирсол-ут-такфир байна-с-суннати ва-л-бидъат - нусхаи матнӣ», китобхонаи диҷиталии Тибён.
  49. «Диросотун фиқҳийя фи масоил хилофийя», китобхонаи Қоимия.
  50. «Тавзеҳ-ул-мақол фи-з-замми ва-л-ирсол», вебгоҳи Дорул-муқтабас.
  51. «Ал-Қавл-ул-фасл фи таъйиди суннат-ис-садл ала мазҳаби Молик ибни Анас», вебгоҳи китобхонаи Айнул-ҷомеъа.
  52. «Рисолатун мухтасара фи-с-садл», вебгоҳи китобхонаи Айнул-ҷомеъа.
  53. «Рисолатун фи ҳукми садл-ил-ядайн фи-с-салот ала мазҳаб-ил-имом Молик би-ш-Шанқайтӣ», вебгоҳи архиви интернет.
  54. «Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт алайҳимус-салом - 21 – ал-Қабзу фи-с-салот ат-такаттуф», вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт.

Сарчашма

  • Абудовуд, Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абидовуд, Сайдо, ал-Мактабатул-асрия, бе то.
  • Авоиша, Ҳусайн ибни Авда, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-муяссара фи фиқҳ-ил-китоби ва-с-суннат-ил-мутаҳҳара, Дору Ибни Ҳазм, Бейрут, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Айнӣ, Маҳмуд ибни Аҳмад, ал-Биноя шарҳ-ул-ҳидоя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • «Ал-Қавл-ул-фасл фи таъйиди суннат-ис-садл ала мазҳаби Молик ибни Анас», вебгоҳи китобхонаи Айнул-ҷомеъа, таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • Атийя, ибни Муҳаммадсолим, Шарҳи Булуғ-ул-маром, беҷо, бено, бе то.
  • Бенбоз, абдулазиз ибни Абдуллоҳ, Маҷмӯи фатово ва мақолоти мутанаввиъа, беҷо, Риосату идоратил-буҳусил-илмияти вал-ифтоъ бил-мамлакатил-Арабиятис-Саудийя, бе то.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳиҳ ал-Бухорӣ, Бавлоқ, ал-Матбаъатул-кубрал-амирийя, 1311ҳ.қ.
  • «Диросотун фиқҳийя фи масоил хилофийя», китобхонаи Қоимийя, таърихи боздид: 18 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Дорулқутнӣ, Али ибни Умар, Сунан ал-Дорулқутнӣ, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут, Бейрут, Муассисатур-рисолат, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳйиддин, ал-Футуҳот-ул-маккийя, Бейрут, Дорул-содир, бе то.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Бейрут, Дорул-содир, бе то.
  • Ибни Ҷибрин, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Шарҳи Умдат-ул-аҳком, беҷо, бено, бе то.
  • «Ирсол-ут-такфир байна-с-суннати ва-л-бидъат - нусхаи матнӣ», китобхонаи диҷиталии Тибён, таърихи боздид: 18 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Бидоят-ул-муҷтаҳид ва ниҳоят-ул-муқтасид, Қоҳира, Дорул-ҳадис, 1425ҳ.қ.
  • Муборакфаврӣ, Муҳаммад ибни Абдураҳим, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳб-ил-хамса, Бейрут, Дорул-таёрил-ҷадид, 1421ҳ.қ.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Маҷмуъ шарҳ-ул-муҳаззаб, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Нишобурӣ, Муслим, Саҳеҳ Муслим, Қоҳира, матбаат Исо ал-Бобӣ ал-Ҳалабӣ ва Шаркоҳ, 1374ҳ.қ.
  • «Рисолатун фи ҳукми садл-ил-ядайн фи-с-салот ала мазҳаб-ил-имом Молик би-ш-Шанқайтӣ», вебгоҳи архиви интернет, таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком фи баёни-л-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дорул-тафсир, чопи аввал, 1388ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил аш-Шариф ал-Муртазо, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1421ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Эътисом би-л-китоби ва-с-суннат, Теҳрон, Робитатус-сақофатил-алоқотил-исломийя, 1375ҳ.ш.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, Қоҳира, мактабату Ибни Таймия, чопи дувум, бе то.
  • Табасӣ, Наҷмиддин, Диросотун фиқҳийя фи масоил хилофийя, Қум, муассисаи Бустони китоб, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Тавзеҳ-ул-мақол фи-з-замми ва-л-ирсол», вебгоҳи Дорул-муқтабас, таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • Тайёр, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ва дигарон, ал-Фиқҳ-ул-муяссар, Риёз, Мадорул-ватани лин-нашр, чопи дувум, 1433ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ, Қоҳира, Дорул-ҳадис, бе то.
  • «Фи риҳоби Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом - 21 – ал-Қабзу фи-с-салот-ит-такаттуф», вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, таърихи боздид: 3 тири 1402ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, тарҷумаи Аҳмадризо Ҳусайнӣ, Теҳрон, Созмони таблиғоти исломӣ, чопи панҷоҳу якум, 1388ҳ.ш.
  • Ҳанафии Розӣ, Муҳаммад ибни Абибакр, Туҳфат-ул-мулук, Бейрут, Дорул-башоирил-исломийя, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ҳумайрӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт, Қум, ал-Маҷмаъул-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Найл-ул-автор, Миср, Дорул-ҳадис, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Расоил фиқҳийя, Қум, конгресси ҷаҳонии Шайх Ансорӣ, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.