Ҳадиси Ташбиҳ
Номҳои дигар | Ҳадиси Ашбоҳ |
---|---|
Мавзуъ | Фазилатҳои Имом Алӣ (а) |
Содиршуда аз | Пайғамбари Ислом (с) |
Ровиён | Абдуллоҳ ибни Аббос, Абулҳамроъ (Ҳилол ибни Ҳорис) ва Анас ибни Молик |
Эътибори санад | Муътабар назди шиа |
Сарчашмаи шиа | Камол-уд-дин, ал-Мустаршиду фи-л-имома, ал-Амолӣ (Шайхи Муфид), ал-Амолӣ (Шайхи Тӯсӣ) |
Сарчашмаи суннӣ | ал-Асал-ул-мусаффо, Маноқиби Ибни Мағозилӣ, Маноқиби Ибни Мардавайҳ, Маноқиби Хоразмӣ |
Ҳадиси Ташбеҳ (арабӣ: حديث التشبيه) ё ҳадиси Ашбоҳ (арабӣ: اَشباه), ҳадиси Паёмбари Ислом (с) аст, ки дар он Имом Алӣ (а) дар баъзе фазилатҳо ба паёмбарон ташбиҳ ва монанд карда шудааст.
Бар асоси ин ҳадис, фазилатҳое ҳамчун илми Одам (а), тақво ва сулҳҷӯии Нуҳ (а), ҳилми Иброҳим (а), ҳайбат ва зиракии Мусо (а), зуҳди Довуд (а) ва ибодати Исо (а) барои Имом Алӣ (а) зикр шудааст. Ин ҳадис дар манобеи шиа ва аҳли суннат аз саҳобагони Пайғамбар (с) ҳамчун Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абулҳамро ва Анас ибни Молик нақл шудааст.
Аз дидгоҳи уламои шиа, ҳадиси ташбиҳ ба баробарии Имом Алӣ (а) бо паёмбарон дар сифатҳои зикршуда ва афзалияту бартарии ӯ далолат мекунад. Аз ин рӯ, онро далеле бар имомат ва хилофати Имом Алӣ (а) донистанд. Гурӯҳе низ онро далеле бар бартарии Имом Алӣ бар ҳамаи паёмбарон, ба ғайрз аз Пайғамбари Ислом (с) донистаанд.
Ин ҳадис аз назари уламои шиа, дурусту муътабар аст, аммо иддае аз аҳли суннат онро қабул накардаанд. Ҷилди 16-уми «Абақот-ул-анвор» ба баррасии санадӣ ва далолии ин ҳадис бахшида шудааст ва бо унвони «Хулосаи Абақот-ул-анвор; ҳадиси Ташбиҳ» чоп шудааст.
Матн ва муаррифӣ
“ | Аз Абдуллоҳ ибни Аббос нақл шудааст, назди Пайғамбар (с) нишаста будем, ки фармуд: Ҳар кас мехоҳад ба Одам дар илмаш, ба Нуҳ дар сулҳҷӯияш, ба Иброҳим дар бурдбориаш, ба Мусо дар зиракиаш ва ба Довуд дар зуҳдаш нигарад, ба ин шахс, ки меояд, нигарад. Ҳама хира шудем, ногоҳ Алӣ ибни Абитолиб (а) пеш омад.[1] |
” |
Ҳадиси Ташбиҳ ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) ки дар он бархе аз фазоили Имом Алӣ (а) ба фазоили пайғамбарон монанд шудааст. Ин ҳадис бо иборатҳои мухталиф дар манобеи шиа[2] ва суннӣ[3] нақл шудааст.
Иборати ҳадис ба ҳасби паёмбароне ки Имом Алӣ (а) ба онҳо ташбиҳ шуда, мухталиф аст. Дар бархе манобеъ, Имом Алӣ (а) ба паёмбарони улул-азм ва Нуҳ (а) ташбиҳ шудааст.[4] Дар китоби Камол-уд-дин, навиштаи Шайхи Садуқ, дар канори ин паёмбарон, номи ҳазрати Довуд (а) низ омадааст.[5] Дар бархе нақлҳо, Имом Алӣ (а) ба Одам (а), Иброҳим (а), Мусо (а), Яҳё (а), Исо (а), Шис (а) ва Идрис (а) ташбиҳ шудааст.[6] Дар баъзе манобеи аҳли суннат монандии Алӣ (а) бо Одам, Нуҳ, Иброҳим, Яҳё ва Мусо (а) зикр шудааст.[7] Дар Маноқиби Ибни Мағозлӣ, фақат ташбиҳ ба Одаму Нуҳ баён шудааст.[8]
Дар бархе нақлҳо, Алӣ (а) ба ҳайбати Исрофил, азамати Ҷабраил ва рутбаи Микоил низ ташбиҳ шудааст.[9]
Ба ин ҳадис, ҳадиси Ашбоаҳ низ гуфта шудааст.[10]
Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ[11] ва Мирҳомид Ҳусайн[12] ровиён, аснод ва ибороти мухталифи ҳадиси Ташбиҳро ҷамъоварӣ кардаанд.
