Абдуллоҳ писари Расули Худо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абдуллоҳ ибни Муҳаммад (с))
Абдуллоҳ писари Расули Худо
Номи комилАбдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с)
НасабҚурайш
ЗодгоҳМакка
Санаи вафотпеш аз ҳиҷрат
Маҳалли дафнҚабристони Маълот
Шинохташуда бароифарзанди Пайғамбар


Абдуллоҳ писари Расули Худо(с) ва Хадиҷа буд, ки дар кӯдакӣ вафот кард. Бино ба гузориши манобеи таърихӣ, пас аз вафоташ Ос ибни Воил Пайғамбар (с)-ро абтар хонд ва дар вокуниш ба сухани ӯ, сураи Кавсар нозил шуд.

Бештари манобеи таърихӣ, таваллуди ӯро баъд аз беъсат медонанд.[1] Албатта нақли дигаре, таваллуди ӯро қабл аз беъсат зикр кардааст.[2] Ӯро Тайибу Тоҳир лақаб додаанд;[3] чароки пас аз нузули ваҳй ва дар замони Ислом таваллуд шуд.[4]

Абдуллоҳ дар кӯдакӣ дар Макка аз дунё рафт.[5] Ба гузориши Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ дар Ансоб-ул-ашроф, баъд аз даргузашти ӯ, Ос ибни Воил Пайғамбар (с)-ро абтар (бефарзанд, безуриёт) хонд, ки ҳеҷ писаре аз ӯ зинда намемонад. Аз ин рӯ, сураи Кавсар ва ояти "إِنَّ شانِئَکَ هُوَ الْأَبْتَر; яқинан душмани ту худ бенаслу табор аст!"[6] дар вокуниш ба сухани ӯ нозил шуд.[7]

Бар пояи ривояте ки Кулайнӣ дар ал-Кофӣ нақл кардааст, баъд аз вафоти Абдуллоҳ, Хадиҷа гиря мекард, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуд:

"Оё хушнуд намешавӣ, ки ӯ(Абдуллоҳ)-ро истода бар дарвозаи биҳишт биёбӣ ва чун ӯ туро бибинад, дасти туро бигираду вориди беҳтарин ҷои биҳишт кунад?!.. Худованд бартару бузургвортар аз он аст, ки меваи дили бандаеро аз ӯ бигирад ва ӯ ба хотири Худо бурдборӣ кунаду Ӯро сипос гӯяд, вале Худо ӯро азоб кунад".[8]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.445; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
  2. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1410ҳ.қ., саҳ.82.
  3. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.445; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
  4. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.223.
  5. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333.
  6. Сураи Кавсар, ояти 3.
  7. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138 - 139.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.219.

Ёддошт


Сарчашма

  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1406ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, Қум, Дафтари мутолиъоти таърих ва маорифи исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1362ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт, чопи аввал, 1417ҳ.қ.