Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳур ибни Язид)
Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ
Номи комилҲурр ибни Язиди Риёҳӣ
Маҳалли зиндагӣКӯфа
НасабБанӣ Тамим
Санаи шаҳодат10 муҳаррами соли 61ҳ.қ. - Карбало
Маҳалли дафнИроқ - Карбало
Аз ëрониИмом Ҳусайн (а)
Шинохташуда бароиТавба кардан дар Карбало ва аз сипоҳи душмани Имом Ҳусайн ба сипоҳи Имом пайвастан


Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ, аз фармондеҳони низомии Кӯфа, ки пеш аз воқеаи Ошуро маъмурият ёфт бо сипоҳи ҳазорнафарӣ, монеъи ҳаракати Имом Ҳусайн (а) ба сӯи Кӯфа ва низ бозгашти ӯ шавад. Ҳурр дар рӯзи Ошуро, ба сипоҳи Имом Ҳусайн (а) пайваст, дар дифоъ аз ӯ ҷангид ва ба шаҳодат расид. Ҳурр ба хотири тавба ва пайвастанаш ба Имом, назди шиаён эҳтироми хосс дорад. Шиаён Ҳурро намоди умед ба қабулии тавба ва растагории баъд аз он медонанд. Оромгоҳи Ҳурр акнун дар самти ғарбии Карбало ба фосилаи ҳудуди ҳафт километр воқеъ шудааст.


Насаб ва ҷойгоҳ

Насаби Ҳурр ибни Язид ба яке аз тираҳои қабилаи Тамим мерасад[1] ва ӯро Риёҳӣ, Ярбуъӣ, Ҳанзалӣ ва Тамимӣ хондаанд.[2] Хонадони Ҳурр дар замони ҷоҳилият ва дар давраи Ислом аз бузургон буданд.[3]

Ҳурр аз машҳуртарин ҷанговарони Кӯфа буд.[4] Дар бархе манобеъ, ба иштибоҳ, аз вай бо унвони соҳиби шурта (раиси полис)-и Убайдуллоҳ Ибни Зиёд ёд шудааст.[5] Ӯ ба дастури Убайдуллоҳ Ибни Зиёд ба фармондеҳии бахше аз сипоҳи эъзомӣ барои ҷанг бо Имом Ҳусайн (а) мансуб шуд[6] ва пойбанд ба иҷрои дақиқи фармонҳои ҳукуматӣ буд.[7]

Вай зоҳиран бо сиёсат рӯи хуш надошта ва дар ҳеҷ манбае аз ақидаи Ҳурр ё мавзеъгирии сиёсиаш дар авзоъи пуртаниши Кӯфа дар соли 60 ҳиҷрии қамарӣ сухане ба миён наёмадааст, фақат Балъамӣ дар ривояти қобили тардиде, ӯро аз шиаёне донистааст, ки ташайюъи худро пинҳон мекарданд.[8]

Насли Ҳурр

Дар бораи насли Ҳурр низ ишороте дар даст аст. Дар тӯли таърих ду хонадон ба Ҳурр мансуб будаанд: хонадони Муставфиёни Қазвин,[9] ки Ҳамдуллоҳи Муставфӣ - таърихнигори машҳур аз эшон аст[10] ва Оли Ҳурр дар минтақаи Ҷабалъомили Лубнон, ки яке аз машҳуртарини эшон, Шайх Ҳурри Омилӣ, соҳиби китоби машҳури Васоил-уш-шиа аст.[11]

Таблуии асри Ошуро

Нақши Ҳурр дар воқеаи Карбало

Убайдуллоҳ Ибни Зиёд чун аз ҳаракати Имом Ҳусайн (а) ба сӯи Кӯфа огоҳ шуд, Ҳурро, ки аз бузургону руасои қавми худ дар Кӯфа буд ба фармондеҳии сипоҳе бо наздик ба ҳазор савора мансуб кард ва ба рӯёрӯии Имом Ҳусайн (а) фиристод.

Бино ба ривоёти дигар, Убайдуллоҳ, Ҳусайн ибни Нумайри Тамимиро ҳамроҳ бо чаҳор ҳазор нафар марди низомӣ ба Қодисия эъзом кард, то манотиқи атрофи онро дақиқан зери назар бигиранд, то аз рафту омади афрод бохабар гарданд. Ҳурр ва сипоҳи ҳазор нафариаш низ ҷузъе аз ин лашкари чаҳор ҳазор нафарие буданд, ки аз сӯи Ҳусайн ибни Нумайр барои ҷилавгирӣ аз ҳаракати корвони Имом Ҳусайн ба минтақа эъзом шуда буданд.

