Jump to content

Үндана:Ватандӯстӣ

Аз wikishia

Ватандӯстӣ (форсӣ: وطن‌دوستی) ё ҳубби ватан (форсӣ: حب وطن) ба гуфтаи гурӯҳе аз олимони мусалмон, дар Қуръон ва суханони Пайғамбари Ислом мавриди таъкид қарор гирифтааст: аз ҷумла ояти 85 сураи Қасас ва иборати Ҳубб-ул-ватан мина-л-имон мансуб ба Пайғамбар (с). Бо ин ҳол, ватандӯстӣ аз нигоҳи Ислом то замоне арзишманд дониста шуда, ки дар муқобили таълимоти динӣ қарор нагирад ва ба абзоре барои тафриқа ва зулм табдил нашавад.

Гуфта шуда нишонаҳои ватандӯстӣ шомили ободонӣ, ҳамбастагии миллӣ, дифоъ аз ватан, мушорикат дар ҳукумат, ҷилавгирӣ аз истибдод ва монанди инҳост. Бо ин ҳол, зиёдаравӣ дар он, ки сабаби қавмгароӣ ё миллигароии мутаассибона шавад ва ба тафриқаву душманӣ бианҷомад, аз манзари Ислом нописанд хонда шудааст. Имом Хумайнӣ ифрот дар миллигароиро тарроҳии душманон барои эҷоди тафриқа миёни мусулмонон дониста ва Носир Макорими Шерозӣ ватандӯстии мутаассибонаро монее барои пешрафт медонад.

Шоирон ва адибони мусалмон, ба мафҳуми ватан пардохтаанд; аз ватани қавмӣ дар Шоҳнома то ватани исломӣ дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ ва ватани малакутӣ ва маънавӣ дар асарҳои Мавлавӣ ва Шайхи Баҳоӣ.

Мафҳумшиносӣ

Ишқу алоқа ба ватан майле табиӣ дониста шуда, ки Худо дар байни махлуқоташ қарор дода то инсонҳо дар атрофи дунё пароканда шаванд ва фақат дар сарзаминҳое бо обу ҳаво ва шароити бисёр хуб таҷаммуъ накунанд ва сабаби низоъ нашавад.[1] Бо такя бар сарчашмаҳои динӣ, гуфта шудааст ки ватандӯстӣ нишона ва натиҷаҳое дорад; аз ҷумла ободии шаҳрҳо,[2] тақвияти ҳамбастагӣ ва худшиносии миллӣ, дифоъ аз сарзамин ва сармояҳои он[3] ва шарик шудан дар ҳукумату идораи мамлакат ва ҷилавгирӣ аз истибдоди ҳокимон.[4]

«Исломият ва эроният ду қутби мутазод нестанд; як ҳақиқатанд. Ҳар касе тарафдори Ислом шуд, ҳар касе сарбози Ислом шуд, аз ҳар арзише ― аз ҷумла арзиши меҳан ва ватан ― ба таври табиӣ дифоъ мекунад. Ҳубб-ул-ватан мина-л-имон; ин аз имон аст.»[5]


Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, фақеҳ ва муфассири шиа, агар ватани моддӣ ва ҷисмонӣ бо ватани маънавӣ ва рӯҳонӣ якҷо шавад ва унвони Дор-ул-ислом ба худ бигирад, ин ишқу алоқа ва эҳтиром ба маротиб афзунтар мешавад ва ангезаи дифоъ аз он низ дучандон хоҳад шуд.[6] Аббосалӣ Амиди Занҷонӣ меҳрварзӣ ба Дор-ул-ислом ва ватани доимиро ҷузъи имон шумурдааст. Ба гуфтаи ӯ сарчашмаи меҳрварзӣ дар бовар ва эътиқоди ҳар шахс аст ва ҳар гоҳ ватан бо бовари инсон ҳамоҳанг бошад маҳбуби ӯ хоҳад буд.[7]

Ҷойгоҳи ватандӯстӣ дар таълимоти динӣ

Аз дидгоҳи Имом Хумайнӣ эроде бар масъалаи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба ҳамватанон аз манзари Ислом вуҷуд надорад[8] ва ватан дар Ислом дорои эҳтиром аст, агарчи муҳимтар хидмат ба Ислом дар ҳар сарзамине аст.[9] Муҳсини Қироатӣ, муфассири Қуръон, низ ҳаққи ишқу алоқа варзидан ба ватанро масъалаи пазируфташудаи қуръонӣ ва нодида гирифтани ин ҳақро зулму ситам донистааст.‏[10]

