Абдуннабии Ҷазоирӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абдуннабӣ Ҷазоирӣ)
Абдуннабии Ҷазоирӣ
Номи комилАбдуннабӣ ибни Саъди Ҷазоирӣ
Маҳалли зиндагӣКарбало
Санаи вафот1021ҳ.қ.
Шаҳри вафотРустое байни Шероз ва Исфаҳон
Маҳалли дафнШероз
УстодонСоҳибмадорик, Муҳаққиқи Каракӣ
ШогирдонСайид Мирзо Ҷазоирӣ
Маҳалли таҳсилНаҷаф
ТаълифотҲови-л-ақвол, ал-Мабсуту фи-л-имома


Абдуннабӣ Ҷазоирӣ (форсӣ: عبدالنّبی جزائری) (ваф.1021ҳ.қ.) риҷолшинос ва олими шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ аст. Ӯ дар тақсими риҷолшиносон ба муассисон, такмилкунандагон, ҷамъоварикунандагон ва мунаққиҳон (муҳаққиқон), оғозгари мунаққиҳон шумурда шудааст. Дастабандии ровиён дар тақсими чаҳоргонаи ҳадис (саҳеҳ, мувассақ, ҳасан ва заъиф) низ, аз ибтикорҳои ӯст.

Соҳиби Мадорик ва Муҳаққиқи Каракӣ аз устодони вай ва китобҳои Ҳовӣ-л-ақвол дар илми риҷол ва ал-Мабсут фи-л-имомат дар мавзӯи имомат аз осори ӯст.

Зиндагинома

Итилоъе аз таърихи вилодати Абдуннабии Ҷазоирӣ дар даст нест. Бархе бо тавваҷӯҳ ба ишораҳои устодон ва шогирдони ӯ, вилодати ӯро ҳудуди нимаи қарни даҳуми қамарӣ донистаанд.[1] Номи падари ӯ Саъд зикр шудааст,[2] албатта Абдуллоҳ ибни Исо Афандии тароҷимнигор, дар ин ки номи падари ӯ Саъд бошад, тардид кардааст.[3]

Асолати Абдуннабии Ҷазоирӣ аз Ҷазоир аст.[4] Ҷазоир, минтақае аст, ки дар Ироқ ва дар шимоли ғарбии Басра қарор дорад ва ба он Ҷибоиш гуфта мешавад.[5] Абдуннабии Ҷазоирӣ дар Наҷаф дарс хонд[6] ва дар ду даҳаи охири зиндагии худ дар Карбало сокин буд.[7] Ӯ бо Соҳиби Маъолим (ваф.1011ҳ.қ.), Соҳиби Мадорик (ваф.1009ҳ.қ.) ва Шайх Баҳоӣ (ваф.1031ҳ.қ.) аз олимони шиа, муосир будааст.[8]

Ҷазоирӣ дар 18 ҷамодиюлаввали соли 1021 қамарӣ, дар рустои байни Исфаҳон ва Шероз даргузашт. Қабри ӯ дар Шероз аст.[9]

Таҳсил ва тадрис

Абдуннабии Ҷазоирӣ улуми исломиро дар ҳавзаи илмияи Наҷаф фаро гирифт. Соҳиби Мадорик[10] ва Муҳаққиқи Каракӣ[11] аз устодони ӯ буданд. Албатта Абдуллоҳ ибни Исои Афандии шарҳиҳолнавис, ба далели ихтилофи синии Муҳаққиқи Каракӣ ва Ҷазоирӣ дар ин ки вай устоди ӯ бошад тардид кардааст.[12] Бо ин ҳол, Муҳаддиси Нурӣ, олими шиа, бо тавваҷӯҳ ба иҷозате, ки Аллома Маҷлисӣ дар Биҳорул-анвор зикр кардааст, Муҳаққиқи Каракиро устоди ӯ дониста, агарчӣ мумкин аст Ҷазоирӣ дар замони шогирдии вай, синни каме доштааст.[13]

Ҷазоирӣ аз Соҳиби Мадорик низ иҷозат дарёфт кардааст.[14]

Шогирдони ӯро чунин зикр кардаанд:

  • Сайид Мирзомуҳаммад ибни Шарафиддини Ҷазоирӣ маъруф ба Сайид Мирзо Ҷазоирӣ[15] аз фақеҳон ва муҳаддисони шиа[16] ва нависандаи китоби Ҷавомеъ-ул-калом фи даъоим-ил-Ислом.[17]
  • Сайид Шарафиддин Алӣ Ҳусайнӣ, падари Сайид Мирзои Ҷазоирӣ.[18]
  • Муҳаммад ибни Ҳусайни Аҳсоӣ,[19] ки китобии ҳадисӣ нигоштааст.[20]
  • Ҷобир ибни Аббоси Наҷафӣ,[21] ки аз Аллома Маҷлисӣ нақли ривоят кардааст.[22]
  • Фазл ибни Муҳаммад ибни Фазли Аббосӣ[23]
  • Сайид Исмоил ибни Алӣ Солеҳ Фалуҷии Ҷазоирӣ.[24]

