Үндана:Ҳакам ибни Абилъос
| Номи комил | Ҳакам ибни Абилъос ибни Умайя |
|---|---|
| Маҳалли зиндагӣ | Макка, Мадина, Тоиф |
| Насаб | Банӣ Умайя |
| Зодгоҳ | Макка |
| Санаи вафот | соли 31 ё 32 ҳиҷрӣ |
| Шаҳри вафот | Мадина |
| Хешовандон | Марвон ибни Ҳакам (писар) • Усмон ибни Аффон (бародарзода) |
| Фаолиятҳо | Озору азият додан ба Пайғамбар (с) |
Ҳакам ибни Абилъос ибни Умайя (форсӣ: حَکم بن ابیالعاص بن اُمَیه) аз бузургони Банӣ Умайя,[1] амаки Усмон ибни Аффон ва падари Марвон ибни Ҳакам[2] буд. Ӯ ба далели озору азият додан ба Пайғамбар (с) аз Мадина ба Тоиф табъид шуд; аз ин рӯ ба Тариду Расулиллоҳ (табъидшудаи Пайғамбари Худо) машҳур шуд.[3]
Ӯ бо мусалмон шудани хешовандони худ, аз ҷумла Усмон, мухолифат мекард.[4] Ҳамчунин дар гузоришҳое, Ҳакам аз аъзои гурӯҳе, ки нақшаи қатли Пайғамбар (с) дар Дор-ун-надува кашиданд ва аз ҳозирин дар муҳосираи хонаи он ҳазрат муаррифӣ шудааст.[5]
Ба гуфтаи баъзе таърихнигорон, ӯ то пас аз фатҳи Макка Ислом наовард ва пас аз он мусалмон шуд ва дар Мадина сукунат гирифт. Дар баъзе сарчашмаҳо, дар Ислом овардани ӯ тардидҳое дар миёни мусалмонон гузориш шудааст.[6] Ҳамчунин аз ӯ ҳамчун яке аз тулақо (аҳолии Макка, ки пас аз фатҳи Макка мавриди афви Пайғамбар (с) қарор гирифтанд) ёд шудааст.[7]
Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Ҳакам дар Мадина низ Пайғамбар (с)-ро озор медод; аз ҷумла бо тақлиди ҳаракатҳо ва масхара кардани ӯ.[8] Бино ба баъзе нақлҳо, ин рафторҳо бо лаънати Пайғамбар (с)[9] ва мубтало шудани Ҳакам ба ларза ва ихтилоли ақлӣ боис шуд.[10] Ҳамчунин гузориш шудааст, ки ӯ суханон ва асрори Пайғамбар (с)-ро барои мухолифонаш ошкор мекард[11] ва бо истодан паси хонаи он ҳазрат, ба суханонаш гӯш медод ва аз шикофи дарун ба дохили хона нигоҳ мекард.[12] Пайғамбар (с) ӯро ба сабаби ин рафторҳо, ба Тоиф табъид кард ва аз сукунати ӯ дар Мадина манъ намуд.[13] Дар баъзе сарчашмаҳо, табъиди шуморе аз фарзандони ӯ низ гузориш шудааст.[14]
Ҳакам мисдоқи ояти 57 сураи Аҳзоб дониста шуда, ки озордиҳандагони Худо ва Пайғамбар (с)-ро сазовори лаънат ва азоб муаррифӣ мекунад. Ба гузориши сарчашмаҳои таърихӣ, Пайғамбар (с) Ҳакам ва насли ӯро лаънат кард, магар муъминони ононро.[15]
Пас аз вафоти Пайғамбар (с), Ҳакам ва фарзандонаш то замони хилофати Усмон дар табъид буданд.[16] Усмон, бо вуҷуди мухолифати Абубакр ва Умар,[17] Ҳакам ва хонаводаашро ба Мадина бозгардонд ва сад ҳазор дирҳам ба ӯ бахшид.[18] Ҳакам дар охири умр нобино шуд[19] ва дар соли 31 ё 32 ҳиҷрӣ[20] дар Мадина даргузашт[21] ва ба дастури Усмон, бар қабри ӯ дар қабристони Бақеъ хаймае барпо шуд.[22]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, ҷ.2, саҳ.104.
- ↑ Зубайрӣ, Китоби насаби Қурайш, саҳ.159-160; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.160 - 163.
- ↑ Барои намуна нигаред ба: Ибни Абдирабб, ал-Истиъоб, ҷ.4, саҳ.267; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.3, саҳ.78.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.3, саҳ.55.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.1, саҳ.228.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.125.
- ↑ Моликӣ, ас-Суҳба ва-с-саҳоба, саҳ.192 - 193.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, ҷ.2, саҳ.105.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, ҷ.10, саҳ.58.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.125.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.125.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.125.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.125.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ.2, саҳ.37.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.5, саҳ.126; Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, ҷ.1, саҳ.360.
- ↑ Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, ҷ.2, саҳ.194 ва ҷ.4, саҳ.286.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ.2, саҳ.38.
- ↑ Сафадӣ, Китоб-ул-вофӣ би-л-вафаёт, ҷ.13, саҳ.112.
- ↑ Сафадӣ, Накт-ул-ҳимён, саҳ.147.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, ҷ.2, саҳ.106.
- ↑ Ибни Абдилбарр, ал-Истиъоб, ҷ.1, саҳ.359.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.8, саҳ.113.
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Уршалим, чопи Гуитин, 1863м.
- Зубайрӣ, Мусъаб ибни Абдуллоҳ, Китоби насаби Қурайш, Қоҳира, Дор-ул-маориф, 1953м.
- Ибни Абдилбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифати-с-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, маншуроти Муҳаммадалии Байзун, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, маншуроти Муҳаммадалии Байзун, 1415ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, Қум, Муассисаи Дор-ул-ҳиҷра, 1409ҳ.қ.
- Моликӣ, Ҳасан ибни Фарҳон, ас-Суҳба ва-с-саҳоба байна-л-итлоқ-ил-луғавӣ ва-т-тахсис-иш-шаръӣ, Уммон, Маркази мутолиоти таърихӣ, 1422ҳ.қ./2002м.
- Сафадӣ, Халил ибни Айбак, Китоб-ул-вофӣ би-л-вафаёт, Висбаден, 1962м.
- Сафадӣ, Халил ибни Айбак, Накт-ул-ҳимён фи нукат-ил-умён, Миср, чопи Аҳмад Закии Бак, Миср, 1329ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.