Вуҷуҳ ва мавориди ташбиҳи Алӣ (а) ба паёмбарон
Гуфта шудааст, бар асоси ҳадиси Ташбиҳ, Алӣ (а) мутахаллиқ ба ахлоқи анбиё ва муттасиф ба сифоти асфиё будааст.[13]
Муҳаммад ибни Юсуфи Ганҷии Шофеӣ - олими шофеии қарни ҳафтуми қамарӣ, дар тавзеҳи вуҷуҳи шабоҳат гуфтааст, ваҷҳи шабоҳати Алӣ (а) ба илми Одам (а) ба ин хотир аст, ки тибқи ояти 31-и Бақара, Худованд хусусиятҳои ҳар чизеро ба Одам (а) таълим дод. Алӣ (а) низ ба ҳар ҳодисаю воқеае олим буд.[14] Ҳамчунин ваҷҳи ташбиҳи Алӣ (а) ба Нуҳ (а) дар ҳикмат ё ҳукм ин аст, ки Имом Алӣ (а) ҳамчун Нуҳ (а)[15] бо кофирон сарсахту сахтгир ва бо муъминон меҳрубон буд.[16] Аз онҷо ки ҳазрати Иброҳим (а) дар Қуръон ба ҳилми тавсиф шудааст,[17] Алӣ (а) дар бурдборӣ ба ӯ ташбиҳ шудааст.[18]
Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Талҳаи Шофеӣ – олими шофеимазҳаби қарни шашум ва ҳафтуми қамарӣ, Пайғамбар (с) дар ин ҳадис барои Алӣ (а), илме шабиҳи илми Одам (а), тақвое ба сони тақвои Нуҳ (а), бурдборие чун ҳилми Иброҳим (а), ҳайбате ҳамонанди ҳайбати Мусо (а) ва ибодате ҳамчун ибодати Исо (а) собит кардааст.[19] Аз назари ӯ, ташбиҳи Алӣ (а) ба паёмбарон дар сифоти мазкур, бар вуҷуди болотарин дараҷа аз он сифот дар Алӣ (а) далолат дорад.[20]
Аҳмад ибни Муҳаммади Осимӣ - олими аҳли суннат дар қарни чаҳорум ва панҷуми қамарӣ, дар китоби «Зайн-ул-фато» пас аз нақли ҳадиси Ташбиҳ, шабоҳатҳои мухталифи Имом Алӣ (а) ба Одам, Нуҳ, Иброҳим, Юсуф, Мусо, Довуд, Сулаймон, Айюб, Яҳё, Исо ва Пайғамбари Ислом (с)-ро зикр ва шарҳ додааст.[21] [Ёддошт 1]
Аллома Маҷлисӣ низ дар китоби Биҳор-ул-анвор, аҳодис ва вуҷуҳи иштирок ва баробарии Алӣ (а) бо фазоили анбиёро таҳти бобе бо ҳамин унвон нақл ва баён кардааст.[22]
Далолат бар бартарии Имом Алӣ (а)
Гуруҳе аз уламои шиа, ҳадиси Ташбиҳро далеле бар бартарии Имом Алӣ (а) нисбат ба соири мардум донистаанд, аз ин рӯ, онро далел бар имомат ва хилофат ӯ медонанд.[23] Ҳамчунин баъзеҳо ҳадиси Ташбиҳро далеле бар бартарии Имом Алӣ (а) нисбат ба паёмбарон ба ғайр аз Пайғамбари Ислом (с) шуморидаанд; зеро Алӣ (а) хусусиятҳои хосси ҳар як аз паёмбаронро дорад ва касе ки дорои ҳамаи фазоил бошад, афзал аз касе аст, ки бархе аз онҳоро дорост.[24]
Мирҳомид Ҳусайн бар он аст, ҳадиси Ташбиҳ ба баробарии Имом Алӣ (а) бо паёмбарон дар хислатҳои ёдшуда далолат дорад ва бист ваҷҳ барои исботи баробарӣ зикр кардааст.[25] Аз назари ӯ, чунин баробарии далеле бар афзалияти Имом Алӣ (а) нисбат ба паёмбарон ва соири мардум аст.[26]
Ровиён ва эътибор
Ин ҳадис аз саҳобагони Пайғамбар (с) ҳамчун Абдуллоҳ ибни Аббос,[27] Абдуллоҳ ибни Масъуд,[28] Абуҳурайра,[29] Абулҳамро - хидматкори Пайғамбар (с)[30] ва Анас ибни Молик[31] нақл шудааст.
