Ҳодисаи Ифк

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷараёни Ифк)

Ин мақола дар бораи ҳодисаи Ифк аст. Барои ошноӣ бо моҷарои ифк дар Қуръон ба оятҳои Ифк нигаред.

Ҳодисаи Ифк (форсӣ: حادثۀ اِفْک) моҷарои туҳмати танфурӯшӣ задани гурӯҳе аз мардум ба яке аз занони Пайғамбар дар садри Ислом аст. Муҳаққиқон ин ҳодисаро асоситарин фитнаи дохилии мунофиқон бар зидди ҳукумати Пайғамбар (с) донистаанд; зеро мунофиқон бо ин кор мехостанд шахсияти Пайғамбар (с)-ро тахриб карда салоҳияти раҳбарии ҳазраташро зери суол баранд, аммо Худованд ин фитнагарии душманонро бо нозил кардани оятҳои Ифк аз байн бурд.

Дар манобеъ, дар бораи шахси туҳматзадашуда ду гузориши аслӣ омадааст. Бар асоси манобеъи аҳли суннат ва инчунин баъзе манобеъи шиа, оятҳои Ифк пас аз туҳмати мунофиқон бар Оиша нозил шудааст. Тибқи ин гузориш, Оиша, ки дар ҷараёни ҷанги Банӣ Мусталақ ҳамроҳи Пайғамбар (с) буд, аз лашкари мусалмонон ақиб монд ва бо кумаки шахсе бо номи Сафвон бин Муъаттал ба лашкар пайваст. Мунофиқоне чун Абдуллоҳ ибни Убай ва Ҳассон ибни Собит Оиша ва Сафвонро ба зино муттаҳам карданд. Баъд аз муддате оятҳои Ифк нозил шуд ва мусалмононро барои паҳн кардани овоза сарзаниш кард.

Хабари туҳмат задан ба Оиша, илова бар қатъӣ будани он дар назари аҳли суннат, назди шиа низ машҳур аст ва иддае аз шиаён, монанди Шайхи Муфид ва Шайхи Тусӣ онро ба унвони сабаби нозил шудани оят пазируфтаанд, аммо гурӯҳе аз муҳаққиқони шиа муътақиданд, ки ин гузориш аз назари санад ва матн чанд мушкил дорад; монанди зиддият доштани бадгумонии Пайғамбар (с) ба Оиша бо маъсум будани Пайғамбар (с), машваратхоҳии Пайғамбар (с) аз кӯдак дар масъалаи муҳим ва ҳамроҳӣ накардани ҳамсарони Пайғамбар дар ҷангҳои дигар. Ба ҳамин далел наметавон ба он истинод кард.

Гузориши дувум дар яке аз манобеъи шиаён, яъне "Тафсири Қумӣ" нақл шудааст ва дар он, туҳмат задани Оиша ба Морияи Қибтия сабаби нозил шудани оят муаррифӣ шудааст. Бино ба гузориши Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ, ҳангоме ки Иброҳим, писари Пайғамбар (с) фавт кард, Оиша бо туҳмат задан ба Мория гуфт, ки Иброҳим писари Пайғамбар нест, балки писари шахсе бо номи Ҷариҳ аст. Пайғамбар бар асоси гуфтори Оиша, Имом Алӣ (а)-ро фармон дод, ки Ҷариҳро бикушад. Ҳангоме ки Имом Алӣ бо Ҷариҳ рӯбарӯ шуд, фаҳмид, ки овоза дурӯғ аст ва дар он ҳангом Худованд оёти Ифкро ба Пайғамбар (с) нозил кард. Ин гузориш низ бо ишколоте рӯбарӯ шудааст; монанди носозгорӣ бо оёти Қуръон, фармони Пайғамбар (с) ба куштани муттаҳам бидуни таҳқиқу баррассии он ва иҷро накардани ҳадди қазф бар туҳматгарон.

Бархе аз олимони шиа, ҳамчун Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, Макорими Шерозӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ, ҳеҷ яке аз ин ду гузоришро қабул накардаанд. Таботабоӣ танҳо тасдиқ кардааст, ки тибқи оятҳои Ифк, шахсе ки ба ӯ туҳмат зада шудааст, машҳур ва аз аъзои хонаводаи Пайғамбар (с) будааст.

