4 феврал
Зоҳир
4 феврал сию панҷумин рӯзи сол дар тақвими милодӣ аст.
- 578м. Вафоти Абдулмутталиб - бобои Пайғамбар Муҳаммад (с) ва бузурги қабилаи Қурайш (10 рабиулаввал, сол 8 Омулфил)
- 1258м. Кушта шудани Мустаъсими Аббосӣ аз ҷониби Ҳалокухон ва шикасти ҳукумати Банӣ Аббос (28 муҳаррам, 656ҳ.қ.)
- 1919м. Вафоти Сайид Исмоил Садр, аз фуқаҳои шиа, ки бар зидди таҷовузи Русия ба Эрон ва Англия ба Ироқ фатвои ҷиҳод содир кард (3 Ҷамодиюлаввал, 1337ҳ.қ.)
- 1967м. Даргузашти Сайид Ҳусайн Фақиҳи Сабзаворӣ, фақиҳ, муфассири Қуръон ва аз муассисони ҳавзаи илмии Машҳад (15 баҳмани 1345ҳ.ш.)
- 1979м. Оғози фаъолияти Ҳукумати муваққатии Эрон пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон бо сарварии Маҳдии Бозаргон (15 баҳмани 1357ҳ.ш.)
- 1998м. Таъини Қосими Сулаймонӣ ба фармондеҳии Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ аз тарафи Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон (15 баҳмани 1376ҳ.ш.)
- 2011м. Эътирозҳои васеи мардумии Миср бо унвони Ҷумъат-ур-раҳил («Ҷумъаи рафтан») барои барканории Ҳуснӣ Муборак
- 2022м. Кушта шудани Абдуллоҳ Қурдош - раҳбари дуввуми гурӯҳи ифротии ДИИШ аз ҷониби неруҳои амрикоӣ дар Сурия
- 2025м. Даргузашти Карим Оғохон, 49-умин имоми исмоилиёни назорӣ (1446ҳ.қ.)