Ас-Салоту хайрун мин-ан-навм
ас-Салоту хайрун мин-ан-навм (арабӣ: الصَّلاَةُ خَیْرٌ مِنَ النَّوْمِ) ба маънои «Намози беҳтар аз хоб аст», ҷумлае аст, ки аҳли суннат онро ду мартаба дар азони намози субҳ, пас аз «Ҳайя алалфалоҳ», мегӯянд. Бештари фуқаҳои аҳли суннат, бо истинод ба бархе ривоёт, гуфтани ин ҷумла дар азони намози субҳро мустаҳаб донистаанд. Дар муқобил, фақиҳони имомия иҷмоъ доранд бар ин ки гуфтани он дар азон ҷоиз нест ва агар ба қасди ташреъ гуфта шавад, ҳаром аст. Аз назари онон ҳеҷ далели шаръӣ бар машруият ва иҷозати гуфтани ин ҷумла дар азон вуҷуд надорад.
Дар ин ки ҷумла «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» чӣ замоне ва тавассут чӣ касе ба азон афзуда шуда, нақлҳои мухталифе дар манобеи равоии аҳли суннат ворид шудааст. Дар бархе нақлҳо омадааст, ки Билол онро ба азони субҳи афзуд ва аз сӯи Пайғамбар (с) пазируфта шуд. Дар бархе дигар гуфта шуда, ки Пайғамбар (с) онро ба Абумаҳзура таълим додааст. Ҳамчунин гуфта шуда, ки нахустин бор Саъд ибни Оиз - муаззини масҷиди Қубо дар асри Паёмбар, дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб онро бидъат гузошт. Бино ба ривояте, ки Молик ибни Анас дар ал-Муваттаъ нақл кардааст, ин ҷумла дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб ва ба имзои ӯ ба азон изофа шуд.
Ба гуфтани ас-Салоту хайрун мин-ан-навм дар азон, тасвиб (تثویب) низ гуфта мешавад. Тасвиб дар истилоҳи фуқаҳо бад-ин маъно аст, ки вақте муаззин бо гуфтани «Ҳайя алассалоҳ; башитобед ба сӯи намоз», мардумро ба сӯи намоз фиромехонад, пас аз такрори як фарози дигар бо гуфтан «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм», дубора ба фаро хондан барои намоз бозгашт мекунад. Албата гуфта мешавад тасвиб маънои омтаре дорад ва бархе ба гуфтани ҷумлаи ассалоҳ, раҳимакумуллоҳ, ассалоҳ, байни азону иқома ва ё ба гуфтани «Ҳайя алассалоҳ, ҳайя алалфалоҳ» байни азону иқомаи намози субҳ низ тасвиб гуфтаанд.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
ас-Салоту хайрун мин-ан-навм, ба маъноӣ «Намоз беҳтар аз хоб аст», ҷумлаест, ки аҳли суннат онро ду мартаба дар азони намози субҳ, пас аз «Ҳайя алалфалоҳ», мегӯянд.[1] Ба гуфтани ин ҷумла дар азони намози субҳ, тасвиб (تثویب) низ гуфта мешавад.[2] Тасвиб ба маънои даъвати дубора барои намоз аст; ба ин баён ки вақте муаззин бо гуфтан «Ҳайя алассалоҳ; башитобед ба сӯи намоз», мардумро ба сӯи намоз фаро мехонд, пас аз такрори як фарози дигар бо гуфтани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм», дубора ба фаро хондан барои намоз бозгашт мекунад.[3]
Бархе гуфтани ҷумла «Ассалоҳ, раҳимакумуллоҳ, ассалоҳ» байни азону иқомаро, ки ба навъе даъвати дубора барои намоз аст, намунае аз тасвиб баршумурдаанд.[4] Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бархе олимони ҳанафии Кӯфа, гуфтани ду мартаба «Ҳайя алассалоҳ» ва «Ҳайя алалфалоҳ» байни азону иқомаи намози субҳро навъе дигар аз тасвиб донистаанд.[5]
Аз ин унвон дар китобҳои фиқҳӣ дар боби намоз баҳс шуда[6] ва ба мабоҳиси каломии байни шиа ва суннӣ низ роҳ ёфтааст.[7]
Бидъатомез будани ас-Салоту хайрун мин-ан-навм аз дидгоҳи имомия
Фуқаҳои имомия иҷмоъ доранд бар ин ки гуфтани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» дар азон ҷоиз нест ва гуфтани он ба қасди ташреъ, бидъат ва ҳаром аст.[8] Онҳо бар ин боваранд ки ҳеҷ далели шаръӣ барои исботи машруияти гуфтани ин ҷумла вуҷуд надорад.[9] Албата ривоёте аз имомони маъсум дар бархе манобеи равоии имомия нақл шудааст, ки аз онҳо раво будани тасвиб дар азон бардошт мешавад,[10] аммо ин ривоёт шоз хонда шудаанд[11] ва бо дастае дигар аз ривоёт ки ҷоиз будани тасвиб дар азонро ба сароҳат рад кардаанд,[12] таоруз доранд; лизо фақиҳон аз онҳо эъроз карда ва бар мавориди тақия ҳамл кардаанд.[13]
