Абдурраҳмон ибни Авф

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абдураҳмон ибни Афв)
АБДУРРАҲМОН ИБНИ АВФ
Номи комилАбдурраҳмон ибни Авф ибни Абдуавф
ЛақабМан ҳоҷара ҳиҷратайн (Он ки ду юор ҳиҷрат карда)
КунияАбумуҳаммад
Маҳалли зиндагӣ
Санаи таваллудсоли даҳуми Омулфил
ЗодгоҳМакка
Санаи вафотсоли 32ҳ.қ.
Шаҳри вафотМадина
Маҳалли дафнқабристони Бақиъ - Мадина
ДигарҲузур дар тамоми ғазваҳо
Фаолиятҳо


Абдурраҳмон ибни Авф (арабӣ:عبدالرحمن بن عوف - вафот 32 ҳ.қ.) саҳобии Пайғамбар ва яке аз аъзои шӯрои шашнафара. Ӯ аз аввалин мусулмонон буд. Дар ҳиҷрат ба Ҳабаша ва ҳиҷрат ба Мадина ҳузур дошт. Абдурраҳмон дар тамоми ғазавоти Пайғамбари Ислом иштирок кард. Абдурраҳмон дар воқеаи Сақифа ҳузур дошт. Муҳимтарин масъулияти ӯ пас аз реҳлати Пайғамбар, ҳузур дар шӯрои шашнафара ва интихоби Усмон ба унвони халифаи мусулмонон буд. Аҳли суннат Абдурраҳмонро ҷузви ашараи мубашшара медонанд, ки Пайғамбар ба онҳо ваъдаи биҳишт дод.

Насаб, вилодат

Абдурраҳмон фарзанди Авф ибни Абдуавф[1] дар соли даҳуми омулфил таваллуд шуд.[2] Модари ӯ Шифо духтари Авф ибни Абд ибни Ҳорис буд.[3] Номи ӯ дар замони ҷоҳилият Абдиамр ва ё Абдулкаъба буда ва Пайғамбар номи ӯро ба Абдурраҳмон тағйир дод.[4]

Абдурраҳмон дар замони Пайғамбар

Абдурраҳмон аз аввалин афроде буд, ки мусулмон шуд. Ӯ ба даъвати Абубакр Ислом оварад.[5] Абдурраҳмонро «مَن هاجَرَ الهِجرتَین»; фарде ки ду ҳиҷрат анҷом дода донистаанд; ӯ ба дастури Пайғамбар, ҳамроҳи теъдоде аз мусулмонон ба Ҳабаша ҳиҷрат кард. Пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина, аз Ҳабаша ба Макка бозгашт ва ҳамроҳи мусулмонон ба Мадина рафт.[6] Дар Мадина, Пайғамбар байни мусулмонон паймони бародарӣ эҷод кард.

Бархе манобеъ паймони бародарии Абдурраҳмонро бо Усмон[7] ва бархеи дигар бо Саъд ибни Рабиъ донистаанд.[8]

Аҳли суннат Абдурраҳмонро ҷузви ашараи мубашшара медонанд, ки Пайғамбар ба онҳо ваъдаи биҳишт дод.[9] Аз Абдурраҳмон ривоёти мухталифе нақл шуда,[10] ки аз ҷумлаи онҳо ривояти ашараи мубашшара аст.[11]

Ширкат дар ғазавот ва сарияи Думат-ул-ҷандал

Абдурраҳмон дар ҳамаи ғазавоти Пайғамбари Ислом ширкат кард.[12] Ӯ дар ҷанги Уҳуд аз афроде буд, ки фирор накард ва ҳамроҳи Пайғамбар ва теъдоди андаке аз саҳоба дар майдони ҷанг боқӣ монд.[13] Ӯ дар ин ҷанг, захмҳои бисёре бардошт, ки бархе аз онҳо сабаби ланг шудани ӯ шуд.[14] Илова бар ғазавот, Абдурраҳмон ба сарийяе низ фиристода шуд. Ин сарийя дар минтақаи Думатулҷандал буд ва бо қабули Ислом тавассути тарафи муқобил, безадухӯрд поён ёфт.[15] Ин сарийя ба сарийяи Абдурраҳмон ибни Авф низ маъруф аст.[16]

