Ҳови-л-ақволи фи маърифат-ир-риҷол (китоб)
Нависанда | Абдуннабӣ Ҷазоирӣ (ваф.1021ҳ.қ.) |
---|---|
Мавзуъ | Илми риҷол |
Забон | Арабӣ |
Маҷмуа | 4 ҷилд |
Ношир | Муассисаи ал-Ҳидояту ли эҳё-ит-турос |
Маҳалли нашр | Қум |
Санаи нашр | 1418ҳ.қ. |
Тарҷумаи форсӣ |
Ҳови-л-ақволи фи маърифат-ир-риҷол (арабӣ: حاوي الأقوال في معرفة الرجال) китобе ба забони арабӣ дар илми риҷол навиштаи Абдуннабӣ Ҷазоирӣ (ваф.1021ҳ.қ.) риҷолшиноси шиа аст. Сулаймон ибни Абдуллоҳ Моҳузӣ бо тақсими риҷолшиносони шиа ба чор давраи муассисон, такмилкунандагон, ҷамъоварикунандагон ва мунаққиҳон (муҳаққиқон), Ҷазоириро ба сабаби нигориши ин китоб оғозгари давраи мунаққиҳон донистааст.
Дар китоби Ҳови-л-ақвол, барои нахустин бор ровиён бар асоси тақсими чоргонаи ҳадис (саҳеҳ, мувассақ, ҳасан ва заъиф) бахшбандӣ шудаанд. Ҷазоирӣ ровиёни ношинохта ва касоне ки сутуда шудаанд, аммо ба ҳадди ҳасан намерасандро аз заъифон шумурдааст; аз ин рӯ, бахши заъифони китоб калонтарин бахш ва дорои 1168 ровист.
Нависанда дар таълифи китоб, бештар ба ақволу амалкарди Наҷошӣ, Шайхи Тӯсӣ ва Аллома Ҳиллӣ тавваҷуҳ доштааст ва пас аз нақли матолиби китобҳои панҷгонаи риҷолӣ, назари худро дар бораи ровӣ баён мекунад. Китоби Ҳови-л-ақвол аз як муқаддама дар бораи куллиёти илми риҷол, бахши аслӣ дар чор фасл дар бораи ровиёни саҳеҳ, ҳасан, мувассақ, заъиф ва як хотима ташкил шудааст.
Нависанда
- Мақолаи аслӣ: Абдуннабӣ Ҷазоирӣ
Абдунабии Ҷазоирӣ (ваф.1021ҳ.қ.)[1] риҷолшиноси аҳли Ироқ ва олими шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ аст.[2] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадбоқири Хонсорӣ, Абдуннабӣ Ҷазоирӣ дар фиқҳ, усул, калом, ҳадис ва дигар улум низ маҳорат доштааст.[3]
Равиш
Абдунабии Ҷазоирӣ дар нигориши китоби Ҳови-л-ақвол, ба китобҳои риҷолии Наҷошӣ, Шайхи Тӯсӣ ва Аллома Ҳиллӣ тавваҷуҳи вижае доштааст. Вай ибтидои сухани Наҷоширо бидуни тағйир дар иборат ва бидуни сарчашмаҳо ва воситаҳои нақл, зикр карда сипас назари Аллома Ҳиллӣ дар Хулосат-ул-ақволро баён мекунад. Пас аз он, иборати Шаҳиди Сонӣ ва сухани Шайхи Тӯсиро дар ду китоби Риҷол ва Феҳристи ӯ меоварад. Ӯ бо ин кор қасд дошта нишон диҳад, ки номи ҳар ровӣ дар кадом як аз усули панҷгонаи риҷолӣ (Риҷол-ул-Кашӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, Риҷол-уш-Шайх, Феҳрист-уш-Шайх ва Риҷол-ул-Барқӣ) омадааст. Нависанда дар поёни ҳар исм, ба таъйид ё радди матолиб пардохта ва ҳоли ровиро равшан мекунад.[4]
Сулаймон ибни Абдуллоҳи Моҳузӣ риҷолшиноси шиа, нависандаро ба сабаби таълифи Ҳови-л-ақвол, оғозкунандаи давраи мунаққиҳон (муҳаққиқон) дар илми риҷол донистааст. Ӯ риҷолшиносонро ба чор дастаи муассисон, такмилкунандагон, ҷамъоварикунандагон ва мунаққиҳон тақсим кардааст. Ба гуфтаи вай дар давраи мунаққиҳон илми риҷол муҳаққиқона баррасӣ ва бо нигоҳи мунтақидона ба ҷарҳу таъдили ровиён пардохта шудааст.[5] Албатта пеш аз Ҷазоирӣ, бархе аз олимон монанди Шаҳиди Сонӣ ба баррасии наққодонаи риҷол пардохтаанд, вале шомили ҳамаи ровиён ва баррасии ҳамаҷонибаи илм риҷол намешавад.[6]