Гуфта мешавад назд фуқаҳои имомия ихтилофе дар ин нест, ки агар тасвиб ё гуфтани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» ба қасди танбеҳ ва ёдоварии вақти намоз ё аз рӯи тақия бошад, ҷоиз аст;[14] аммо агар на ба қасди ташреъу танбеҳ ва на аз рӯи тақия гуфта шавад, дар раво будан ё раво набудани он ихтилофи назар вуҷуд дорад.[15] Фақиҳоне ҳамчун Фозили Ҳиндӣ[16] ва Файзи Кошонӣ[17] ба кароҳат қоил шудаанд ва фақиҳоне ҳамчун Соҳиби Ҷавоҳир[18] ва Кошифулғито[19] онро ҳаром донистаанд.
Кошифулғито, тасвиб ё гуфтани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» дар азонро аз асос, бидъатомез ва дорои ҳурмати зотӣ дониста ва муътақид аст ҳеч чиз онро ҷоиз намекунад.[20]
Машруияти ас-Салоту хайрун мин-ан-навм аз дидгоҳи аҳли суннат
Бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳои аҳли суннат, гуфтани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм», пас аз «Ҳайя алалфалоҳ», дар азони субҳ, мустаҳаб аст.[21] Албата гуфта мешавад Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ дар як ҷо ба истиҳбоби он қоил буда ва дар ҷое дигар онро макруҳ донистааст.[22] Бархе аз фуқаҳои ҳанафӣ гуфтани он пас аз азони субҳро низ ҷоиз донистаанд.[23]
Бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳои аҳли суннат, тасвиб ё гуфтани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» махсуси азони субҳ аст.[24]
Намоди аҳли суннат
Гуфтан «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» дар азон, дар тӯли таърих, ба навъе, шиору намоди аҳли суннат дониста шудааст; ба тавре ки дар ҳукуматҳое ки ҳокимони суннӣ ҳукмронӣ мекардаанд, дастур дода мешуд то ин ҷумла дар азон гуфта шавад.[25] Барои намуна дар китоби "Сираи ҳалабӣ" нақл шудааст, ки дар даврони ҳукумати Оли Бӯя дар Бағдод, дар азонҳо ҷумлаи Ҳайя ало хайр-ил-ъамал гуфта мешуд, то ин ки бо рӯи кор омадани Салҷуқиён, дар соли 448ҳ.қ., гуфтани ин ҷумла дар азон манъ гардид ва дастур дода шуд ба ҷои он ҷумлаи «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» дар азон гуфта шавад.[26]
Ихтилофи назар дар замон ва чигунагии ворид шудани ас-Салоту хайрун мин-ан-навм ба азон
Дар ин ки «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» чӣ замоне ва тавассут чӣ касе ба азони субҳ изофа гардид, ихтилофи назар аст:
Замони хилофати Умар
Ба гуфтаи Сайид Алии Шаҳристонӣ дар китобаш бо унвони «ас-Салоту хайрун мин-ан-навми фи-л-азон», олимони се фирқаи умдаи шиа, яъне имомия, исмоилия ва зайдия, таъкид доранд бар ин ки «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб ва тавассути вай ба азон изофа шуд.[27] Молик ибни Анас низ дар ал-Муваттаъ ривояте оварда, ки бар асоси он, муаззин назди Умар ибни Хаттоб рафт, то ӯро барои намози субҳ хабар диҳад ва дид, ки Умар хоб аст ва муаззин гуфт: «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм», пас аз он Умар дастур дод, то ин ҷумларо дар азони субҳ биоваранд.[28] Ҳамчунин бархе гуфтаанд, ки нахустин бор Умар ибни Хаттоб буд, ки дастур дод то ҷумлаи Ҳайя ало хайр-ил-ъамал аз азон бардошта ва ба ҷои он «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» гуфта шавад.[29]
Бино ба нақули дигар ин ҷумла нахустин бор аз сӯи Саъд ибни Оиз - муаззини масҷиди Қубо, дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб бидъат гузошта шуд.[30] Албата дар ривояте низ аз Имом Козим (а) нақл шудааст ки ҷумлаи «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм», дар замони Банӣ Умия ба азон афзуда шудааст.[31]
Дар замони ҳаёти Пайғамбар (с)
Дар изофа шудани ин ҷумла ба азон дар замони ҳаёти Пайғамбар (с), нақлҳои гуногун ва мутазод дар манобеи равоии аҳли суннат нақл шудааст. Дар бархе аз ин ривоёт нақл шуда, ки рӯзе Билол назди Пайғамбар (с) омад, то вайро барои намози субҳ хабар кунад ва дид, ки Пайғамбар (с) хоб аст, сипас бонг баровард: «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» ва пас аз он гуфтани ин ҷумла дар азони субҳ аз сӯи Пайғамбар (с) низ таъид ва пазируфта шуд.[32] Дар бархе ривоёт низ омадааст, ки Пайғамбар (с) онро ба Абумаҳзура таълим додааст.[33]
Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, ривоёте ки чигунагии изофа шудани «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» ба азонро дар манобеи аҳли суннат гузориш кардаанд, бо ҳам мутаоризанд ва наметавон ба онҳо такя кард; чароки дар он, амр доир аст байни истиҳбоб ва бидъат ки ҳаром аст. Аз ин рӯ бояд гуфтани ин ҷумла дар азон тарк шавад, чун агар мустаҳаб бошад, бар тарки он иқобе нест, аммо агар бидъат бошад гуфтани он иқоб дорад.[34]
Бархе олимони аҳли суннат низ тасреҳ кардаанд бар ин ки ҷумлаи «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм», аз сӯи Пайғамбар (с) ба азон ворид нашуда ва пас аз ҳаёти вай бидъат ниҳода шуд.[35]
Такнигорӣ
Дар бораи ҷумлаи «ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» дар азон ва машруъ набудани он, осоре ба риштаи таҳрир даромадааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Китоб «ас-Салоту хайрун мин-ан-навми фи алозон» ба забони арабӣ ва навиштаи Сайид Алии Шаҳристонӣ. Ин китоб дар соли 1433ҳ.қ., аз сӯи интишорот «ар-Рофид» дар Бағдод чоп шудааст.[36]
- Китоб «Масаъла, ас-Салоту хайрун мин-ан-навм» аз сӯи гурӯҳи пажӯҳиш ва посух ба шубаҳоти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) таҳрир шуда ва дар ҷилди бисту чаҳоруми маҷмӯъаи «Фи риҳоби Аҳл-ил-Байт (а)» аз сӯи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт танзим ва чоп шудааст.[37] Ин китоб ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360у ҷ.11, саҳ.176; Сарахсӣ, ал-Мабсут, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.130
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360
- ↑ Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, зайли вожаи «тасвиб - تثویب»
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи «тасвиб تثویب»
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.7, саҳ.418
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, 1982м, саҳ.351
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.1, саҳ.287; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.113
- ↑ Сайид Муртазо, Масоил-ун-носириёт, 1417ҳ.қ., саҳ.184; Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.1, саҳ.287
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҳури Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.427
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҳури Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.426
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.116; Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.111
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.7, саҳ.421; Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.111
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.111
- ↑ Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.3, саҳ.385
- ↑ Файзи Кошонӣ, Мафотеҳ-уш-шароиъ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.116
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.146
- ↑ Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.1, саҳ.286
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360
- ↑ Барои намуна ниг.: Сарахсӣ, ал-Мабсут, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.130; Шавконӣ, Найл-ул-автор, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46; Шербинӣ, Муғни-л-муҳтоҷ, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.136
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Азону байн-ал-асолати ва-т-таҳриф, 1426ҳ.қ., саҳ.343
- ↑ Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.2, саҳ.136
- ↑ Шаҳристонӣ, ас-Салоту хайрун мин-ан-навм, саҳ.150
- ↑ Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.72
