Jump to content

Оқохони Чаҳорум

Аз wikishia
Оқохони Чаҳорум
Номи комилШоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ
ЛақабОқохони Чаҳорум
МазҳабШиаи исмоилия
Санаи таваллуд13 декабри 1936
Зодгоҳшаҳри Женева
Санаи вафот4 феврали 2025
Шаҳри вафотЛиссабони Португалия
Маҳалли дафнАсвони Миср
ХешовандонРаҳим Оқохон (Оқохони Панҷум
Шинохташуда бароиРаҳбарии исмоилиҳои ҷаҳон


Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ (форсӣ: شاه کریم الحسینی), маъруф ба Карим Оқохон (форсӣ: کریم آقاخان) ва Оқохони Чаҳорум (форсӣ: آقاخان چهارم) (1936–2025 мелодӣ), чилу нуҳумин Имоми шиёиёни исмоилияи Оқохония буд. Ӯ аз соли 1957 ба муддати 68 сол роҳбарии исмоилиёнро бар ӯҳда дошт ва дар ин давра фаъолиятҳои гуногун дар соҳаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон анҷом дод. Аз ҷумлаи тадбирҳои ӯ таъсиси Маркази ҷаҳонии Имомати исмоилия дар шаҳри Лиссабон, Португалия (2015 мелодӣ) ва табдил додани қасри Ҳенрик Мендонса ба Дивони Имомати исмоилия (2018 мелодӣ) буд. Ҳамчунин, даҳҳо бемористон, мактаб, донишгоҳ ва марказҳои хидматрасонӣ ва фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсис дод. Аз фаъолиятҳои дигари ӯ таъсиси Шабакаи рушди Оқохон, Муассисаи омӯзиши исмоилия, Ҷоизаи байналмилалии меъмории Оқохон ва Ҷоизаи мусиқии Оқохон аст.

Оқохони Чаҳорум дар соли 2010 мелодӣ аз ҷониби маҷаллаи Forbes ҳамчун яке аз даҳ оилаи подшоҳии сарватманди ҷаҳон шинохта шуд. Ӯ шаҳрвандии кишварҳои Португалия, Англия, Фаронса ва Швейтсарияро дошт.

Оқохони Чаҳорум дар 4 феврали 2025 дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт ва пас аз ташйии ҷаноза дар Маркази исмоилия, дар 9 феврал дар мақбараи оилавии худ дар Асвони Миср дафн шуд. Марказҳо ва муассисаҳои гуногун ҳамчуни Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), Анҷумани адиён ва мазоҳиби Ҳавзаи илмияи Қум, раиси Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон, Шӯрои саросарии ҳазораҳои аҳли суннат Афғонистон ва Ҳизби адолат ва озодӣ Афғонистон даргузашти ӯро таслият гуфтанд.

Аз имомони шиъаи исмоилияи Оқохония

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, маъруф ба Карим Оқохон ё Оқохони Чаҳорум, чилу нуҳумин имоми меросии шиёиёни исмоилияи Оқохония буд.[1] Пас аз марги бобояш Оқохони сеюм дар 11 июли 1957 мелодӣ/20 тири 1336 хуршедӣ,[2] ба васияти ӯ, дар синни 20[3] ё 21-солагӣ[4] ба роҳбарии фирқаи исмоилия расид. Оқохони сеюм, ҳарчанд ду писар дошт, наберааш Карим Оқохонро ба сабаби ҷавон будан ва тағйироти шароити ҷаҳон, ба имомати пас аз худ таъйин кард.[5] Ӯ 68 сол имомати исмоилияро бар ӯҳда дошт.[6] Шиаёни исмоилии оқохония, Карим Оқохонро аз насли Пайғамбар (с) медонанд.[7] Карим ал-Ҳусайниро дар кишварҳои Аврупо, одатан, ҳазрати волии принс Карим Оқохони Чаҳорум меноманд.[8]

Каримхони Чаҳорум (самти чап) ва Оқохони Сеюм (самти рост)

Оқохони Чаҳорум дар соли 2015 мелодӣ ба даъвати ҳукумати Португалия, Маркази ҷаҳонии Имомати исмоилияро дар Лиссабони Португалия таъсис кард ва дар соли 2018 мелодӣ қасри Ҳенрик Мендонса дар Лиссабонро ҳамчун қароргоҳи Имомати исмоилия муайян кард ва онро Девони Имомати исмоилия номид.[9]

Карим Оқохонро шахсе барҷаста дар корҳои хайрия ва тиҷорат шинохтаанд ва гуфтаанд, ки ӯ ҳамчун раисиҷумҳури як кишвар мавриди эҳтиром қарор мегирифт.[10] Ӯро подшоҳи бидуни кишвар низ номидаанд.[11] Гуфта мешавад, ки ӯ бештар ба ислоҳи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таълимии пайравонаш дилбастагӣ дошт.[12]

Оқохония идомаи исмоилияи низория ва мансуб ба Ҳасаналӣ Шоҳ бо лақаби Оқохони Маҳаллотӣ (ваф.1298ҳ.қ.), Имоми чилу шашуми низориён, мебошад.[13] Лақаби Оқохон аз ҷониби Фатҳалӣ Шоҳи Қоҷор ба Ҳасаналӣ Шоҳ ато шуд ва аз он ба баъд имомони исмоилияи низория бо унвони Оқохон хонда шуданд.[14]