Дар тасдиқи ҳисси ватандӯстӣ ба шоҳидҳо аз оятҳои Қуръон, ривоятҳо ва фитрати инсонӣ такя шудааст, ки дар зайл ба намунае аз он ишора мешавад.[11]

Оятҳо

  • Ояти 85 сураи Қасас аз муҳимтарин оятҳо дар тасдиқи ватандӯстӣ аст. Бар асоси нақли китоби Равзат-ул-воизин аз Мақотил ибни Сулаймон ва Тафсири намуна аз Ибни Аббос, вақте Паёмбар (с) дар ҷараёни ҳиҷрат ба Мадина, ба минтақаи Ҷуҳфа расид, ба ёди ватани худ ва падаронаш афтид ва шавқи дидани Макка пайдо кард, ва осори ин шавқ, ки бо таассуфу андӯҳ омехта буд, дар чеҳрааш намоён шуд. Ҷабраил омаду пурсид: «Оё ба шаҳру ватани худ алоқа дорӣ?» Пайғамбар низ тасдиқ кард. Сипас Ҷабраил бо хондани қисме аз ояти 85 сураи Қасас (إِنَّ الَّذي فَرَضَ عَلَيكَ القُرآنَ لَرادُّكَ إِلىٰ مَعادٍ) аз бозгашти ӯ ба Макка дар оянда хабар дод.[12] Гуфта шуда, ки Худо бо фиристодани ин оят ба Пайғамбараш тасаллӣ дод.[13] Аз ҳазрати Фотима низ нақл шуда, ки Паёмбар дар бораи 10 масъала нигарон буд ва Худо ӯро осуда сохт, ва яке аз он масъалаҳо дурӣ аз Макка буд, ки бо ояти 85 сураи Қасас ваъдаи бозгашт ба ӯ дода шуд.[14]
  • Носир Макорими Шерозӣ, аз муфассирони шиа, бовар дорад, ки берун кардани ашхос аз ватан дар баъзе оятҳо мисли оятҳои 8 ва 9 сураи Мумтаҳана ва 246 сураи Бақара бар зидди арзишҳо нишон дода шудааст ва маънои баргирифта аз ин оятҳо нишонгари арзиши ватан ва эҳтиром ба он аст.[15]
  • Ба ақидаи Ҷоҳиз, нависанда ва адиби мусалмон, ояти 66 сураи Нисо ва 246 сураи Бақара ҳисси ватандӯстиро тасдиқ мекунад.[16]

Ҳадисҳо

  • Ҳадисҳои зиёд дар сарчашмаҳои ҳадисии шиа ва аҳли суннат, нишондиҳандаи ишқу алоқаи Пайғамбар (с) ва аҳли байт (а) бо ватани худ аст; аз ҷумла дар ривояти Пайғамбар омадааст, ки ба Макка гуфт: «Ту беҳтарин ва маҳбубтарин замин назди Худоӣ, ки агар маро аз ту берун намекарданд, бо пойи худ берун намерафтам.»[17]
  • Гурӯҳе аз фақеҳон, монанди Носир Макорими Шерозӣ, Сайид Алӣ Хоманаӣ ва Аббосалӣ Амиди Занҷонӣ, ибораи Ҳубб-ул-ватан мина-л-имон аз ибораҳои мансуб ба Пайғамбар (с)-ро нишонаи ишқу алоқа ба ватан донистаанд.[18] Дӯст доштани ватан ба бовари донишманди мусалмон Носир Макорими Шерозӣ алоқае табиӣ аст, ки аз рӯҳи ҳақшиносӣ сарчашма мегирад ва ҳақшиносӣ аз нишонаҳои имон аст.[19]
  • Дар китоби Паёми Имом Амиралмуъминин, ба нақли ҳадисе аз Имом Али (а) пардохта шудааст[20] ки гиря барои умри аздастрафта ва алоқа ба ватанро аз нишонаҳои шахсияти инсон муаррифӣ кардааст. Ҳамчунин бо такя ба ҳадиси дигар аз Имом Али (а),[21] ободонии шаҳрҳо аз ватандӯстӣ сарчашма мегирад.[22]

