Боби ҳитта

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Боби ҳиттат)
Даре аз Байт-ул-муқаддас, маъруф ба Боби ҳитта.

Боби ҳитта / ба арабӣ: باب حِطَّه даре, ки Банӣ Исроил пас аз моҷарои саргардонӣ дар сарзамини тиҳ бояд аз он убур мекарданд. Онон ҳангоми вуруд ба сарзамини муқаддас ба амри Худо барои бахшида шудани гуноҳони худ бо гуфтани калимаи «ҳитта/ حِطَّه» бояд аз ин дар мегузаштанд. Бештари муффасирон Боби ҳиттаро яке аз дарҳои Байт-ул-муқаддаси Фаластин донистаанд. Дар ривоёти шиа ва суннӣ Имом Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) ба ин дар ташбеҳ шудаанд.

Дастур ба Банӣ Исроил

Бар асоси оёти Қуръон ҳангоме, ки Банӣ Исроил қасди вуруд ба яке аз шаҳрҳои сарзамини Муқаддасро доштанд, ба амри Худо бояд аз дарвозаи мушаххас ворид мешуданд ва калимаи «ҳитта / حطه»-ро бар забон ҷорӣ мекарданд.[1] Дар ривоёт номи ин дарвоза «Боби ҳитта/ باب حطه» хонда шуда аст.[2]

Бештари муффасирон,[3] ҳатто муффасироне, ки қарияро шаҳри «Ариҳо/ أریحا» гуфтаанд[4] «ал-боб/ الباب»-ро ишора ба яке аз дарҳои Байт-ул-муқаддас медонанд.[5]

Калимаи ҳитта ба маънои таназзули мақом, бардоштани бор ва сангинии таклиф ё гуноҳ аз души инсон аст.[6]

Ташбиҳи Аҳли Байт ба боби ҳитта

Дар манобеи шиъӣ, Аҳли Байт (а) ба боби ҳитта ташбиҳ шудаанд. Аз ҷумла дар ривояте аз Пайғамбар (с) омада аст:

Ҳар ки дини маро дар пеш гирифт, равиши маро паймуд ва аз суннати ман пайравӣ кард, бояд бартарии имомони Аҳли Байти маро бар ҳамаи уммат, бовар дошта бошад. Масали онҳо дар миёни ин уммат ҳамчун «боби ҳитта» дар миёни Банӣ Исроил аст.[7]

Дар манобеи аҳли суннат низ ривояте аз Пайғамбар ба нақли Абусаиди Худрӣ омада аст:

Масали Аҳли Байти ман дар байни шумо ҳамчун масали боби ҳитта дар Банӣ Исроил аст, ҳар кас аз он дохил шавад, бахшида мешавад.[8]

Дар бораи ин ин ташбиҳ гуфтаанд: ҳамонгуна, ки боби ҳитта барои Банӣ Исроил ба унвони мизони санҷиши эътиқод ва имон буда аст, ҳазрати Алӣ (а) ва Аҳли Байт (а) низ мизони санҷиши имони уммати Пайғамбар ҳастанд.[9] Чаро ки Аҳли Байт (а) ба манзалаи он даргоҳанд, ки ҳар кас аз Банӣ Исроил, ба он паноҳ овард, гуноҳонаш бахшида шуд ва ҳар кас ба Аҳли Байти Пайғамбар (а) паноҳ оварад, наҷот хоҳад ёфт.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Сураи Бақара, ояти 58.
  2. Нигоҳ кунед ба: Садуқ, ал-Амолӣ, 1376, саҳ.74, ҳадиси 6.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.426/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1383, ҷ.1, саҳ.247/ Ибни Одил, ал-Лубоб фи улум-ил-китоб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95.
  4. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.426/ Ибни Одил, ал-Лубоб фи улум-ил-китоб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.93.
  5. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.427/ Ибни Одил, ал-Лубоб фи улум-ил-китоб, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95.
  6. Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, ҷ.2, саҳ.894 - 895, зайли «ҳуттун»/ Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, ҷ.10, саҳ.216 - 217, зайли «ҳуттатун».
  7. Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.74, ҳадиси 6.
  8. Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.179/ Суютӣ ва Миновӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис, 1414ҳ.қ., 10ҳ.қ., ҷ.8, ҳадиси 8956/ Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.168/ Табаронӣ, ал-Муъҷам-ус-сағир, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.82.
  9. Ҳусайнии Милонӣ, Ҷавоҳир-ул-калом фи маърифат-ил-имомати ва-л-имом, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.167.
  10. Хонсорӣ, Шарҳи Оқо Ҷамоли Хонсорӣ бар Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, 1366ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.186.

Сарчашма

  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Абдуллоҳ ат-Туркӣ ва Комил Муҳаммад ал-Харрот, Лубнон, Муассисат-ур-рисолат, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Одил, Умар ибни Алӣ, ал-Лубоб фи улум-ил-китоб, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайидалӣ, Ҷавоҳир-ул-калом фи маърифат-ил-имомати ва-л-имом, Қум, Маркази ал-Ҳақоиқ-ул-исломийя, 1392ҳ.ш.
  • Хонсорӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Шарҳи Оқо Ҷамоли Хонсорӣ бар Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, тасҳеҳи Мирҷалолиддин Ҳусайнии Урумавӣ, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, чопи чаҳорум, 1366ҳ.ш.
  • Зубайдӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тоҷ-ул-арус, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Суютӣ ва Миновӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр ва Абдуррауф ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-аҳодис, 1414ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон, Қум, Фарҳанги исломӣ, 1366ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Камараӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ус-сағир, таҳқиқи Муҳаммадшакур Маҳмуд ал-Ҳоҷ Амрир, Бейрут - Уммон, Доруаммор, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Фирӯзободӣ, Маҷдуддин, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, бе то.
  • Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абубакр, Маҷмаъ-уз-завоид, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад ад-Доронӣ, Димишқ, Дор-ул-маъмун ли-т-турос, 1414ҳ.қ.