Соли 3 ҳиҷрии қамарӣ
(Тағйири масир аз Воқеаҳои соли севвуми ҳиҷрии қамарӣ)
Соли 3 ҳиҷрии қамарӣ сеюмин сол аз солшумори ҳиҷрии қамарӣ аст.
Нахустин рӯзи сол (1 муҳаррам) мутобиқ аст бо якшанбеи 6 тирмоҳи соли 3 шамсӣ ва 27 июни 624 милодӣ, ва рӯзи охири он (29 зилҳаҷҷа) бо чоршанбе 25 хурдоди соли 4 шамсӣ ва 16 июни 625 милодӣ ҳамзамон аст.[1]
Вилодати Имом Ҳасан (а), шикасти мусулмонон дар ҷанги Уҳуд ва шаҳодати Ҳамза ибни Абдулмутталиб, амаки Паёмбар (с) ва Ҳанзала ибни Абиомир аз ҷумлаи рухдодҳои ин соли дониста шудааст.
Рӯйдодҳо
- Шикасти мусулмонон дар ҷанги Уҳуд (7 шаввол[2] ва ба қавле 15 шаввол[3])
- Ғазваи Ҳамроуласад пас аз ҷанги Уҳуд барои боздоштани мушрикон аз ҳамлаи дубора дар 8 шаввол.[4]
- Сарияи Зотуирқ барои ноамнӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати корвони тиҷории Қурайш дар ҷамодиюссонӣ.[5]
- Ғазваи Буҳрон барои ҷилавгирӣ аз тавтеъаи Банӣ Салим.[6]
- Вуқуи сарияи Абусалама ибни Абдуласад барои ҷилавгирӣ аз хатароти мушрикони қабилаи Банӣ Асад.[7]
- Издивоҷи Паёмбар (с) бо Ҳафса духтари Умар ибни Хиттоб дар моҳи шаъбон.[8]
- Издивоҷи Паёмбар (с) бо Зайнаб духтари Хузайма.[9] Табарӣ ин издивоҷро дар соли чаҳоруми қамарӣ донистааст.[10]
Таваллудҳо
- Вилодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) (15 рамазон).[11] Шайхи Кулайнӣ дар ал-Кофӣ бо нақли ривояте вилодаташро соли дувум гузориш кардааст.[12]
- Вилодати Ҳазин ибни Мунзири Рақошӣ аз ёрони Имом Алӣ (а) ва ровиёни ҳадис.[13]
- Вилодати Соиб ибни Язиди Киндӣ аз саҳобаи Паёмбар ва қозии шаҳри Мадина дар ҳукумати Умар ва Усмон.[14]
Даргузаштҳо
- Шаҳодати Ҳамза ибни Абдулмутталиб, амаки Паёмбар (с) дар ҷанги Уҳуд.[15]
- Шаҳодати Мусъаб ибни Умайр дар ҷанги Уҳуд.[16]
- Шаҳодати Ҳанзала ибни Абиомир дар ҷанги Уҳуд.[17]
- Каъб ибни Ашраф аз ашроф ва мухолифони Паёмбар (с) дар Мадина.[18]
Эзоҳ
- ↑ Сайти табдили санаи ҳиҷрӣ
- ↑ Воқдӣ, ал-Мағозӣ, 1966м, ҷ.1, саҳ.199
- ↑ Ибни Исҳоқ, ас-Сияру ва-л-мағозӣ, 1398ҳ.қ., саҳ.324
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1355ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.107-108
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.374
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, 1355ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.212
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Маориф, 1960м, саҳ.158
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.157
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.537; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.80; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401, ҷ.1, саҳ.461
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.194
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.109, 112
- ↑ Воқдӣ, ал-Мағозӣ, 1966м, ҷ.1, саҳ.199
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.408
- ↑ Ибни Абдулбар, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3233
Сарчашма
- Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, 1403ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумалун мин ансоб-ил-ашроф, Бейрут, 1417ҳ.қ.
- Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиобту фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, 1412ҳ.қ.
- Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, 1415ҳ.қ.
- Ибни Исҳоқ, Муҳаммад, ас-Сияру ва-л-мағозӣ, Димишқ, 1398ҳ.қ.
- Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маориф, Қоҳира, 1960м.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, 1405ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобату фи тамиз-ис-саҳоба, Бейрут, 1415ҳ.қ.,
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Қоҳира, 1355ҳ.қ.
- Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғуммати фи маърифат-ил-аимма, Қум, 1421ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, 1362ҳ.ш.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, бе то.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, Бейрут, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
- Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, 1417ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, 1413ҳ.қ.