Гузоришҳои сершумори дигаре, ҳам дар манобеъи шиа ва ҳам дар манобеи аҳли суннат вуҷуд дорад, ки туҳмат задани Оиша ба Морияи Қибтияро таъйид мекунад, аммо дар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил шудани оятҳои Ифк ишора нашудааст. Дар миёни уламои шиа танҳо уламои давраҳои ахир, монанди Сайид Абулқосим Хуӣ ва Сайид Муртазо Аскарӣ, ояти Ифкро марбут ба моҷарои Мория донистаанд.

Гуфта шудааст, баррасии ҳадиси Ифк аз мушкилтарин мавзуъҳои таърихи Ислом аст, ки ба мавзуъҳои тафсирӣ, каломӣ, фиқҳӣ ва риҷолӣ иртибот дорад ва гароишҳои сиёсӣ – мазҳабӣ онро печидатар кардааст. Дар мавзуи ҳодисаи Ифк китобҳое монанди “Ҳадис-ул-ифк” ба қалами Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ ва “Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-эъломӣ” навиштаи Алӣ Маҳмуд Рашвон таълиф шудааст.

Аҳамияти моҷарои ифк дар таърихи Ислом

Ифк (ба маънои дурӯғ[1] ва туҳмат[2]) ба ҳодисае дар замони Пайғамбар (с) ишора дорад, ки дар он ба яке аз ҳамсарони Пайғамбар (с) туҳмати нораво зада шуд ва дар пайи он Худованд оятҳои Ифк(оятҳои 11 - 26 сураи Нур)-ро нозил кард.[3] Мегӯянд, туҳматзанандагон мехостанд бо ин кор, шахсияти Пайғамбарро тахриб кунанд, аммо Худованд бо нозил кардани ин оёт ва сарзаниши овозакунандагон, ҳақиқатро равшан ва тавтеаи душманонро аз байн бурд.[4] Бархе муҳаққиқон моҷарои Ифкро асоситарин фитнаи дохилии мунофиқон бар зидди ҳукумати набавӣ муаррифӣ кардаанд;[5] чароки онон мехостанд дар ростии рисолати Пайғамбар ва салоҳияти раҳбарии ӯ шак эҷод кунанд[6] ва мӯҷиби инзивои сиёсӣ ва иҷтимоии он кас шаванд.[7] Ба гуфтаи бархе, баррасии ҳадиси Ифк аз мушкилтарин мабоҳиси таърихи Ислом аст ва бо мабоҳиси тафсирӣ, каломӣ, фиқҳӣ ва риҷолӣ пайванд дорад ва гароишҳои сиёсию мазҳабӣ, онро печидатар кардааст.[8]

Оятҳои Ифк

Мақолаи аслӣ: Оятҳои Ифк

Дар оёти 11 то 26 сураи Нур, моҷарои туҳмати фаҳшо задан ба яке аз мусулмонон баён шудааст ва Худованд туҳматзанандагонро ба хотири ин туҳмат сарзаниш мекунад.[9] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ - муаллифи тафсири ал-Мизон, аз оятҳои Қуръон истифода мешавад, шахсе ки ба ӯ туҳмат зада шудааст, машҳур ва аз аъзои хонаводаи Пайғамбар (с) буда ва туҳматзанандагон гурӯҳе будаанд.[10] Худованд дар ин оёт, туҳматзанандагонро ба як азоби бузурге таҳдид ва муъминонро сарзаниш кардааст, ки чаро овозаҳоро бе далелу баррасӣ қабул кардаанд.[11]

Дар ин оёт, Худованд мардумро аз туҳмати беиффатӣ ба занони покдоман, ба шиддат наҳй карда ва занони покро аз чунин туҳматҳое пок донистааст.[12]

