Қосим ибни Ҳабиби Аздӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қосим ибни Ҳабиб Аздӣ)
Қосим ибни Ҳабиби Аздӣ
Номи комилҚосим ибни Ҳабиб ибни Абубишри Аздӣ
Насабқабилаи Азд
Санаи шаҳодатсоли 61ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатКарбало
Маҳалли дафнҲарами Имом Ҳусайн (а)
Аз ëрониИмом Ҳусайн (а)


Қосим ибни Ҳабиб ибни Абубишри Аздӣ (арабӣ:قاسم بن حَبیب بن اَبی‌بشر اَزْدی) аз шуҳадои Карбалост. Шайхи Тусӣ дар риҷоли худ вайро аз асҳоби Имом Ҳусайн (а) ном бурдааст.[1]

Муҳаммади Самовӣ дар Ибсор-ул-айн, Қосимро аз шиаёни ҷанговари Кӯфа муаррифӣ кардааст.[2] Ба нақли Самовӣ, ӯ бо Умар ибни Саъд ба самти Карбало хориҷ шуд, аммо ҳангоме, ки ба Карбало расид ба Имом Ҳусайн (а) мулҳақ шуду ҳамвора бо ӯ буд то ин ки дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахуст ба шаҳодат расид.[3] Замони мулҳақ шудани Қосим ба Имом Ҳусайн (а)-ро панҷум ё шашуми муҳаррам донистаанд.[4] Сини ӯ ҳангоми шаҳодат, чиҳил сол зикр шудааст.[5]

Дар Зиёрат-уш-шуҳадо[6] ва зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а)[7] бо иборати «ассалому ала Қосим ибн‏и Ҳабиб ал-Аздӣ» ба ӯ салом дода шудааст.

Қосим аз қабилаи Азд буд.[8] Дар зиёрати Раҷабия[9] аз шахсе ба номи Қосим ибни Ҳориси Коҳилӣ ном бурда шудааст, ки эҳтимол дода шудааст ҳамон Қосим ибни Ҳабиб бошад.[10] Ҳамчунин дар Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн, (навишташуда дар қарни 2ҳ.қ.) аз шахсе ба номи Қосим ибни Бишр, ба унвони яке аз шуҳадои Карбало ном бурда шудааст,[11] ки гуфта шудааст, манзур ҳамон Қосим ибни Ҳабиб аст.[12] Номи вай Қосим ибни Бишр низ зикр шудааст.[13]

Эзоҳ

  1. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.104.
  2. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
  3. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
  4. Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
  5. Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
  6. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.79.
  7. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.346.
  8. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.161.
  9. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.345.
  10. Шамсиддин, Ансор-ул-Ҳусайн (а), 1429ҳ.қ., саҳ.121; Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
  11. Ибни Зубайри Кӯфӣ, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (а), 1406ҳ.қ., саҳ.156.
  12. Ҷамъе аз нависандагон, Пажӯҳише перомуни шуҳадои Карбало, 1385ҳ.ш., саҳ.310 ва 311.
  13. Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.

Сарчашма

  • Ибни Зубайри Кӯфӣ, Фузайл, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (а), таҳқиқ: Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи Олулбайт, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана фимо юъмалу марратан фи-с-сана, таҳқиқ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн (а), таҳқиқ: Муҳаммадҷаъфар Табасӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
  • Сангарӣ, Муҳаммадризо, Оинадорони офтоб: пажуҳиш ва нигориши нав аз зиндагӣ ва шаҳодати ёрони Абоабдиллоҳи-л-Ҳусайн (а), Теҳрон, Созмони таблиғоти исломии ширкати чоп ва нашри байналмилал, чопи чаҳорум, 1390ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, таҳқиқ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари нашри исломӣ (ҷомеъаи мударрисин), чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише перомуни шуҳадои Карбало, Қум, Замзами ҳидоят, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Шамсиддин, Муҳаммадмаҳдӣ, Ансор-ул-Ҳусайн (а), Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1429ҳ.қ.