Шунидани нидо

Аз Ҳурр нақл шуда, ҳангоме, ки аз қасри Ибни Зиёд дар Кӯфа хориҷ шудам то ба самти Ҳусайн ибни Алӣ (а) ҳаракат кунам, се бор нидоеро пушти сарам шунидам, ки мегуфт:

«Эй Ҳурр, туро ба биҳишт башорат бод!». Ӯ мегӯяд, ки ба пушти сар нагиристам, касеро надидам, бо худ гуфтам: «Ба Худо қасам, ин башорат нест, чӣ гуна башорат бошад, дар ҳоле ки ман роҳии ҷанг бо Ҳусайн ибни Алӣ (а) ҳастам!».

Ӯ ин хотираро дар зеҳн дошт, то ҳангоме, ки ба маҳзари Ҳусайн ибни Алӣ (а) расид ва он достонро бозгӯ кард. Имом (а) ба ӯ фармуданд: ту ба воқеъ ба подош ва некӣ роҳ ёфтаӣ.[12]

Рӯдаррӯӣ бо Ҳусайн ибни Алӣ (а)

Имом Ҳусайн (а) дар манзилгоҳи Зиҳусaм бо Ҳурр ва сипоҳаши рӯбарӯ шуд.[13] Ба гуфтаи манобеъ Ҳурр, на барои ҷанг, балки барои интиқоли Имом назди Ибни Зиёд эъзом шуда буд ва аз ин рӯ бо сипоҳиёнаш рӯбарӯи таваққуфгоҳи корвони Имом сафороӣ кард.[14]

Абумихнаф чигунагии рӯбарӯии сипоҳи Ҳурр бо Имом Ҳусайн (а)-ро аз забони ду марди Асадӣ, ки Имом (а)-ро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекарданд, чунин баён кардааст:

Ҳангоме, ки корвони Имом Ҳусайн (а) аз манзилгоҳи Шароф ҳаракат кард, дар миёнаи рӯз талоядорони лашкари душманро аз дур мушоҳида карданд, Имом (а) ба атрофиёни худ фармуд:

"Оё дар ин минтақа паноҳгоҳе ҳаст, ки ба он ҷо паноҳ барем ва онро пушти сар хеш ниҳем ва бо ин қавм, аз як самт, муқобила кунем?" гуфтанд: "Оре, дар ноҳияи чап, манзиле аст ба ном «Зуҳусам»".

Имом (а) дар қисмати чапи ҷода ба тарафи Зуҳусам равон шуд, сипоҳи душман низ ба тарафи ин манзил метохт, вале Имом (а) ва ҳамроҳонаш зудтар ба ин манзил расиданд. Пас Имом (а) дастур дод ки хаймаҳоро дар ин макон барпо карданд.

Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ва сипоҳиёнаш вақти зуҳр, аз роҳ расиданд ва дар ҳоле ки худ ва ҳамроҳонаш ташна буданд, рӯбарӯи Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш қарор гирифтанд. Бо вуҷуди ин сафороии хасмона, вокуниши Имом (а) бо онон сулҳомез буд, чунонки ба ёрони худ дастур дод сипоҳиёни Ҳурр ва асбонашонро сероб кунанд ва чун Ҳурр ибрози тамоюл кард, ки бо ёронаш дар намоз ба Имом иқтидо кунад, Имом қабул кард. Ҳурр маъмурияти худро ба арзи Имом (а) расонд. Имом (а) ба таъкид фармуд, мардуми Кӯфа аз ӯ даъват кардаанд, то ба Кӯфа биёяд. Ва мутаоқибан, бо ёдоварии мукотибот ва дархостҳои пайдарпайи кӯфиён барои омадани Имом ба Кӯфа ва дар даст гирифтани зимоми умур, тасреҳ кард, ки чунончи кӯфиён аз хости худ пушаймон шудаанд, бозмегардад.

Ҳурр аз вуҷуди чунин мукотиботе изҳори бехабарӣ карду гуфт ӯ ва ҳамроҳонаш дар зумраи нависандагони номаҳо набудаанд ва вай маъмурият дорад Имом (а)-ро ба Кӯфа назди Ибни Зиёд бибарад.