Ибтикор дар тадвин ва муҳтаво
Нахустин бор дар китоби Ҳови-л-ақвол ровиён бар асоси тақсими чоргонаи ҳадис (саҳеҳ, мувассақ, ҳасан ва заъиф) дастабандӣ шудаанд.[7] Пеш аз ин китоб, дар баррасии ровиён, тақсимбандӣ вуҷуд надошт ё бар асоси тақсими дугонаи ҳадис (саҳеҳу заъиф) бахшбандӣ мешуд.[8]
Давраи наққодӣ дар илми риҷол низ бо нигошта шудан ин китоб ва китоби Нақд-ур-риҷол, навиштаи Мустафо Тафришӣ, оғоз шуд.[9]
Сахтгирӣ дар тавсиқ
Дар китоби Ҳови-л-ақвол, риҷоли ношинохта ва касоне, ки сутуда шудаанд, вале ба ҳадди ҳасан намерасанд аз заифон шумурда шудаанд; аз ин рӯ, бахши заъифони китоб тӯлонитарин бахш ва дорои 1168 ровӣ аст.[10] Абӯалии Ҳоирӣ - риҷолшиноси қарни 13 ҳиҷрии қамарӣ, нависандаи китобро ба Ибни Ғазоирӣ ташбеҳ кардааст; зеро монанди ӯ афроди мустаҳаққи тавсиқро заъиф шумурда[11] ва нависандаи китобро аз ин назар мавриди нақд қарор додааст;[12] албатта сахтгирии ӯ дар тавсиқ боис шуда барои исботи васоқати бархе ровиёни мавриди ихтилоф, ба сухани ӯ истинод шавад.[13]
Муҳтаво
Китоби Ҳови-л-ақволи фи маърифат-ир-риҷол аз муқаддама, бахши аслӣ ва хотима ташкил шудааст:
Муқаддама
Нависанда дар муқаддамаи асар ба зикри матолибе дар боби илми риҷол пардохтааст:
- Таъриф ва баёни мавзуи илми риҷол
- Баҳс дар бораи алфози ҷарҳу таъдил
- Ваҷҳи тақдими ҷарҳ бар таъдил
- Лузуми шаҳодати ду одил дар тазкияи ровӣ
- Пазируфтани ривоёти ровӣ то пеш аз инҳирофи ақида
- Роҳҳои ташхиси ровӣ дар сурати якхела будани номҳо
- Мазоҳиби ҳафтгонаи шиаён
- Кунияҳои имомон (а)
- Фарқи асл ва наводир
- Ибни Ғазоирӣ кист?[14]
Бахши аслӣ
Китоб ба чор бахши «сиҳоҳ, ҳисон, мувассақин ва зиъоф» тақсим шуда ва бар асоси ҳуруфи алифбо пеш рафтааст. Маҷмӯи афроди баррасишуда ба 2358 нафар мерасад.[15]
Дар бахши сиҳоҳ 763 нафар зикр шуда ки ба васоқати онҳо тасреҳ шудааст. Нависанда пас аз поёни ин бахш ба баррасии афроде, ки дар китоби Хулосат-ул-ақвол навиштаи Аллома Ҳиллӣ омада, пардохтааст. Сипас машойих ва бузургони шиа пас аз замони Шайхи Тӯсиро зикр мекунад.[16]
Бахши дувум - ҳисон, (афроде ки ба васоқатшон тасреҳ нашуда) аст. Дар ин бахш 80 нафар ном бурда мешаванд. Дар поёни ин бахш дар бораи бархе авлиё ва хоссони Имом Алӣ (а) ва асҳоби ӯ ва ҳамчунин аз қабилаи Рабеъа ва Яман сухан гуфтааст.[17]
Дар бахши сеюм 62 нафар мувассақ баррасӣ шудаанд; касоне ки бо вуҷуди фасоди ақидаашон, ба тавсиқи онон тасреҳ шудааст.[18]
Бахши чоруми марбут ба зуафост, ки 1168 нафар аз афроди мамдуҳ ва маҷҳулулҳол, ном бурда мешаванд.[19]
Хотима
Ҷазоирӣ дар поёни китоб, танбиҳоте овардааст:
- Кунияҳо ва лақабҳои маъруфи ашхос;
- Абуҷаъфар устоди Саъд ибни Абдуллоҳ кист?