Эътибор
Уламои шиа ҳадиси Ташбиҳро муътабар шуморида, ба он истинод кардаанд. Султонулвоъизини Шерозӣ - нависандаи китоби Шабҳои Пешовар, ҳадиси Ташбиҳро мавриди иҷмоъи шиа ва аҳли суннат донистааст.[32] Мирҳомид Ҳусайн низ дар китоби Абақот-ул-анвор, ин ҳадисро аз чиҳил нафар аз муҳаддисони аҳли суннат нақл карда ва саҳеҳ будани онро исбот намудааст.[33] Ба бовари баъзе, ин ҳадис аз онҷо ки аз тариқҳои сершуморе нақл шуда, муътабар аст, ҳарчанд санадҳои он заъиф бошад.[34]
Бархе аз олимони аҳли суннат дар эътибори ҳадис хадша кардаанд. Шамсиддини Заҳабӣ – муаррих ва муҳаддиси салафии қарни ҳаштуми қамарӣ,[35] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ – муаррих ва муҳаддиси шофеимазҳаби қарни ҳаштум ва нуҳуми қамарӣ[36] ва Ибни Касир - олими аҳли суннати қарни ҳаштуми қамарӣ[37] ҳадиси Ташбиҳро хабари мункар (аз ақсоми ривояти заъиф) шуморидаанд. Ибни Ҷавзӣ - олими аҳли суннати қарни шашум, ҳадиси Ташбиҳро ҷаълӣ донистааст.[38]
Заҳабӣ[39] ва Ибни Таймийя[40] пас аз нақли бидуни санади ҳадис аз Байҳақӣ, онро бесанад дониста, гуфтаанд, ки ин ҳадис назди ҳадисшиносон сохтагӣ ва дурӯғ аст. Аз ин рӯй, ҳадисшиносон онро нақл накардаанд, аммо Муваффақ ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими аҳли суннат дар қарни шашуми қамарӣ, дар китоби Маноқиби худ, ин ҳадисро бо санади он аз Байҳақӣ нақл кардааст.[41] Ин ҳадис бо асноди дигаре аз аҳли суннат низ нақл шудааст.[42]
Китобшиносӣ
Ҳадиси Ташбиҳ дар осори мутааддиде мавриди баҳс қарор гирифтааст.[43] Мирҳомид Ҳусайн ҷилди шонздаҳуми китоби Абақот-ул-анвор фи имомат-ил-аиммат-ил-атҳорро ба баррасии санадӣ ва далолии ин ҳадис ихтисос додааст. Ин ҷилд ба таври мустақил ва бо унвони «Хулосаи Абақот-ул-анвор; ҳадиси Ташбиҳ» бо талхис ва тасҳеҳи Сайидалӣ Ҳусайнии Милонӣ ва тарҷумаи Муртазо Нодирӣ тавассути Муассисатун-Набӣ чоп ва мунташир шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ (а), 1409ҳ.қ., саҳ.497 ва 498; Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25; Табарии Омулии Кабир, ал-Мустаршид фи-л-имомат, 1415ҳ.қ., саҳ.287; Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.14; Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.417; Табарии Омулӣ, Башшорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.83.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 126; Ибни Асокир, Тарҷумат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280; Ибни Мағозлӣ, Маноқибу Амирилмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.281; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.84 ва 312; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1354ҳ.қ., саҳ.93 ва 94; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1398ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170.
- ↑ Табарии Омулии Кабир, ал-Мустаршид фи-л-имомат, 1415ҳ.қ., саҳ.287.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25.
- ↑ Ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ (а), 1409ҳ.қ., саҳ.497 ва 498.
- ↑ Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125; Ибни Мирдавайҳ, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.147; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1354ҳ.қ., саҳ.93 ва 94.
- ↑ Ибни Мағозлӣ, Маноқибу Амирилмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.281.
- ↑ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.396 ва 397, ҷ.15, саҳ.619, ҷ.22, саҳ.329.
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.486.