Чун Имом бо ёрони хеш азми ҳаракат намуд, Ҳурр монеъи ҳаракати Имом (а) ба самти Кӯфа ва низ монеъи бозгашти Имом Ҳусайн (а) ба Ҳиҷоз шуд. Ҳурр пешниҳод дод Имом роҳе ғайр аз роҳи Кӯфа ва Мадина дар пеш гирад то ӯ битавонад аз Ибни Зиёд касби таклиф кунад. Ҳурр ба Имом (а) гуфт:

"Ман маъмур ба ҷанги бо шумо нестам, вале маъмурам аз шумо ҷудо нагарадам, то шуморо ба Кӯфа барам, пас агар шумо аз омадан худдорӣ мекунед, роҳеро дар пеш гир, ки на, ба Кӯфа бирасонад шуморо ва на, ба Мадина, то ман номае барои Убайдуллоҳ бинависам, шумо ҳам дар сурати тамоюл номае ба Язид бинависед, то шояд ин амр ба офияту сулҳ хатм гардад. Назди ман ин кор беҳтар аст аз он ки ба ҷангу ситеза бо шумо дарафтам!".

Пас аз ин, Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар масири Узайб-ул-ҳиҷонот ва Қодисия ҳаракат карданд ва Ҳурр низ ҳамроҳи онон буд.[15]

Ҳурр агарчи маъмур ба ҷанг набуд, аз ҳамон ибтидо эҳтимоли вуқуъи даргирӣ бо Имом Ҳусайн (а) озораш медод ва ҳатто гуфтаанд ба Имом ҳушдор дод, ки агар биҷангад ҳатман кушта хоҳад шуд, ва ҳаргоҳ маҷоле меёфт ба Имом (а) арз мекард: "Ба хотири Худо ҳурмати ҷони хешро нигаҳ дор, ки ман яқин дорам, ки агар ҷанге сурат гирад, кушта хоҳӣ шуд!" Аммо Имом бо хондани шеъре посух дод, ки аз марг ва шаҳодат дар роҳи Худо тарсе надорад.

Дар Узайб чаҳор тан аз ёрони Имом аз Кӯфа назди ҳазрат расиданд. Ҳурр қасди дастгир кардан ё бозгардондани ононро дошт, аммо Имом монеъ шуд. Онон аз вахомати авзоъи Кӯфа, кушта шудани Қайс ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ (фиристодаи Имом ба Кӯфа) ва омода шудани сипоҳе бузург барои ҷанг бо Имом хабар доданд.[16]

Тавофуқи Ҳурр бо Имом, дар 2-уми муҳаррам[17] поён ёфт; ду гурӯҳ ба Найнаво расида буданд, ки номаи Ибни Зиёд ба дасти Ҳурр расид дар хусуси он ки бар Имом ва ёронаш сахт бигирад ва ононро дар замине бе обу алафу бе ҳисор мутаваққиф кунад.[18] Дар номаи Ибни Зиёд хитоб ба Ҳурр навишта буд: «Чун номаи ман ба ту расид ва фиристодаи ман назди ту омад, бар Ҳусайн (а) сахт гир, ва ӯро фуруд наёвар, магар дар биёбони бе ҳисори беоб. Ба фиристодаам дастур додаам аз ту ҷудо нагардад, то хабари анҷом додани фармони маро биоварад, вассалом!». Ҳурр назди Имом Ҳусайн (а) омаду номаи Ибни Зиёдро барояш хонд. Имом (а) ба ӯ фармуд: "Бигузор дар «Найнаво» ва ё «Ғозирия» фуруд оем".

Ҳурр, ки дар тангно қарор гирифта ва пайки Ибни Зиёд ба муроқибату ҷосусии ӯ гумошта шуда буд, ба ночор корвони Имомро мутаваққиф кард ва дархости Имому ёронаш мабнӣ бар урду задан дар рустои Найнаво (ё Ғозирия ё Шуфайя; Суқайя) дар ҳамон ҳаволиро напазируфт, аз ин рӯ дар Карбало (бинобар порае ривоёт, наздики рустои Ақр), дар наздикии рӯди Фурот, урду зад.[19] Зуҳайр ба Имом (а) гуфт:

"Ба Худо савганд, чунон мебинам, ки пас аз ин, кор бар мо сахттар гардад, ябна Расулаллоҳ! акнун ҷанг бо ин гурӯҳ [Ҳурр ва ёронаш] барои мо осонтар аст аз ҷанг бо онҳое ки аз пайи ин гурӯҳ меоянд, ба ҷони худам савганд, ки дар пайи инон касоне меоянд, ки моро тавони мубориза бо онҳо нест!".

Имом (а) фармуд: дуруст мегӯӣ, эй Зуҳайр! Вале ман оғозкунандаи ҷанг нахоҳам буд.