Иқтидои Пайғамбар дар намози субҳ ба Абдурраҳмон

Манобеъи аҳли суннат аз Муғира ибни Шуъба нақл кардаанд: «(дар роҳи яке аз ҷангҳо) Расули Аллоҳ (с) барои қазои ҳоҷат аз афроди сипоҳ дур шуд.... [пас аз қазои ҳоҷат] об рехтам ва Пайғамбар вузуъ, яъне таҳорат гирифт.... ҳангоме, ки баргаштем, дидем Абдурраҳмон ибни Авф ракъати аввалро [дар ҳоле ки имоми ҷамоат буд] хонда буд ва замоне ки мутаваҷҷеҳи ҳузури Пайғамбар (с) шуд, хост ба ақиб баргардад, ки Пайғамбар ишора фармуд, ки дар ҷойи худ бимонад ва сипас пушти сари ӯ як ракъат намоз хонд. Замоне, ки мардум ва Абдурраҳмон салом доданд, Пайғамбар бархоста ва ракъати дигарро хонду салом дод.[17]

Бархе аз уламои шиа, ин ривоятро ба хотири вуҷуди эродҳои зиёд, рад кардаанд.[18]

Абдурраҳмон пас аз реҳлати Пайғамбар

АЪЗОИ ШӮРОИ ШАШНАФАРА

Барои таъини халифаи севвум

Имом Алӣ (а)
Усмон ибни Аффон
Абдурраҳмон ибни Авф
Саъд ибни Абиваққос
Зубайр ибни Авом
Талҳа ибни Убайдуллоҳ

Бино бар қавле, Абдурраҳмон пас аз реҳлати Пайғамбари Ислом, дар Сақифа ҳузур дошт[Ёддошт 1] ва дар муқобили Ансор гуфт: «Гарчи шумо дорои фазл ҳастед, аммо касоне монанди Абубакр, Умар ва Алӣ (а) надоред.[19] Ӯ дар бархе вақеаҳои дигар низ ҳузур дошт ва гоҳ масъулиятҳое бар ӯҳдаи ӯ гузошта мешуд.[20] Бо ҳамаи ин аҳвол муҳимтарин ва таъсиргузортарин нақши Абдурраҳмон пас аз Пайғамбар, ҳузур дар шӯрои шашнафара пас аз марги халифаи дуввум буд.

Шӯрои шашнафара

Навиштори аслӣ: Шӯрои шашнафара

Шӯрои шашнафара, шӯрое буд, ки Умар ибни Хаттоб, барои интихоби халифаи баъд аз худаш таъин кард. Ба дастури Умар, халифаи баъдӣ бояд тавассути афроди шӯро интихоб мешуд. Халифаи дуввум илова бар узв кардани Абдурраҳмон дар ин шӯро, ба ӯ ин ихтиёрро дод, ки агар ин шӯро дар ду гурӯҳи сенафара, назари мухолифе доштанд, раъйи гурӯҳе қабул карда шавад, ки Абдурраҳмон дар он аст.[21] Дар ниҳоят Абдурраҳмон аз ҳамин имтиёзи худ истифода карда ва бародарзани худ, Усмонро халифаи мусулмонон кард.[22]

Абдурраҳмон ва Усмон

Абдурраҳмон нақши аслӣ дар халифа шудани Усмон дошт. Аммо бар асоси манобеи таърихӣ, пас аз амалкарди Усмон, аз интихоби худ пушаймон шуд:

  • Пас аз он ки Абузар тавассути Усмон ба Рабаза табъид шуд ва дар он ҷо фавт кард, Алӣ (а) ба Абдурраҳмон чунин гуфт: «Ин натиҷаи амали ту аст, (ки Усмонро интихоб кардӣ) Абдурраҳмон посух дод, агар мехоҳӣ шамшерамонро бигирем (ва алайҳи ӯ қиём кунем)! Ӯ (Усмон) он чи барояш дода будамро аз байн бурд.[23]