- ↑ Яҳё ибни Ҳусайн, ал-Аҳком (фиқҳ-ул-мазҳаб-из-зайдӣ), 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84
- ↑ Абдурразоқ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.474
- ↑ Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Муассисаи Оли-л-Байт (а), ҷ.4, саҳ.44
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, ҷ.1, саҳ.237; Дорамӣ, Сунани Дорамӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.762
- ↑ Барои намуна ниг.: Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.622
- ↑ Субҳонӣ, Симои ақоиди шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.385
- ↑ Барои намуна ниг.: Хоразмӣ, Ҷомеъ-ул-масонид, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296; Ибни Ҳазм, ал-Муҳалло, Дор-ул-фикр, ҷ.2, саҳ.194; Абдурразоқ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.474
- ↑ Шаҳристонӣ, ас-Салоту хайрун мин-ан-навми фи алозон, 1433ҳ.қ., саҳ.2 - 3
- ↑ Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), Масаъла, ас-Салоту хайрун мин-ан-навм, 1426ҳ.қ., саҳ.4
Сарчашма
- Абдурразоқ, Абубакр Абдурраззоқ бен Ҳамам, ал-Мусаннаф, Ҳинд, ал-Маҷлис-ул-илмӣ, 1403ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Юсуф ибни Ҳасан, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, чопи аввал, 1982м.
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозирати фи аҳком-ил-ъитрат-ит-тоҳира, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бе то.
- Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Сунани Дорамӣ, Арабистон, Дор-ул-муғнӣ, 1412ҳ.қ.
- Зубайдӣ, Муртазо, Тоҷ-ул-аруси мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор-ус-содир, 1414ҳ.қ.
- Ибни Моҷа, Абуабдиллоҳ Муҳаммад ибни Язид, Сунани Ибни Моҷа, Бейрут, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, бе то.
- Ибни Рушд, Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад, Бидоят-ул-муҷтаҳиди ва ниҳоят-ул-муқтасид, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1425ҳ.қ.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Муҳалло би-л-осор, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
- Кошифулғито, Шайх Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1422ҳ.қ.
- Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), Масаъла, ас-Салоту хайрун мин-ан-навм, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
- Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1406ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоили ва мустанбат-ул-масоил, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), бе то.
- Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1414ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Симои ақоиди шиа, Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, Мафотеҳ-уш-шароиъ, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1401ҳ.қ.
- Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисоми ва-л-ибҳоми ан қавоид-ил-аҳком, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бе то.
- Хоразмӣ, Муҳаммад ибни Маҳмуд, Ҷомеъ-ул-масонид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
- Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Найл-ул-автор, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бе то.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, муассисаи ал-Маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.
- Шаҳристонӣ, Сайид Алӣ, ас-Салоту хайрун мин-ан-навми фи алозон, Бағдод, маншуроту ар-Рофид, 1433ҳ.қ.
- Шербинӣ, Шамсуддин, Муғни-л-муҳтоҷи ило маърифати маъони алфоз-ил-минҳоҷ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Яҳёи йени Ҳусайн, ал-Аҳкоми фи-л-ҳалоли ва-л-ҳаром (фиқҳ-ул-мазҳаб-из-зайдӣ), беҷо, бено, 1410ҳ.қ.
- Ҳури Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1416ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия, Қум, Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, Кувайт, Дор-ус-салосил, 1404ҳ.қ.