Саъсаа ибни Савҳон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз صعصعه بن صوحان)

Саъсаа ибни Савҳон (арабӣ: صعصعة بن صوحان) аз ёрони Имом Алӣ (а) буд, ки дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон иштирок кард. Саъсаъа дар суханварӣ маҳорат дошт ва аз ин маҳорат дар дифоъ аз Имом Алӣ (а) ва интиқод ба Муовия истифода мекард. Имом Алӣ (а) Саъсааро аз асҳоби бузурги худ муаррифӣ кардааст. Имом Содиқ (а) ҳам ӯро аз маъдуд афроде донистааст, ки Имом Алӣ (а)-ро он гуна ки шоистааст, шинохт. Масҷиди Саъсаа дар Кӯфа ба ӯ мансуб аст.

Насаб

Саъсаа ибни Савҳон аз қабилаи Абдулқайс буд.[1] Ӯ дар наздикии Қатиф ба дунё омад ва пас аз муддате дар Кӯфа сокин шуд.[2] Ба ҳамин хотир ӯро «Кӯфӣ» низ хондаанд.[3] Куняи Саъсаъа «Аботалҳа» будааст.[4] Бародарони ӯ Зайд ва Сайҳон аз шиаёни Имом Алӣ (а) буданд.[5]

Дар замони хулафо

Саъсаа дар замони Пайғамбари Ислом (с) мусулмон шуд, вале он ҳазратро надид.[6] Дар замони Умар ибни Хатоб - халифаи дуввум, Абумусои Ашъарӣ молеро назди халифа фиристод. Халифа онро тақсим кард ва миқдоре боқӣ монд. Ӯ назари мусулмононро дар мавриди бақияи он мол пурсид. Саъсаа гуфт:

«Дар масоиле бо мардум машварат кун, ки Худованд дар Қуръон роҷеъ ба он чизе нагуфта бошад. Аммо он чи Худованд дар мавриди он ҳукме додааст, ба ҳамон амал кун!».[7]

Саъсаа аз мухолифони халифаи сеюм дар Кӯфа буд. Халифа, ӯро бо теъдоде, аз ҷумла бародараш Зайд ибни Савҳон ва Молики Аштар ба Шом табъид кард.[8] Манобеи таърихӣ гуфтугӯи интиқодие аз ӯ бо Усмон гузориш кардаанд.[9]

Саҳобии Имом Алӣ (а)

Имом Содиқ (а):

«Касе бо Имом Алӣ (а) набуд, ки эшонро он гуна ки шоистааш аст, бишиносад, магар Саъсаа ва асҳобаш».


Ба гуфтаи Шайх Муфид, Саъсаа аз асҳоби бузурги Имом Алӣ (а) будааст.[11] Ибни Қутайбаи Динаварӣ - донишманди қарни сеюми қамарӣ, низ номи Саъсааро дар гурӯҳи афроди машҳури шиа овардааст.[12] Ба гузориши Масъудӣ дар китоби «Муруҷ-уз-заҳаб», Имом Алӣ (а) Саъсааро аз бузургони араб ва руасои асҳоби худ муаррифӣ кардааст.[13] Бар асоси ривояте аз Кулайнӣ, Имом Алӣ (а) ӯро бар васияти худ шоҳид гирифт.[14]

Саъсаа дар ташйиъи ҷинозаи Имом Алӣ (а) ширкат дошт ва пас аз дафни ӯ бар сари қабраш омад ва дар ҳоле ки хок бар сараш мерехту гиря мекард, суханонеро ба забон овард, ки дар онҳо зимни баёни фазоили Имом Алӣ (а), аз Худо мехост ӯро аз дӯстони Имом Алӣ (а) қарор диҳад ва ба ӯ кумак кунад роҳи ӯро идома диҳад.[15]

Саъсаа, Имом Алӣ (а)-ро зинатдиҳандаи хилофат медонист ва муътақид буд ӯ ба хилофат арзиш ва мақом дод ва ниёзи хилофат ба Имом Алӣ (а) беш аз ниёзи ӯ ба хилофат аст.[16]

Ҳузур дар ҷанги Ҷамал, Сиффайн ва Наҳравон

Саъсаа дар ҷангҳои замони ҳукумати Имом Алӣ (а), ширкат кард. Дар ҷанги Ҷамал бародараш Сайҳон, парчамдори қабилаи Абдулқайс буд. Пас аз шаҳодати Сайҳон, бародари дигараш Зайд парчамдор шуд ва пас аз шаҳодати Зайд, Саъсаъа худ парчамро ба даст гирифт.[17]

Дар ҷанги Сиффин, Саъсаа фармондеҳи қабилаи Абдулқайси Кӯфа буд.[18] Пеш аз оғози ҷанг, сипоҳи Муовия бар об мусаллат шуда буд ва иҷозати дастрасии сипоҳи Имом Алӣ (а) ба обро намедод. Имом Алӣ (а) Саъсааро барои музокира назди Муовия фиристод.[19]