Гузоришҳои гуногун дар бораи ҳодисаи Ифк

Дар бораи шахсе ки дар ҳодисаи Ифк ба ӯ туҳмат зада шуд, ихтилофи назар ҳаст.[13] Дар бархе гузоришҳои шиа, Морияи Қибтия шахси мавриди туҳматшуда муаррифӣ шудааст, вале дар ривоёти аҳли тасаннун ва низ дар гузоришҳои дигаре аз шиа, Оишаи шахси мавриди туҳмат дониста шудааст.[14] Аз каломи Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ муаллифи Тафсир-ул-Қумӣ,[15] чунин истифода шудааст, ки гуё шиаён дар нузули оёти Ифк дар бораи Мория ихтилофи назар надоранд, ё дастикам аз нигоҳи шиа, нузули оёти Ифк дар бораи Мория машҳуртар аст,[16] аммо ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, аз назари шиа, нозил шудани оёти Ифк дар бораи Мория, натанҳо машҳур нест, балки назди уламои нахустин, нузули ин оёт дар бораи Оиша машҳуртар будааст;[17] чунонки Аллома Ҳиллӣ фақеҳ ва мутакаллими шиаи қарни ҳаштуми қамарӣ, нузули оёти Ифкро марбут ба Оиша дониста ва аз вуҷуди назарияи дигаре бар хилофи он, изҳори бехабарӣ кардааст.[18]

Гузориши аввал: Туҳмат ба Оиша

Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Муғния аз муфассирони шиаи қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, бештари муфассирону таърихнигорон бар ин боваранд, ки оятҳои Ифк марбут аст ба ҳодисае, ки дар ҷараёни бозгашти Пайғамбар (с) аз ҷанги Банӣ Мусталиқ (соли панҷум[19] ё шашуми қамарӣ[20]) воқеъ шуд.[21] Бар асоси ривояти Оиша, Пайғамбар, ки дар ҷангҳо ҳамеша яке аз ҳамсаронашро бо худ ҳамроҳ мекард, дар ғазваи Банӣ Мусталиқ Оишаро бо худ бурд.[22] Дар бозгашт аз ин ҷанг, ҳангоме ки корвониён барои истироҳат таваққуф карда буданд, Оиша барои қазои ҳоҷат, аз лашкаргоҳ фосила гирифт ва чун гарданбанди худро гум кард, муддате машғули ёфтани он шуд.[23] Лашкариён, ки аз набудани Оиша хабар надоштанд, ҳаракат карданд ва каҷоваи ӯро ба гумони ин ки Оиша дар он аст ҳамроҳи худ бурданд.[24] Оиша, баъд аз бозгашт ба лашкаргоҳ, он ҷоро холӣ ёфт ва дар ҳамон макон монд, то ин ки шахсе ба номи Сафвон ибни Муъаттал ба ӯ расид ва шутурашро дар ихтиёри Оиша қарор дода, ӯро ҳамроҳи худ ба лашкариён расонд.[25] Оиша, ки баъд аз бозгашт аз ин сафар дар бистари беморӣ буд, мутаваҷҷеҳи тағйири рафтори Пайғамбар (с) ва низ овозаҳо дар бораи иртиботаш бо Сафвон шуд.[26] Пас аз муддате, оятҳои Қуръон дар сарзаниши туҳматзанандагон нозил шуд.[27]

Аз ҷумлаи олимони шиа, ки воқеаи Ифкро марбут ба туҳмат задан ба Оиша донистаанд, ин афрод ҳастанд: Наср ибни Музоҳим дар китоби Вақъату Сиффин,[28] Нуъмонӣ дар тафсири мансуб ба ӯ,[29] Шайхи Муфид дар ал-Ҷамал,[30] Шайхи Тусӣ дар ат-Тибён,[31] Табарсӣ дар Эълом-ул-варо,[32] Қутбиддини Ровандӣ дар Фиқҳ-ул-Қуръон[33] ва Муқаддаси Ардабилӣ дар Зубдат-ул-баён.[34]

Туҳматзанандагон киҳо буданд?