Оғозгари таҳаввул дар риҷол

Бархе Абдуннабии Ҷазоирӣ ва Сайид Мустафо Тафриширо оғозгарони давраи наққодии ровиён ва илми риҷол донистаанд.[25] Сулаймон ибни Абдуллоҳ Моҳузӣ, риҷолшиносонро ба чаҳор дастаи муассисон, такмилкунандагон, ҷамъоварикунандагон ва мунаққиҳон (муҳаққиқон) тақсим карда ва Ҷазоириро оғозкунандаи давраи мунаққиҳон донистааст,[26] ки илми риҷолро муҳаққиқона баррасӣ карда ва бо нигоҳи мунтақидона ба ҷарҳ ва таъдили ровиён пардохтааст.[27] Албатта, пеш аз Ҷазоирӣ, бархе аз олимон монанди Шаҳиди Сонӣ ба баррасии наққодонаи риҷол пардохтаанд, вале шомили ҳамаи ровиён ва ҷавониби мухталифи илми риҷол намешавад.[28]

Абдуннабии Ҷазоирӣ нахустин касе аст, ки ровиёнро бар асоси тақсими чаҳоргонаи ҳадис (саҳеҳ, мувассақ, ҳасан ва заъиф) дастабандӣ кардааст.[29] Пеш аз ӯ дар баррасии ровиён, тақсимбандие вуҷуд надошт, ё бар асоси тақсими дугонаи ҳадис (саҳеҳу заъиф) бахшбандӣ шуда буд.[30]

Ба эътиқоди Абуалии Ҳоирӣ, риҷолшиноси қарни сездаҳуми қамарӣ, Ҷазоирӣ ҳамонанди Ибни Ғазоирӣ, бисёре аз касоне, ки мустаҳаққи тазъиф набудаандро аз заъифон шумурдааст.[31] Аз Аҳмади Баҳронӣ, олими шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ низ нақл шудааст, ки Ҷазоирӣ дар тазъифи ровиён сахтгирона бархӯрд мекардааст;[32] албатта сахтгирии ӯ боис шуда барои исботи васоқати бархе ровиёни мавриди ихтилоф, ба ҳарфи ӯ истинод шавад.[33]

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадбоқири Хонсорӣ, Абдуннабии Ҷазоирӣ дар фиқҳ, усул, калом, ҳадис ва ғ. низ маҳорат доштааст.[34]

Осор

Абдуннабии Ҷазоирӣ осоре дар улуми риҷол, фиқҳ, усули фиқҳ ва калом нигоштааст:

Ҳовӣ-л-ақвол

Китоби Ҳовӣ-л-ақвол
Мақолаи аслӣ: Ҳовӣ-л-ақвол фи маърифат-ир-риҷол

Ҳовӣ-л-ақвол фи маърифат-ир-риҷол,[35] китобе аст дар илми риҷол, ки ба далели шеваи ибтикорӣ дар тадвин, мавриди тавваҷӯҳи риҷолиён қарор гирифтааст.[36] Ӯ дар ин китоб, ровиёнро бар асоси тақсими чаҳоргонаи ҳадис (саҳеҳ, мувассақ, ҳасан ва заъиф) дастабандӣ кардааст.[37] Ҳамчунин дар муқаддима ва хотимаи китоб низ ба мавзӯоте монанди таърифи илми риҷол, шинохти алқоби имомон (а), баёни фирқаҳои ҳафтгонаи шиа[38] ва асҳоби иҷмоъ пардохта шудааст.[39]