Ҳазрат (а) бо Ҳурр ҳаракат карданд, то ба Карбало расиданд. Ҳурр ва ёронаш, пеши корвони Имом Ҳусайн (а) истоданду ононро аз идомаи масир, боздоштанд. Ҳурр гуфт: ҳамин ҷо фуруд биё, ки Фурот, наздик аст. Имом (а) фармуд: «Номи ин ҷо чист?» гуфтанд: "Карбало.... "Имом (а) фуруд омад. Ҳурр ва лашкариёнаш низ дар гӯшаи дигаре сокин шуданд. Пас аз фуруд омадани корвони Имом Ҳусайн (а), Ҳурр номае ба Ибни Зиёд навишт ва ӯро аз фуруд омадани Имом (а) дар Карбало бохабар кард.

Тавбаи Ҳурр дар рӯзи Ошуро

Кошикории саридари ҳарами Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ

Ҳурр агарче иқдоме сахтгирона кард, аммо рафтораш бо Имом муҳтарамона буд, ҳатто як бор ба ҳурмати хосси Фотима (с) низ ишора кард.[20]

Дар рӯзи Ошуро, Умар ибни Саъд лашкари худро орост ва фармондеҳони ҳар бахш аз сипоҳро таъйин намуд. Ӯ Ҳурр ибни Язиди Риёҳиро фармондеҳи Банӣ Тамим ва Банӣ Ҳамдон кард. Бо ороста шудани сипоҳ, лашкари Умари Саъд омодаи ҷанг бо сипоҳи Имом Ҳусайн (а) гардид.

Ҳурр ибни Язид чун тасмими кӯфиёнро барои ҷанг бо он ҳазрат (а) ҷиддӣ дид, назди Умар ибни Саъд рафту ба ӯ гуфт: «Оё ту мехоҳӣ бо ин мард (Имом Ҳусайн (а) ) биҷангӣ?» гуфт: «Оре, ба Худо қасам, чунон ҷанге бикунам, ки осонтарини он афтодани сарҳо ва буридани дастҳо бошад». Ҳуррр гуфт: «Магар пешниҳодҳои ӯ хушояндатон набуд?» Ибни Саъд гуфт: «Агар кор ба дасти ман буд мепазируфтам, вале амири ту (Убайдуллоҳ) напазируфт».

Пас, Ҳурр, Умари Саъдро тарк кард ва дар гӯшае аз лашкар истоду андак-андак ба сипоҳи Имом (а) наздик шуд, Муҳоҷир ибни Авс - ки дар лашкари Умари Саъд буд - ба Ҳурр гуфт: «Оё мехоҳӣ ҳамла кунӣ?». Ҳурр дар ҳоле ки меларзид, посухе надод. Муҳоҷир, ки аз ҳолу вазъи Ҳурр ба шак афтода буд, ӯро мавриди хитоб қарор доду гуфт: «Ба Худо қасам, ҳаргиз дар ҳеҷ ҷанге туро ба ин ҳол надида будам, агар аз ман мепурсиданд: шуҷоътарин мардуми Кӯфа кист, аз ту намегузаштам (ва туро ном мебурдам) пас, ин чӣ ҳоле аст, ки дар ту мебинам?».

Ҳурр гуфт: «Ба дурустӣ ки худро байни биҳишт ва ҷаҳаннам мебинам ва ба Худо савганд, агар тикка-тикка шаваму маро бо оташ бисӯзонанд, ман ҷуз биҳишт чизи дигареро интихоб нахоҳам кард!». Ҳурр инро гуфту бар асби худ наҳиб зада, ба тарафи хаймагоҳи Имом (а) ҳаракат кард.

Гуфтаанд, ки ӯ бо ҳоле парешон бо Имом мувоҷеҳ шуд ва бо изъон ба ин ки ҳаргиз гумон намекард, ки кӯфиён корро ба ҷанг бикашонанд, талаби бахшиш кард. Имом барояш истиғфор намуду фармуд, ки ту дар дунёву охират озода (ҳурр) ҳастӣ.[21] Ҳурр дар ҳоле ки сипари худро воруна карда буд ба урдӯгоҳи Имом (а) ворид шуд. Ӯ маҳзари Имом Ҳусайн (а) омаду арз кард:

"Фидоят шавам, эй фарзанди Расули Худо (с)! Ман он касе ҳастам, ки аз бозгашти ту (ба ватани худ) ҷилавгирӣ кардам ва туро ҳамроҳӣ кардам то ба ночор дар ин сарзамин фуруд оӣ! Ман ҳаргиз гумон намекардам, ки онон пешниҳоди туро напазиранд, ва ба ин сарнавишт дучоратон кунанд. Ба Худо қасам, агар медонистам кор ба ин ҷо мекашад, ҳаргиз ба чунин коре даст намезадам, ва ман акнун аз он чи анҷом додаам ба сӯи Худо тавба мекунам, оё тавбаи ман қабул аст?"