- ↑ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.392 - 405, ҷ.5, саҳ.4 - 6, ҷ.15, саҳ.610 - 622, ҷ.22, саҳ.296 - 300 ва ҷ.31, саҳ.317 ва 318.
- ↑ Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.16, бахши аввал, саҳ.15 - 454.
- ↑ Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1362ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1362ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Сураи Нуҳ, ояти 26.
- ↑ Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1362ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Сураи Тавба, ояти 114.
- ↑ Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1362ҳ.ш., саҳ.122.
- ↑ Насибии Шофеӣ, Матолиб-ус-саул, муассисатул-Балоғ, саҳ.98.
- ↑ Насибии Шофеӣ, Матолиб-ус-саул, муассисатул-Балоғ, саҳ.98.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо, 1418ҳ.қ., фасли панҷум, ҷ.1, саҳ.124 – 503 ва ҷ.2, саҳ.5 - 286.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.35 - 82.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Табарӣ, Туҳфат-ул-аброр, 1376ҳ.ш., саҳ.140 ва 263; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.354; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.329.
- ↑ Ниг.: Табарӣ, Туҳфат-ул-аброр, 1376ҳ.ш., саҳ.140 ва 263; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.330; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.279; Султонулвоъизин, Шабҳои Пешовар, 1379ҳ.ш., саҳ.478 ва 479.
- ↑ Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.16, бахши дувум, саҳ.77 - 118.
- ↑ Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.16, бахши дувум, саҳ.154 - 157.
- ↑ Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1354ҳ.қ., саҳ.94; Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1404ҳ.қ., саҳ.121 ва 122.
- ↑ Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.417.
- ↑ Табарии Омулии Кабир, ал-Мустаршид фи-л-имомат, 1415ҳ.қ., саҳ.287.
- ↑ Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 126; Ибни Асокир, Тарҷумат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100 ва 103; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.84 ва 312; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1354ҳ.қ., саҳ.93.
- ↑ Ибни Мағозлӣ, Маноқибу Амирилмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.281; Табарии Омулӣ, Башшорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.83.
- ↑ Султонулвоъизин, Шабҳои Пешовар, 1379ҳ.ш., саҳ.478.
- ↑ Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.16, бахши аввал, саҳ.15 - 454.
- ↑ Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.329.
- ↑ Заҳабӣ, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидол, саҳ.344.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.24.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1418ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.89.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуъот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.370.
- ↑ Заҳабӣ, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидол, саҳ.344.
- ↑ Ибни Таймийя, Минҳоҷ-ус-суннаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.510 ва 511.
- ↑ Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.83 ва 84.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 126; Табарии Омулии Кабир, ал-Мустаршид фи-л-имомат, 1415ҳ.қ., саҳ.287; Ибни Асокир, Тарҷумат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1398ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.392 - 405, ҷ.5, саҳ.4 - 6, ҷ.15, саҳ.610 - 622, ҷ.22, саҳ.296 – 300 ва ҷ.31, саҳ.317 ва 318; Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.16 (тамоми мабоҳиси ин ҷилд дар бораи ҳадиси Ташбиҳ аст); Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.486 - 493.
Ёддошт
- ↑ Феҳристи шабоҳатҳои Имом Алӣ (а) ба паёмбарони улулъазм, ки Осимӣ зикр карда аз ин қарор аст:
- Шабоҳатҳои Алӣ (а) бо Нуҳ (а): фаҳм, даъват, иҷобати дуо, киштӣ (наҷот ёфтани касоне ки савор бар киштӣ шуданд ва ҳалокати бозмондагон, ишора ба ҳадиси Сафина), баракат, салому таҳият, шокир будан ва ба ҳалокат расондани қавм. (Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.429 - 458)
- Шабоҳатҳо бо Иброҳим (а): вафо, маҳфуз будан аз шарур, мунозира бо падару ақвом, бутшиканӣ, башорат ба авлод, ихтилофи зуррийяи некӯкору золим, озмоиш нисбат ба худ, мол ва авлод ва номгузорӣ ба Халил (Иброҳим (а) халилуллоҳ ва Алӣ (а) халили Расулуллоҳ (с). (Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.459 - 483).
- Шабоҳатҳо бо Мусо (а): салобату шиддат, дифоъу даъват, асою қувват, шарҳи садр, бародарию наздикӣ (байни Мусою Ҳорун ва Паёмбару Алӣ), маваддату муҳаббат, таҳаммули ранҷу бало ва виросати аморат. (Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5 - 25).