Дар оятҳои Ифк, туҳматзанандагон гурӯҳе аз мардум хонда шудаанд ва ба номи онҳо ишора нашудааст,[35] аммо бархе манобеъ, номи мунофиқоне чун Абдуллоҳ ибни Убай, Ҳассон ибни Собит ва Мистаҳ ибни Усосаро саркардагони ҳодисаи Ифк ном бурдаанд.[36]

Фазилатсозӣ барои Оиша

Аҳли суннат нузули оятҳои Ифк дар шаъни Оишаро фазилати бузурге барои ӯ ба шумор меоваранд.[37] Агарчи ин гузориш дар ривоятҳои мухталифе аз аҳли суннат зикр шудааст, ба гуфтаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ - таърихпажӯҳи шиа, тақрибан ҳамаи ин ривоятҳоро худи Оиша баён кардааст.[38] Бархе муҳаққиқон муътақиданд, Оиша бо тарҳи бархе аз масоил, ин моҷароро ба ҳодисаи шахсӣ таназзул дода[39] ва беш аз ҳад, ба худ тавваҷуҳ карда ва барои худ фазилатсозӣ кардааст.[40] Ҳамин амр ҳам сабаб шудааст шиаён дар дурустии ин моҷаро шак кунанд.[41] Бар ин асос гуфтаанд, ҳатто агар оятҳои Ифк дар бораи Оиша нозил шуда бошад, ин амр танҳо бар покдомании ӯ далолат дорад ва фазилати дигареро барои ӯ собит намекунад.[42]

Гузориши дувум: Туҳмат ба Морияи Қибтия

Муртабит донистани нузули оятҳои Ифк ба моҷарои Мория, нахустин бор дар китоби Тафсири Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ нақл шудааст.[43] Бар асоси ривояте, ки Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, Оиша ба Морияи Қибтия туҳмат зад, ки бо шахсе ба номи Ҷариҳи Қибтӣ иртиботи номашруъ барқарор кардааст.[44]

Мутобиқи ин гузориш, ҳангоме, ки Пайғамбар (с) аз марги фарзандаш Иброҳим ғамгин буд, бо ин сухани Оишаи рӯбарӯ шуд, ки «аз марги Иброҳим нороҳат набош; чароки ӯ фарзанди Ҷариҳ будааст».[45] Ба ҳамин далел Пайғамбар (с) аз Имом Алӣ (а) хост Ҷариҳро ба қатл бирасонад.[46] Ҷариҳ, ки аз қасди Имом Алӣ огоҳ шуда буд, ба болои дарахте фирор кард[47] ва дар ин ҳангом, либосаш канор рафту Алӣ (а) мутаваҷҷеҳ шуд олати таносулӣ надорад.[48] Ба ин тартиб туҳмати иртиботи номашруъ ва зино аз Мория бардошта ва оятҳои Ифк нозил шуд.[49]

Гуфта шудааст, аз уламои шиа, танҳо олимони давраҳои ахир ояти Ифкро марбут ба моҷарои Мория донистаанд.[50] Аз ҷумлаи ин олимон метавон ба Сайид Абулқосим Хуӣ,[51] Сайид Ҷаъфар Муртазои Омилӣ[52] ва Сайид Муртазо Аскарӣ[53] ишора кард.

Шайхи Муфид, ки рисолаи мустақиле дар мавзуи ҳадиси Мория, бо номи «Рисолатун ҳавла хабари Мория» навиштааст, ин ҳадисро мусаллам дониста ва муътақид аст, ҳамаи уламо ин ривоятро собит медонанд,[54] вале дар ҳадисе, ки ӯ нақл кардааст, ба нозил шудани оятҳои Ифк ишора нашудааст;[55] чунонки дар манобеи сершумори дигаре, моҷарои Мория бидуни ишора ба нузули оятҳои Ифк баён шудааст; аз ҷумлаи ин манобеъ, Амолии Сайиди Муртазо,[56] ал-Ҳидоят-ул-кубро,[57] Далоил-ул-имомат[58] ва ал-Маноқиб[59] аст.