Имом Ҳусайн (а) бо бузургворӣ бо ӯ бархурд карду ба ӯ фармуд: оре Худованд тавбаи туро мепазирад ва туро машмули мағфирати хеш қарор медиҳад ва аз ӯ хост, ки аз маркабаш пиёда шавад. Тибқи бархе нақлҳо Имом бо эҳтиром ба ӯ фармуд: саратро боло бигир эй шайх![22] Бинобар бархе манобеи мутааххирр, писарон ва бародару ғуломи Ҳурр низ ҳамзамон бо Ҳурр ба Имом Ҳусайн (а) пайвастанд ва дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расиданд, [23] аммо ин матолиб, ба сабаби ишора нашудан ба онҳо дар манобеи мутақаддим, чандон дархури эътимод наменамоянд.

Мавъиза кардани сипоҳи Кӯфа

Ҳурр пас аз тавба, рӯбарӯи лашкари Умар ибни Саъд истод ва ба насиҳати онҳо пардохт: «Эй қавм, оё пешниҳодҳое, ки Ҳусайн (а) ба шумо кард боис нашуда то Худованд шуморо аз ҷанги алайҳи ӯ боз дорад?» Гуфтанд: «Суханатро ба амир Умар [Ибни Саъд] бигӯ!». Ҳурр ҳамин суханро бо Умар ибни Саъд боз гуфт. Умар ибни Саъд гуфт: «Ман ба ҷанг бо Ҳусайн (а) ҳарисам ва агар роҳи дигаре ҷуз ин доштам ҳамон корро мекардам». Пас, Ҳурр хитоб ба лашкар гуфт:

«Эй мардуми Кӯфа, модаронатон ба азоятон биншинанд! Оё ин марди шоистаро ба сӯи худ хондеду гуфтед: дар ёрии ту бо душманонат хоҳем ҷангид, аммо акнун ки ба сӯи шумо омад, даст аз ёриаш бардоштед, дар баробари ӯ саф баста мехоҳед ӯро бикушед? Шумо ҷони ӯро ба даст гирифта роҳи нафас кашиданро бар ӯ бастаед, ва аз ҳар сӯ ӯро муҳосира кардаеду аз рафтан ба сӯи заминҳо ва шаҳрҳои паҳновари Худо ҷилавгирӣ кардаед, он сон ки ҳам чун асире дар дасти шумо гирифтор шуда на, метавонад ба нафъи худ коре анҷом диҳад ва на, метавонад зиёнеро аз худ дур кунад, ва оби Фуроте, ки яҳуд, насоро ва маҷус аз он меошомнду хӯкҳои сиёҳу сагон дар он меғалатанд, бар рӯи ӯ ва занону кӯдакону хонадонаш бастаед, то ҷое ки аз шиддати ташнагӣ бе ҳол афтодаанд! Чӣ бад Муҳаммад (с)-ро дар бораи фарзандонаш риоят кардед, Худо дар рӯзи ташнагӣ (маҳшар) шуморо сероб накунад!».

Дар ин ҳангом тирандозони сипоҳи Умар ибни Саъд ӯро ҳадафи тирҳои худ қарор доданд. Ҳурр, ки чунин дид ба ақиб баргашту пеши Имом (а) истод.

Шаҳодат

Замони тавба Ҳурр то шаҳодаташ чандон ба тӯл наанҷомид. Бинобар ривояте, Ҳуррр аз Имом тақозо кард, ки чун нахустин касе буда, ки бар Имом хуруҷ карда, иҷозат диҳад, ки нахустин мубориз ва шаҳид бошад.[24]

Ӯ билофосила пас аз пайвастан ба Имом, роҳии майдони набард шуд ва пас аз гуфтугӯи дубора ва бенатиҷа бо Умари Саъд ва баёни суханоне дар накӯҳиши рафтори зишти кӯфиён, раҷазгӯён бо онон ҷангид ва саранҷом, пас аз чандин навбати набард, ба шаҳодат расид.[25]

Ӯ шуҷоъона меҷангид ва бо ин ки асбаш захмӣ шуда буд ва аз гӯшҳо ва пешонии он хун ҷорӣ шуда буд, ҳамвора раҷаз мехонду савора бо душманон пайкор мекард, то ин ки чиҳилу чанд нафар аз душманонро ба ҳалокат расонд.

