22 рамазон
22 рамазон дар тақвими ҳиҷрии қамарии қарордодӣ дусаду панҷоҳу ҳаштумин рӯзи сол аст.
- 1 беъсат. Шаби қадр ва шаби нузули Қуръон бинобар эҳтимол
- 273ҳ.қ. Даргузашти Ибни Моҷаи Қазвинӣ олими аҳли суннат ва нависандаи китоби Сунани Ибни Моҷа аз сиҳоҳи ситта
- 1286ҳ.қ. Даргузашти Абдулҳусайни Теҳронӣ маъруф ба Шайхулироқийин, фақиҳи шиа, васийи Амиркабир ва намояндаи Носириддиншоҳ дар бозсозии атаботи олиёт
Барои ин рӯз, илова бар аъмоли муштараки ҳамаи рӯзҳои моҳи рамазон, бархе дуоҳо ва аъмоли махсус низ нақл шудааст:
Шаби бисту дуюм |
|
Намоз | Ҳашт ракаат бо ҳар сурае ки хост |
Дуои рӯз |
|
Дуоҳои даҳаи охири моҳи рамазон | |
Дуоҳои ҳар шаб |
|
Дуои баъди ҳар намоз |
|
Ёддошт
- ↑ Эй баркананда рӯз аз қомати шаб, пас ба ногоҳ мо дар торикӣ дароем, ва равонкунандаи хуршед дар ҷойгоҳаш ба тақдират, эй Тавоно, эй Доно, ва андозаи даҳ моҳ дар манзилҳои фалакӣ, то чун шохаи хурмои расида баргардад, эй Нури ҳар нур, ниҳояти ҳар шавқ, сарчашмаи ҳар неъмат, эй Худо, Эй Бахшанда, эй Худо, эй Қуддус, эй Ягона, эй Якто, эй Беҳамто, эй Худо, эй Худо, эй Худо, номҳои некутару намунаҳои волотару бузургманишию неъматҳо барои Туст, аз Ту мехоҳам бар Муҳаммаду аҳли байташ дуруд фиристӣ ва қарори диҳӣ номамро дар ин шаб дар гуруҳи саодатмандон ва рӯҳамро бо шаҳидон ва кирдори некамро дар баландмартабатарин дараҷаи биҳишт ва бадкориамро омирзида ва яқине бар ман бахшӣ ки дилам ҳамроҳи он бошад имоне ки дудилиро аз ман бартараф кунад ва хушнудӣ ба он чи насибам намудӣ, ва ба мо дар дунёву охират некуӣ иноят кун ва аз азоби оташи сӯзон нигоҳ дор ва дар ин шаб зикру шукру рағбат ба сӯи худ ва тавбаву тавфиқ ба он чи ки Муҳаммаду хонадони Муҳаммад(дуруди Худо бар онон)-ро ба он муваффақ намӯдӣ, рўзиям фармо.
- ↑ Паноҳ меоварам ба азимати зоти Каримат, аз ин ки моҳи рамазон аз ман сипарӣ шавад, ё сапедии субҳ тулӯъ кунад ва аз ман назд ту гуноҳе ё натиҷаи коре монда бошад, ки маро бар он азоб намоӣ.
- ↑ Худоё! Ту дар китоби нозилшудаат фармӯдӣ: моҳи рамазон, моҳе ки Қуръон барои ҳидояти мардум дар он нозил шуда ва далели равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст, бо нозил кардани Қуръон дар он ҳурматашро бузург шумурдӣ ва онро махсуси шаби қадар гардондӣ, шабе ки онро аз ҳазор моҳ беҳтар қарор додӣ. Худоё, ин рӯзҳои моҳ рамазон аст, ки гузашт ва шабҳои он аст, ки аз даст рафт, ман аз ин моҳ чунон шудаам ки ту аз ман ба он донотарӣ ва шумораи онро аз тамоми офаридагонат шуморандатарӣ, дар натиҷа аз Ту дархост мекунам ба он чи аз ту дархост карданд фариштагони муқаррабат ва паёмбарони мурсалат ва бандагони шоистаат ин ки бар Муҳаммаду хонадони Муҳаммад дуруд фиристӣ ва вуҷудамро аз оташ озод кунӣ ва ба раҳматат ба биҳиштам ворид намоӣ ва ба афву карамат маро бубахшӣ ва наздикҷӯиямро бипазирӣ ва дуоямро ба иҷобат расонӣ ва ба амон доданам дар рӯзи ваҳшат аз ҳар ҳаросе, ки барои қиёматам омода сохтаӣ бар ман миннат наҳй, худоё ба зоти карим ва ба ҷалоли бузургат паноҳ меоварам, аз ин ки рӯзҳо ва шабҳои моҳи рамазон сипарӣ гардад ва барои ман назди Ту натиҷаи коре ё гуноҳе бошад ки маро ба сабаби он муҷозот кунӣ, ё хатое ки бихоҳӣ интиқомашро аз ман бигирӣ ва маро дар онҳо набахшида бошӣ, эй Сарвари ман, эй Сарвари ман, эй Сарвари ман, аз Ту мехоҳам, ки маъбуде ҷуз Ту нест, он гоҳ ки маъбуде ҷуз Ту набуд, агар дар ин моҳ аз ман хушнуд будаӣ, бар хушнудият аз ман биафзо, ва агар хушнуд набудаӣ аз ҳам акнун аз ман хушнуд шав, эй меҳрбонтарини меҳрбонон, эй Худо, эй Якто, эй Бениёз, эй ки назоидаву зода нашуда ва ҳеч чизу ҳеч кас ҳамтояш набуд.
- ↑ Худоё, аз мо ҳаққи он чиро ки аз моҳи рамазон гузашт, адо фармо ва кӯтоҳии моро аз ибодат дар ин моҳ биёмурз ва моҳи рамазонро аз мо бипазир ва моро аз зиёдаравиҳо бар алайҳи хештан муҷозот макун ва аз раҳматшудагон қарор деҳ, на аз маҳрумон.