Уламои аҳли суннат зайли оятҳои Ифк, ривояти марбут ба туҳмат задани мунофиқон ба Оишаро нақл кардаанд; бо ин ҳол, иттиҳом ба Мория дар манобеи аҳли тасаннун низ омадааст, ки бархе аз онҳо иборат аст аз: Саҳеҳ Муслим,[60] ал-Табақот-ул-кубро,[61] Ансоб-ул-ашроф,[62] ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн[63] ва Сафват-ус-сафва.[64]

Баррасии ишколоти ду гузориш

Барои ҳаряк аз ин ду гузориш, ишколоте зикр шудааст ва бархе муфассирон монанди: Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ,[65] Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ,[66] Макорими Шерозӣ[67] ва Ҷаъфари Субҳонӣ бо тавваҷуҳ ба ин ишколот, ҳардуро рад кардаанд.[68] Бо тавваҷуҳ ба носаҳеҳ донистани ҳарду гузориш, гуфта шудааст, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки оят дар бораи шахси сеюме нозил шуда бошад.[69] Дар муқобил, бархе пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки эҳтимол ҳам дорад ҳарду воқеа саҳеҳ бошанд; бо ин тавзеҳ, ки барои моҷарои Оиша оятҳои Ифк нозил шудааст, вале дар пайи моҷарои Мория ояте нозил нашудааст.[70]

Ишколоти гузориши марбут ба Оиша

Шиаён ҳамаи ҳамсарони анбиё (ҳатто ҳамсари Нӯҳ ва ҳамсари Лут)-ро аз олуда шудан ба зино муназзаҳ медонанд,[71] вале ба назари бархе аз онон, ривоятҳое, ки мегӯянд, нузули оятҳои Ифк марбут ба моҷарои Оиша аст, ишколоти сершуморе дорад.[72] Сайид Ҷаъфари Муртазо, ин достонро ҷаълӣ ва ҳадафи созандагони онро фазилатсозӣ барои Оиша донистааст.[73] Илова бар заъиф будани санади бархе ривоятҳо[74] ва мутаноқиз будани баъзе гузоришҳо[75] теъдоде аз ишколҳо чунин баён шудааст:

  • Машваратхоҳии Пайғамбар дар чунин амри муҳиме аз як кӯдак: дар ин ривоёт омадааст, Пайғамбар (с) дар ин замина бо Алӣ ибни Абутолиб ва Усома ибни Зайд машварат кард ва Усома дар дифоъ аз Оиша ва Имом Алӣ бар зидди Оиша сухан гуфтанд.[76] Ин дар ҳоле аст, ки Усома дар замони рух додани ин моҷаро кӯдак будааст.[77]
  • Ҳамроҳӣ накардани ҳамсарони Пайғамбар дар дигар ҷангҳо: дар гузориши марбут ба Оиша, ҳамроҳии яке аз ҳамсарони Пайғамбар бо ӯ дар ҷангҳо, равиш ва сираи Пайғамбар муаррифӣ шудааст; бо ин ҳол, гузорише вуҷуд надорад, ки ҳузури ҳамсарони Пайғамбарро дар дигар ҷангҳо нақл карда бошад.[78]
  • Бадгумонии Пайғамбар ба Оиша: бар асоси гузориши аҳли суннат, Пайғамбар ба Оиша бадгумонӣ пайдо кард, вале чунин матлабе бо мақоми исмати Пайғамбар носозгор аст.[79]
  • Ҷорӣ нашудани ҳадди қазф дар бораи туҳматзанандагон: аз зоҳири оёти Қуръон истифода мешавад пеш аз ин воқеа, ҳадди қазф дар Ислом ташреъ шудааст; ҳол он ки агар моҷарои Оиша саҳеҳ мебуд, имкон надошт дар тӯли муддате, ки ин овоза ҷорӣ буд (тақрибан як моҳ) Пайғамбар аз туҳматзанандагон, далели суханашонро нахоҳад ва ҳади қазфро бар онон ҷорӣ насозад.[80] Албатта ба гузориши Яъқубӣ, таърихнигори қарни сеюм, Пайғамбар туҳматзанандагонро муҷозот ва бар онон ҳади қазф ҷорӣ кард.[81]
  • Муҷаррад будани Сафвон ибни Муъаттал: Оиша дар ин ривоят, Сафвонро шахси муҷаррад муаррифӣ кардааст, дар ҳоле, ки тибқи ривоятҳои дигар, ӯ ҳамсар дошта ва ҳамсараш аз ӯ ба Пайғамбар шикоят бурдааст.[82]
  • Гузориши воқеае бисёр муҳим танҳо аз сӯи як нафар: ба гуфтаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Аксарӣ қотеъ ва шояд ҳамаи ривоёти ин бахш, аз Оиша нақл шудааст ва чӣ гуна мумкин аст воқеае бисёр муҳим, танҳо аз як нафар нақл шавад ва шахси дигаре онро нақл накунад?[83]
Китоби Ҳадис-ул-ифк, таълифи Сайид Ҷаъфар Муртазои Омилӣ