Лашкари пиёданизоми Ибни Саъд ба якбора бар ӯ ҳамлавар шуданд ва ӯро ба шаҳодат расонданд. Гуфта шуда, ки ду нафар дар шаҳодати ӯ ширкат доштанд: яке Айюб ибни Мисраҳ (Мишраҳ) ва дигар марде аз саворони аҳли Кӯфа.

Аммо бархе дигар аз манобеъ нақл кардаанд, ки Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ва Зуҳайр ибни Қайн, пас аз шаҳодати Ҳабиб ибни Мазоҳир дар пеш аз зуҳри Ошуро, бо ҳам ба майдон рафтанд ва бар душманон ҳамла бурданд. Он ду дар ҷанг якдигарро ҳимоят мекарданд ва ҳаргоҳ яке аз онон дар муҳосира қарор мегирифт, дигаре ба кумакаш мешитофт, онон пайваста меҷангиданд, то ин ки Ҳурр ба шаҳодат расид, Зуҳайр низ ба урдӯгоҳ баргашт. Асҳоби Имом (а) ҷасади ӯро овараданд, Имом Ҳусайн (а) назди Ҳурр, ки хун аз баданаш ҷорӣ буд омаду гуфт: «Баҳ баҳ! Эй Ҳурр! Ту дар дунёву охират озодаӣ, ҳамонгуна ки озода номида шудаӣ!».[Ёддошт 1] Дар бархе манобеъ омада, ки Имом бар захми сари Ҳурр дастмоле баст, ки дар моҷарои таъмири қабри Ҳурр он дастмол мушоҳида шудааст.[26] Дар бархе манобеъ ашъоре аз Имом (а) дар канори бадани Ҳурр нақл шудааст.[27]

لنعم الحر حر بنی ریاح
صبور عند مشتبک الرماح

Бинобар нақле, қабилаи Ҳурр (Банӣ Тамим) аз ҷудо шудани сари Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ҷилавгирӣ карданд.[28] Аммо бинобар қавли дигаре, сари Ҳурр ибни Язид ҳамроҳи сарҳои бархе шаҳидони Карбало дар зиёратгоҳи Руусушшуҳадо дар қабристони Бобуссағири шаҳри Дамишқ дафн шудааст.[29]

Марқади Ҳурр

Марқади Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ дар Карбало
Навиштори аслӣ: Марқади Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ

Дар мавриди маҳали дафни Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Бархе чун Имодуддини Табарӣ (675ҳ.қ.) дар Комили баҳоӣ тасреҳ дорад: вақте Ибни Саъд аз Карбало рафт, қавме аз Банӣ Асад ба Карбало омада ва Имом Ҳусайн (а)-ро танҳо дафн карданд, Алӣ ибни Ҳусайнро дар поёни пои Имом ва ҳазрати Аббосро канори Фурот дафн карданд ва шаҳидони дигарро дар қабре дастаҷамъӣ дафн карданд, аммо ақвоми Ҳурр ибни Язид ӯро дар ҷое, ки шаҳид шуд, дафн карданд.[30] Аммо ин дидгоҳ қобили тааммул ва махдуш аст.[31] Дидгоҳи дуввум: бисёре аз муваррихин ҳеҷ сухане аз интиқоли ҷасади Ҳурр надоранд, балки муваррихине чун Абумихнаф (157 ҳ.қ.), Динаварӣ (282 ҳ.қ.), Табарӣ (310 ҳ.қ.), Масъудӣ (346 ҳ.қ.), Шайх Муфид (413 ҳ.қ.), Табарсӣ (548 ҳ.қ.), Ибни Шаҳрошуб (558 ҳ.қ.), Хоразмӣ (568 ҳ.қ.), Ибни Асир (630 ҳ.қ.), Ибни Намо (645 ҳ.қ.), Ибни Товус (664 ҳ.қ.), Ибни Ҳотам (664 ҳ.қ.), Ибни Касир (774 ҳ.қ.) тасреҳ доранд: аҳли Ғозирия аз Банӣ Асад ба Карбало омада ва шуҳадои Карбалоро ба хок супурданд.[32] Дар манобеи мазкур ҳеҷ сухане аз ҷудо дафн шудани Ҳурр ибни Язид нест, афзун бар он ки дар шуморе аз манобеъ тасреҳ шуда: ҳазрати Аббос дорои қабре ҷудогона аст ва Алӣ ибни Ҳусайн поёни пои Имом Ҳусайн дафн шуд. Шайх Муфид (413 ҳ.қ.), Табарсӣ (548 ҳ.қ.) ва Ибни Ҳотам (664 ҳ.қ.) тасреҳ доранд: « حفروا للشهداء... و جمعوهم فدفنوهم جميعا معا: аҳли Ғозирия барои шуҳадои Карбало қабре омода карда... ва ҷасадҳои онҳоро ҷамъ карда, ҳамаро канори ҳам ба хок супориданд.[33] Ва дар ҷои дигар тасреҳ доранд: мо шак надорем шуҳадои Карбало дар ҳоири Ҳусайнӣ ва атрофи Имом Ҳусайн дафн шуданд.[34] Ба ҷуз қабри ҳазрати Аббос, ки дар маҳали шаҳодаташ ва ҷудо аз дигар қубури шуҳадо дафн шудааст.[35] Аз ҳамин рӯй Абунасри Бухорӣ (341 ҳ.қ.) тасреҳ дорад: дар Карбало қабре ҷудогона аз касоне, ки бо [Имом] Ҳусайн (а) шаҳид шуд вуҷуд надорад, магар қабри Аббос ибни Алӣ (саломуллоҳи алайҳимо).[36]