Фитрат

Сайид Абдулалии Сабзаворӣ ва инчунин Муҳсини Қироатӣ, аз муфассирони шиа, бо такя ба ояти 63 сураи Тоҳо, бовар доранд, ки инсон ба таври фитрӣ маҳалли рушд ва ватани худро дӯст медорад.[23]

Шартҳо ва ҳатмиятҳои ватандӯстӣ

Дар бораи доираи ватандӯстӣ гуфта шудааст, ки ҳарчанд ин ҳисс бар асоси таълимоти динӣ тасдиқ мешавад, лекин шарти он надоштани худбартарбинӣ ва нажодпарастӣ аст. Бинобар ин, қавмгароӣ ба маънои беҳтарин донистани қавму қабилаи худ ва талош барои саркӯбии қавмҳои дигар, аз ватандӯстӣ фарқ мекунад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки қавмгароии мутаассибона боиси эҷоди тафриқа мешавад ва дар охир ба кинаву душманӣ меанҷомад.[24] Имом Хумайнӣ низ ифрот дар миллигароиро тарроҳии душманон барои эҷоди ихтилоф миёни мусулмонон дониста ва онро бар муқобили Ислом, Қуръон ва дастури Паёмбар (с) медонад.[25]

Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Мусавии Халхолӣ (ваф.1398ҳ.ш.), фақеҳи шиа, дар китоби ал-Ҳокимия фи-л-ислом, таъсиси Исроил ва тақсим шудани давлати Усмониро ба сабаби таблиғи маънои нодурусти калимаи ватан[26] ва таблиғи қавмгароии ифротӣ донистааст.[27] Муҳсини Ғаравиён, аз устодони Ҳавзаи илмия Қум, низ асолат бахшидан ба алоқаҳои қавмию миллӣ мисли миллигароӣ ва ифрот дар онро нажодпарастӣ медонад, ки метавонад сарчашмаи он алоқа ба сарзамин бошад.[28]

Ҳамчунин ватандӯстие, ки боиси нокомиҳо дар ҳиҷрат ва дар натиҷа ақибмондагӣ ё қарор гирифтан таҳти ҳукумати золимона шавад, нописанд дониста шудааст. Макорими Шерозӣ дар зери ин ибораи Имом Али (а) дар Наҳҷ-ул-балоға ки «Беҳтарин шаҳрҳо барои ту он шаҳрест, ки туро пазируфта бошад»,[29] таъкид кардааст, ки беҳтарин макон барои зиндагии инсон ҷое аст, ки имкон барои пешрафт ва оромиш вуҷуд дошта бошад ва ҳарчанд дар омӯзаҳои динӣ бар ҳубби ватан таъкид шудааст, вале агар ватандӯстӣ ба ҳисси мутаассибона ва ғайримантиқӣ сабаб шавад, ки аз талаботи зиндагии пешрафта ва арзанда ҷилавгирӣ кунад, ин ҳисс дигар аз ҷониби Ислом тасдиқ намешавад.[30]

Аз дидгоҳи Муҳаммадалӣ Ризоии Исфаҳонӣ, муфассири Қуръон ва Муҳаммадҷовод Арасто, фақеҳ ва ҳуқуқшиноси шиа, ватандӯстӣ то он андоза арзишманд ва аз ҷониби Ислом пазируфта мешавад, ки бар зидди таълимоти дину мазҳаб қарор нагирад.[31]

Таҳаввули мазмуни ватандӯстӣ дар шеър

Ба қавли Муҳаммадризо Шафиии Кадканӣ, маънои ватан ва ватандӯстӣ дар шеърҳои форсӣ ҳамроҳ бо таҳаввулоти давраҳои таърихӣ ва фарҳангӣ иваз шудааст; чунки дар шеърҳои Абулқосим Фирдавсӣ бештар ҷиҳати қавмию нажодӣ ва дар осори Ҳофизи Шерозӣ, Саъдӣ ва Носири Хусрав, таваҷҷӯҳ танҳо ба сарзамин дар назар гирифта шудааст; дар ҳоле ки дар осори шоирони пеш аз асри 5 ҳижрӣ ва бахусус дар давраи ҳуҷуми муғул ба Эрон, алоқа ба ватани исломӣ бештар назаррас буд. Ин алоқа ба ватан исломӣ дар шеърҳои Иқболи Лоҳурӣ ва шеърҳои баъзе шоирони асри машрута дар Эрон низ дида мешавад, ки пайрави Сайид Ҷамолуддин Асадободӣ буд.[32]

