Соли 4 ҳиҷрии қамарӣ
(Тағйири масир аз Соли чаҳоруми қамарӣ)
Соли 4 ҳиҷрии қамарӣ чаҳорумин сол аз солшумори ҳиҷрии қамарӣ аст.
Рӯзи нахусти ин сол яъне 1 муҳаррам мусодиф аст бо 26 хурдоди соли 4 шамсӣ ва 17 июни 625 мелодӣ. Рӯзи поёнии сол яъне 29 зилҳаҷҷа, мусодиф аст бо якшанбеи 13 хурдоди соли 5 шамсӣ ва 4 июни соли 626 мелодӣ.[1]
Вилодати Имом Ҳусайн (а) ва вуқуъи чандини сария ва ғазва чун сарияи биъри мауна ва ғазваи Банӣ Назир ва ҳамчунин даргузашти Фотима бинти Асад - модари Имом Алӣ (а), аз ҷумла иттифоқоти ин сол аст.
Рӯйдодҳо
- Эъломи ҳаром будани хамр (рабиулаввал).[2]
- Вуқуи ғазваи Банӣ Назир алайҳи яҳудиёни Мадина (рабиулаввал).[3]
- Вуқуи сарияи биъри мауна, тавтеъаи мушрикон алайҳи фиристодагони Паёмбар (с) ки ба шаҳодати ҳамаи онон ба ҷузи як нафар мунҷар шуд. (сафар)[4]
- Вуқуи сарияи раҷиъ ки ба шаҳодати чанд тан аз саҳобаи Паёмбар (с) ки озими таълими Қуръон ба қабилаи Азл ва Қора буданд, мунҷар шуд. (сафар)[5]
- Вуқуи ғазваи зотурриқоъ барои ҷилавгирӣ аз тавтеъаи бархе аз тираҳои қабилаи Ғатфон бар зидди Ислом[6]
- Издивоҷи Паёмбар (с) бо Уммисалама.[7]
- Издивоҷи Паёмбар (с) бо Зайнаб духтари Хузайма ба гузориши Табарӣ.[8] Дар китоби ал-Исоба ин издивоҷ дар соли сеюми қамарӣ зикр шудааст.[9]
Вилодатҳо
- Вилодати Имом Ҳусайн (а) (3 шаъбон);[10] албатта бинобар қавле дар соли сеюми қамарӣ ба дунё омада.[11]
- Вилодати Абдуллоҳ ибни Яқтар, бародари ризоӣ ва сафири Имом Ҳусайн (а) (шаъбон).[12]
- Вилодати Абдуллоҳ ибни Омир ибни Курайз аз душманони Имом Алӣ (а).[13]
Даргузаштҳо
- Даргузашт Абдуллоҳ ибни Абдуласад, бародари ризоии Паёмбар (с) (ҷамодиюлаввал).[14]
- Даргузашти Фотима бинти Асад - модари Имом Алӣ (а).[15]
- Даргузашт Зайнаби духтари Хузайма - ҳамсари Паёмбар (с) (рабиуссонӣ).[16]
- Шаҳодати Ҳубайб ибни Адии Ансорӣ ва Зайд ибни Дасанаи Ансорӣ аз саҳобаи Паёмбар (с) ба дасти мушрикони Макка, пас аз асорат дар сарияи раҷиъ.[17]
Эзоҳ
- ↑ Сайти табдили санаи ҳиҷрӣ
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.272
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.551; Воқидӣ, Китоб-ул-мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.363
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.538
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.555
- ↑ Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.69
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.157
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.246; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27; Дулобӣ, аз-Зуррият-ут-тоҳира, 1407ҳ.қ., саҳ.102, 121
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1365ш, ҷ.1, саҳ.463; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1401ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.41; Ибни Абдулбар, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.392
- ↑ Ҳусайнии Ҳоирӣ, Захират-уд-дорайн, Қум, саҳ.494
- ↑ Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.33
- ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.192
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, Қоҳира, саҳ.6
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.157
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Миср, 1959м.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, Лондон, 1409ҳ.қ.
- Дулобӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, аз-Зуррият-ут-тоҳира, чопи Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, 1407ҳ.қ.
- Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиобту фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, Усуд-ул-ғоба, Бейрут, 1409ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобату фи тамиз-ис-саҳоба, Бейрут, 1415ҳ.қ.,
- Ибни Ҷавзӣ, Юсуф, Тазкират-ул-хавос, Қоҳира, бе то.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, 1365ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, 1387ҳ.қ.
- Ҳусайнии Ҳоирии Шерозӣ, Сайид Абдулмаҷид, Захират-уд-дорайни фимо ятааллақу бимасоиб-ил-Ҳусайни (а) ва асҳобиҳ, Қум, Замзами ҳидоят, бе то.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Бейрут, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Бейрут, 1401ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, бе то.