Тибқи васиятномаи Карим Оқохон ва суннати исмоилия дар бораи таъйини имом аз ҷониби имоми қаблӣ, пас аз Карим Оқохон, фарзандаш Раҳим Оқохон (тав.1971 мелодӣ) ҳамчун панҷоҳумин Имоми исмоилия муаррифӣ шуд.[15]

Фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ

Карим Оғохон, дар даврони имоматаш бар исмоилия, фаъолиятҳои гуногуни фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар кишварҳои мухталиф анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки даҳҳо беморхона, мактаб, донишгоҳ ва марказҳои хизматрасонӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби ӯ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бунёд шудааст, аз ҷумла Донишгоҳи Оғохон дар Карачии Покистон.[16] Муассисаҳои таҳти ҳимояи ӯ беш аз сесад муассисаи таълимӣ ва дусад муассисаи тандурустиро дар бар мегиранд.[17] Баъзе аз фаъолиятҳои Оғохон чунинанд:

  • Ташкили Шабакаи рушди Оғохон ё Бунёди Оғохон (AKDN) дар Женеваи Швейтсария дар соли 1967.[18] Ин ташкилот маҷмуи муассисаҳои ғайридавлатиест, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва тавонмандсозии мардум дар кишварҳои рӯ ба рушд, хусусан дар Осиё ва Африқо, фаъолият мекунад. Ин шабака дар беш аз сӣ кишвар фаъол аст[19] ва лоиҳаҳое ба мисли ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ва сохтани беморхонаҳо, мактабҳо ва марказҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои муҳтоҷро иҷро мекунад.[20]
Қароргоҳи Имомати исмоилия дар шаҳри Лиссабони Партугалия, ки аз тарафи Оқохони IV таъин шуд
  • Ташкили Пажӯҳишгоҳи омӯзиши исмоилия дар соли 1977 м. ҳамчун як маркази академӣ бо ҳадафи тарвиҷи Ислом ва дарки мероси фикрии исмоилия.[21]
  • Ташкили Ҷоизаи байналмилалии меъмории Оғохон дар соли 1976[22] ё 1977 м.,[23] ки ҳадафи он шиносоӣ, ташвиқ ва тарвиҷи меъморӣ ва посухгӯӣ ба ниёзҳои ҷаҳони Ислом мебошад.[24]
  • Ҷоизаи мусиқии Оғохон, ки бо ҳадафи қадрдонӣ аз эҷодкорӣ, таълим ва ҳифзу эҳёи мусиқӣ дар ҷаҳони Ислом ва кишварҳое, ки мусалмонон ҳузури фаъол доранд, аз ҷониби Оқохони Чаҳорум таъсис ёфтааст.[25]

Ташкили созмони тарвиҷи хизматрасониҳои саноатӣ дар соли 1963 м. ва Бунёди рушди иқтисодии Оғохон дар соли 1984 м. низ аз дигар фаъолиятҳои Оқохони Чаҳорум ба шумор мераванд.[26] Вай ҳамчунин барномаҳоеро барои омӯзиши меъмории исломӣ дар донишгоҳҳое ба мисли Донишгоҳи Ҳарвард ва Пажӯҳишгоҳи технологияи Массачусетс роҳандозӣ кард ва дар бозсозии биноҳои таърихии исломӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нақш дошт.[27]

Зиндагинома

Карим Оқохони Чаҳорум 13 декабри 1936 м./22 озари 1315ҳ.ш. дар шаҳри Женева таваллуд шуд.[28] Падари ӯ шоҳзода Алихон ва бобояш Султон Муҳаммадшоҳ, чиҳилу ҳаштумин имоми исмоилия буд.[29] Қисмате аз даврони кӯдакии худро дар Найробӣ, пойтахти Кения, сипарӣ намуд.[30] Сипас ба Швейтсария бозгашт ва таҳсилоташро дар мактаби хусусӣ идома дод. Баъдан, ба Донишгоҳи Ҳарвард дар Иёлоти Муттаҳида дохил шуд ва дар солҳои 1958-1959 м. бо дараҷаи бакалавр дар риштаи таърихи Ислом фориғуттаҳсил гардид.[31]

Ӯ шаҳрвандии Португалия, Англия, Фаронса ва Швейтсарияро дошт ва муддати зиёде дар Фаронса ва дар охири умри худ дар Лиссабони Португалия зиндагӣ мекард.[32] Гуфта мешавад, ки Карим сарватманд буда, зиндагии ашрофӣ ва таҷаммулотӣ дошт. Сарвати ӯро то 13 миллиард доллар баровард кардаанд, ки аз парвариши асп ва сармоягузорӣ дар саноати сайёҳӣ ва амлок ба даст омада буд.[33] Бар асоси гузориши хабаргузории Ройтерз аз маҷаллаи Форбс дар соли 2010 м., Карим Оғохон дар қатори даҳ хонаводаи салтанатии сарватманди ҷаҳон қарор дошт.[34]

Даргузашт

Шиаёни исмоилии оғохониён ҳангоми ташйии ҷанозаи Карим Оғохон ба сӯи мақбараи хонаводагияш.