Ишколоти гузориши марбут ба Мория

Ривояти марбут ба Мория низ ҳамонанди ривояти Оиша мавриди нақд қарор гирифтааст ва бархе олимон ин гузоришро бо ишколоте мувоҷеҳ донистаанд.[84] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ аз муфассирони шиа, ишколоти ин гузориш аз ишколоти гузориши марбут ба Оиша бештар аст.[85] Аз ҷумлаи онҳо метавон мавориди зерро ном бурд:

  • Иҷро нашудани ҳади қазф бар туҳматзанандагон: бо ин фарз, ки ҳукми марбут ба қазф пеш аз ин воқеа баён шудааст, ин суол ба вуҷуд меояд, ки чаро Пайғамбар ҳади қазфро дар бораи туҳматзанандагон ба Мория иҷро накардааст.[86]
  • Дастури Пайғамбар ба қатли муттаҳам бидуни далелу баррасӣ: чӣ гуна мумкин аст Пайғамбар бидуни баррасии дурустӣ ё нодурустии масъала, ба қатли муттаҳам дастур диҳад? Илова бар ин, муҷозоти чунин гуноҳе куштани шахс нест.[87]
  • Носозгорӣ бо оёти Қуръон: аз оятҳои Ифк истифода мешавад, ки туҳматзанандагон як гурӯҳ будаанд, дар ҳоле, ки дар ин ривоят, танҳо Оиша ба унвони шахси туҳматзананда муаррифӣ шудааст.[88]

Такнигориҳо

Шиаён ва аҳли суннат дар мавзуи ҳодисаи Ифк китобҳои мухталифе навиштаанд, ки аз ҷумлаи онҳо ду китоби зер аст:

  • «Ҳадис-ул-ифк» ба қалами Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ: нависандаи матолиби китобро дар чаҳордаҳ фасл танзим ва ду ҳодисаи марбут ба Оиша ва Морияро нақлу баррасӣ кардааст.[89] Муаллиф бо носаҳеҳ донистани ҳодисаи марбут ба Оиша, ривояти марбут ба Морияро саҳеҳ муаррифӣ карда ва ба ишколоти он посух додааст.[90] Чопи дувуми ин китоб дар соли 1439 қамарӣ, ба кӯшиши ал-Марказ-ул-исломӣ лиддиросоти Бейрут, дар 403 саҳифа мунташир шудааст.[91]
  • Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-эъломӣ, навиштаи Алӣ Маҳмуд Рашвон: муаллифи ин китоб, ки аз нависандагони аҳли суннат аст, ҳодисаи марбут ба Оишаро ба сурати қатъӣ пазируфтааст ва ба воқеаи Мория ишора накардааст.[92] Матолиби ин китоб дар се фасл танзим шудааст.[93] Табйини замон, макон ва фазои куллии ҳодиса, мавзеъгирии афроди мухталиф дар баробари ин рӯйдод, ва нукоти қуръонӣ дар бораи ин мавзуъ мабоҳиси ин китобро ташкил медиҳад.[94] Ин китобро ҷомеъа умм-ул-қурои Макка дар соли 1415ҳ.қ., дар 162 саҳифа мунташир кардааст.[95]

