15 шаввол
15 шаввол дар тақвими ҳиҷрии қамарии қарордодӣ дусаду ҳаштоду якумин рӯзи сол аст.
- 2ҳ.қ. Ҷанги Банӣ Қайнуқоъ, байни Паёмбари Ислом (с) ва яҳудёни Мадина
- 3ҳ.қ. Вуқуъи ғазваи Уҳуд ва шаҳодати Ҳамза ибни Абдулмутталиб амаки Паёмбари акрам (с) (ба қавле)
- 7ҳ.қ. Муъҷизаи раддушшамс барои Ҳазрати Алӣ (а)
- 86ҳ.қ. Даргузашти Абдулмалик ибни Марвон, панҷумин халифаи умавӣ
- 252ҳ.қ. Даргузашти Абдулазими Ҳасанӣ, аз олимони содоти ҳасанӣ ва аз ровиёни ҳадис
- 275ҳ.қ. Даргузашти Абудовуди Сиҷистонӣ фақиҳ ва муҳаддиси аҳли суннат ва нависандаи китоби Сунани Абудовуд аз кутуби сиҳоҳи ситта
- 703ҳ.қ. Даргузашти Ғозонхон аввалин султони муғуле, ки мусулмон шуд
- 1248ҳ.қ. Даргузашти Муҳаммадтақӣ Розии Исфаҳонӣ аз фуқаҳои шиа ва нависандаи китоби Ҳидоят-ул-мустаршидин дар усули фиқҳ
- 1304ҳ.қ. Даргузашти Исмоил ибни Муҳаммадҷаъфари Дарбикушкӣ аз олимон ва устодони фалсафаи Исфаҳон
- 1421ҳ.қ. Даргузашти Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин, олими динӣ, назарияпардози сиёсии лубнонӣ ва раиси Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон (21 дайи 1379ҳ.ш.)