Қосим писари Расули Худо
(Тағйири масир аз Қосим фарзанди паёмбар)
Номи комил | Қосим ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) |
---|---|
Насаб | Қурайш |
Санаи таваллуд | пеш аз беъсат |
Зодгоҳ | Макка |
Маҳалли дафн | Қабристони Маълот |
Шинохташуда барои | фарзанди Пайғамбар |
Қосим писари Расули Худо аввалин писари Пайғамбар (с) ва Хадиҷа аст, ки пеш аз Беъсат дар Макка ба дунё омад ва дар кӯдакӣ аз дунё рафт.[1]
Дар бархе гузоришҳо, сини ӯ ҳангоми вафот, ду сол гуфта шудааст.[2] Кунияи Абулқосими Пайғамбар(с), баргирифта аз номи ӯст.[3]
Тибқи бархе нақлҳо, пас аз вафоти Қосим, Ос ибни Воил Пайғамбарро ”абтар” (касе ки наслаш бурида шудааст) номид, ки дар пайи он, сураи Кавсар нозил шуд.[4] Ин достон дар бораи фавти Абдуллоҳ - писари дигари Пайғамбар (с) низ ривоят шудааст.[5]
Қосим дар Макка ба хок супурда шуд.[6]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1410ҳ.қ., саҳ.245; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.190.
- ↑ Диёрбакрӣ, Таърих-ул-хамис, ҷ.1, саҳ.273.
- ↑ Ибни Ҳишом, Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.190.
- ↑ Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, саҳ.245; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорул-фикр, ҷ.3, саҳ.104.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138 - 139.
- ↑ Моликии Маккӣ, Таҳсил-ул-маром фи ахбор-ил-Байти-л-ҳаром, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650.
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
- Диёрбакрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис, Бейрут, Дорул-содир, бе то.
- Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ (китоби ас-Сияр ва-л-мағозӣ), Қум, Дафтари мутолиъоти таърих ва маорифи исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
- Моликии Маккӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳсил-ул-маром фи ахбор-ил-Байти-л-ҳаром ва-л-машоъир-ил-изом ва Макката ва-л-ҳарам ва вулотуҳо-л-фахом, таҳқиқи Абдулмалик ибни Даҳиш, Макка, мактабатул-Асадӣ, 1424ҳ.қ.