Эзоҳ

  1. Фароҳидӣ, ал-Айн, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.416.
  2. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.390.
  3. Хуросонӣ ва Даштӣ, Оятҳои номдор, 1388ҳ.ш., саҳ.38.
  4. Мунтазирӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.43.
  5. Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.160.
  6. Рашвон, Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-исломӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.12.
  7. Ҷаъфарниё, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, саҳ.47.
  8. Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.160.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
  11. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.46.
  12. Сураи Нур, ояти 20 - 26.
  13. Мунтазирӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.42.
  14. Мунтазирӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.42.
  15. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  16. Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.166.
  17. Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.258.
  18. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Аҷвибат-ул-масоил-ил-муҳанноия, 1401ҳ.қ., саҳ.121.
  19. Ибни Саъд, ал-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48 - 50; Масъудӣ, ал-Танбиҳ ва-л-ишроф, муассисаи нашрул-манобеъил-сақофатил-исломия, саҳ.215.
  20. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29.
  21. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.403.
  22. Бухорӣ, Саҳиҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.101.
  23. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.428.
  24. Ибни Ҳишом, ал-Сират-ун-набавия, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.298.
  25. Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.2129.
  26. Санъонӣ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.410.
  27. Воҳидии Нишобурӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.332.
  28. Ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.523.
  29. Нуъмонӣ, Рисолат-ул-муҳками ва-л-муташобеҳ, 1384ҳ.ш., саҳ.156.
  30. Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1416ҳ.қ., саҳ.157.
  31. Шайхи Тусӣ, ал-Тибён, ҷ.7, саҳ.415.
  32. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.197.
  33. Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  34. Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, Мактабатул-Муртазавия, саҳ.388.
  35. Сураи Нур, ояти 11.
  36. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.53; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.614 - 616.
  37. Барои намуна ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.338; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.191.
  38. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.90.
  39. Ҷаъфарниё, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, саҳ.52.
  40. Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.161.
  41. Ҷаъфарниё, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, саҳ.52; Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.161.
  42. Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.160.
  43. Ҳусайниёни Муқаддам, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, саҳ.166.
  44. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  45. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  46. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  47. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  48. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  49. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.99.
  50. Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.258.
  51. Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.463.
  52. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.381 - 382.
  53. Аскарӣ, Аҳодису умм-ул-муъминин Оиша, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186 - 187.
  54. Шайхи Муфид, Рисолатун ҳавла хабари Мория, 1413ҳ.қ., саҳ.18.
  55. Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.254.
  56. Сайиди Муртазо, Амолӣ-л-Муртазо, 1998м., ҷ.1, саҳ.77.
  57. Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.297 - 298.
  58. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.386 - 387.
  59. Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.225.
  60. Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.2139.
  61. Ибни Саъд, ал-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.172.
  62. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.450.
  63. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.41.
  64. Ибни Ҷавзӣ, Сафват-ус-сафва, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.345.
  65. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
  66. Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳйи-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.252 - 257.
  67. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.391 - 393.
  68. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.118.
  69. Ҷаъфарниё, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, саҳ.47.
  70. Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.263.
  71. Тусӣ, ал-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.52; Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.596.
  72. Барои намуна нигоҳ кунед ба Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.55 - 334; Аскарӣ, Аҳодису умм-ул-муъминин Оиша, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.167 - 181.
  73. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Набий-ил-Аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.77 - 78, 81, 97.
  74. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.57 - 90.