Дар зиёрати ноҳияи муқаддаса аз ӯ чунин ёд шудааст:

[37]اَلسَّلامُ عَلی الحُرِّ بْنِ الرِّیاحِی

"Салом бар Ҳурр ибни Риёҳӣ!"

Таъзияи шаҳодати Ҳурр

Навиштори аслӣ: Таъзияи шаҳодати Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ

Таъзияи Ҳурр ҳамчун дигар таъзияҳо дар 13 рӯзи ибтидоии муҳаррам баргузор мешуд, бо ин тавсиф, ки дар бархе шаҳрҳо (дар Эрон) дар шаб ё рӯзи Ошуро, дар бархе дигар дар рӯзи дуввум ё шаби чаҳорум ё панҷум ё шашуми муҳаррам намоиш дода мешуд.[38] Ин таъзия, ки дар маҷмуъаҳои куҳани таъзия, се ё чаҳор маҷлис дошта, бо ҳазфи ҳавошӣ ва гуфтугӯҳои такрорӣ, дар як маҷлис ба номи «шаҳодати Ҳурр» танзим шудааст.[39] Шабиҳи Ҳурр дар ин таъзия мебоист ҷавон, қадбаланд, дорои чеҳра ва маниши паҳлавонона ва садои ҷаззоб мебуд.[40] Аз раҷазхониҳои ин таъзия чунин аст:

Ҳазрати Аббос (а):

Маро ном Аббоси ширужан аст,
Сари саркашон дар каманди ман аст.

Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ:

Манам Ҳурр, ҷавони риёҳинажод,
Ҳамоварди ман кас зи модар назод![41]