Пеш аз оғози ҷанги Наҳравон ҳам Имом Алӣ (а) Саъсааро барои музокира ва насиҳати хавориҷ ба миёни онон фиристод.[20] Ӯ дар ин гуфтугӯ ба пайравӣ аз Имом Алӣ (а) таъкид кард. Матни гуфтугӯи Саъсаа бо хавориҷ, дар китоби «ал-Ихтисос» навиштаи Шайх Муфид омадааст.[21]

Шафоати Мунзир ибни Ҷоруд

Масҷиди Саъсаа дар Кӯфа

Ба гузориши китоби «Биҳор-ул-анвор» Мунзир ибни Ҷоруд, ки аз сӯи Имом Алӣ (а) ба раёсати минтақае фиристода шуда буд, молеро аз байтулмол бардошт. Имом Алӣ ӯро зиндонӣ кард, аммо бо воситагарии Саъсаа Мунзирро озод кард.[22] Бар асоси гузориши китои «ал-Ғорот», Саъсаа ба Имом Алӣ гуфт: хоҳари Мунзир ибни Ҷоруд ҳар рӯз барои бародараш гиря мекунад. Ӯро озод кун ва ман он чи бардоштаро замонат мекунам. Имом Алӣ (а) посух дод: ниёзе ба замонат нест. Ӯ савганд бихӯрад, ки молеро барнадоштааст, озодаш мекунам.[23]

Мухолифат бо Муовия

Ба гуфтаи Кашшӣ дар китоби «Маърифат-ур-риҷол», дар сулҳи Имом Ҳасан (а) бо Муовия, Саъсаа аз касоне буд, ки Имом Ҳасан (а) барои ӯ амон гирифт.[24] Пас аз сулҳи Имом Ҳасан (а), Муовия дар Кӯфа Саъсааро дид ва ба ӯ гуфт: ба Худо савганд, дӯст надоштам ту дар амони ман бошӣ!

Саъсаа дар посухи ӯ гуфт, ба Худо савганд, ман низ дӯст надоштам туро бо ин ном садо кунам! Сипас ба Муовия бо унвони халифа салом кард. Муовия гуфт агар (дар халифа донистани ман) содиқ ҳастӣ, бар минбар бирав ва Алӣ (а)-ро лаън кун!

Саъсаа бар минбар рафт ва пас аз ҳамду санои ‌Илоҳӣ дар суханоне дупаҳлӯ гуфт:

Эй мардум, ман аз назди фарде (Муовия) меоям, ки ба ман фармон дода, Алӣ (а)-ро лаън кунам. Пас ӯ (худаш)-ро лаън кунед ва манзураш лаън бар Муовия буд.

(وأنَّه أمرني أن ألعن علياً, فالعنوه)[25]

Ибни Аъсами Кӯфӣ гузориш кардааст, ки замоне, Муовия ба бузургони Кӯфа гуфт: назаратон чист, ки шуморо бо вуҷуди нодониҳоятон бахшидам, дар ҳоле ки мустаҳаққи муҷозот будед? Худованд раҳмат кунад Абӯсуфиёнро, ки инсони сабуре буд ва агар ҳамаи мардум аз авлоди ӯ буданд, ҳама сабур мегаштанд. Саъсаъа гуфт: ба Худо савганд, эй Муовия, ки ин афрод, фарзандони мардумоне беҳтар аз Абӯсуфиён ҳастанд ва афроди сафиҳу ҷоҳил аз насли Абӯсуфиён бештар аз сабурони онҳо ҳастанд!.[26]

Маҳорат дар суханварӣ

Саъсаа дар суханварӣ маҳорат дошт. Манобеи таърихӣ ва ҳадисӣ, ӯро шахси фасеҳу балиғ муаррифӣ кардаанд.[27] Имом Алӣ (а) Саъсааро «ал-Хатиб-уш-шаҳшаҳ» (суханрони забардаст) тавсиф кардааст.[28] [[Муовия[29] ибни Абисуфён|Муовия]] ва [[Муғайра ибни Шуъба[30]]] ҳам аз фасоҳату балоғати ӯ сухан гуфтаанд. Муовия ӯро дорои забони тунду тез донист.[31]

Ба гуфтаи Кашшӣ, ӯ аз маҳорати суханвариаш барои муаррифӣ ва дифоъ аз ҳазрати Алӣ (а) истифода мекард.[32]

Вафот

Масҷид ва қабри мансуб ба Саъсаа дар Баҳрайн

Вафоти Саъсааро дар замони хилофати Муовия ва дар Кӯфа донистаанд.[33] Албатта дар бархе манобеъ омадааст, ки Муғайра ба фармони Муовия, Саъсааро ба ҷазирае дар Баҳрайн табъид кард ва ӯ дар ҳудуди соли 70 қамарӣ дар он ҷо даргузашт.[34]

Дар шаҳри Аскар дар Баҳрайн, қабре ба Саъсаъа мансуб аст, ки он ҷоро масҷиди Саъсаат ибни Савҳон меноманд.[35] Ҳамчунин дар наздикии масҷиди Саҳла дар Кӯфа, масҷиде ба номи масҷиди Саъсаа ба ӯ мансуб аст.[36]