- Тавзеҳи баъзе аз иснод;
- Тавзеҳи иштирок дар исм;
- Санади Иброҳим ибни Ҳошим ба Ҳаммод ибни Исо;
- Санади Кулайнӣ ба Муҳаммад ибни Исмоил;
- Мурод аз иборати "Иддатун мин асҳобино" дар ривоёти Кулайнӣ;
- Мустаснооти ривоёти Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Яҳё;
- Мазамматшудагон аз асҳоби имомон (а);
- Соҳибони тавқиъот;
- Таърихи вилодат ва вафоти имомон (а);
- Туруқи Шайхи Тӯсӣ дар Истибсор ва Таҳзиб ва устодони Шайхи Садуқ дар Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ;
- Асҳоби иҷмоъ;
- Шинохти қабилаҳо.[20]
Нусхаҳоу чоп
Ду нусхаи мавҷуди китоб иборатанд аз:
- Нусхаи китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, ки ба имлои нависанда китобат шудааст.[21]
- Нусхаи китобхонаи Оятуллоҳи Маръашӣ дар Қум.[22]
Ҳови-л-ақвол бо таҳқиқи Риёз Ҳабиб ан-Носирӣ дар Муассисаи ал-Ҳидояту ли эҳё-ит-туроси Қум дар соли 1418ҳ.қ. ба чоп расидааст.[23]
Эзоҳ
- ↑ Афандӣ, Риёз-ул-ъуламо, 1431ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.275
- ↑ Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.268
- ↑ Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.269
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Баҳронӣ, Меъроҷу аҳл-ил-камол, 1412ҳ.қ., муқаддамаи муаллиф, саҳ.7 - саҳ.24
- ↑ Баҳронӣ, Меъроҷу аҳл-ил-камол, 1412ҳ.қ., муқаддамаи муаллиф, саҳ.23
- ↑ Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷол-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.159
- ↑ Мозандаронии Ҳоирӣ, Мунтаҳа-л-мақол, 1416ҳ.қ., Муқаддама, ҷ.1, саҳ.31
- ↑ Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷол-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.24
- ↑ Соидӣ, аз-Зуафоу мин риҷол-ил-ҳадис, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.23
- ↑ Мозандаронии Ҳоирӣ, Мунтаҳа-л-мақол, 1416ҳ.қ., Муқаддама, ҷ.1, саҳ.31
- ↑ Мозандаронии Ҳоирӣ, Мунтаҳа-л-мақол, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9
- ↑ Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷол-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.160
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69; Ҷазоирӣ, Ҳови-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98–115
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», саҳ.68 ва 69
- ↑ Ҷазоирӣ, Ҳови-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.88
- ↑ Ҷазоирӣ, Ҳови-л-ақвол, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.88
- ↑ Тиллоиён, Махзшносии риҷоли шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.90
Сарчашма
- Ансорӣ Қумӣ, Носириддин, «Тозаҳои нигориш ва нашр: Миръот-ул-ҳарамайн ва...», бахши муаррифии китоби Ҳови-л-ақволи фи маърифат-ир-риҷол, дар маҷаллаи Оинаи пажӯҳиш, №52, меҳру обони 1377ҳ.ш.
- Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Исобег, Риёз-ул-ъуламои ва ҳиёз-ул-фузало, ба таҳқиқи Аҳмади Ҳусайнӣ Ашкиварӣ, ба иҳтимоми Маҳмуди Маръашӣ, Бейрут, Муассисату ат-таърих-ил-арабӣ, 1431ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сулаймон ибни Абдуллоҳ, Меъроҷу аҳл-ил-камоли ило маърифат-ир-риҷол, ба таҳқиқи Маҳдӣ Раҷоӣ, бе ҷо, 1412ҳ.қ.
- Мозандаронии Ҳоирӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Мунтаҳа-л-мақоли фи аҳвол-ир-риҷол, ба таҳқиқи Муассисату Ол-ил-Байт (а) ли эҳё-ит-турос, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт (а) ли эҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.
- Тиллоиён, Расул, Махзшносии риҷоли шиа, Қум, муассисаи илмии фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш.
- Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷанноти фи аҳвол-ил-ъуламои ва-с-содот, ба таҳқиқи Асадуллоҳи Исмоилиён, Қум, Деҳқонӣ (Исмоилиён), 1390ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Абдуннабӣ, Ҳови-л-ақволи фи маърифат-ир-риҷол, таҳқиқи Риёз Ҳабиб ан-Носирӣ, Қум, Муассисаи ал-Ҳидояту ли эҳё-ит-турос, 1418ҳ.қ.