Дигар осор

Эзоҳ

  1. Ҷазоирӣ, Ҳовӣ-л-ақвол, 1418ҳ.қ., муқаддима, ҷ.1, саҳ.11.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269.
  3. Афандӣ, Таълиқату амал-ил-омил, 1410ҳ.қ., саҳ.183.
  4. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.268.
  5. Ҷазоирӣ, Ҳовӣ-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддима, саҳ.39.
  6. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.268.
  7. Ҷазоирӣ, Ҳовӣ-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.36.
  8. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.159.
  9. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.275.
  10. Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.261.
  11. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омил, мактабату Анделус, ҷ.2, саҳ.165.
  12. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.273.
  13. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1429ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.179.
  14. Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.261.
  15. Қумӣ, ал-Куно ва-л-алқоб, 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.331.
  16. Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1431ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.139.
  17. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.252.
  18. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.271.
  19. Ҷазоирӣ, Ҳовӣ-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.1, муқаддима, саҳ.16.
  20. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омил, мактабатул-Анделус, ҷ.2, саҳ.267.
  21. Исмоилиён, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.171.
  22. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омил, мактабатул-Анделус, ҷ.2, саҳ.48.
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.207.
  24. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1430ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.48.
  25. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.24.
  26. Баҳронӣ, Меъроҷу аҳл-ил-камол, 1412ҳ.қ., муқаддимаи муаллиф, саҳ.7 - саҳ.24.
  27. Баҳронӣ, Меъроҷу аҳл-ил-камол, 1412ҳ.қ., муқаддимаи муаллиф, саҳ.18 - саҳ.24.
  28. Баҳронӣ, Меъроҷу аҳл-ил-камол, 1412ҳ.қ., муқаддимаи муаллиф, саҳ.23.
  29. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.159.
  30. Мозандаронии Ҳоирӣ, Мунтаҳо-л-мақол, 1416ҳ.қ., муқаддима, саҳ.31.
  31. Мозандаронии Ҳоирӣ, Мунтаҳо-л-мақол, 1416ҳ.қ., муқаддима, саҳ.31.
  32. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.160.
  33. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.160.
  34. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269.
  35. Кунтурӣ, Кашф-ул-ҳуҷуб, 1409ҳ.қ., саҳ.192.
  36. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.159.
  37. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.159.
  38. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.164.
  39. Тиллоиён, Маъхазшиносии риҷоли шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.91.
  40. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.329.
  41. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.53.
  42. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.271.
  43. Оли Маҳбуба, Мозӣ-н-Наҷаф ва ҳозируҳо, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.90.
  44. Оли Маҳбуба, Мозӣ-н-Наҷаф ва ҳозируҳо, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.90.
  45. Оли Маҳбуба, Мозӣ-н-Наҷаф ва ҳозируҳо, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.91.
  46. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1430ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.358.
  47. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.271.
  48. Оли Маҳбуба, Мозӣ-н-Наҷаф ва ҳозируҳо, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.91.

Ёддошт

  1. Шарҳе, ки ҷудо кардани он аз матни аслӣ фақат бо нишонаҳои қарордодӣ мумкин бошад. (Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи шарҳ).

Сарчашма

  • Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исобег, Риёз-ул-уламо ва ҳиёз-ул-фузало, ба таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, ба иҳтимоми Маҳмуди Маръашӣ, Бейрут, муассисаи атторихулъарабӣ, 1431ҳ.қ.
  • Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исобег, Таълиқату амал-ил-омил‏, ба таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнӣ Ашкурӣ, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1410ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сулаймон ибни Абдуллоҳ, Меъроҷу аҳл-ил-камол ило маърифат-ир-риҷол‏, ба таҳқиқи Маҳдии Раҷоӣ ва Абдуззаҳро Уйнотӣ, беҷо, Абдуззаҳро ал-Уйнотӣ, 1412ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, зери назари Ҷаъфари Шаҳидӣ, ба кӯшиши Акрам Султонӣ ва дигарон, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1385ҳ.ш.
  • Кунтурӣ, Эъҷозҳусайн ибни Муҳаммадқулӣ‏, Кашф-ул-ҳуҷуб ва-л-истор ан асмоъ-ил-кутуби ва-л-асфор, ба муқаддимаи Шаҳобиддини Маръашӣ, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, ал-Куняту ва-л-алқоб, бо муқаддимаи Муҳаммадҳодии Аминӣ, мактабатусадр, Теҳрон, 1368ҳ.ш.
  • Мозандаронии Ҳоирӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Мунтаҳо-л-мақол фи аҳвол-ир-риҷол‏, ба таҳқиқи муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос‏, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, 1416ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин‏, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, гирдоварии Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ, Бейрут, Дорулазвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин‏, Табақоту аълом-иш-шиъа, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1430ҳ.қ.
  • Оли Маҳбуба, Ҷаъфар ибни Боқир, Мозӣ-н-Наҷаф ва ҳозируҳо, Бейрут, Дорулазвоъ, 1406ҳ.қ.
  • Раббонӣ, Муҳаммад Ҳасан, Сабкшиносии дониши риҷолул-ҳадис‏, Қум, маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), 1385ҳ.ш.
  • Тиллоиён, Расул, Маъхазшиносии риҷоли шиа, Қум, муассисаи илмии фарҳангии дорулҳадис, 1381ҳ.ш.
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот‏, ба таҳқиқи Асадуллоҳи Исмоилиён, Қум, Деҳқонӣ (Исмоилиён), 1390ҳ.қ.
  • Ҳаким, Ҳасан Исо, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф‏, алмактабатул-ҳайдария, Қум, 1427ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Амал-ул-омил фи уламои Ҷабаломил, ба таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Бағдод, мактабатул-Анделус‏, бе то.
  • Ҷазоирӣ, Абдуннабӣ бен Саъдиддин, Ҳовӣ-л-ақвол фи маърифат-ир-риҷол, ба таҳқиқи муассисаи алҳидояту ли эҳёилтурос, Қум, Риёз ан-Носирӣ, 1418ҳ.қ.