Карим Оғохон дар 4 феврали 2025 м./16 баҳмани 1403ҳ.ш. дар синни 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт.[35] Дар 8 феврал, маросими ҷанозаи ӯ дар Маркази исмоилия дар Лиссабон бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла раиси ҷумҳури Португалия, нахуствазири Канада ва мақомҳои аршади кишварҳои Урдун, Покистон, Испания, Қатар, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Англия баргузор шуд.[36] Ӯ дар 9 феврал дар мақбараи хонаводаашон дар Асвони Миср, дар канори бобояш Оғохони сеюм дафн гардид.[37] Марказҳо, муассисаҳо ва шахсиятҳое, аз ҷумла Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а),[38] раиси Анҷумани адён ва мазоҳиби Ҳавзаи илмияи Қум,[39] раиси Маҷлиси ваҳдати муслимин Покистон,[40] раисҷумҳури Тоҷикистон,[41] Шӯрои сартосарии ҳазораҳои аҳли суннати Афғонистон ва Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон даргузашти ӯро таслият гуфтанд.[42]

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ӯро намунаи сулҳ, бурдборӣ ва шафқат, ва нахуствазири Покистон ӯро раҳбари барҷаста тавсиф кардаанд.[43]

Эзоҳ

  1. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.620; «His Highness Prince Karim Aga Khan IV, 1936-2025», The Institute of Ismaili Studies
  2. Гурӯҳи таърих, "Оқохон", саҳ.465
  3. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.620
  4. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.3
  5. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.620
  6. «پیام مجمع جهانی اهل‌بیت(ع) در پی درگذشت رهبر شیعیان اسماعیلی», Вебгоҳи Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт
  7. «Ismaili Imamat», the.ismaili
  8. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.620
  9. «Ismaili Imamat», the.ismaili
  10. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  11. «درگذشت کریم آقاخان موسوم به پادشاه بدون کشور و آینده اسماعیلیان نزاری», Хабаргузории АБНО
  12. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.621
  13. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.1
  14. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.2 ва 3; Гурӯҳи таърих, "Оқохон", саҳ.460
  15. «در پی درگذشت کریم آقاخان، رحیم آقاخان (حسینی) به عنوان پنجاهمین امام وراثتی اسماعیلیان معرفی شد», Хабаргузории Шафақно
  16. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  17. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.621
  18. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.621; «کریم آقاخان کیست؟ فرقه اسماعیله چه تفاوتی با مذهب شیعه دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ
  19. «سازمان توسعه آقاخان در قیرقیزستان», Пойгоҳи тахассусӣ-таҳлилии ҷомеа ва фарҳанги милал
  20. «کریم آقاخان کیست؟ فرقه اسماعیله چه تفاوتی با مذهب شیعه دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ
  21. «His Highness Prince Karim Aga Khan IV, 1936-2025», The Institute of Ismaili Studies
  22. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.621
  23. «برگزاری مراسم اعطای جایزه آقاخان در مسقط», Пойгоҳи тахассусӣ-таҳлилии ҷомеа ва фарҳанги милал
  24. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.621
  25. «جایزه خداوندگار موسیقی بنیاد آقاخان به محمدرضا شجریان رسید», Еврониюс
  26. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.621
  27. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  28. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.3
  29. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  30. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  31. Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоилия, 1386ҳ.ш., саҳ.620
  32. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  33. «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс
  34. «The richest royals», Reuters.
  35. «His Highness Prince Karim Aga Khan IV, 1936-2025», The Institute of Ismaili Studies؛ «کریم آقاخان کیست؟ فرقه اسماعیله چه تفاوتی با مذهب شیعه دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ
  36. «Funeral ceremony for Aga Khan IV», agency of the Aga Khan Development Network.
  37. «Funeral ceremony for Aga Khan IV», agency of the Aga Khan Development Network.
  38. «پیام مجمع جهانی اهل‌بیت(ع) در پی درگذشت رهبر شیعیان اسماعیلی», Сайти Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт
  39. «پیام مهم و کم سابقه انجمن ادیان و مذاهب حوزه علمیه قم بمناسبت درگذشت کریم شاه الحسینی», Сайти Муслимно
  40. «پیام تسلیت رئیس مجلس وحدت مسلمین پاکستان در پی درگذشت کریم آقاخان», Хабаргузории АБНО
  41. Барқияи изҳори тасаллӣ ба Девони Имомати Исмоилия, Сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  42. «پیام‌های تسلیت به مناسبت درگذشت کریم آقاخان», Хабаргузории Шафақно
  43. «کریم آقاخان؛ میلیاردر و رهبر روحانی مسلمانان اسماعیلی که بود؟», ББС форсӣ; «درگذشت امام میلیاردر اسماعیلیه و عضو تیم اسکی ایران در المپیک؛ آقاخان که بود و چگونه نماد صلح شد», Еврониюс

Сарчашма