Шайхи Баҳоӣ ва Мавлавӣ[33] дар шеърҳои худ бо ишора ба Ҳадиси Ҳубб-ул-ватан мина-л-имон, маънои ватанро ватани малакутӣ донистаанд. Шайх Баҳоӣ дар китоби «Нон ва ҳалво» чунин сароида аст:

Ганҷи илми «Мо заҳар маъ мо батан»,
Гуфт аз имон бувад ҳубб-ул-ватан.
Ин ватан Мисру Ироқу Шом нест,
Ин ватан шаҳрест, к-онро ном нест.
З-он ки аз дунёст ин автон тамом,
Мадҳи дунё кай кунад «Хайр-ул-аном»?!
Ҳубби дунё аст раъси ҳар хато,
Аз хато кай мешавад имон ато?!
Эй хуш он к-ӯ ёбад аз тавфиқ баҳр,
К-оварад рӯ сӯи он беномшаҳр.
Ту дар ин автони ғарибӣ, эй писар,
Хӯ ба ғурбат кардаӣ хокат ба сар!
Он қадар дар шаҳри тан мондӣ асир,
К-он ватан якбора рафтат аз замир.
Рӯ битоб аз ҷисму ҷонро шод кун,
Мавтини аслии худро ёд кун.[34]


Эзоҳ

  1. Ибни Фақиҳ Ҳамадонӣ, ал-Булдон, 1416ҳ.қ., саҳ.487
  2. Ибни Шуъба Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.207
  3. Мирҷалилӣ ва ҳамкорон, «Ватандӯстӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт», саҳ.28; Аббосӣ Муқаддам, «وطن‌دوستی یا وطن‌پرستی؟/ وطن‌دوستی؛ از ادعا تا واقعیت», Хабаргузории Меҳр
  4. Мусавӣ Халхолӣ, ал-Ҳокимия фи-л-ислом, 1425ҳ.қ., саҳ.86
  5. «بیانات در دیدار دست‌اندرکاران برگزاری دومین کنگره ملی بزرگداشت شهدای استان همدان», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  6. Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.220 - 222
  7. Амид Занҷонӣ, Ватан ва сарзамин ва осори ҳуқуқии он, 1364ҳ.ш., саҳ.25 - 26
  8. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.209
  9. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.168
  10. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.680; ҷ.5, саҳ.359
  11. Мирҷалилӣ ва ҳамкорон, «Ватандӯстӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт», саҳ.8-28
  12. Фаттол Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.406; Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.184-185
  13. Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.221
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.34
  15. Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.220-221
  16. Ҷоҳиз, ал-Ҳунайн ила-л-автон, 1402ҳ.қ., саҳ.11 - 12
  17. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикма, 1384ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.236
  18. Хоманаӣ, «بیانات در دیدار دست‌اندرکاران برگزاری دومین کنگره ملی بزرگداشت شهدای استان همدان», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.509-510; Амид Занҷонӣ, Ватан ва сарзамин ва осори ҳуқуқии он, 1364ҳ.ш., саҳ.25
  19. Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.509-510
  20. Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.94; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.264
  21. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.75, саҳ.45
  22. Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.510
  23. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.359; Сабзаворӣ, Моваҳиб-ур-раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.182
  24. «علاقه به وطن از دیدگاه اسلام بررسی شد», Хабаргузории Ҳавза
  25. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.209
  26. Мозфар, ал-мантиқ, 1366ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.112
  27. Мусавӣ Халхолӣ, ал-Ҳокимия фи-л-ислом, 1425ҳ.қ., саҳ.87
  28. Ғаравиён ва Қаввомиён, «Миллигароӣ (натсионализм) аз дидгоҳи Ислом», саҳ.105
  29. Наҳҷ-ул-балоға, таҳрири Субҳи Солеҳ, Ҳикмати 442, саҳ.554
  30. Макорим Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.508
  31. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.266; Арасто, «وطن‌دوستی مخالف دین و مذهب ارزشی ندارد», Хабаргузории Меҳр
  32. Шафиии Кадканӣ, «Талақии қудамо аз ватан», саҳ.25 ва 45
  33. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.451
  34. Шайх Баҳоӣ, Куллиёти ашъор ва осори форсии Шайх Баҳоӣ, 1352ҳ.ш., ҷ.1, бахши 3, саҳ.10