- Шабоҳатҳо бо Исо (а): изъон ба рубубият ва убудийяти Худо, илм ба китоби Худо дар туфулият, илм ба хондану навиштан, ҳалокати ду гуруҳ аз гумроҳон (яҳуду насоро нисбат ба Исо ва хавориҷу ғулот нисбат ба Алӣ), зуҳд дар дунё, бахшишу карам, пешгӯии вақоеъи оянда ва кифояту барозандагӣ. (Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.117 - 166).
- Шабоҳатҳо бо Пайғамбари Ислом (с): Осимӣ дар ин бора 23 маврид шабоҳат зикр кардааст, аз ҷумла: хилқат, бародарӣ, муддати умр, афву гузашт, ҳуббу буғз, исмат аз гуноҳ, итоат, вилоят, ташбиҳ ба дарахт. (Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.167 - 286.)
Сарчашма
- Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом-ил-Аскарӣ (а), Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Ганҷии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиб фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб (а), таҳқиқи Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, Дору эҳёи туроси Аҳли-л-Байт (а), чопи сеюм, 1362ҳ.ш./1404ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Шамсиддин, ал-Мунтақо мин минҳоҷ-ил-эътидол фи нақзи каломи аҳлир-рафзи ва-л-эътизол, таҳқиқи Муҳиббуддин ал-Хатиб, беҷо, бено, бе то.
- Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Тарҷумат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб мин таърихи мадинати Димишқ, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи Маҳмудӣ, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин ат-Таркӣ, Доруҳиҷр, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Ибни Мағозлӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқибу Амирилмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқи Абуабдурраҳмон Турк ибни Абдуллоҳ ал-Воидъӣ, Санъо, Дорул-осор, чопи аввал, 1424ҳ.қ./2003м.
- Ибни Мардавайҳ, Аҳмад ибни Мусо, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб ва мо нузила мин-ал-Қуръон фи Алӣ, таҳқиқи Абдурразоқ Муҳаммад Ҳирзуддин, Қум, Дорул-ҳадис, чопи дувум, 1424ҳ.қ./1382ҳ.ш.
- Ибни Таймийя, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадарийя, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломийя, 1406ҳ.қ./1986м.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ./1971м.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мавзуъот, таҳқиқи Абдурраҳмон Муҳаммад Усмон, Мадина, Муҳаммад Абдулмуҳсин, чопи аввал, ҷилди 1 ва 2: 1386ҳ.қ., ва ҷ.3: 1388ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор фи исботи имомати аиммат-ил-атҳор, Исфаҳон, китобхонаи Амиралмуъминин, чопи дувум, 1366ҳ.ш.
- Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайни Устодвалӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Насибии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Талҳа, Матолиб-ус-саул фи маноқиби Оли-р-Расул, тасҳеҳи Абдулазиз Таботабоӣ, Бейрут, муассисатул-Балоғ, бе то.
- Осимӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато фи шарҳи сурати Ҳал ато, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Қум, Маҷмаъу эҳёил-сақофатил-исломийя, 1418ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
- Султонулвоъизини Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Шабҳои Пешовар дар дифоъ аз ҳарими ташайюъ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи сиюнуҳум, 1379ҳ.ш.
- Табарӣ, Имодуддин Ҳасан ибни Алӣ, Туҳфат-ул-аброр фи маноқиб-ил-аиммат-ил-атҳор, тасҳеҳ ва таҳқиқи Сайид Маҳдии Ҷаҳрумӣ, Теҳрон, Мероси мактуб, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳиббуддин, Захоир-ул-уқбо фи маноқиби завӣ-л-қурбо, Қоҳира, Мактабатул-Қудсӣ, 1354ҳ.қ.
- Табарии Омулӣ, Имодуддин Муҳаммад ибни Абилқосим, Башшорат-ул-Мустафо ли шиати-л-Муртазо, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, чопи дувум, 1383ҳ.қ.
- Табарии Омулии Кабир, Муҳаммад ибни Ҷарир, ал-Мустаршид фи-л-имомати Алӣ ибни Абитолиб (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Маҳмудӣ, Қум, Кушонпӯр, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибин фи наҳҷ-ил-мустаршидин, таҳқиқи Сайидмаҳдии Раҷоӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
- Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, ал-Маноқиб, таҳқиқи Шайх Молик Маҳмудӣ, Қум, Муассисаи нашри исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавза, 1411ҳ.қ.
- Ҳамавии Ҷувайнӣ, Иброҳим, Фароид-ус-симтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи Маҳмудӣ, чопи аввал, 1398ҳ.қ./1978м.
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзили ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии маҷмаъи эҳёис-сақофатил-исломийя, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Мактабат Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.