Такнигорӣ

Китоби «Зайд ва Саъсаъа, писарони Савҳон» навиштаи Комрони Муҳаммадҳусайнӣ, ки дар соли 1395ҳ.ш. ва дар 136 саҳифа аз сӯи нашри Машъар чоп ва мунташир шуда, ба зиндагӣ ва амалкарди Саъсаа ибни Савҳон ва бародараш Зайд ибни Савҳон пардохтааст.[37]

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.403.
  2. Зириклӣ, ал-Аълом, 1998 м, ҷ.3, саҳ.205.
  3. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003 м, ҷ.4, саҳ.240.
  4. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.244.
  5. Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.717.
  6. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.403.
  7. Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.717.
  8. Аҳмадии Миёнаҷӣ, Макотиб-ул-аимма (а), 1426 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145.
  9. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.589.
  10. Ибни Довуд, ар-Риҷол, 1342 ҳ.ш., саҳ.187.
  11. Шайх Муфид, ал-Ҷамал, 1413 ҳ.қ., саҳ.475.
  12. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992 ҳ.қ., саҳ.624.
  13. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.38.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.51.
  15. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.295.
  16. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.179.
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.244.
  18. Наср ибни Музоҳим, Вақъат-ус-Сиффайн, 1404 ҳ.қ., саҳ.206.
  19. Наср ибни Музоҳим, Вақъат-ус-Сиффайн, 1404 ҳ.қ., саҳ.160.
  20. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413 ҳ.қ., саҳ.121.
  21. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413 ҳ.қ., саҳ.121.
  22. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.323.
  23. Сақафӣ, ал-Ғорот, 1395 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.897.
  24. Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1363 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.285.
  25. Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1363 ҳ.ш., саҳ.69.
  26. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  27. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.43/ Замахшарӣ, ал-Фоиқ фи ғариб-ил-ҳадис, 1417, ҷ.1, саҳ.71/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.308.
  28. Наҳҷ-ул-балоға, тартиби Субҳӣ Солеҳ. Ҳикмати 259
  29. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  30. Ибни Асир, ал-Комил, 1385 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.430.
  31. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  32. Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1363 ҳ.ш., саҳ.69.
  33. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.244.
  34. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205.
  35. ««مسجد صعصعة بن صوحان فی عسکر»، الاوقاف الجعفریه.», ал-Авқоф-ул-Ҷаъфарийя.
  36. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419 ҳ.қ., саҳ.143/ Шаҳиди аввал, ал-Мазор, 1410 ҳ.қ., саҳ.264.
  37. Интишори китоби ««زيد و صعصعه پسران صوحان»» пойгоҳи пажӯҳишкадаи ҳаҷ ва зиёрат

Сарчашма

  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Дор-ул-фикр, Бейрут, 1409 ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комили фи-т-торих, Дору содир, Бейрут, 1385 ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, Аҳмад ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Дор-ул-азвоъ, Бейрут, 1411 ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубатдаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зави-ш-шаън-ил-акбар (Таърихи Ибни Халдун), таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дувум, 1408 ҳ.қ.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан ибнИ Алӣ ибни Довуд, ар-Риҷол, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1342 ҳ.қ.
  • Ибни Саъд Котиби Воқидӣ, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1418 ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412 ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқ: Сарват Акоша, Қоҳира, ал-Ҳайъат-ул-мисрийят-ил-ъоммати ли-л-китоб, 1992 м.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419 ҳ.қ.
  • Аҳмадии Миёнаҷӣ, Алӣ, Макотиб-ул-аимма (а), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426 ҳ.қ.
  • «انتشار كتاب زيد و صعصعه پسران صوحان», пажӯҳишкадаи ҳаҷ ва зиёрат, интишор 22 озари 1395 ҳ.ш., мушоҳида 15 мурдоди 1399 ҳ.ш.
  • Сақафӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Ғорот ав ал-истинфору ва-л-ғорот, тасҳеҳи Ҷалолиддини Муҳаддис, Теҳрон, анҷумани осори миллӣ, 1395 ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафиёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, муҳаққиқ: Башшор Аввод Маъруф, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, 2003 м.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дор-ул-илми ли-л-малоин, 1989 м.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Фоиқ фи ғариб-ил-ҳадис, тасҳеҳи Иброҳим Шамсиддин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1417 ҳ.қ.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414 ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор фи кайфийят зиёрот-ин-набийи ва-л-аимма (а), Қум, Мадрисаи Имом МАҳдӣ (аҷ), 1410 ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, ал-Ихтисос, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли алфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1413 ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, ал-Ҷамалу ва-н-нусрату ли сайид-ил-Итрати фи ҳарб-ил-Басра, тасҳеҳи Алӣ Миршарифӣ, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413 ҳ.қ.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, тасҳеҳи Муҳаммади Раҷоӣ, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт, 1363 ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407 ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403 ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Доғар, Асъад, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, 1409 ҳ.қ.
  • Наср ибни Музоҳим, Вақъат-ус-Сиффайн, тасҳеҳи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, Мактабату Оятуллоҳ-ил-Маръаши-н-Наҷафӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, бе то.