Сарчашма

  • Аббасӣ Муқаддам, Мустафо, «وطن‌دوستی یا وطن‌پرستی؟ | وطن‌دوستی؛ از ادعا تا واقعیت» («Ватандӯстӣ ё ватанпарастӣ? | Ватандӯстӣ; аз иддао то воқеият»), Хабаргузории Меҳр, санаи интишор: 13 феврали 2018, санаи боздид: 20 апрели 2025
  • Амид Занҷонӣ, Аббасалӣ, Ватан ва сарзамин ва осори ҳуқуқии он аз дидгоҳи фиқҳи исломӣ, Теҳрон, Дафтари нашри Фарҳанги исломӣ, 1364ҳ.ш.
  • Арасто, Муҳаммадҷовод, «وطن‌دوستی مخالف دین و مذهب ارزشی ندارد» («Ватандӯстии мухолифи дину мазҳаб арзише надорад»), сомонаи Меҳрниюс, санаи интишор: 1 майи 2011, санаи боздид: 26 июли 2025
  • Ғаравиён, Муҳсин ва Шокир Қаввомиён, «ملی‌گرایی (ناسیونالیسم) از دیدگاه اسلام» («Миллигароӣ (натсионализм) аз дидгоҳи Ислом»), маҷаллаи Маърифат, №50, 1380ҳ.ш.
  • Ибни Фақиҳи Ҳамадонӣ, Ахмад ибни Муҳаммад, ал-Булдон, Бейрут, Олам-ул-кутуб, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-Уқул ан Оли-р-Расул (с), таҳқиқ ва таҳрир Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Кораҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, Қум, Дор-уз-захоир, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳамсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии Дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад, Маснавии маънавӣ, ба кӯшиши Тавфиқ Ҳошимпури Субҳонӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Макорим Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1375ҳ.ш.
  • Макорим Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Мирҷалилӣ, Алимуҳаммад ва Камол Саҳраии Ардаконӣ ва Ҳамидасодоти Мусавиён, «وطن‌دوستی از دیدگاه قرآن و روایات» («Ватандӯстӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт»), дар фаслномаи Китоби қайим, №5, 1391ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, ал-Мантиқ, Қум, Исмоилиён, 1366ҳ.ш.
  • Мусавӣ Халхолӣ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, ал-Ҳокимия фи-л-ислом, Қум, Маҷмаи андешаи исломӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • Мусавиён, Ҳамидасодот, Ватандӯстӣ аз дидгоҳи Ислом, Язд, Интишорати Донишгоҳи Язд, 1393ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизон-ул-ҳикма, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1384ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, таҳрири Субҳи Солеҳ, Қум, Маркази таҳқиқоти исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Интишорати Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чоп аввал, 1387ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Абдулалӣ, Моваҳиб-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, бемакон, Дафтари Оятуллоҳ Сабзаворӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Ахмад, Равзат-ул-воизин, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات در دیدار دست‌اندرکاران برگزاری دومین کنگره ملی بزرگداشت شهدای استان همدان» («Суханронӣ дар дидор бо масъулини баргузории Конгресси миллии дувуми гиромидошти шаҳидони вилояти Ҳамадон»), сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри асарҳои Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи интишор: 27 сентябри 2023, санаи боздид: 19 апрели 2025
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ҷоҳиз, Амр ибни Баҳр, ал-Ҳунайн ила-л-автон, Бейрут, Дор-ур-роид-ул-арабӣ, 1402ҳ.қ / 1982м.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Куллиёти ашъор ва осори форсии Шайх Баҳоӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Маҳмудӣ, 1352ҳ.ш.
  • Шафиии Кадканӣ, Муҳаммадризо, «Талақии қудамо аз ватан», маҷаллаи Бухоро, №75, урдибиҳишт ва тири 1389ҳ.ш.
  • «علاقه به وطن از دیدگاه اسلام بررسی شد» («Алоқа ба ватан аз дидгоҳи Ислом баррасӣ шуд»), Хабаргузории Ҳавза, санаи интишор: 13 августи 2016, санаи боздид: 22 апрели 2025