  75. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.94 - 112.
  76. Ибни Ҳишом, ал-Сират-ун-набавия, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.307.
  77. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.178 - 181.
  78. Тоӣ, Сират-ус-сайидат-ил-Оиша, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.205 - 206.
  79. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.101; Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.40.
  80. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.41; Ҷаъфарниё, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, саҳ.53.
  81. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.53
  82. Ҷаъфарниё, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, саҳ.58.
  83. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ., саҳ.91.
  84. Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.249.
  85. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.255.
  86. Хашин, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оиша, 1438ҳ.қ., саҳ.250.
  87. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.256.
  88. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.41.
  89. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ.
  90. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ.
  91. Омилӣ, Ҳадис-ул-ифк, 1439ҳ.қ.
  92. Рашвон, Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-эъломӣ, 1415ҳ.қ.
  93. Нигоҳ кунед ба Рашвон, Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-эъломӣ, 1415ҳ.қ.
  94. Нигоҳ кунед ба Рашвон, Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-эъломӣ, 1415ҳ.қ.
  95. Нигоҳ кунед ба Рашвон, Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-эъломӣ, 1415ҳ.қ.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Аҷвибат-ул-масоил-ил-муҳанноия, Қум, матбаат Хайём, 1401ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Сайид Муртазо, Аҳодису умм-ул-муъминин Оиша, Теҳрон, донишкадаи Усули дин, 1425ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср, Дорул-маъориф, 1959м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳиҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дору тавқин-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ.
  • Воҳидии Нишобурӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Музоҳим, Наср, Вақъату Сиффин, Қум, Китобхонаи оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ал-Табақот-ул-кубро, Тоиф, Мактабатул-Садиқ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ал-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо ас-Сақо ва Иброҳим ал-Обёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Сафват-ус-сафва, Қоҳира, Дорул-ҳадис, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорул-китоб, 1363ҳ.ш.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фи тафсири китобиллоҳи-л-мунзал, тарҷума ва талхиси Муҳаммадалии Озаршуб, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1421ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ал-Танбиҳ ва-л-ишроф, Қоҳира, Дорол-совӣ, бе то (чопи овест: Қум, муассисаи нашрул-манобеъил-сақофатил-исломия, бе то).
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, тафсири ал-Кошиф, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1424ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён, Теҳрон, мактабатул-Муртазавия, бе то.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, Қум, дафтари Оятуллоҳ Мунтазирӣ, 1389ҳ.ш.
  • Муслим, ибни-л-Ҳаҷҷоҷ ал-Қушайрӣ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Рисолат-ул-муҳками ва-л-муташобеҳ, Машҳад, маҷмаъул-буҳусил-исломия, 1384ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Набий-ил-Аъзам, Қум, Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Ҳадис-ул-ифк, Бейрут, ал-марказул-исломӣ лиддиросот, 1439ҳ.қ.
  • Рашвон, Алӣ Маҳмуд, Ҳадис-ул-ифк мин-ал-манзур-ил-исломӣ, Макка, ҷомеъату Уммул-қуро, 1415ҳ.қ.
  • Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, Қум, Китобхонаи оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Амолӣ-л-Муртазо, Қоҳира, Дорул-фикрил-арабӣ, 1998м.
  • Санъонӣ, Абдурразоқ ибни Ҳаммом, ал-Мусаннаф, Ҳинд, ал-маҷлисул-илмӣ, 1403ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо, Қум, муассисаи Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тоӣ, Наҷоҳ, Сират-ус-сайидат-ил-Оиша, Қум, Дорул-ҳудо ли эҳёил-турос, 1427ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, Тафсири Мин ваҳйи-л-Қуръон, Бейрут, Дорул-милок, 1419ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1410ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умари Қурашии Табаристонӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хасибӣ, Ҳусайн ибни Ҳамадон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, ал-Балоғ, 1419ҳ.қ.
  • Хашин, Ҳусайни Аҳмад, Абҳосун ҳавла-с-Саидат Оишаи раъятун шиъиятун муосира, Бейрут, Дору равофид, 1438ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот, бо ҳошияи Мирзоҷаводи Табрезӣ, Қум, Дафтари нашри баргузида, 1416ҳ.қ.
  • Хуросонӣ, Алӣ ваСайид Муҳаммад Даштӣ, Оятҳои номдор, Қум, нашри Ҷамол, 1388ҳ.ш.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1411ҳ.қ.
  • Ҳусайниёни Муқаддам, Ҳусайн, “Баррасии торихӣ- тафсирии ҳодисаи Ифк”, маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, № 7, тирамоҳи 1384ҳ.ш.
  • Ҷаъфарниё, Фотима, “Баррасӣ ва нақди гузоришҳои ҳодисаи ифк”, дар маҷаллаи Пажӯҳишномаи таърих, № 47, тобистони 1396ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ҷамал, Қум, мактабул-эъломул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Рисолатун ҳавла хабари Мория, Қум, ал-муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.

Пайванд ба берун