Эзоҳ

  1. Ибни Калбӣ, Ҷамҳарат-ун-насаб, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.213, 216; Даводорӣ, Канз-уд-дурар, ҷ.4, саҳ.87, 89; Ёфиъӣ, ҷ.1, саҳ.108
  2. Ниг.: Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.472, 476, 489; Динаварӣ, саҳ.249; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.422
  3. Ниг.: Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.203
  4. Ниг.: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.392, 427; Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, ҷ.8, саҳ.195
  5. Ниг.: Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, ҷ.5, саҳ.335; Ибни Вардӣ, Таърихи Ибни Вардӣ, ҷ.1, саҳ.231
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.422
  7. Ниг.: Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.473; Динаварӣ, саҳ.252; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.402-403
  8. Балъамӣ, ҷ.4, саҳ.704
  9. Ниг.: Ҳамдуллоҳ Муставфӣ, Таърихи гузида, саҳ.811, ба нақл аз Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.20, саҳ.314 – 315
  10. Таърихи гузида, матн, саҳ.794 ва 812
  11. Ниг.: Аҳмади Ҳусайнӣ, Муқаддима бар Амал-ул-омили Ҳурри Омилӣ, ҷ.1, саҳ.8 - 10, ба нақл аз Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.20, саҳ.314 - 315
  12. Мусир-ул-аҳзон, саҳ.44; Нафас-ул-маҳмум, саҳ.231
  13. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.472; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.400; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69, 78; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.327, 330
  14. Ниг.: Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.473; Динаварӣ, саҳ.249-250; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.80; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.332
  15. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.472- 473; Динаварӣ, саҳ.249-250; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.402- 403; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.78-80
  16. Ниг.: : Билозарӣ, ҷ.2, саҳ.473-474; Табарӣ, ҷ.5, саҳ.403-406; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.331-333
  17. Қайси Динаварӣ, саҳ.253 аввали муҳаррам
  18. Динаварӣ, саҳ.251; Табарӣ, ҷ.5, саҳ.408- 409; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.81-84; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.334
  19. Динаварӣ, саҳ.251-252; Табарӣ, ҳамонҷо; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84; Ахтаби Хоразм, ҳамонҷо
  20. Ниг.: Билозарӣ, ҷ.2, саҳ.475-476, 479; Табарӣ, ҷ.5, саҳ.392, 422, 427-428 ; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100-101; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.12-14
  21. Ниг.: Билозарӣ, ҷ.2, саҳ.475-476 , 479; Табарӣ, ҷ.5, саҳ.392, 422, 427-428; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100-101; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.12-14
  22. Ассамовӣ, Шайх Муҳаммад, Ибсор-ул-айн фи ансорил Ҳусайн алайҳиссалом, ҷ.1, саҳ.2
  23. Ниг.: Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.13; Кошифӣ, саҳ.281-282; Ҳоирии Хуросонӣ, саҳ.120- 127, Шамсиддин, саҳ.84-85
  24. Ниг.: Ибни Аъсами Кӯфӣ, ҷ.5, саҳ.101; Ахтаби Хоразм, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.13
  25. Ниг.: Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.476, 489, 494, 517; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, ҷ.5, саҳ.428, 437, 435, 434, 429, 440, 441; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.102-104
  26. Момқонӣ, Танқеҳ-ул-мақол
  27. Қумӣ, Шайх Аббос, Нафас-ул-маҳмум, ҷ.1, саҳ.247
  28. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.220
  29. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Мазороту Аҳлил Байт ва таърихуҳо, 1995 м, саҳ.226
  30. Комили баҳоӣ, ҷ.2, саҳ.287
  31. Ниг.: Сарпарасти Содот ва дигарон, фаслномаи Таърихи Ислом, ҷустори таърихӣ дар мақбараи Ҳурр ибни Язид, шумораи 76, саҳ.79 - 98
  32. Абумихнаф, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1364ҳ.ш., саҳ.202; Абумихнаф, 1367ҳ.ш., Вақъат-ут-таф, саҳ.260; Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1960 м, саҳ.260; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, муассисаи алаъламӣ, ҷ.4, саҳ.348; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.63; Шайх Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.114; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, дорул-кутубил-исломия, саҳ.251; Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1406ҳ.қ., саҳ.33; Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, интишороти Аллома, ҷ.4, саҳ.112; Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.44; Ибни Асир, 1386ҳ.қ., ал-Комилу фи ат-таърих, ҷ.4, саҳ.80; Ибни Намо, 1369ҳ.қ., Мусир-ул-аҳзон, саҳ.65; Ибни Товус, 1425ҳ.қ., ал-Малҳуф, саҳ.190; Ибни Ҳотам, ад-Дурр-ул-назим, аннашрул-исломӣ, саҳ.559; Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.205
  33. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.114; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Дорул-кутубил-исломия, саҳ.251; Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1406ҳ.қ., саҳ.33; Ибни Ҳотам, ад-Дурр-ул-назим, алнашрил исломӣ, саҳ.559
  34. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, Дорул-кутубил-исломия, саҳ.255; Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1406ҳ.қ., саҳ.33
  35. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1417ҳ.қ., саҳ.440; Шайх Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.724; Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.6, с65; Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.388; Ибни Товус, ал-Иқбол, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.66. Шаҳиди аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.131 ва 177; Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.504
  36. Абунасри Бухорӣ, Сирр-ус-силсила, 1381ҳ.қ., саҳ.89
  37. Иқбол, ҷ.3, саҳ.79; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.71
  38. Булукбошӣ, «Таъзияти шаҳодати Ҳурр», саҳ.315
  39. Шаҳидӣ ва Булукбошӣ, пажӯҳише дар таъзия ва таъзияхонӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.266. Барои намуна ва санҷиши нусхаҳои гуногун ниг.: Файёз, «Маҷлиси таъзияи Ҳурр», 59-93; Маҷолиси таъзия, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.451-471; Ҳумоюнӣ, Таъзия дар Эрон, 1380ҳ.ш., 673-714
  40. Булукбошӣ, «Таъзияти Ҳурр», саҳ.315
  41. Шаҳидӣ ва Булукбошӣ, Пажӯҳише дар таъзият ва таъзияхонӣ, 1380ҳ.ш., 448-449

Ёддошт:


Сарчашма


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found