Сарват

Абдурраҳмон сарвати бисёре дошт, ки аз роҳи тиҷорат ба даст оварда буд.[26] Манобеи таърихӣ, ривоёти бисёре дар бораи сарвати зиёди Абдурраҳмон нақл кардаанд:

  • Васият кард ба ҳар як аз ширкаткунандагон дар ҷанги Бадр, ки зинда буданд (ҳудуди сад нафар) чаҳорсад танга дода шавад.[28]
  • Абдурраҳмон назди Уммисалама рафту гуфт: Эй Уммулмуъминин, метарсам зиёдии амволам маро нобуд кунад! Уммисалама гуфт: инфоқ кун![29]

Вафот

Абдурраҳмон дар соли сию дуввуми ҳиҷрӣ[30] ё соли сию якум дар замони хилофати Усмон, фавт кард ва дар Бақиъ ӯро дафн карданд.[31] Дар мавриди фарде, ки бар ӯ намоз хонд, байни манобеъ ихтилоф вуҷуд дорад.[32]

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.376
  2. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.391
  3. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.376
  4. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203
  5. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, бе то, ҷ.4, саҳ.145
  6. Ибни Абдулбир, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.844
  7. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109
  8. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52
  9. Сеҷестонӣ, Сунани Абидовуд, ҷ.4, саҳ.211
  10. Байҳақӣ, Шуъаб-ул-имон, 1423 ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.379
  11. Ибни Ҳибон, Саҳеҳи Ибни Ҳибон, 1414 ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.463
  12. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.95
  13. Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.318
  14. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.392
  15. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409, ҷ.2, саҳ.560
  16. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.378
  17. Қушайрии Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, ҷ.1, саҳ.317
  18. Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426 ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.313 - 316
  19. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.123.
  20. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  21. Суютӣ, Таъриху хулафо, саҳ.129 - 137.
  22. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.189.
  23. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.546.
  24. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.547.
  25. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.546.
  26. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.393
  27. Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.319
  28. Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.319
  29. Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.378
  30. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.204
  31. Ибни Абдулбир, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.850
  32. Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.321

Ёддошт:


Сарчашма

  • Абубакр Байҳақӣ, Шуъаб-ул-имон, муҳаққиқ, Абдулалӣ Абдулҳамид Ҳомид, Ҳинд, Мактабат-ур-рушд, чопи аввал, 2003 м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Заккор, Суҳайл, Зириклӣ, Риёз, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1417 ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, муҳаққиқ: ан-Носир, Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир, Бейрут, Дору тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422 ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқ: Морседен Ҷонс, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи сеюм, 1409 ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқ: Тадмурӣ, Умар Абдуссалом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1409 ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбир, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: ал-Баҷовӣ, Алӣ Муҳаммад, Бейрут, Дор-ул-ҷил, чопи аввал, 1412 ҳ.қ.
  • Ибни Абиалҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқ: Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409 ҳ.қ.
  • Ибни Саъд Котиб Воқедӣ, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи дувум, 1418 ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазоирӣ, Сайидтаййиб, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404 ҳ.қ.
  • Қушайрии Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, муҳаққиқ: Абдулбоқӣ, Муҳаммадфуод, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Миқдасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бур Саид, Мактабат-ус-сақофат-ид-динийя, бе то.
  • Муҳаммад ибни Ҳибон, Саҳеҳ Ибни Ҳибон, муҳаққиқ: Шуъайб Арнаут, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, чопи дувум, 1414 ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426 ҳ.қ.
  • Сеҷистонӣ, Абудовд Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абидовуд, муҳаққиқ: Абдулҳамид, Муҳаммад Муҳиддин, Сайдо, Бейрут, ал-Мактабат-ул-асрийя, бе то.
  • Солеҳии Димишқӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1414 ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, Таъриху хулафо, Ҳалаб, Дор-ул-қалам-ил-арабӣ, 1413 ҳ.қ./1990.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул- Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, чопи аввал, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found